JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 22 Декабри 2023 07:58

Шеъри рӯз: Танида рӯҳи Ватан бар танат чу Фирдавсӣ (Ба муносибати нашри ҳамагонии "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ дар Тоҷикистон)

Муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло

Ба муносибати нашри ҳамагонии "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ дар Тоҷикистон

Танида рӯҳи Ватан бар танат чу Фирдавсӣ,
Вазида боди хуш аз равзанат чу Фирдавсӣ.
Дамида руҳи ниёгон ба тан зи Шаҳнома,
Набуду нест ба ҷуз Меҳанат чу Фирдавсӣ.

Ҳазор сол касе ёди "Шоҳнома" накард,
Ҳадиси Рустами мардафганат чу Фирдавсӣ.
Ҳазор сол ба ёди касе набуд Ватан,
Накард ёд чунон гулшанат чу Фирдавсӣ.
Ҳазор сол касеро набуд шукӯҳи ниё,
Сухан нагуфт зи мову манат чу Фирдавсӣ.
Ҳазор сол касе инчунин накард баён,
Ҳадиси дӯст ва ё душманат чу Фирдавсӣ.
Дубора марди бузурге ба ҷилва омадааст,
Алайҳи душмани оҳарманат чу Фирдавсӣ.
Дубора зинда кунад шоҳкори шоҳонро,
Ниҳад китобу қалам доманат чу Фирдавсӣ.
Касе дубора ба ёди ману ту меёрад,
Зи чоҳи бехабарон Бежанат чу Фирдавсӣ.
Ки асли хеш шиносию шавкати падарон,
Зи ёди хеш мабар маъманат чу Фирдавсӣ.
Дубора бар сари худ неҳ кулоҳи Кайковус,
Мабод доғ ба пероҳанат чу Фирдавсӣ.
Биё, барои Ватан ҷони худ дареғ мадор,
Фидои моми Ватан гарданат чу Фирдавсӣ.

Беҳрӯзи Забеҳулло
19.12.2023

Хондан 1428 маротиба