Аҳли зиё, намояндагони вазорату идораҳо, мухлисони мусиқии симфонӣ, тайи як соати иҷрои барномаи ҳунарӣ иборат аз осори композиторони ҷаҳонӣ ва тоҷик шоҳиди рӯйдоди нодири таърихӣ дар ҳаёти фарҳангии мамлакат гардиданд ва дар иҷрои оркестри тозабунёди симфонӣ, ки навозандагонаш комилан аз зумраи истеъдодҳои наврас – ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” буданд, беҳтарин асарҳои симфониро дар сатҳи хеле баланди ҳирфаӣ гӯш карданд.
Нахуст бояд бо ифтихор ва сипоси беҳад зикр намуд, ки таъсиси ин гурӯҳи нодири мусиқии муосир, ҷалби беҳтарин истеъдодҳо – навозандагони созҳои симфонӣ ва таъмини фаъолияти эҷодии онҳо бевосита бо ташаббус ва дастгирии Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон зикр намуданд, теъдоди зиёди навозандагони наврас маҳз бо дастуру супориши ва ғамхории бевоситаи он кас ба оркестр ҷалб гардидаанд.
Яъне дар партави сиёсати хирадмандонаи фарҳангӣ, бо таъмини ҳамаи шароити зарурӣ ва ғамхории шахсан Президенти мамлакат ҳамин гуна оркестри симфонии наврасон дар Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд ва бо ҳамин кунун фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ғановати тоза пайдо кард. Аксари кулли мутрибони наврас солҳои охир дар озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ғолиб омада буданд, яъне маълум гардид, ки яке аз ҳадафҳои озмуни мазкур рӯйи кор омадааст
Моҳияти фарҳангии чунин иқдом пеш аз ҳама дар он аст, ки барои рушди минбаъдаи анвои мухталифи мусиқии муосир ва бо ҳамин восита ба ҷаҳонбинии омма, хусусан ҷавонон ва наврасон ворид намудани эҳсоси пайвандӣ бо тамаддуни аҳли башар, рушди эҳсоси зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ дар маркази сиёсати ояндабинии Пешвои миллат қарор дорад.
Барномаи консертӣ хеле гуногунранг ва пурмуҳтаво буд. Оркестр бо маҳорати хеле баланд душвортарин асарҳои мусиқии ҷаҳонӣ – осори Волфганг Амадей Мотсарт, Людвиг Ван Бетховен, Ҷорҷ Бизе, Камбиз Муждаҳӣ навоҳои композиторони тоҷик Шуҳрат Ашуров, Саидқул Билолов, Ибодулло Машрабов, Бахтовар Давлатов ва дигаронро ба ҳозирин пешниҳод намуданд ва воқеан мақбули ҳамагон шуданд.
Иҷрои асарҳои душвортарини мусиқии симфонии ҷаҳонӣ аз қабили “Увертюра” аз операи “Кармен” ё худ “Рондо”-и Мотсарт нишон дод, ки оркестр воқеан дар як муддати кутоҳ сатҳи баланди ҳирфаиро соҳиб шудааст.
Сарояндаи ҷавон Муҳиба Шокирова асари К.Муждаҳиро (Ҷони Марям), ки чанде қабл дар толори ЮНЕСКО иҷро гардида буд, бо овози марғуладори хеш моҳирона иҷро намуд. Мутахассисони соҳа бо якдилӣ қайд намуданд, ки маҳорати навозандагии оркестри наврасон аз сатҳи иҷрои оркестрҳои маъруфи олам ҳеҷ камӣ надорад ва ҳайратовараш он буд, ки ҷавонони соҳибистеъдод бо як намуд илҳоми саршор бидуни изтироб ва ҳаяҷон аз уҳдаи иҷрои партитураҳои хеле душвор баромада тавонистанд.
Тавлиди чунин оркестр барои фарҳанги Тоҷикистон фоли нек аст, зеро кайҳост, ки ҳамагон интизори он буданд, ки асарҳои симфониро дар иҷрои хуб ва таҳти сарварии дирижери моҳир шунида баҳра баранд. Маълум аст, ки оркестрро ё худ умуман иҷрои ин ё он асари мукаммалро нахуст дирижер таҳия мекунад ва маҳз мувофиқи завқи бадеиву дониши дирижер партитура ба садо меояд.
Воқеан бояд зикр намуд, ки дар таҳияи барнома ва иҷрои сатҳи баланди ҳирфаии он хизмати сардирижери оркестр, композитор ва мусиқишиноси ҷавон Бахтовар Давлатов хеле бузург аст. Аҳли фарҳанги кишвар аз эҷодиёти ин соҳибистеъдоди нодир кайҳост, ки ошно ҳастанд ва масалан дар консерти сатҳи баланди ҳукуматӣ, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба пешвози Рӯзи модарон дар пойтахт баргузор гардида буд, маҳз Бахтовар Давлатов кулли барномаро дар сатҳи олӣ сарварӣ намуд. Дар он чорабинӣ низ кулли иштирокчиён аз зумраи кӯдакон ва наврасон буданд, ки ба ҳозирин хеле хуш омада буд.
Консерти оркестри симфонии наврасон гӯё идомаи мантиқии ҳамин иқдом шуда, бори дигар собит гардид, ки Ҷаноби Олӣ ба маротиб зиёд таваҷҷуҳ ба рушди истеъдодҳои ҷавон доранд. Мутмаинем, ки ҳамин ҳайати оркестр, ки имрӯз бо ҳунарнамоии воло ва маҳорати олӣ бузургтарин намунаҳои мусиқии симфониро ба садо дароварданд, фардо шаъну шуҳрати фарҳанги муосири Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳанд намуд.
Дар фарҷоми консерт Ҷаноби Олӣ ба ҳамаи мутрибони оркестр ва сардирижери он аҳсант гуфтанд, пешниҳодҳои муфид баён карданд, супориш доданд, ки чунин консерт ҳар моҳе як маротиба баргузор гардад ва ҳарчи бештар мухлисони мусиқии муосир аз он баҳраманд шаванд.
Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат эълон намуданд, ки минбаъд ба оркестри мазкур, ки дар назди Дастгоҳи иҷрои Президенти Тоҷикистон таъсис дода шудааст, унвони “Оркестри Президентӣ” дода шавад. Ҳозирин дар толор ин пешниҳодро бо кафкӯбиҳо қабул карданд ва ҳамагон ифтихор аз он доштанд, ки боз як иқдоми бузург ва нақшаи нодири Пешвои миллат ба хотири ояндаи Тоҷикистон амалӣ гардид.
Оркестри симфонии президентӣ муборакамон бод!
Аслиддин Низомов
доктори илмҳои санъатшиносӣ,
мудири Шуъбаи санъатшиносии
назди Раёсати АМИТ