JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Апрели 2017 11:16

Оянданигариҳои ғайриилмӣ

Муаллиф:

  Ин ду омил, бахусус каҷфаҳмиҳои когнитивӣ ва ғаразҳои сиёсию идеологӣ боис мешаванд, ки баъзе донишмандон оянданигариҳои ғайриилмӣ, бадбинона ва зиддиинсонӣ пешниҳод намоянд. Ба ин шумор метавон назарияҳои Томас Малтус (1766 1834), Освалд Шпенглер (1880 1936), Ҷорҷ Оруэлл (1903 1950), Самуэл Ҳантингтон (1927 2008), Эдвард Корниш (зод. 1927), Збигнев Бжезинский (зод. 1928), Франсис Фукуяма (зод. 1952) ва дигаронро мисол овард. Ба назари Малтус, афзоиши аҳолӣ боиси тамом шудани сарватҳои табиӣ ва аз ин рў, авҷ гирифтани ҷангҳо мегардад. Шпенглер дар «Ғуруби Аврупо» («Закат Европы») дегуманизатсияи фарҳанги аврупоиро пешгўӣ мекунад. Герман Кан дар китоби худ бо номи «Дар бораи ҷанги термоядроӣ» (1961) ҷанги термоядроиро ногузир медонад.

   Ҷорҷ Оруэлл дар романи худ бо номи «1984», ки онро соли 1949 ба чоп расонда буд, терроризмро таҳдиди асосӣ барои тамаддуни башарӣ меҳисобад. ВАО онро яке аз беҳтарин китобҳои асри 20 мешуморанд ва ба ин восита бадбиниро дар байни мардумони гуногун тарғибу ташвиқ мекунанд. Дар солҳои 1990 ум ВАО ва ниҳодҳои расмӣ чанд сенарияи дигареро тарғиб ва қуввати расмӣ бахшиданд. Ин сенарияҳои ояндасозӣ «бархурди тамаддунҳо» и Самуэл Ҳантингтон, «фарҷоми таърих» и Франсис Фукуямо, «бесарусомонии идорапазир»-и Збигнев Бжезинский, «ҷанги нанотехнологӣ» и Эдвард Корниш ва ғайра буданд. Фукуямо дар «Фарҷоми таърих ва охирин инсон» мегўяд, ки тамаддуни инсонӣ дар мисоли демократияи либералӣ ба марҳилаи охири инкишофи худ расидааст. Намунаи ин Иттиҳоди Аврупо мебошад. Тамоми ҷаҳониён бояд ба ин модел ноил гарданд. Монеаҳо ва муқовиматҳо боқӣ мемонанд, вале онҳо характери гузаранда доранд. Ҳантингтон мегўяд, дар ҷаҳон 7 8 тамаддун вуҷуд дорад – ғарбӣ, православӣ, буддоӣ, исломӣ, конфутсианӣ, японӣ, лотинӣ ва шояд африкоӣ. Дар байни ин тамаддунҳо ҳамеша мубориза ҳаст, ки масалан дар низоъҳои Балкан, Ҳиндустону Покистон ва Алқоида зоҳир мегарданд. Ҳар як тамаддун, махсусан конфутсианӣ, ғарбӣ ва исломӣ, худро дуруст ва универсалӣ дониста, барои пирўзӣ бар дигар тамаддунҳо мубориза мебарад. Збигнев Бжезинский ва Эдвард Корниш сенарияи ҷанг бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва наномеханизмҳоро пешбинӣ мекунанд. Айни ҳол шахсон ва ниҳодҳои бисёре ба эҷоду паҳнкунии тасаввуротҳои бадбинона ва нифоқангез машғуланд. Аз ҷумлаи чунин сенариясозиҳо ҳисоботи соли 2005 и Шўрои миллии иктишофии ИМА мебошад, ки тибқи он хилофати ягонаи исломӣ дар муқобили ИМА таъсис ёфта, системаи бехатарии ҷаҳониро аз байн мебарад, таназзули саросарии иқтисодӣ рух дода, яроқи қатли ом ба дасти террористҳо меафтад. Чунин оянданигарии бадбинона ва зиддиинсонӣ замина дар тамаддуни инсонӣ, чи шарқӣ ва чи ғарбӣ, дорад. Дар асрҳои 18 19 таълимотҳои алоҳидаи фалсафӣ ташаккул ёфтанд, ки қонунҳои иҷтимоиро ба қонунҳои табиӣ монанд ва ҳатто яксон медонистанд. Чунончи, файласуфи асри 19 и олмонӣ Фридрих Нитше (1844 1900) мегўяд, инсон ба абармард табдил меёбад. Ба назари математики америкоӣ Ҷон фон Нейман (1903 1957), ҳама гуна тамаддунҳои инсонӣ, пеш аз он ки ба дараҷаи « мавҷи тавонои хирад» (дараҷае, ки бо истифода аз хирад худро ҳифз карда тавонад) расанд, аз байн мераванд. Барои ин сабаби ягонаи универсалие вуҷуд дорад, ки пеши роҳи хирадро мегирад. Тамаддуни илмӣ ва технологии муосирро системаҳои мураккаб ва таҷрибаҳои хатарнок бо коллайдерҳо метавонанд аз байн баранд (Турчин ва Батин 2013: 251).

Яке аз заминаҳои асосии бадбинӣ (пессимизм) ба ояндаи инсон дар ҷаҳони моддӣ тасаввуроту эътиқодоти динии одамон мебошад. Дар бисёр китобҳои муқаддас фалокатҳои табиӣ ва фоҷиаҳои иҷтимоӣ, ки боиси марги одамони бешумор, аз он ҷумла кўдакон мегарданд, чун ҷазо муайян карда мешаванд. Ал Қоида дар ҳуҷуми худ ба Амрико бо рабоиши ҳавопаймоҳо ва Таҳрики Толибони Покистон бо террори кўдакони мактабӣ куштори кўдаконро ҳамин гуна асоснок кардаанд. Яке гуфт, қатли кўдакон савоб аст, чун ба “синни гуноҳ” нарасида мемиранд ва ба биҳишт мераванд. Дигаре гуфт, мо аз ҳукумат ва онҳое, ки бар зидди мо меҷанганд, қасос гирифтем. Ҳамин гуна фаҳмиш ва мавқеъро масеҳиёни ортодокс ва бунёдгаро низ доранд. Як роҳиби америкоӣ иддао кард, ки заминҷунбӣ дар Ҳаити ҷазои илоҳӣ ба сокинони он аст, ки бо Шайтон паймон бастаанд (Турчин ва Батин 2013: 45). Дар китоби муқаддаси масеҳиҳо ва мусулмонҳо – Инҷил ва Қуръон заминҷунбӣ ва дигар офатҳои табиӣ чун ҷазо барои итоат накардан ба фармудаҳои худо ва намояндаҳои он дар замин муайян гардидааст.

Чунин тасаввурот дар зеҳни одамон қолабҳо, эҳтимолиятҳо ва сенарияҳои динӣ ва фаталистӣ (тақдирпарастона) ро дар бораи оянда низ ба вуҷуд меорад. Яъне, тарҳи он пешакӣ аз тарафи худо рехта шудааст, ки саҳми инсонро дар сохтани оянда камранг ва камфаъол тасвир мекунад. Дар таълимоти ортодоксии динӣ ҳатто пешгўӣ кардани равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ғайра «ширк», яъне шубҳа овардан ба қудрати мутлақи худо аст. Чанд соли пеш додгоҳе дар Афғонистон як таҳлилгарро барои сенариясозии ояндаи наздик ба ҳабс маҳкум карда буд. Ҷанбаи дигари оянданигарии ортодоксӣ қиёмат мебошад, ки тибқи Масеҳият ва Ислом дар рўйи замин шурўъ мегардад. Оянданигарии ортодоксӣ дар образи қиёматро имрўз Давлати Исломии Ироқ ва Шом амалӣ мегардонад. Барои ҳамин, намояндагони динҳои гуногун дар симои якдигар душман мебинанд ва ба ҷангҳои эҳтимолӣ дар оянда омодагӣ мегиранд. Дар натиҷа, имрўз аксарияти давлатҳо аз сар то по бо яроқи оташфишон ва қатли ом мусаллаҳ шудаанд. Фантастикае, ки дар китобҳои бадеӣ, кино ва дигар намудҳои ҳунар тасвир мешавад, ба ҳамин идеяи қиёмат марбут аст. Аз ҷумлаи киноҳои апокалиптикӣ «Терминатор», «Матрица», «Ақидаи хос», «Элементи панҷум», «Одамони номаълум» ва ғайра мебошанд, ки мувофиқи онҳо дар оянда инсониятро катастрофа ё худ қиёмат интизор аст, ки барои корҳои неку бади худ ҷавоб хоҳад дод. Маҳз ҳамин биниши динӣ боис шудааст, ки дар меҳвари адабиёти бадеӣ ва ҳунари филм қаҳрамонсозии неку бад қарор дорад. Онҳо тасаввуроти хатоеро паҳн кардаанд, ки як инсон комилан поку нек ва дигаре батамом нопоку бад мебошад. Маҳз ҳамин тасаввуроти ортодоксии динӣ дар бораи табиати инсон боиси афзоиши нофаҳмӣ ва ҷангу куштор дар байни одамон гардидааст.

Инсоне, ки ҳам нек ва ҳам бадро, пеш аз ҳама, дар ботини худ ҷустуҷў намекунад, дар нисбати ҷиҳатҳои мусбати шахсияти худ танбал, бепарво, беҷуръат, бетараф ва нобовар мешавад. Ў шахсияти худро такмил намедиҳад, то ин ки ба дараҷаи истиқлолияти маънавӣ ва моддӣ рушд кунад. Дар айни замон, ў бадиро дар худ нодида гирифта, барои такмили фикру андеша ва рафтори худ намекўшад. Ў тамоми камбудиҳо, норасоиҳо, нокомиҳо ва мушкилоти худро ба шахси дигар вобаста мекунад ва дар нисбати ў душмантарошию девсозӣ карда, ҳам ҳастии худ ва шахси дигар ва ҳам субот ва дигар манофеи ҳамагониро дар зери хатар мегузорад. Ҳамин гуна тақдирро як миллат низ дошта метавонад, ки имконият ва тавоноиҳои худро амалӣ намесозад, вале дигаронро дар нисбати мушкилоташ гунаҳкор мекунад. Мутаассифона, тоҷикон дар чунин вазъияти равонӣ қарор доранд.

Чуноне ки бармеояд, ҳолати равонӣ ва тасаввуроти мо дар бораи тақдири худ асосан аз ҷаҳонбинии динӣ реша мегирад. Онҳо образи дурўғини ояндаро месозанд, ки барои тарғиботи идеологияҳои муайян хизмат мекунанд. Аз ҷумлаи ин оянданигариҳои бадбинона ва ғайриилмӣ фундаментализмҳои масеҳӣ ва исломӣ ба шумор мераванд. Исломгароии радикалӣ тарҳи сиёсии таъсис ва таҳкими хилофат ё худ ҳокимияти теократии умумиҷаҳонӣ буда, аҳкоми шариат ҷойгузини қонунҳои дунявӣ мебошанд. Барои ба даст овардани ин гуна ҳокимият, ки сулолавӣ буда, ба авлодҳои алоҳида маҳдуд мемонад, лашкари бешумори ҷангандаҳо лозим аст. Радикализми динӣ ба онҳо афсонаҳои хатарноки шаҳодат, ҷиҳод, ғанимат ва биҳишт бо 72 ҳурро ваъда медиҳанд, то ки аз ҷангу куштори мардуми бегуноҳ ва нобаробарию беадолатӣ дар байни онҳо ва пешвоёнашон дилсард нашаванд. Фундаментализми масеҳӣ дар бораи апокалипсис, яъне қиёмат ривоят мекунад, ки дар оянда фаро мерасад. Ин гуна ояндабиниҳо бадбинона ва зиддиинсонӣ мебошанд, ки пеш аз ҳама, идеяи ҷангро тарғиб мекунанд. Як қатор файласуфон, олимон, ҳунармандон ва сармоядорон низ аз ин идеяҳо пайравӣ ва барномаҳои муайянро пешниҳод ва амалӣ мекунанд. Масалан, Билл Гейтс ва аксарияти миллиардерҳо мушкилии асосии ояндаро чун зиёдшавии аҳолӣ медонанд ва барои ин даҳҳо миллиард доллар сарф мекунанд (Турчин ва Батин 2013: 232-233).

Ҳамин гуна, эҳтимолиятҳо ва ё сенарияҳои гуногуни ҷаҳони оянда, ба монанди моделҳои теократӣ, нажодпарастӣ, тарҳҳои комунистӣ, утопияи либералии демократия ва иқтисоди бозорӣ, табиатгароии “сабз” ва натуралистӣ (Жан Жак Руссо – 1712 1778, Бҳагван Шрии Раҷниш Ошо – 1931 1990) вуҷуд доранд. Новобаста ба он ки ин оянданигариҳо асоси сусти илмӣ доранд, одамони бисёр ва қувваҳои бузурге вуҷуд доранд, ки омодаанд барои амалӣ кардани онҳо мубориза баранд (Турчин ва Батин 2013: 234). Аҷоибаш он аст, ки ба ҷуз олимони алоҳида оянданигарии илмӣ дар ҷомеа ва ҳатто мақомоти расмии кишварҳои ҷаҳон тарафдорони кам дорад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки илм ҳақиқатро бепарда мегўяд, хатарҳоро ошкор месозад ва бисёре аз чашмдоштҳо ва ваъдаҳо, аз қабили қиёмат ва охиратро рад мекунад.

Ҳафиз ХОЛИҚЗОДА., Номвар ҚУРБОН.

Хондан 3282 маротиба

Китобҳо