JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 16 Январи 2024 14:34

Меҳаннома: Хоки Ватан, Ватан, Забонгумкарда, Кишвари ман – модари ман, Ганҷи кӯҳсорон, Баландиҳо, Таманно, Боз як мушт

Муаллиф: Лоиқ ШЕРАЛӢ

 ХОКИ ВАТАН

Тоҷикистон – мазҳари ман,

Сарзамини камзамин,

Ту саросар кӯҳсорӣ,

Ту саросар сангзорӣ,

Чунки фарзандони ту дар роҳи таърихи дароз

Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.

Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ

Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.

Ҳар куҷо рафтанд маҳҷуру ғариб

Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андӯҳ шуд.

Ҷумла дар кӯи ғарибӣ хок гаштанд, эй дареғ,

Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.

Ҳар куҷо рафтанд онон

Ё ба Макка, ё Мадина,

Ё ба ғурбат, ё тиҷорат,

Ё гуреза аз ҳама тазвиру кина,

Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.

То агар рӯзе бимиранд аз қазо,

Дар ғарибӣ бекасу беошно

Хоки ту бошад нишони охирин...

 

Тоҷикистон! –

Сарзамини камзамин,

Хоки ту ин сон парешон гаштааст,

Бо ҳама хоки ҷаҳон ин гуна ҳамсон гаштааст.

Хоки ту

Бо сари пуршӯри Деваштич то Бағдод рафт,

Он сари аз тан ҷудо,

Аз ту ҷудо

Бо дод аз бедод рафт.

Хоки ту

Бо сари Рахшона то Юнон расид,

Бо ҳазорон нолаю афғон расид.

Монд дар Табрез бо наъши Камол,

Бо Замин омехт, то шуд безавол.

Хоки Ҳиндустон зи Бедил дил гирифт,

Наъши ӯ то ҷовидон манзил гирифт.

Бурд Сино то Ҳамадон хоки ту,

Монд он ҷо мушти хоки поки ту.

Он қадар тоҷик ҷуста булъаҷаб

Хонаи Аллаҳ ба саҳрои араб

Мурдаву хоки туро бо хеш бурд,

Колбадро то бад-он саҳро супурд.

Хоки ту ин гуна кам шуд, кишварам,

Инчунин аз ашк нам шуд, кишварам.

Ҳар қадар, ки хоки ту барбод шуд,

Хоки дигар он қадар обод шуд...

Ин чӣ густохӣ? Маро маъзур дор.

Хоки ту кам шуд магар?

Хоки ту кам шуд ба миқдору

фарохотар ба арзу тӯл шуд,

Гарчи номат

Ҳамчу мулки кӯҳсорон дар ҷаҳон машҳур шуд.

Лек боке нест!

Баҳри он сангат зиёду кӯҳҳот

То бисозӣ пайкара бар ёдгори он ҳама

Мардони пурҳасрат,

Ки хокатро парешон кардаанд.

Баҳри он мардон,

Ки номатро ба олам Тоҷикистон кардаанд.

Пайкара чандон тарошӣ, месазад

Баҳри он мардон, ки хокатро кунун зар кардаанд,

Кӯҳҳоятро барои арзи меҳру дӯстӣ

Ин замон озод минбар кардаанд...

 

 

 

 

ВАТАН

 

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

 

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,

Ватан хушномию фирӯзии мост.

 

Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,

Зи “майдон”-ҳои хирманбодгарҳо.

Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,

Ки мо хурдем аз хони падарҳо.

 

Ватан  дилҷамъию озодии мост,

Ватан  хушбахтию ободии мост.

 

Ватан сар мешавад з-он остоне,

Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.

Ватан сар мешавад з-он пардабоме,

Ки парвозӣ шудему пар кушодем.

 

Ватан   имрӯзи мо, ояндаи мост,

Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

 

ГАНҶИ КӮҲСОРОН

 

Ҳама ин ганҷҳо буданд,

То имрӯз ҳам буданд,

Ниҳон дар қаъри куҳсорон,

Ниҳон дар ҷавфи ҳар як санги кӯҳистон.

Ҳама ин ганҷҳо буданд то имрӯз ҳам, аммо

Намедонист тоҷик, то чи ганҷе зери хоки ӯст,

Намедонист пиромуни кӯи ӯ,

Намедонист дар зери замини ҳотаи ӯ,

Намедонист дар кӯҳи баланди рӯ ба рӯи ӯ

Чи ганҷи сармаде хуфта,

Чи махзанҳо, ки бинҳуфта.

Агар ҳам бурда буд бӯе,

Ки ганҷе дар дили кӯҳе ниҳон аст,

Намедонист, то чун бишканад қуфли тилисмашро,

Ки онро аждаҳое посбон аст.

... Чу равшан кард нури ақл ақсои куҳистон,

Чу бар аъмоқи ҳар кӯҳе назар афканд,

Ба хилватгоҳи ганҷури табиат раҳкушо гардид,

Ту гӯӣ дар дили куҳсор ҳам шӯру шарар афканд.

Зи ҳар кунҷи диёри мо,

Зи ҳар як резасанги кӯҳсори мо

Чӣ маъданҳову махзанҳо бадар омад.

Сипас бо ҳайрату эъҷоб

Дида ин ҳама ганҷинаи ноёб,

Ҳамепурсид тоҷик аз худу аз ҳамдеҳони худ:

Худовандо, чи эъҷозе!

Зи пушти хонаи ӯ,

Аз замини ҳотаи ӯ,

Аз лаби роҳе, ки пода мечаронад,

Аз он кӯҳе, ки ҳезум мекашонад,

Алғараз, аз ҳар канори зодгоҳи ӯ

Чӣ сон ин маъдану махзан бадар омад...

Сипас донист ҳар фарди куҳистонӣ,

Ки рӯи ганҷи кӯҳистон

Нахуфта аждаҳое ҳеҷ

Ғайри аждаҳои ҷаҳлу нодонӣ...

 

БАЛАНДИҲО

 

Аҷаб дорам, ки дар ҳар ҷо

Зи боби Тоҷикистон чун сухан гӯянд,

Бигӯянд аз баландиҳои куҳсораш

Сухан гӯянд аз Боми Ҷаҳон,

Аз қуллаҳои ганҷдору тоҷдораш.

Чӣ зоҳирбинии саҳле!

Ба ғайри қуллаҳо дар кишвари тоҷик

Баландиҳои бисёр аст,

К-онро кас намебинад.

Касе онро тавонад дид,

К-ӯ аз оламу одам хабардор аст.

Фақат эҳсос бояд кард,

Фақат тан дод бояд бар баландиҳои рӯҳонӣ:

Ба табъи мо, каломи мо,

Ба қадри мо, мақоми мо,

Ба ҳимматҳои дарёе,

Ба фитратҳои дунёӣ,

Ба иқболи баланди мо:

Ба халқи арҷманди мо...

Бале, дар сарзамини мо

Ба дидан кӯҳҳои мо баланд аст,

Вале ҳар кас, ки бо чашм

Ғарамҳои баланди пахтаро дид,

Баландиҳои куҳҳо нописанд аст.

Бале, дар кишвари тоҷик

Баландиҳои бисёр аст, лекин

Ҳама имрӯз бо чашмони худ дид

Ки қасри нури Норак чун сар афрохт,

Сари бисёр куҳҳо паст гардид.

Бале, баҳри тамошогар

Баландиҳои кӯҳи мо чӣ зебост.

Вале баҳри ҳама пайдост, к-имрӯз

Зи кулли қуллаҳои сар ба афлок

Сари мо сад ҳазорон бор болост.

Бале, дар сарзамини мо

Баландиҳои бисёр аст, аммо

Баландие баланд аз рӯҳи мо нест!..

 

ТАМАННО

 

Тоҷикистон!

Зи санги куҳсорат

Чун нишона на мақбара хоҳам,

Баъди маргам зи санги бисёрат

Ёдгорӣ на пайкара хоҳам.

 

Баҳри мастӣ барои ман кофист

Қатраи май зи як буни токат,

Баҳри хоби бароҳати ман бас

Чанд муште зи тӯдаи хокат.

Дар куҳистон, ки хуни нофам рехт,

Роҳҳо печутобҳо доранд.

Ман дар ин роҳҳо басо дидам,

Шоирон ҳам азобҳо доранд.

 

Шоириро ба ман ту омухтӣ,

Дар ҳама печутоби раҳҳоят.

Бо ҳама сабки шоирони қадим,

Бо ҳама шеваҳои шевоят.

 

Чист ҳайкал ба ҳаққи шеъри баланд?!

Резае пеши қуллае оранд.

Шоироне, ки буда беҳайкал,

Дар замони гузашта бисёранд...

 

Муддаоям зи назм ин бошад,

Пос дорем назми дунёро.

Бо сухан то ҳама раво дорем

Фарзи имрӯзу қарзи фардоро.

 

Қасдам аз шеъру шоирӣ ин аст,

Доди худ воситонам аз олам.

То ки қадре баланд бардорам

Шеърро ҳам баробари одам...

 

Тоҷикистон!

Зи санги куҳсорат

Ёдгорӣ на пайкара хоҳам.

Балки аз ҳар ситеғу ҳар сахра,

Аз ҳама водию дара хоҳам,

 

Ки ҳама сангҳои кӯҳистон,

Хомуширо зи хеш бифшоранд.

Шеърро, шеъри хубро дар худ

Сабт созанду зиндатар доранд.

 

Хоҳам он сангҳои ҳайкалзеб

Ҳамчу ҳайкал ба шеъри мо кӯчанд.

Аз замин, аз мақоми бетаҳрик

Бар дилу бар замири мо кӯчанд.

 

Хоҳам он қуллаҳои минбарсон

Минбари фитрати расо бошанд.

Нотарошидаву насоида

Худ ба худ ёдгори мо бошанд...

 

БОЗ ЯК МУШТ

 

Бӯалӣ аз дасти туркон дар ба дар буд,

Кӯ ба кӯ буд.

Дар ҷаҳони танг ҳамчун фазлашон

Бо ҷаҳолат, бо разолат рӯ ба рӯ буд.

Лек боз аз дуру аз наздик

(Эй дунёи бӯқалмун, туфу бар гардиши ту!)

Бо ҳама лофу газоф,

Мерасад бар гӯши мо фарёду даъво

Аз куҷое фохирона, аз куҷое омирона:

“Ҳаббазо!

Бӯалӣ фарзанди мо буд.

Бӯалӣ сарманшаи таърихи мо буд.

Номи мо буд,

Нанги мо буд”... Ҳоказою ҳоказо...

Ман чӣ ҳам гӯям ба ин дарюзахоҳони бузургӣ,

Ки зи пуррӯӣ ҳама дар рӯ ба рӯи довари таърих

Ҳар замон Таърихро таҳриф месозанд.

Дар паноҳи як бузурги қавми дигар

Бенишониҳои худро дам ба дам таъриф месозанд.

Мавлавиро турк мегӯянд,

Турк меноманд ҳам Зардуштро

Бӯалиро турк медонанд...

Аз эшон аҷаб нест,

Ки Худоро низ рӯзе турк мехонанд...

Ман чӣ гӯям, баски ҳатто ноқисулақле бидонад,

Ки паи даъвои Сино хилқати синоӣ бояд,

Ки зи як модар ду фарзанд ояд эй бас,

Аз ду модар лек як фарзанд н-ояд!

Ҳар бузурге аввалан фарзанди як модар,

Ҳар бузурге аввалан фарзанди як халқ асту пас

Ифтихори ҷумла насли одам аст.

Пушкин аввал шоири рус асту баъд

Шоири Ғарб асту Шарқ асту тамоми олам аст!

Бӯалӣ ҳам пеш аз он, ки Бӯалӣ Сино шавад,

Тифли ду гаҳвора не,

Тифли як гаҳвора буд.

Бӯалӣ ҳам пеш аз он, ки нодири дунё шавад,

Кӯдаки як модари бечора буд,

Дидаи таҳқиқ агар доред, хонед,

Гар намедонед то имрӯз, донед,

Номи ӯ Юлдуз куҷо?

Номаш Ситора будааст!

Кӯдаки Истора буд, ки рафт аз дунболи Хуршед,

Кӯдаки Истора буд, ки пар кушод

Дар фазои ҷовидон ҳамболи Хуршед.

Кӯдаки Истора буд, ки дар замин овора шуд,

Кӯдаки Истора буд, ки дар фалак Сайёра шуд!

 

ИФТИХОР ВА ЭЪТИРОЗ

 

Ман ҳоло бори нахуст

тақлид мекунам

аз Пабло Неруда,

на ҳудаю беҳуда,

балки дониста, –

зеро тақлид аз бузургон

гирифтани хок аст

аз теппаи баланд,

овехтан аст

аз дори баланд,

роҳ сипардан аст

аз паст ба боло,

парвоз аст

аз замин ба само...

Бале,

тақлид мекунам

дар ин сарвода

аз Пабло Неруда

ва иншо мекунам

бе арӯз,

бе қофия

сода

чун гули пиёда

сар зада аз хок.

Гоҳо аз минбарҳо

дар кунгураҳо

дар китобу дафтарҳо

рӯзномаву маҷаллаҳо

нотиқи булфузуле,

қаламкаши гӯле

бо бонги баланд

бо ранги баланд

мегӯяд

ё менависад:

Халқи тоҷик

дар гузашта

бесавод буд

саросар...

Қаҳ! Қаҳ! Қаҳ!

Эй кавдан!

Эй сагдаҳан!

Ту бесаводӣ

Ё Рӯдакӣ?

Ту бесаводӣ

Ё Фирдавсӣ?

Ту бесаводӣ

Ё Сино?

Ё Хайём?

Ё Ҳофиз?

Ё Саъдӣ?

Ё Румӣ?

Ё Низомӣ?

Ё Саноӣ?

Ё Аттор?

Ё Соиб?

Ё Ҷомӣ?

Ё Биноӣ?

Ё Камол?

Ё Носири Хисрав?

Ё Бедил?

Ё Саййидо?

Ё Дониш?

Ё Шоҳин?

Дар баробари ин бузургон

Кӯрии ту мусаллам аст,

Омин!

Ҷаҳли мураккаб аст

бесавод хондан

як халқи тамомро,

ки торих дошта,

торих офарида.

Савод худ чист?

Ту хиради халқ,

фитрати халқ,

заковати халқ,

ҷибиллати халқро бубин,

ки ҳам худро

ва ҳам ворисонро

аз гирдоби торих

барои фардо

саломат дошта!

Онон –

он “бесаводон”

дар сар дастор

дар фурӯғи шамъ

бедиплом

бе хатми дорулфунун

бе дифои унвон

бе даъвои мукофот

бекасу бенаво

бемаошу вазифа

бесавод буданд то бад-он ҷо,

ки мекарданд иншо

ҳиҷои сабз,

сухани дӯшиза,

ҳатто қавоиди улум,

аз хок то анҷум

буда манзум.

Шеърҳо гуфтанд

шеърҳои офтобӣ –

пурнуру пуршӯр

аз ишқу озодӣ,

Аз обу ободӣ,

аз доғи қисмат,

аз ранҷу меҳнат,

аз бедоди шоҳ,

аз нанги боргоҳ,

аз рӯҳи озод –

рӯҳи нофармон,

аз қиёму нуҳзат

бо замон

бо ҷаҳон

бо ҳафт осмон.

Инқилобе карданд

дар илму фан

дар сухан

дар мағзи инсон

дар рӯҳи инсон,

ки билотардид

метавон гуфт

бо ҳама нозиш,

ки Инқилоби Ленин

қатрае об хурда

аз дарёи Шеъри Аҷам...

Инқилобе карданд

дар мафкураи хокиён,

ки имрӯз

ҳазор афсӯс

номзадчаҳое,

ки аз савлаташон осиё мегардад,

докторчаҳое,

ки аз ҳайбаташон

замин меларзад,

бо унвонҳои сақил,

бо ҷузвдонҳои дамида,

бо кифҳои пундида

бо салобати пуч

бо маҳобати хушк

бо дараҷоту мақомот

оҷизанд бирасанд

ба кунҳи эъҷози онон;

оҷизанд

байтеро,

талмеҳеро

маъно кунанд

аз Бедил.

Як бунёди адаб

қобил нест

“Ғиёс-ул-луғот”-е

биофарад

барои ифтихор,

барои халқ.

Аммо замоне

марди бофарҳанге

дар Ҳинд

бо ҳама “бесаводӣ”

тадвин кард онро,

то набарем аз ёд

забони модарамонро.

Имрӯз як бунёди илм

қодир нест

“Маснавӣ”-ро

тафсир бикунад

ё “Девони кабир”-ро,

ки бори маънояш

ба сад корвон

гаронӣ мекунад...

Имрӯз мо

аз рӯи муҳосиба

босаводем саросар.

Яъне чӣ?

метавонем

навиштан,

хондан аз коғаз

пурғалат, пурлакнат,

ариза навиштан

аз лағзишҳои ҳамдигар,

чоҳ кофтан

бо нӯки қалам

барои аҳли ҳунар:

Оваҳ!

Чӣ бозёфте?

метавонем ҳатто

аз рӯи коғаз

алвидоъ гуфтан

гиристан

дар ҷанозаи падар,

модар

ёру бародар,

мардони номвар...

Аммо хирад ку?

Ку хиради музаффар?

Ин ҳама савод нест.

Савод фақат

шинохтани нуқот нест.

савод –

иншод кардан,

офаридан,

бунёд кардан

эъҷоз овардан,

барафрохтан,

замон сохтан,

ҷаҳон сохтан

алғараз,

инсон сохтан,

ё лоақал

қадри инсонро шинохтан

ва рӯҳи ӯро

навохтан аст!

Аз ин лиҳоз

Ҳар ҷо агар боз

бинам ё бишнавам,

ки ҷоҳиле

ё ғофиле

бонг занад:

Халқи тоҷик

дар гузашта

саросар...

ӯро мехонам

ба ҷанги рӯёрӯ,

аз пушти сар

забонашро

мекашам,

мекушам!

Зеро ман

аз тухми ононам,

вориси он “бесавод”-онам

ва зиндаам ба номи онҳо

чун давоми онҳо.

Ва зинда бод ман

ва афроде мисли ман,

ки рустаем аз ин хок,

ва хок мешавем дар ин хок –

хоке, ки аз ҳар заррааш

мерасад ба димоғи ҷаҳон

бӯи ифтихор,

бӯи эътибор,

бӯи шеъри худоёна,

бӯи нубуғи фарзона,

бӯи фарҳанг,                                     

бӯи номусу нанг.

 

ПАНҶАҲОИ БОРБАД

 

“Устоди ағонӣ ва нағамот Борбад ба созу навои хеш Эронзаминро бар халифаҳои аъроб шӯр ангезонид, чун ин қасдаш натиҷа надод, панҷаҳои ҳазордастонашро бибурид ва сози барбаташро оташ зад”.  (Аз “Китоб-ут-тоҷ)

 

Чӣ суд аз дасти ман, гар нашканад дастони ғосибро?

Чӣ суд аз захмаи ман, гар ба захми халқ марҳам нест?

Чӣ суд аз панҷаи ман, то натобад панҷаи золим?

Чӣ суд аз нағмаи ман, то ба дарди халқ ҳамдам нест?

Ало мардум,

Ман аз дарди шумо зодам,

Ман аз ёди шумо зодам,

Ман аз хоки тапишҳои шумо рустам,

Зи бунёди шумо зодам.

Агар ман Борбад бошам,

Ба ҷои орзуҳои ҷаҳонзоди шумо зодам.

Вале имрӯз,

Рӯзе, ки шумову ман ҳама дар панҷаи ағёр мепечем,

Аҷам хоҳад таҳи дори аҷал шуд,

Аҷам хоҳад гирифтори адам шуд,

Вой бар ҳоли Аҷамбошон!

Намедонам,

валекин косаи удам ҳамегӯяд,

ки садҳо сол андар косаи сарҳоятон томот          

                                                                             меҷӯшад.

Дигар, савганд бо номи бузургони Аҷам,

Касе аз косаи барбат

бароҳат косаи шарбат наменӯшад.

Дигар аз гӯши уди ман намеояд

Хурӯши тору пуди мо.

Дигар бар гардани Эрон намепечад

Батар аз мор гардони суруди мо.                                                                        

Дигар дар коми ҷаҳлу кӯрӣ хоҳад буд

Замини бошу буди мо.

Ало мардум,

Маро шириннафас хондед,

Маро ширинадо хондед.

Агар шириннафас бошам,

Чаро дар рӯзи талху дар ано ҳастед?

Агар ширинадо бошам,

Чаро обу адо ҳастед?

Агар шириннафас бошам, фидои он нафасҳоям,

Ки нагзоранд дар мулки Аҷам мискину танҳоям.

Агар шириннаво бошам, навои миллати хешам,

Агар ширинадо бошам, адои миллати хешам!

Мабод он рӯз, то аз қавмдони худ ҷудо бошам,

Навои бенаво бошам...

Ба зери осмонҳо

Сар ба каф бигзошта бехешу дилрешам

Сари ин мушкила ҳар дам биандешам:

Чӣ суд аз шуълаи овози ман,

Гар оташи исёни мардумро наафрӯзад?

Чӣ суд аз пардаи торам,

агар аз рӯи аъдо пардаи ҳилат набардорад?

Чӣ аз тарзахмаам суде,

ки меҳру эътиқоди халқ хушкидаст?

Чӣ аз ромишгариям суд,

гар як лаҳза оромиш надорад мулк?

Чӣ аз хунёгариям суд,

гар хуни нажодам бар ҳадар резад?

Ағониҳои ман суде нахоҳад дошт,

То дуди фиғони халқ мепечад ба гардунҳо,

Ки гаҳвори “Авасто”-ро

Тасаллут мекунанд оворагони дашту ҳомунҳо.

Агар фарёди ман фарёдрас пайдо нахоҳад кард,

агар овози ман дар зодбуми дилнавози ман

надорад як ҳамовозе,

Яқин дорад,

Аҷам з-ин баъд дар каф бод хоҳад буд,

Ватан сайронгаҳи бедод хоҳад буд...

Агар аз барбати ман зарбати қотеъ ба душман нест,

Гар ангушти маро нирӯи бозуи Таҳамтан нест,

Чӣ нирӯе далелам мешавад бар сеҳру эъҷозе?

Чӣ ҷодуе далелам мешавад бар пардапардозӣ?

Агар дар савти ман оҳанги сатват нест,

Агар дар ҳанҷара-м тезии ханҷар нест,

Агар шеъру тарона дар ҷаҳони бекарона

Паи ободию озодии абнои кишвар нест,

Гузаштам аз чунин санъат,

Ки лаънат бар чунин санъат...

Ало, як идда Салмонҳо,

Шумо танҳо барои хештан ҳастед,

Куҷо баҳри Ватан ҳастед???

Ватан баҳри шумо як ҷойгоҳи хурдану хоб аст,

“Шароб асту кабоб асту рубоб аст”

Вале рӯзе чу аз ман ёд меоред,

(Агар инсофатон бошад!)

Ватан бо чеҳраи раббонии хеш,

Ватан бо ҷазбаи кайҳонии хеш

Беҳ аз сад масҷиду меҳроби аъроб аст...

Пас аз ман баъд мефаҳмед:

Ватанро дар раҳи диноварӣ ҳарвонагаҳ кардед,

Аҷамро рӯсияҳ кардед...

Замоне ёд меоред аз ман

ва аз ангуштҳои ханҷари навмедӣ бибрида

ва ҳам аз барбати дар оташи навмедӣ сӯзида;

Замоне ёд меоред аз ман,

Ки аз дарди Аҷам дар бекаронҳо

Навои Борбад барбод гардида...

 

ЗАБОНГУМКАРДА

 

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,

Дар замину дар замон гумкардае.

Ин нишон гумкардаеву дигаре

Хештанро бенишон гумкардае.

 

Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,

Дигаре ганҷи равон гум кардааст,

Ин яке гар ними нон гум кардааст,

Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст.

 

Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст,

Он яке шӯру шарар гум кардааст.

Ин яке гум карда гар моли падар,

Дигаре панди падар гум кардааст.

 

Гар яке бому даре гум кардааст,

Дигаре ному фаре гум кардааст.

Он забони ҳамдилӣ гум кардааст,

Ин забони модарӣ гум кардааст.

 

Аз тамоми ину он гумкардагон

Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон

З-он ки гум карда забони модарӣ,

Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.

 

Бок не, гар доварӣ гум кардааст

Ё умеди сарварӣ гум кардааст.

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

 

Он яке қадри сухангумкардае.

Дигаре боғу чамангумкардае.

Аз забонимодаригумкарда, лек

Мерасад рӯзе ватангумкардае...

 

КИШВАРИ МАН – МОДАРИ МАН

 

Чашмаҳоят – чашмаи шеъру суруд,

Қуллаҳоят – садри пайғому дуруд,

Хоки покат – соҳати буду набуд –

Тоҷикистон, кишвари ман,

Модари ман,

Модари ҷонпарвари ман.

Ояд аз ҳар санг гулбонги рубоб,

Дар сари ҳар кӯҳ хандад офтоб,

Бишнавам аз ҳар гулат бӯи шабоб1,

Тоҷикистон, кишвари ман,

Модари ман,

Модари ҷонпарвари ман.

Бишнавам аз ҳар даре шеъри дарӣ,

Аз ҷаҳонороиву одамгарӣ,

Аз тамоми қуллаҳо болотарӣ,

Тоҷикистон, кишвари ман,

Модари ман,

Модари ҷонпарвари ман.

Ҷони ман қурбони ғамҳои ту бод!

Шеъри ман ҳамдасту ҳампои ту бод!

Рӯҳи ман ҳамроҳи фардои ту бод!

Тоҷикистон, кишвари ман,

Модари ман,

Модари ҷонпарвари ман.

Лоиқ ШЕРАЛӢ

Хондан 1419 маротиба