JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 28 Августи 2023 10:57

Меҳаннома: Халқи бузургворам

Муаллиф: Боқӣ Раҳимзода

Чун Вахши саркаши худ аз шавқ сар кашидам,

Шайпури фатҳи халқам бори дигар кашидам,

Ҳар қатраи ҷабинаш бо шеър бар кашидам,

Оре, ба риштаи назм дурру гуҳар кашидам,

То бахшам аз бароят, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам…

 

Ҳар як ниҳолро ту чун тифл парваридӣ,

То ки набинад офат, роҳат ту ҳам надидӣ,

Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ,

То сарбаланд гардӣ, бисёр сар хамидӣ,

З-ин рӯ, туро сароям, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.

 

Фасли баҳор дидам пур аз ғубор рӯят,

Бо қомати хамида дар киштзор рӯят,

Обу арақ чакида аз тор-тори мӯят,

Барқи зафар шукуфта ҳамчун шафақ ба рӯят.

Дил пурумед гуфтам, халқи бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам…

 

Рӯзи барори корат ин шеър тӯҳфа орам,

Афсӯс, беҳтар аз ин чизе дигар надорам,

Бинмо қабул аз ман, халқи бузургворам,

Чун барги сабз инро ман бар ту месупорам.

Ту аз ману ман аз ту, дигар сухан надорам,

Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам!

Боқӣ РАҲИМЗОДА

Хондан 1149 маротиба