Комил Бекзода:
Қамаруддини Нурулҳақ, ҷомеаи фарҳангии имрӯза Шуморо яке аз чанд нафар файласуфони муваффақи даврони Шӯравӣ мешиносад ва эътироф мекунад. Ба андешаи шахсии Шумо, созиш додани идеологияи марксистӣ ба сиёсатҳои давлати миллӣ ва демократӣ мушкиле надорад?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Ҷавҳари идеологияи марксистиро гуманизм (инсонгароӣ) ташкил медиҳад. Гуманизмро донишмандони мо бештар ба маънои инсондӯстӣ фаҳмида, онро бо истилоҳи “одамият”, ки моҳияти афкори иҷтимоии бузургмарде чун Саъдии Шерозиро ташкил медиҳад, айният медиҳанд. Вале дар назарияи марксистӣ гуманизм маънои васеъ дорад ва ба ҷуз маънои инсондӯстӣ, маънои инсони созанда, бунёдкор ва эҷодкорро низ дорад, ки бо неруи ақлонии худ ва олами инсониеро, ки то ҳол ба нобаробарию беоадолатӣ асос ёфтааст, тағйир медиҳанд ва барои кулли башар зиндагии шоистаро на дар он дунёи хаёлӣ, балки дар ин дунёи воқеӣ таъмин месозад. Ҳадафи давлати миллие, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вазифаи онро имрӯз аз бунёд намудани зиндагии шоиста барои ҳамаи мардумонаш ибрат медонад ва ҷавононашро ба илмомӯзию бунёдкорӣ даъват менамояд, бо идеологияи марксистӣ ягон ихтилоф надорад. Афкори гуманистию иқтисодии марксизм имрӯз аз ҷониби бисёр мактабҳои фалсафии муосир,бахусус дар кишварҳои аврупоӣ бо назардошти шароити нави таърихӣ ривоҷу такмил дода мешаванд. Имрӯз ҳар маротибае, ки кишварҳои аврупоӣ гирифтори буҳрони иқтисодӣ мегарданд, рӯ ба “ Капитал”-и Маркс меоранд ва дар Аврупою ИМА мактабҳои омӯзиши назариёти марксистӣ ҳанӯз қатъ нагардидаанд. Назарияи диалектикаи марксизм бошад, ҳамчун методологияи ҳақиқати илмӣ ҳеч гоҳ аҳамияти худро гум намекунад. Вақте ки корҳои илмии олимони ҷавони тоҷикро мехонӣ, зуд дарк мекунӣ, ки сатҳи назариявии таҳқиқотҳои онҳо на ҳамеша ба талаботҳои илмӣ ҷавобгӯ буда, ҳатто дар баёни фикр мантиқ риоя карда намешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки муҳаққиқ бо методологияи таҳқиқоти илмӣ мусаллаҳ нест. Ба таври нигилистӣ инкор кардани идеологияи марксистӣ ба манфиати кор нест. Махсусан, дар замоне ки дар ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷомеа ҷойи илму фалсафаро таассубу хурофоти динӣ ишғол мекунад.
Комил Бекзода:
Чаро ҳамкорон ва насли файласуфони даврони Шӯравӣ дар ҷомеаи имрӯза ба андозаи чашмрас фаъол ва ҷасур нестанд? Тарсуянд? Мазҳабиянд? Сухани гуфтанӣ надоранд? Аз қофилаи фалсафа ақиб мондаанд?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Як қисми файласуфони даврони Шӯравӣ дар ҳамон вақт ҳам мазҳабӣ ва муросокор буданд, вале мазҳабӣ будани худро ошкор намекарданд, ба мисли як қатор коммунистҳо. Муросокорӣ бошад, як шакли тарсуӣ аст. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи ғайриидеологиясозии низоми давлатдорӣ ва якбора дар шакли таассубгароӣ эҳё шудани дин ба файласуфони мазҳабӣ шароити мусоидро барои ошкор кардани худ муҳайё сохт. Дигар ин ки ҷомеае, ки хусусияти суннатӣ-мазҳабӣ дорад ва ҳатто аксарияти зиёиёнаш мазҳабӣ мебошанд, файласуфон низ наметавонанд аз ин раванд берун бошанд. Сониян, фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон тӯли садсолаҳо истиқлолияти сиёсӣ надоштанд, хизматгори ҳукуматдорони бегона буданд ва бо усулҳои мухталифи муроскорию мутобиқшавӣ арзи ҳастӣ кардаанд.
Ин тарзи зиндагӣ дар онҳо муроскорию тарсуиро ҳачун як хусусияти этникӣ ташаккул дод ва он имрӯз ҳам аз мавҷудияти худ дарак медиҳад. Барои ислоҳ кардани он 25 сол кифоя нест. Бинобар он сабаби камфаъолиятии файласуфон ва умуман, зиёиёнро бояд дар ҳамин падидаи таърихӣ-иҷтимоӣ ҷуст. Дар айни замон, албатта, тағйири идеологӣ ва шикасти арзишҳои низоми Шӯравӣ низ ба ин камфаъолиятӣ таъсир расонд. Вале як чизро набояд фаромӯш кард, ки нақши низоми Шӯравӣ низ дар ташаккул додани сифатҳои муросокорӣ ва тарсуии зиёиёни тоҷик низ кам нест. Афзалияти давлати Шӯравӣ барои мо, тоҷикон ҳамин аст, дар ҳар сурат аз ин низом барои як давлати миллӣ бо унвони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерос монд ва акнун мо имконият дорем, ки орзую ормонҳои миллии худро, ақаллан дар як гӯшаи хурди Хуросони бузург пиёда созем ва дар ин самт нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кам нест. Он чизе ки ман, шахсан дар симои ӯ аз ҳама бештар мушоҳида мекунам, ин ҷасорату миллатгароии ӯст, ки бояд зиёиён низ аз ин пайгирӣ намоянд, бахусус файласуфон ҷуръат дошта бошанд ва он хислати муросокорию тарсуиро шикананд. Файласуфон бояд дар эҳёю устувор кардани арзишҳову муқаддасоти миллӣ дар паҳлуи Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон бошанд.
Меҳр Собириён:
Сабаби ин камфаъолиятиро дар тағйири идеологӣ мебинед ва ё дар шикасти арзишҳои пешинаи низоми Шӯравӣ? Дар ин фароғ ва холигии идеологӣ мо ҷойгузине ва ё алтернативаи дигаре пайдо карда метавонем?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Ҷойгузини холигии идеологияро пайдо кардан мумкин аст, вале он кори саҳл нест. Он ба заҳмати муштараки мансабдорони масъули самти идеологӣ ва зиёиёни зираку ҳушёр бастагӣ дорад. Имрӯз холигии идеологии моро дину хурофот пурра месозад, ки раванди хатарнок аст. Аз ин холигӣ ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва ифротии ғайрисуннатӣ, ки асосан аз берун интиқол меёбанд, истифода мебаранд. Яке аз ҷойҳои заифи ин холигии идеологӣ ин афзалият доштани худшиносии динӣ бар худшиносии миллӣ мебошад, ки барои ҳаракатҳои динии ифротӣ ҳамчун заминаи маънавӣ хизмат мекунад. Чуноне ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайгирона таъкид месозанд, мо бояд роҳҳои алтернативиеро пайдо намоем, ки худшиносии миллии мо бар худшиносии диниамон афзалият пайдо кунад, мисле ки дар халқҳои арабитабор ва турктабор ҳаст. Сарчашмаҳои таърихӣ, илмӣ, адабӣ ва мушоҳидаҳои зинда нишон медиҳанд, ки онҳо бо вуҷуди исломро ҳамчун эътиқоди мусалмонони худ парастидан, на аз мусалмононии худ, балки аз арабӣ ва туркӣ будани худ мефахранд. Ин халқҳо ҳамеша як “мани арабӣ”ва як “мани туркӣ” доранд, ки дар онҳо идеологияи панарабизм ва пантуркизмро ташаккул дод ва ҳамчун сипар барои ҳифзи манофеи миллиашон хидмат кард. Мо ҳам бояд дар ҷойи “мани мусулмонӣ”, аввал “мани тоҷикӣ-ориёӣ” дошта бошем. Ин “ман” сатҳи худшиносии моро муайян мекунад ва ба эътиқоди динии мо ягон ихтилоф надорад, чуноне ки дар арабу турк аст. Бинобар он, ба андешаи ман, ҷойи холигии идеологии моро имрӯз дар ҳамин зинаи тараққиёт ва давраи гузариши мо бояд “пантоҷикизм” пурра созад. Пантоҷикизм бояд ҳамчу аслиҳаи идеологӣ дар муқобили маҳалгароӣ ва тоҷикситезии рақибони аз гӯшти худамон бархоста, қарор гирад.
Нозим Нурзода:
Ба андешаи Шумо, сабабҳо ва омилҳои шикасти идеологияи Шӯравӣ дар Тоҷикистон чиҳо буданд?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Идеологияи Шӯравиро мо тоҷикон шикаст надодаем. Мо тақлидгарони ҳамон идеология будем. Ин идеологияро ба Тоҷикистон ҳизби коммунисти рус овард ва он худ боз шикаст дод, вагарна аз дасти мо чизе наомадааст ва намеомад. Агар касе гумон кунад, ки дар Тоҷикистон ин идеологияро ҲНИТ шикаст дод, куллан хатост. Тазоҳуроту ошӯбҳои ҲНИТ маҳсули ҳамон сиёсати ошкорбаёнӣ ва демократикунонӣ дар тасвири ойинаи каҷ буд.
Исомиддин Шарифзода:
Омилҳои исломиро дар ин шикастҳои идеологӣ чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Истиқлолияти фикрӣ, ки дар Тоҷикистон натиҷаи Истиқлолияти давлатӣ буд, аз истиқлолияту эҳёи динӣ оғоз ёфт. Албатта, эҳёи фикри миллӣ (дар мисоли “Растохез” ва ғ.) низ ҷой дошт, вале дар муқоиса бо эҳёи динӣ заиф буд. Зиёда аз ин, эҳёи динӣ дар Тоҷикистон бо айби ҲНИТ дар шакли эҳёи динӣ-фарҳангӣ не, балки динӣ – сиёсӣ зоҳир гашт, ки хусусияти ифротии он ба ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳаёти маънавӣ-идеологӣ таъсири бад гузошт.
Комил Бекзода:
Оё Ислом дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ҷой ва мақоми суннатии хешро пурра барқарор намудааст ва дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар ояндаҳои наздик чӣ мушкилоте хоҳад дошт?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Ислом дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар оянда ягон мушкилоте надорад, зеро давлати дунявии Тоҷикистон ҳама гуна заминаҳои ҳуқуқиро барои рушди дин ҳамчун падидаи фарҳангӣ муҳайё сохтааст. Баръакс, ман метарсам, ки дар оянда ислом барои ҷомеаи мо чун солҳои 90-уми садаи ХХ мушкилоте ба бор наоварад. Зеро дар зери омилҳои гуногун, аз ҷумла дар бисёр мавридҳо хусусияти таассубӣ касб карда истодааст. Дар байни ҷавонон баъзан аз таваҷҷуҳ ба донишҳои илмӣ дида ба дин бештар мароқ зоҳир мегардад. Ҳарчанд имрӯз як зумра ҷавонони фаъолу ҳушёр ба воя мерасанд, вале ин ҳанӯз кифоя нест. Қисми зиёди ҷавонон дар деҳоту муҳоҷират фаъолияту зиндагӣ дошта, корҳои идеологии мо онҳорро пурра фаро намегирад. Мо бояд дар партави дастуроти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ҷавонон барномаҳои мушаххаси идеологиро дошта бошем, ки ҳамаи гурӯҳҳои ҷавон, умуман шаҳрвандони кишварро фаро гирад.
Номвар Қурбон:
Чаро ҷомеаи имрӯзаи мо аз қабули идеологияи расмии давлатӣ сар боз мезанад?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Ҳарчанд ислом имрӯз шууру ҷаҳонбинии мардуми мусалмони кишварро ташкил медиҳад, вале наметавонад ба ҳайси идеологияи миллӣ хизмат намояд. Зеро ҷавҳари исломро ҳамчун падидаи динӣ-сиёсӣ андешаи космополитикии араб барои бунёди хилофат ташкил медиҳад, ки ҳатман хусусияти зиддимиллӣ дошт ва онро имрӯз бисёр ҳаракатҳои сиёсӣ-динии ифротии муосир шиори худ кардаанд. Мусаллам аст, ки давлатдории миллии мо баъди истилои араб ва сукути дуасра на дар заминаи ислом, балки дар асоси ҳифзу эҳё кардани арзишҳои миллии бостониамон дубора зинда гардид. Бубинед, ҳатто он давлатҳое, ки ба мисли Сурия, Ироқ, Миср ва ғайра баъди истилои араб эҳё гардиданд, бо унвони арабӣ (Сурияи араб, Ироқи араб, Мисри араб) арзи вуҷуд карданд, на бо номҳои миллии худ. Дар ин масъала мо бояд аз ҳаракати “Шуубия” миннатдорӣ ва ифтихор кунем ва хотираи онҳоро соле як бор пос дорем. Аммо мо бо ҳидояти “зиёиёни миллатшиносамон” аз онҳо қариб ёд намекунем, онҳоро қариб ба фаромӯшӣ додаем ва ҷашни онҳоеро барпо мекунем, ки бо осори динии худ, аслан хизмати бегонагон кардаанд ва бегонапарастиро дар мо ташаккул дода, аз гиребони шоиру донишмандони миллии мо, ба мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синою, Носири Хусрав ва дигарон гирифтаанд. Дар масҷидҳо бошад, маросими “Ошӯро”-ро пайгирӣ менамоем ва аз ин қабил мисолҳо зиёданд, ки моро ба сӯйи беҳувиятӣ мебаранд. Ҳоло он ки ба сабабҳои аз байн рафтани давлатдории миллии мо, ки дар як вақт тадриҷан ба маҳдуд гаштани доираи ҳастии тоҷикон дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонида буд, ҳамин андешаи космополитикии исломӣ-арабӣ дар мафкураи мо ҷойгоҳ пайдо карда, тавассути иддаи бузурге аз рӯҳоният ва уламои тоҷикӣ дар зеҳниёти миллӣ нуфуз намуда, то ҳанӯз мо аз инҳисори тафаккуроти бегона озод нашудаем. Аз ин рӯ, мо ба идеологияи миллии ғайримазҳабӣ ниёз дорем, ки дар асоси он бояд идеяи “пантоҷикизм” қарор гирад ва ислом (мазҳаби ҳанафӣ) бигзор, вазифаи эътиқодию ахлоқии худро дар ҷомеа иҷро карда, ба ҳувияту худшиносии миллӣ ихтилоф наварзад. Рӯҳонияти мо на танҳо бо арзишҳои миллиамон бояд зиддият нишон надиҳад, балки баръакс, чун рӯҳонияти миллатҳои дигар дар эҳёю тараққиёти онҳо саҳми арзанда бигирад.
Комил Бекзода:
Масъала ва мавзӯи рисолаи илмии Шумо дар даврони Шӯравӣ робитаи Миллат бо Ислом буд. Ин ду мавзӯъ барои он замон дорои ҳассосияти хосе буд. Интихоби мавзӯъ иқдоми шахсии Шумо буд ва ё маъмурият ё устодони роҳнамо пешниҳод намуданд?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Дар интихоби ин масъала ҳамчун мавзӯи рисолаи номзадӣ на маъмурият ва на каси дигар ба ман раҳнамоӣ накардааст. Мавзӯъро ман худ интихоб кардам, зеро ба назари ман бисёр муҳим ва шавқовар намуд. Маъмурият на танҳо мухолифат накард, ҳатто устод Ғаффор Ашӯров бо хушнудӣ тасдиқ карданд ва ишора намуданд, ки бояд ба мавзӯъҳое даст бизанед, ки аҳамияти миллӣ дошта бошанд. Падари ман як шахсияти ҳунарманд ва рӯҳонимаоб буданд, аз хурдӣ ба мо “Ҳафтияк” ва “Чаҳоркитоб”-ро меомӯзонданд. “Ҷаҳоркитоб” таълим медиҳад: агар пурсанд, ки дар миллати кӣ мешавӣ, ҷавоб бигӯ, ки “дар миллати Иброҳими Халилуллоҳ” мешавам. Умуман, таълими динӣ дар оилаҳои тоҷикон аз хондани “Чаҳоркитоб” оғоз меёбад ва хурдсолон аз айёми наврасӣ дар рӯҳи миллати Иброҳим тарбия меёбанд, на тоҷикият ва ин яке омилҳои идеологии заиф будани худшиносии мо ва зуҳури ошкорои ҷанбаи арабгароӣ доштани андешаи космополитикии ислом аст, ки имрӯз низ аз ҷониби муҳаққиқони исломии тоҷик таҳқиқу тарғиб меёбад. Вақте ки ман донишгоҳро хатм кардам ва худро ҳамчун тоҷик шинохтам, дақиқ дарк кардам, ки идеяи “миллати Иброҳим”, воқеан, ба араб барои бунёд намудани хилофат ва минбаъд устувор нигоҳ доштани он чун обу ҳаво ниҳоят зарур будааст. Таҳқиқи ин мавзӯъ имрӯз дар шароити давлатдории навини миллии тоҷикон нисбат ба замони Шӯравӣ даҳчанд аҳамияти хосса касб кардааст ва масъалаест, ки бевосита ба масъалаи худшиносии миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Ин масъалаҳоро ҳаматарафа таҳқиқ накарда, муносибати давлати миллиро дурусту дақиқ ба дин муайян кардан ғайриимкон аст. Вале аксарияти файласуфон имрӯз ба масъалаҳои мубраме, ки ба соҳаи фаъолияти идеологии давлати миллӣ мансуб буда, яке аз ғояҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб меёбад, кам аҳамият медиҳанд.
Комил Бекзода:
Аз ҳалли масъалаҳои ин мавзӯъ то ҳол розӣ ҳастед ва бароятон қонеъкунандаанд? Агар на, чӣ чизи наве ба он мавзӯи куҳна илова намудаед?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Аз ҳалли масъала дар маҷмӯъ розӣ ҳастам. Зеро ҳангоми таҳқиқи мавзӯъ, дар баробари баррасии ин масъала аз нигоҳи ислом ва манфиатҳои миллӣ ба масъалаи пантуркизм, ки бо истифода аз эътиқоди динии тоҷикон масъалаи тақсимоти ҳудудӣ-миллии Осиёи Миёнаро ба манфиати худ ҳал намуда буд, низ диққат дода шудааст. Дар айни замон, лаҳзаҳои қонеъкунанда низ ҳастанд. Зеро андешаи космополитикии коммунистӣ, ки хусусияти русгароӣ касб карда буд, ба таҳлили ҳамаҷонибаи масъала аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ халал мерасонид. Дар асл, идеяи космополитикии коммунистӣ баробарии воқеии миллатҳоро талаб менамуд, вале онро Москов на ҳамеша риоя мекард.
Меҳр Собириён:
Фикр намекунед, ки мавзӯи рисолаатон бештар тобиши сиёсӣ дошт, то мушкилоти илмӣ?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Мавзӯи рисола, албатта, тобишии сиёсӣ дорад, вале он бештар тобиши илмӣ дошт, ягон илми ҷомеашиносӣ бе тобиши сиёсӣ нест, вале кадоме аз ин тобишҳо афзалият пайдо мекунанд, ба маҳорату масъулияти муҳаққиқ низ вобаста аст.
Дидавар Бекзода:
Агар ин мавзӯъро имрӯзҳо барои рисолаи докториатон шарҳ диҳед, андешаҳои нави илмиатон чанд дар сади ҳалли пешинаро дар бар мегирад?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Қариб нисфи рисолаи номзадиро фаро мегирад, зеро ин масъала дар ҳар давру замон аҳамияти хос дорад. Зеро на муносибати ислом ба миллат тағйир ёфтааст ва аҳамияти миллат коста шудааст, балки дар раванди ҷаҳонишавӣ ин масъала аз нав аҳамияти муҳим касб намудааст.
Фирдавс Мирзоёров:
Ҷомеаи имрӯзаи тоҷик фаъолиятҳои матбуотии Шумо (тадрис, мақола, радио, телевизион, китоб, гузоришот, маҳфилҳо...)-ро чӣ тавр арзёбӣ менамояд? Хоҳишмандем, дар ин мавзӯъ бештар суҳбат кунед. Ба назар чунин мерасад, маҳз Шумо дар ҷомеаи имрӯзаи мо бештар мавриди таваҷҷуҳ ва гуфтугӯ қарор доред. Муаммои ин шуҳрати иҷтимоии Шумо дар чист?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик фаъолияти матбуотӣ ва илмии маро ҳар кас аз нигоҳи ҷаҳонбинии худ арзёбӣ мекунад. Бинобар он арзёбиҳо мухталифанд ва дар низоми давлатдории дунявӣ ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Ман то чӣ андоза мавриди таваҷҷуҳ ва гуфтугӯ ҳастам, росташро гӯям, намедонам ва ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ зоҳир накардаам. Ман худро як шаҳрванди муқаррарӣ медонам, ки чун дигарон аз рӯйи имконият вазифаи худро иҷро карда меоям. Фақат ҳаминашро хуб медонам, ки дар кадом корхонае, ки кор карда бошам, касе маро барои ноуҳдабароӣ, бемасъулиятӣ, хушомадгӯйӣ, тамаллуқкорӣ ё камбудии дигаре сарзаниш накардааст. Гумон намекунам, ки ман шуҳрати иҷтимоие дошта бошам. Ҳаминашро медонам, ки қобилияти нотиқиам бад нест ва ман баринҳо зиёданд.
Дидавар Бекзода:
Аз рӯи баҳогузории шахсӣ, Шумо худро бештар файласуфи марксист мешуморед ё файласуфи сиёсӣ? Фикр мекунед, ки барои ҷомеаи имрӯзаи мо бозгашт ба фалсафаҳои илмӣ ва махсусан, фалсафаи марксистӣ бештар зарурат дорад?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Ҳамаи онҳое, ки аз мактаби фалсафаи Шӯравӣ гузаштаанд, дар зери таъсири фалсафаи марксистӣ қарор доранд ва ин бад нест, баръакс, онҳое, ки тадриси марксистӣ гирифтаанд, бештар ашхоси равшанфикр буда, дар таҳқиқотҳои худ он осори илмиеро истифода мекунанд, ки зери таъсири фалсафаи марксистӣ эҷод шудааст. “Навоварӣ”-и файласуфони нав ҳамин аст, ки аксар маврид ҳамон идеяҳои марксистиро дар шакли каме дигар баён карда, вале ба марксистон истинод намекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки марксизм зинда аст, вале дар шакли вулгарӣ.
Исомиддин Шарифзода:
Имрӯзҳо таъбири “исломи сиёсӣ” ҳама ҷо вирди забонҳо гаштааст. Бардошти шахсии Шумо аз ин истилоҳ чист? Ва ба дунболи ин, ояндаи исломи сиёсиро дар Тоҷикистон ба чӣ шаклу намуд тасаввур мекунед?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Аслан, таъбири “исломи сиёсӣ” ягон чизи комилан нав нест. Ислом аз ибтидо як дини сиёсӣ буд ва дар ҳар давра он вобаста ба шароит ва талаботҳои нави ҷомеа ва манфиатҳо дар шаклҳои ба худ хос зуҳур меёбад ва ин анъана минбаъд низ вобаста ба бархӯрди манфиатҳо давом хоҳад кард, зеро ислом, табиатан падидаи динӣ-сиёсӣ аст.
Ояндаи исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба сатҳи таносуби маърифати дунявӣ ва динии шаҳрвандонаш вобаста аст. Исломи сиёсӣ дар ҷое реша мегирад, ки холигии маънавӣ – идеологӣ фароҳам бошад.
Комил Бекзода:
Алтернативаи ислом дар ҷаҳони муосир кадом ҷараёнҳо ва идеологияҳои динӣ ва сиёсӣ ҳастанд?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Алтернативаи дин ҳамеша ҷаҳонбинии илмӣ буд ва мебошад. Вале дар ҷомеаҳои суннатӣ, ки ҳанӯз ҷаҳонбинии динӣ дар сатҳи авом нақши муҳим дорад, ба сифати алтернатива қарор гирифтани ҷаҳонбинии илмӣ хеле душвор аст. Дар айни замон, ҳамин низоми дунявии давлатдорӣ алтернативаи мувофиқ аст. Танҳо механизми ҳуқуқии низоми дунявиро пурзӯр кардан лозим мебошад. Ҳамчунин исломи суннатӣ дар ҷомеаи мо ниёз ба ислоҳхоҳӣ дорад. Алтернативаи дин қарор гирифтани ҷаҳонбинии илмӣ масъалаи оянда аст.
Меҳрдод Қурбониён:
Низои анъанавии суннӣ ва шиа барои ояндаи ҷомеаи мо чӣ оқибатҳое дар пай хоҳад дошт? Имкониятҳои муқовимати ҷомеаи моро чӣ тавр арзёбӣ менамоед?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Низои анъанавии суннӣ ва шиа дар сатҳи байналмилалӣ дар оянда метавонад афзоиш ёбад. Зеро ду давлати меҳварии ҷаҳони ислом -- ҶИЭ ва Арабистони Саудӣ барои даст ёфтан ба қудрати сиёсии минтақавӣ бо истифода аз ин ду фирқа мубориза мебаранд. Вале, ба гумонам, на ин ва на он ба пиёда сохтани ин ормони худ мушарраф намешаванд. Чунки он ба манфиати давлатҳои қудратманде, ки дар ҷаҳони ислом манфиатҳои геопалитикӣ доранд, мухолиф нест. Ба ин давлатҳо низои ин ду қудрати минтақавӣ дар заминаи шиаю суннӣ зарур аст, то ки ба ин восита заиф шаванд ва ғалабаи яке аз тарафҳо ба манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ нест.
Дар Тоҷикистон бошад, фарқаи шиа, махсусан шиаи исноашарӣ заминаи иҷтимоӣ надорад. Исмоилиҳо бошанд, як гурӯҳи динии маҳдуд буда, бо шиаи исноашарӣ ихтилофи ақидавӣ доранд ва аз онҳо пайгирӣ намекунанд. Зиёда аз ин, исноашариҳо исмоилиҳоро нағз набинанд. Исноашария бештар хусусияти арабгароӣ дорад, ки хоси исмоилиҳо нест. Ягона хавфи бархӯрди шиаю суннӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ҲНИТ имконпазир буд, ки имрӯз мардуми кишвар фаҳмиданд ва ҲНИТ низ дигар имконияти тарғиби шиагароиро надорад.
Комил Бекзода:
Устод Қамаруддин, чанд савол шахсӣ дорам. Дар ҷавоби ин саволҳо озод ҳастед. Агар нахоҳед, ҷавоб надиҳед.
Барои мисол, ин саволҳо:
Дӯстии Шумо бо файласуфи шодравон ва ҳамкори Шумо дар шуъбаи таърихи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Моҳирхӯҷа Султонов ангезаҳои илмӣ дошт ё маҳаллӣ?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Дӯстии ман бо шодравон Моҳирхӯҷа Султонов ангезаи миллӣ ва баъд илмӣ дошт. Моҳирхӯҷа як шахсияти миллатдӯст буд, дар ҳамкорию дӯстӣ одамонро ба маҳалҳо ҷудо намекард, чуноне ки баъзеҳо ҳамин тавр мекарданд ва ҳоло ҳам мекунанд. Сониян, ӯ як шахси ниҳоят беғараз, олиҳиммат, бекина ва меҳрубон буд, ҳатто бадии инсонҳоро зуд фаромӯш мекард. Бо ҳамин хислатҳояш бо ман хеле унс гирифта буд. Илова ба ин, мо ҳамкориҳои илмӣ низ доштем. Забони модариашро хуб медонист. Забони фалсафиаш низ сайқал ёфта буд. Ӯ муҳаррири китоби ман “Ислом ва муносибатҳои миллӣ” буд.
Саволи дигар: Мақоми илмӣ ва иҷтимоии дӯсти шодравонатонро аз нигоҳи фалсафӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Мақоми илмии Султонов Моҳирхӯҷа дар байни файласуфон дар сатҳи баланд қарор дошт, бо донишмандони ин соҳа ҳамеша ҳамкорӣ мекард. Ӯ аз файласуфони мазҳабӣ набуд, балки як шахсияти хеле равшанфикр ва миллӣ буд, ки таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб мекард. Ӯро аз тариқи матбуот ҳама мешинохтанд. Мақоми иҷтимоиаш боз ҳам баландтар буд. Ӯро муҳаққиқони соҳаҳои гуногун мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд. Дар конференсияҳои илмӣ доим баромад мекард. Қобилияти ташкилотчигиаш низ хеле хуб буд. Давраҳое, ки дар вазифаҳои гуногун кор мекард, дар байни коллектив тез эҳтироми баланд касб менамуд. Бо атрофиён ва зердастон хеле хушмуомила ва меҳрубон буд ва аз ҳамин сабаб ӯро ҳама дӯст медоштанд. Ӯ якчанд асарҳои илмии худро ба нашр расондааст. Осори чопшудаи ӯ низ вуҷуд доранд. Вале афсӯс, ки дар айни камолоти илмиаш аз дунё рафт. Рӯҳаш шод бод.
Дигар:
Устоди шодравон М. Султонов гули сари сабади маҳфилҳои Институти фалсафа буд. Завқи шоирӣ дошт. Ҳама ӯро дӯст медоштанд. Шахси кордон ва хушмуомила буд. Матбуоти он рӯзҳо бардавом мақолаҳои ӯро ба чоп мерасонд. Ба истилоҳ, як шахсияти намунавии фалсафаи Шӯравӣ дар Тоҷикистон буд. Аз чӣ бошад, ки дар ҷомеаи мо аз ӯ дигар номе дар миён нест. Муҳтавои китобҳои ӯ кӯҳна шудаанд ва ё сидқу вафои дӯстон ва ҳамзамонон камранг ва коста шудааст?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Муҳтавои китобҳои Моҳирхӯҷа Султонов арзиши илмӣ-таърихӣ доранд. Онҳо кӯҳна намешаванд. Муҳаққиқони таърихи фалсафа дар ҳар давру замон ба ин асарҳо рӯ меоваранд. Гап дар он аст, ки доираи мухлисони осори илмӣ худ маҳдуд аст. Ба он, асосан касоне рӯ меоваранд, ки фаъолияти илмиашон бевосита ба ҳамон масъалаҳо робита дошта бошад. Сониян, пӯшида нест, ки имрӯз бо сабабҳои гуногун эътибори илму олим коста шудааст, ки ин сабабҳои иқтисодию иҷтимоӣ дорад. Он муносибате, ки нисбати осори илмии Моҳирхӯҷа Султонов ҷой дорад, дар нисбати осори дигарон ва умуман, осори илмӣ эҳсос мегардад.
Суоли навбатӣ:
Мақоми фалсафии насли Шӯравии тоҷикро дар оянда чӣ гуна арзёбӣ менамоед? “Нишастанду гуфтанду бархостанд”! (Фирдавсӣ). Ва ё Шумо назари хоси худро доред?
Қамаруддини Нурулҳақ:
Фалсафаи насли Шӯравии тоҷик дастовардҳои хуби зиёде дорад, ки дар муқоиса бо баъзе ҷамоҳири замони Шӯравӣ дар сатҳи баланд қарор мегирад ва чанде аз ин дастовардҳо ҳанӯз дар замони Шӯравӣ аз ҷониби донишмандони хориҷӣ пазируфта шудаанд ва аҳамияти онҳо ҳанӯз коста нашудааст. Мо имрӯз дар бораи ташаккули ҳувияти худшиносии миллӣ бисёр сухан мегӯем. Ин масъала як самти кори идеологии давлати миллии имрӯзаи тоҷикон мебошад, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайгирона таъкид месозанд. Омӯзишу тарғиби таърихи фалсафа як омили муҳими ташаккули худшиносии миллӣ мебошад. Ҳамчунин таърихи фалсафа ва осори илмие, ки дар ин соҳа донишмандони тоҷик анҷом додаанд, имрӯз дар пурра сохтани холигии фазои маънавии ҷомеа ва пешгирӣ кардан аз ҳар гуна таассуби динию ифротгаройии динӣ нақши муҳим мебозанд. Таърихи фалсафа як ҷузъи муҳими таърихи миллат аст, ки дар худ таҷрибаи иҷтимои ва малакаю дониши наслҳои гузоштаро инъикос кардааст. Ин фалсафа дар оянда чӣ мақом касб мекунад, ба сатҳи маънавиёти миллати тоҷик ва ба муносибати давлати миллӣ ба ин арзишҳо низ вобаста аст. Имрӯз ҳамин чиз барои мо мусаллам аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи мо арҷ гузоштан ба мероси гузашта ва ба арзишҳои миллиро мудом таъкид месозанд.
Саволи охирин:
Муҳтавои маҷаллаи навтаъсиси “Илм ва Ҷомеа”-ро чӣ гуна арзёбӣ менамоед: Аҳмади порина; такрори муқаррарот; мавзӯъҳои дарборӣ; мақолоти обшуста; иқдоми ҷиддӣ; кӯшишҳои навгонӣ...
Қамаруддини Нурулҳақ:
Росташро гӯям, маҷаллаи навтаъсиси “Илм ва Ҷомеа” барои равшанфикрони тоҷик як туҳфаи арзанда шуд. Ман ҳамаи маҷаллаҳоро хондаам. Вал дар ин маҷалла ҳамеша як назари нав доир ба масъалаҳои мухталифи доғи рӯз нашр мешаванд. Дар он такрори мавзӯъҳои обшуста ё дарборӣ вуҷуд надорад. Принсипҳои озодии виҷдон хуб риоя мешавад. Маҷалла хусусияти миллӣ дорад ва метавонад дар тарбияи илмии ҷавонони равшанфикр, миллатдӯст ва тарғиби донишҳои илмӣ саҳми босазое дошта бошад. Андешаҳои нав дар маҷалла бисёр ба ҷашм мерасад. Ба муассис ва ҳайати таҳририяи маҷалла муваффақиятҳо орзумандам.
Нозим Нурзода:
Устод Қамаруддини Нурулҳақ, арзи сипос ба Шумо, ки даъвати моро пазируфтед ва ба суҳбати маҷаллаӣ ташриф овардед. Мутмаинем, ки изҳори назари холисонаи Шумо ба хонандаи маҷалла дар ҳалли мушкилот ва муаммоҳои сиёсӣ, мафкуравӣ, динӣ, мазҳабӣ, фикрӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад. Масъулини маҷалла ҳамкориро бо Шумо дунбол хоҳанд кард ва бо ҳузуратон сари масоили муҳими илмӣ ва фалсафӣ суҳбатҳо хоҳанд орост. Ташаккури зиёд, сиҳатманду муваффақ бошед.
Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017