JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 05 Марти 2021 05:50

Зан дар мақоми ҳастаи иҷтимоӣ (ба ифтихори Рӯзи занону бонувон)

Муаллиф:

   Воқеан, агар зан, ки аз хамираи зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопарешӣ ва бурдборӣ таркиб ёфтааст, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ – зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод. Ин аст, ки «Меҳр дар дил парваридан расму ойини ман аст» гӯён зан бо зиндагӣ созгор шуд ва васл (якҷо кардан, пайванд додан)-ро дар муқобили фасл (ҷудо ва пора кардан) ба майдони талошҳо ва гирудорҳо овард. Васле, ки аз асл реша мегирад, инсонсоз ва ҳувиятшинос аст ва он, қабл аз ҳама, ба фитрат, фикрат, малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, отифат, шарофат, наҷобат, фазилат, матонат, ҷасорат ва инсонияти зан бастагӣ дорад. Сифоти мазкур, ки ҳар як дар мавқеъ ва ҷойи худ чида шудаанд, дар маҷмӯъ, комплекси ҳаста ё ядрои иҷтимоӣ – Занро таҷассум мекунанд.

   Донишмандону муҳаққиқини асотири бостонии иронӣ (форсӣ-тоҷикӣ), минҷумла Манучеҳри Ҷамолӣ ҳадс мезананд, ки вожаи «зан» маънои зиндагӣ, зинда будан, намирандагӣ, абадият, ҷовидониро далолат мекунад ва калимаи «мард» маънои мурдан, мирандагиро ифода менамояд (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Шоҳнома ва мо. Дафтари нахуст. Ландан, бидуни соли нашр (ба забони форсӣ). С.73). Бад-ин манзур, шинохти ҷинси зан, ҳам аз назари зоҳирӣ ва ҳам аз ҷиҳати ботинӣ, пеш аз ҳама, дар бархӯрд бо маргу мурдан ва мирандагӣ имконпазир мегардад ва аз ин ҷо асли фалсафии мафҳуми зан, ки бо зиндагӣ тавъам аст, пеши назар меояд. Ба сухани равшантар, зан фарогири зиндагӣ аст ва бар ин мабно зиндагӣ мавзӯи баҳси фалсафист. Азбаски фалсафа зиндагӣ ва маргро мавзӯи баҳс қарор медиҳад, мафоҳими марбут ба зан, қабл аз ҳама, дар доираи баҳси фалсафӣ матраҳ мегарданд ва мунтаҳо асли фалсафӣ доранд.  

  Қадимтарин асотири иронӣ аз он иттилоъ медиҳанд, ки фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ бо занмеҳварӣ ба арсаи тамаддун қадам ниҳодааст ва устураи Симурғ муҳимтарин қолаби устурасозии иронист, ки дар маркази он Модархудо Симурғ қарор доштааст (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Наврӯзи Ҷамшедӣ. Ландан: Интишороти Курмалӣ, 1996. www. Jamoli. Info. -С.6-7). Симурғ ҳазорҳо сол қабл аз зуҳури Зардушт ва ойини зардуштӣ миёни мардуми форсу тоҷик ҳамчун консепсия ва мафкураи сиёсию маданӣ арзи ҳастӣ намуда, рамзи бузургӣ, шарофат, некхоҳӣ, асолат, мардумшиносӣ, инсонсолорӣ, мададгорӣ, меҳрпарастӣ ва адолатпарварӣ  дар фарҳанги иронитаборон будааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, Модархудо Симурғ дар ҳама ҳолат, новобаста аз тааллуқоти динию маҳабӣ, фикрию ақидатӣ наҷотбахши одамӣ талаққӣ шуда, дар мавридҳои ба мушкилтарин хатарот мувоҷеҳ шудани мардум ҳозир гардида, барои наҷоти онон мешитобида, корафтодагонро кумак менамудааст. Ойини симурғӣ тайи асрҳои тӯлонӣ ба як фарҳанги мардумӣ  бадал шуда, баданаи онро меҳрварзӣ, садоқат, дӯстдорӣ, тараҳҳум, хирадгаройӣ ва амсоли инҳо барин мақулаҳо ё категорияҳои инсонсози ахлоқӣ ташкил додаанд. Ҳифзи Зиндагӣ ва наҷоти инсонӣ аз маҷмӯаи балоҳои заминию осмонӣ рисолати Модархудо Симурғ буда, ҷонибдорӣ аз Ҳаёт ва муқобилият бо Мамот аслу бунёди ойини симурғӣ мебошад (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Шоҳнома ва мо. Дафтари дувум. Ландан, бидуни соли нашр (ба забони форсӣ). С.15).

   Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки беҳтарин бозгӯкунандаи фарҳанги бостонии миллист, симои Модархудо Симурғ муҷассам гардидааст ва, албатта, на ба шакли қадимӣ ва қабл аз зардуштӣ. Мусаллам аст, ки Зардушт барои он ки ойинаш тавсеа ёбад, мазоҳиби қаблиро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурд ва дар қатори ойинҳои пешин, фарҳанги сумурғӣ низ қарор дошта, меъёрҳои он, бо назардошти талаботу муқтазиёти дини Зардушт тағйир дода шуданд. Ин аст, ки дар осори паҳлавӣ функсия ва вазифаҳои худоёни пешин тағйир хӯрда, онон дар қолабҳои фариштагон ғунҷонда шуданд. Бар ин асос Симурғ низ минҳайси бонухудо тағйири вазифа кард, аммо бисёр мушаххасоти ӯ дар фарҳанги миллӣ боқӣ монд. Қатъи назар аз он ки вазифа ва рисолати Симурғ ба унвони бонухудо дар замони зуҳуру нуфузи зардуштия тағйир хӯрд, қудрат ва шаҳомати фарҳангию мадании он аз саҳнаи сиёсӣ канор зада нашуд ва он ба унвони Олиҳа (Нишони Ирони бостон) дар низоми давлатдориҳои Ҳахоманишию Сосонӣ побарҷо монд (ниг.: Пурдовуд Иброҳим. Таърихи фарҳанги Ирон. Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1326 хуршедӣ. С.296).

  Дар «Шоҳнома» Фирдавсӣ вежагиҳои мададгорӣ, наҷотбахшӣ, хайрхоҳӣ ва меҳрварзии Симурғро таҷассум мекунад. Парвариш намудани Золи Зар, наҷот додани Рудоба ҳангоми зодани Рустам, кумак расонидани Рустами Дастон дар набарди ҳалкунанда бо Исфандиёри Руинтан намунаи барҷастаи мададгории Симурғ дар «Шоҳнома» мебошад.

   Овардани намунаҳои ноқис аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва нишон додани образи Модархудо Симурғ бад-он манзур аст, ки дар гузаштаи дури фарҳанги мо мардум ба зан эҳтироми махсус қоил будаанд ва дар иҷтимоъ ин ҷинс (зан) мақоми барҷаста ва шоиста доштааст. Илова бар ин, модарсолорӣ ё матриархат беҳтарин давраи таърихи инсонӣ талаққӣ шудааст ва дар он давра ҷаҳлу ҷаҳолат ва қатлу ғорат мунбасит набудааст, чунки зан меҳру самимият дорад ва ин сифот ҷомеаро аз дарун тағийр дода, имконоти ситезу хашмро, ки дар мардон ҷӯш мезананд, пойин бурдаанд. Ба сухани дигар, дар қадимтарин замонҳо зан ва модар ба сифати арзишу муқаддасоти мардумӣ дар миқёси фарҳанги миллӣ ва иҷтимои маданӣ ҷойгоҳи вежа дошта, мавриди парастишу қадрдонӣ қарор мегирифтааст. Истилоҳи «ритасия» дар байни ҷавомеи қадимаи форсӣ-тоҷикӣ маънои зани асилзода ва шарофатмандро ифода мекардааст ва ба касоне аз ҷинси зан итлоқ мешудааст, ки ҷуръату ҷасорат ва меҳру садоқат доштаанд.          

   Вожаи «бону», ки имрӯз дар шакли ҷамъи «бонувон» мустаъмал аст, маънои рӯшанӣ, покӣ, беолоишӣ, шукӯҳу шаҳоматро дорад ва шукӯҳмандии ҷомеаи инсонӣ, бешубҳа, ба латофату малоҳат, самимияту муҳаббати зан ва модар нисбат ба насли башар вобастагӣ дорад. «Бону» бо вожаи санскритии «bhanu» (рӯшанӣ, хуршед), ки дар таркиби « bhanu-mati» (зани зебо ва шоиста) вуҷуд дорад ва бостоки авастоӣ дар шакли «banu ё banav» дар сохти чандин вожаи мураккаб аз решаи ba (дурахшидан) нисбат дорад (ниг.: fa.wikipedia.org/wik).  Дар зимн, бону ба маънии зани бузургзода ва арҷманд ва ановине эҳтиромомез дар аввал ва ё охири исми занон омадааст. Дар катибаҳои Сосонӣ ва адабиёти зардуштии форсии миёна  дар лақаби баъзе аз Эзадбонуҳои Ҳинд ва иронӣ ҳамроҳ бор номи ҳамсарони шоҳон, амирону бузургони дарбор ёд шудааст. Ва ҳар ҷо ки бону бо муҳаббату самимият ва ҳалимию меҳрубонӣ ворид мегардад, он макон майл ба нишоту хурсандӣ мекунад ва зиндагӣ ҷӯш мезанад. Бону занест ростину покдоман ва некуройю некандеш ва бо пиндор, гуфтор ва кирдори нек инсон меофарад, ба воя мерасонад, тартибу тарбият мекунад. Хатти марказии зиндагии бонувон меҳрпарварӣ ва меҳроварист ва дар партави меҳроварӣ ҷомеаи инсонӣ тарбият меёбад ва рушду тараққӣ мекунад. Бад-ин мазмун  шоир фармудааст:

       Чу бону биёмад бад-он базмгоҳ,

         Ҳама гирду атроф гаштӣ нигоҳ…

  Агар ҳаст бону чунин некрой,

         Намонад бадӣ дар дили мард пой.

      Ба меҳр андар орад ҳаме ӯ сухан,

          Бубин, дар шигифтанд ин анҷуман.

       Агар ба таърихи ориёӣ таваҷҷуҳ намоем, ба хубӣ мушоҳида мекунем, ки дар замони салтанати подшоҳони Элом (тамаддуни куҳан дар ҷануби ғарбии Ирон) зансолорӣ дар Ирон ҳоким будааст ва занон гоҳо дар андозаи Худоён парастиш мешудаанд. Дар замони Ҳахоманишиён занон ҳаққи моликият ва ирс доштаанд ва дар артиш ба кор мепардохтаанд. Аз бономтарини онҳо бону Ортамис будааст, ки дар лашкаркашиҳои Хушиёр ба Юнон  бевосита ширкат доштааст.  Падари таърих Ҳеродоти юнонӣ аз далерию шуҷоати занони иронитабор ёдовар шуда, аз забони Хушёршоҳ нақли қавл мекунад, ки: «Эй кош, мардони иронӣ ба андозаи Ортамис шуҷоат доштанд». Ҳамчунин дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед тасвири бисёре аз занон дар канори мардон дида мешавад, ки ҳузури онҳоро дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсию маданӣ таъйин мекунад. Дар Тахти Ҷамшед гилнавиштаҳои зиёде мавҷуд аст, ки акнун дар Амрико нигаҳдорӣ мешаванд ва мазмуни онҳо бар ин гувоҳӣ медиҳад, ки занон нисбат ба мардон аз ҳуқуқҳои зиёде бархӯрдор будаанд. Ба гунаи намуна, дар номаи як саркоргарзан омадааст, ки «изофаи ҳуқуқ барои бордорӣ» дарёфт кардааст, ҳамчунин дарёфти ҳуқуқи иловагӣ барои мусофират ба хориҷ, аз ҷумла ба Ҳинд (Ориё варта) ва Кашмирро дарёфт намудаанд. Аз ин ҷост, ки зан дар Ирони бостон аз ҳуқуқи болотаре нисбат ба мардон бархӯрдор будааст ва ҳузури зан дар артиш ва лашкар нишони он аст, ки ин ҷинс дар мубориза ва муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ-интизомӣ ҳам ба андозаи мардон ҳуқуқ доштааст. Дар сангнавиштаҳои Тахти Ҷамшед, ки ба масоили шоҳаншаҳии Куруши Кабир ва асосгузори шоҳаншаҳии Ҳахоманишӣ марбутанд, аз шоҳзодаҳо ба унони занони дарбор ёд шудааст (ниг.: tamadonema.ir). 

    Дар даврони Сосонӣ ҳам зан дар баробари мард аз ҳуқуқҳои болотаре бархӯрдор будааст. Ин навъ қавонине, ки аз зан ва ҷойгоҳи ӯ пуштибонӣ мешудааст, ҳатто дар Рум ба мушоҳида намерасидааст. Чунончи, агар дар ҷуғрофиёи мушаххасе духтаре мавриди таҷовуз карор мегирифтааст, кишвардорӣ муваззаф будааст, ки 5 ҳазор динори тилло ба ӯ ба хотири ҷуброни зарар пардохт намояд. Ва ё ин ки зан мисли мард аз ҳуқуқи ирсбардорӣ, талоқ, маҳрия ва амсоли инҳо бархӯрдор будааст (ниг.: https://fa.wikipedia.org/wiki).

   Ҷуръату ҷасорати занон ононро дар ҷомеа соҳиби ҷойгоҳ ва мақоми баланд карда будааст. Дар таърихи миллӣ зан дар симати шоҳ низ ҳузур пайдо кардааст. Масалан, Бӯрондухт дар замони Сосониён зане буд, ки ба нақле, дар беш аз даҳ кишвари Осиёии имрӯз подшоҳӣ кардааст. Ӯ пас аз Ардашери Ширӯя ба унвони бисту панҷумин подшоҳи Сосонӣ бар тахти шоҳаншоҳии Ирон нишаст ва фармонфармоӣ намуд. Таърихчаи ҳаракати феминистӣ дар олам ба 150 сол беш намерасад. Аммо Бӯрондухт – подшоҳи иронии давраи Сосонӣ 1400 сол қабл  аввалин сухани феминистиро баён карда буд: «Подшоҳ, чи мард бошад, чи зан, бояд сарзаминашро нигоҳ дорад ва бо адлу инсоф рафтор кунад». Ӯ дар номае ба сипоҳиён нахустин сухани фемистии ирониро зада, дар феҳристи нафароне қарор гирифт, ки баробарии ҳуқуқи зану мардро хоҳон буданд. Пас аз кушта шудани Хусрави Парвиз ба дасти писараш Ширӯя дар соли 628 милодӣ, Ширӯя беш аз шаш моҳ подшоҳӣ накард ва салтанат ба дасти духтари бузурги Хусрави Парвиз Бӯрондӯхт афтод. Дар садаи ҳафтуми милодӣ ду зан ба номҳои Озармидухт ва Бӯрондухт тавонистанд ба салтанати Сосонӣ бирасанд ва дар набард бо Румиён теъдоди зиёди сарбозони зан дар артиши Ирон ба қайд гирифта шудаанд, ки ин ҳузуру нуфузи занону бонувони миллиро дар ҳавзаҳои сиёсию ҳарбӣ-интизомӣ таъйину тасдиқ мекунад. Ба ин тартиб, Пурондухт ва Озармидухт – духтарони Хусрави Парвиз ба тахти подшоҳӣ такя задаанд. Ҳумо, Данёк ва Ортамис аз ҷумлаи заноне буданд, ки дар ҷойгоҳи фармондеҳии сипоҳиён қарор дошта, гоҳе зимоми подшоҳиро бар даст гирифта буданд. Зане бо номи Понтео дар замони Ҳахоманишӣ фармондеҳии горди ҷовидонро бар уҳда доштааст. Истотиро-духтари Дориюши севуми Ҳахоманишӣ фармондеҳи неруҳои ҷангӣ будааст. Ҳамсари Дориюши дувуми Ҳахоманишӣ Пари Сотис аз артишбудони он замон ба шумор мерафтааст. Шарқшиноси машҳури ғарбӣ Артур Кристенсен ҳузури Озармидухт ва Бӯрондухт -- ин ду зан-бонуро дар маснади подшоҳии Сосонӣ ба пазириши онҳо аз сӯйи рӯҳониёну мубадони дини маздоӣ марбут медонад (ниг.: https://fa.wikipedia.org/wiki).    

   Дар замони нав ва асри навин, шурӯъ аз соли 1910 ба баъд бонувони рӯшанфикр ва озодихоҳи ҷаҳонӣ дар симои Клара Сеткина, Роза Люксембург, Симона де Боувар, Фурӯғи Фаррухзод ва соири занон  нақши воқеии занро дар низоми зиндагии башарӣ таъйин намуда, аз ҷавомеъ талаби эҳтиром ва арҷгузорӣ карданд. Дар баробари занону бонувони ғарбӣ, занони шарқӣ ҳам дар садаи бист алайҳи зулму залолат ва беадолатию ҷаҳолат мубориза бурда, дар ҷомеа ҷойгоҳи муносиб касб карданд. Зани тоҷик дар замони шӯравӣ (солҳои 1924-1991) дар миёни занони Иттиҳоди Шӯравӣ бо кору заҳмати шабонарӯзӣ ва меҳнатталабӣ соҳибэҳтиром буд.

   Замон ва шароити нави давлатдорӣ (манзур давраи истиқлол аст) барои занону бонувони тоҷик имконоти нав фароҳам овард. Зан, бо он ки дар имтидоди ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳолати яъсу навмедӣ гирифтор шуд, қалбшикаста нагардид ва ширкат дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва мадании ҷумҳуриро ҳамчунон идома дод. Таҷлил намудани 8 март ба унвони Рӯзи байналмилалии зан-модар маҳз бо талошҳои бевоситаи бонувони урупоӣ, махсусан Клара Сеткина сурат гирифт, ки нодида гирифтани толошҳои ҷасоратмандонаи ин зани диловари ғарбӣ гуноҳи кабира маҳсуб меёбад. Занону бонувони мамолики мутараққии дунё мадюни ин гуна занони ҷасуранд ва минбаъд ҳаракати феминизм, ки масоили марбут ба занон, аз ҷумла озодии ононро дар кулли дунё матраҳ мекунад, бар мабнои саъю кӯшишҳои бонувони ҷасури урупоӣ (Клара Сеткина, Роза Люксембург ва дигарон) созмон ёфт. Аммо дар гузаштаи дури таърихи миллӣ Исфандгон ба унвони Рӯзи бузургдошти зан ва замин гиромӣ дошта мешуд. Ин рӯз дар тақвими имрӯзи ниёкон баробар ба 5 исфанд аст. Пажӯҳишгари мутолеоти татбиқии занон дар ҳунар ва адабиёт доктор Муҳаммад Наҷҷорӣ дар суханронии худ бо номи «Сӯг ва сӯрнома» бо истинод ба Абурайҳони Берунӣ  ва Гардезӣ таърихи 5 исфандро ба унвони Рӯзи гиромидошти Зан ва Замин саҳеҳ дониста, дар ин замина нигоштааст: «Бино ба гуфтаи Абурайҳон, Исфандормӯз эзади муваккал ба замин ва эзади ҳомию нигаҳбони занони шавҳардӯст, порсо ва дурусткор буда, ба ҳамин муносибат ин рӯз рӯзи занон талаққӣ мегаштааст ва мардум ба ҷиҳати гиромидошти занон ба эшон ҳадя медоданд ва бахшиш мекарданд. Ин иборатро Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» низ овардааст: «Аз ин ҷиҳат ҷашнро «мардгирон» мегуфтанд ва занон ба ихтиёри хеш ва бо озодӣ шӯй ва марди зиндагии худро бармегузинанд. Бинобар ин, дар рӯзи панҷуми моҳи исфанд ҷашни занонаи «мардгирон» ё «маждгирон», ки ба занон ихтисос доштааст, баргузор мешудааст. (ниг.: https://fa.wikipedia.org/wik). Ба ин маънӣ, дар фарҳанги миллӣ ба муносибати гиромидошти зан ва модар Рӯзи вежаи ҷашние созмон ёфта, дар доираи он маросимоте, аз қабили тақдими ҳадоёи ҷашнӣ, сайругашти идӣ, баргузории маҳофили адабӣ, зарофтагӯйиву сурудхонӣ ва амсоли инҳо ҷур шудаанд, ки бо тобишҳои гуногун то имрӯз боқӣ мондаанд.

  Ҳоло ки дар арафаи ҷашни занону бонувон қарор дорем, ба занону модарон ва бонувони тоҷик ва дар симои онҳо ба кулли занони сайёра тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Бигзор, меҳру муҳаббати онҳо ҳеҷ гоҳ поён наёбад ва дар партави меҳру самимияти ин ниҳоди меҳровар зиндагӣ рангину зебо шавад ва оташи ҷангу хунрезӣ, ки аз ғурури нобаҷо ва таассубу ҷаҳолати инсонӣ рӯйи кор меояд, тавассути оби раҳмату муҳаббат ва самимияту отифати занону модарон абадан хомӯш гардад. 

Нозим Нурзода

пажӯҳишгар

 

Хондан 1689 маротиба