JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Чоршанбе, 21 Августи 2019 05:49

ЖАН ПОЛ САРТР ва СИМОН де БОВУАР

Порае аз китоби Вил Дюрант (1885-1981) файласуфи муосири амрикоӣ бо номи “Тафсирҳои зиндагӣ”.

1.Чаро чунин китобе навиштаам?

  Чаро навориде,  ки ҳаштоду чаҳор (84) сол аз синнаш мегузарад, пас аз ним қарни ғӯтаварӣ дар фалсафа ва таърих, ногоҳ китобе дар бораи адабиёт менависад? Дар ин замина чи салоҳияте дорад? Чи метавонад бигӯяд, ки муддатҳо пеш аз ӯ соҳибназароне, ки зиндагиашонро сарфи мутолиаи адабиёт кардаанд, нагуфта бошанд?

  Бо ҳамаи инҳо, адабиёт нахустин ишқи ман будааст. Дар ҷойе дигар гуфтаам, ки чигуна дар дувоздаҳсолагӣ духтараке ҳамсинну соли худро ки ба ӯ дил бохта будам, дар ҳоли  хондани китоби “Ёддоштҳои Пиквик” дидам. Китобро аз ӯ ба амонат гирифтам ва он гоҳ бо носипосӣ, дилбастагии хешро миёни духтарак ва Дикенс тақсим кардам. Сипас бо чаҳордаҳ сент пасандоз Девид Коперфилдро харидам. Тамоми ҳаштсад саҳифаи онро калима ба калима хондам ва муддатҳо дар радифи “Китоби муқаддас” ва “Тақлиди Масеҳ” қарораш додам. Ва адабиёт камобеш барои ман навъе ваҳй ва паёми осмонӣ, навъе бозофаринии мӯъҷизаосои ҷаҳон ва зиндагӣ шуд.

  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 омадааст: «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ-обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Вале истифода аз ин имконот ва ташкили инфрасохтори табобативу солимгардонӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест. Дар оянда ба ҳалли ин камбудиҳо бояд хотима бахшид».

   Илми муосир исбот намудааст, ки Замин дар қатори сайёраҳои Офтоб аз гарду ғубори кайҳонӣ, (натиҷаи таркиши Бузург) 4,5-5 миллиард сол қабл ба вуҷуд омада, одам ҳамчун навъи биологӣ дар рӯйи Замин тақрибан 300 ҳазор сол қабл пайдо шудааст. Инсон дар тӯли мавҷудияташ то ин дам барои зинда будан ва насли худро нигоҳ доштан мубориза мебарад. Фаҳмост, ки барои одами ибтидоӣ зиндагӣ хеле мушкил буд. Зеро ӯ таҷрибаи зиндагӣ ва дониш надошт. Ивазшавии шабу рӯз, ҳаракати зоҳирии Офтобу Моҳ, милтос задани ситораҳо, гулдурос ва рӯшноии чашмхиракунандаи барқро аксаран бо тарсу ҳарос ва бо ҳайрат тамошо мекард, лекин сабаби онҳоро намедонист. Одами ибтидоӣ эҳсос мекард, ки бе хӯрок зиндагӣ карда наметавонад, лекин чиро (кадом меваву, растаниҳоро) истеъмол карданро намедонист. Аз ин рӯ ӯ ҳамеша дар тарсу ҳарос зиндагӣ ба сар мебурд. Тасаввур кардан душвор нест, ки таҷрибаи зиндагӣ дар табиат (дар табиат зинда будан!!) барои аҷдодони мо ба ивази вақт ва қурбониҳои хеле зиёд ба даст омадааст…

  Мақолаи мазкур моҳияти ду мафҳумро, ки воқеан, дар мустаҳкам шудани истиқлолияти миллӣ нақши муҳим мебозанд, тавзеҳ дода, мубрамияти дарки амиқи онҳоро дар шароити кунунии рушди давлати соҳибистиқлоли миллӣ баррасӣ менамояд. Яке аз ин мафҳумҳо «идеяи миллӣ» ва дигаре «ҳувияти миллӣ» мебошад.

  Мо бояд аз он огоҳ бошем, ки дар таркиби мафҳуми «ҳувияти миллӣ», ки  муталлиқ будани шахсро бар гурӯҳи муайяни иҷтимоии миллат - ҳамчун шакли олии ҷомеаи қавмии умумияти сиёсӣ, забонӣ, иқтисоду фарҳангидошта ва мардуми дорои хусусияти ягонаи равонӣ бударо ифода мекунад, инчунин, ҳисси сипосгузорию ҳимоят аз давлату Ватан, вафодорӣ ва садоқат нисбат ба давлат -  ҳамчун макони рушди миллӣ ва воҳиди сиёсии нигоҳдорандаи миллат маҳфуз мебошад.