Дилбаре бо лутфи хосе аз Баҳори Ишқ гуфт,
Гуфтам: Оре, Ишқ дорад шӯру исёне дигар.
Ҳайфи умри одамӣ бо ишқи нотакрори хеш,
Лаҳзае васл асту умре сӯзу ҳиҷроне дигар.
Пас, чӣ бояд кард?− гуфтам, эй нигори нозанин,
Ишқи бесомони моро нест сомоне дигар?
Булбули ошуфтае ин розро бишниду гуфт:
Нест сомоне, вале боист сомоне дигар!!!
Комил Бекзода
6 марти 2018
шаҳри Душанбе.