JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Наврӯзи   имсолаи  Ватан бо    суханронии таърихии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18 марти соли 2020 оғоз гардид. Ба назари мо, мазмуну мӯҳтавои ин суханронии  Сарвари давлат,  бешубҳа,   ҳамчун самти стратегияи миллӣ оид   ба ташаккул ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникӣ дар ҷомеа   пазируфта шуд.

Чуноне ки  Президенти мамлакат зимни суханрониашон барҳақ зикр  намуданд, “асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.

 Наврӯзро ба арсаи таърих хидмат аст,

Умраш баробари қидами умри миллат аст,

Мероси боасолати деринаҳикмат аст,

Пайғоми аҳли донишу илму фазилат аст,

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии АИҶТ Номвари Қурбон иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Системаи аносири кимиёвӣ ва шинохти илмии табиат» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

  Таърихи ҷомеаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз дар давраи гузариш аз як тарз ба тарзи дигари муносибатҳои истеҳсолӣ, ки он дар заминаи куллан тағйир ёфтани шакли моликият сурат мегирад, зуҳуроти номатлуб, аз қабили тундгароӣ,  ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар рӯйи кор меоянд. 
Далели ин гуфтаҳо даргириҳои сиёсӣ ва ҳарбии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бар асари гусастани ҳамгироии иқтисодии дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар як қатор кишварҳо, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдода, мебошанд.