JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 03 Январи 2024 04:48

Меҳаннома: Ба рухи поки Ватан дилбандам

Муаллиф: Аминҷон ШУКӮҲӢ

Ман ба ин хоки Ватан дилбандам,

Ба рухи  поки  Ватан  дилбандам,

 

Ба ҳамин рӯз, ки ин дам дорам,

Сари  таъзим  фурӯ  меорам.

 

Дар замири дили пуранворам,

Донаи  меҳру  вафо  мекорам.

 

Назар афканда ба ҳар фарзандам,

Ба рухи поки Ватан дилбандам…

 

Дар баҳорон, ки аҷаб гулбезанд,

Абрҳо  донаи  гавҳар  резанд,

 

Сабзаҳо мавҷзанон бархезанд,

Токҳо  ҳалқа  ба  гӯш овезанд,

 

Ман аз ин ҳусни расо хурсандам.

Ба рухи поки Ватан дилбандам.

 

Аввалин дафъа дилам чун битапид,

Хуни нофам  ба ҳамин  хок чакид,

 

Чашмаи ишқам аз ин хок дамид,

Сарам аз фахр ба хуршед расид.

 

Хоҳ  ман  гиряму  хоҳе  хандам,

Ба ҳамин хоки Ватан дилбандам.

Аминҷон ШУКӮҲӢ

Хондан 1198 маротиба