Ин ду омил, бахусус каҷфаҳмиҳои когнитивӣ ва ғаразҳои сиёсию идеологӣ боис мешаванд, ки баъзе донишмандон оянданигариҳои ғайриилмӣ, бадбинона ва зиддиинсонӣ пешниҳод намоянд. Ба ин шумор метавон назарияҳои Томас Малтус (1766 1834), Освалд Шпенглер (1880 1936), Ҷорҷ Оруэлл (1903 1950), Самуэл Ҳантингтон (1927 2008), Эдвард Корниш (зод. 1927), Збигнев Бжезинский (зод. 1928), Франсис Фукуяма (зод. 1952) ва дигаронро мисол овард. Ба назари Малтус, афзоиши аҳолӣ боиси тамом шудани сарватҳои табиӣ ва аз ин рў, авҷ гирифтани ҷангҳо мегардад. Шпенглер дар «Ғуруби Аврупо» («Закат Европы») дегуманизатсияи фарҳанги аврупоиро пешгўӣ мекунад. Герман Кан…