Ватанро, бинозам, маро дар канор
Чу модар гирифту намуд бахтёр.
Ватан ҷони ман ҳам чаҳони ман аст,
Ватан боғ ҳам бӯстони ман аст.
Ватан чун маро ин ҷаҳони нав аст,
Дил аз роҳу фармони ӯ раҳрав аст.
Дило, давраи мо аҷаб давраест,
Ба таърихи олам чунин давра нест.
Ҷаҳон даври Ковусу Кай дидааст,
Валекин чунин давра кай дидааст,
Ки чун бӯстон дилбару хуррам аст,
Чу хуршед тобанда дар олам аст.
Чу мо руй бар меҳнат овардаем,
Дар оғӯши ин давра парвардаем.
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.
Агар хасми мо қасд бар мо кунад,
Дари шӯришу фитнаро во кунад,
Биҷангем чандон барои Ватан,
Ки душман шавад зери пои Ватан.
Чу мо рӯй бар корзор оварем.
Сафи душманон тор-тор оварем.
МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР!
Вақти он аст,
Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст,
Эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ,
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ, манҳус — анчарро кунӣ бешоху барг!
Як чаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,
То Ватанро дӯст дорад, дӯст дорад то абад.
Сад чаҳон нафрат ҳам аз баҳри разилони фашизм,
То фашистонро кунад бо нафраташ гӯр оқибат!
Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрӯз ман
Ин Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!
Чун ман ин сон байни майдон пурдилу фирӯзманд,
Дорадам имрӯз аз ҳаррӯза ёрам дӯсттар.
Он на ман бошам амон бидҳад ба душман мушти ман,
Он на ман, к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре.
«Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре».
Вақти он аст,
Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст,
Эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ,
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ, манҳус — анчарро кунӣ бешоху барг!
ВАТАН
Гар, Ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон,
Дил барои меҳри ту, эй меҳри ман, бошад макон.
Дил, бидон, аз меҳри ту як лаҳза ҳам бегона нест.
Ҳамчу мурғе карда андар шохи меҳрат ошён.
Ту чунон маҳбубаи ошиқнавозӣ, меҳри ту
Ҷо гирифта дар замири мардуми рӯи ҷаҳон.
Шавкати дил, шодии дил, ҳастии дил бо ту аст,
Ҳар чӣ мехоҳӣ, бифармо, дил ба фармонат равон.
Аз чӣ ман дилро макон дар синаи худ додаам?
3-он ки меҳри ту намуда синаи дилро макон.
Хирмани ғамҳон дилро оташи меҳри ту сӯхт,
Доимо дилро баҳор асту баҳораш бехазон.
Дил дар оғӯши чу бустони ту доим хуррам аст,
Бо ҳазорон дилбарони дилрабои дилситон.
Дил куҷо тоқат намояд, душманат гар дам занад,
Аз барои дафъи ӯ кӯшиш намояд ҳар замон.
Ҳамчу Маҷнун дил ба саҳрои чунун овора нест,
Масти ҷоми меҳнат асту ёр бо лайливашон.
Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,
То шавам чун қаҳрамонони ту ман ҳам қаҳрамон.
ВАТАНИ ДИЛ
Бубин имрӯз он бехонумон дилро, Ватан дорад,
Чунон зебо Ватан дорад, ки рашки сад чаман дорад.
Зи қасди душманони худ наметарсад, чаро тарсад?
Ватан аз санг бозу дорад, аз фӯлод тан дорад.
Зи ҷӯши ифтихораш даст бар хуршед андозад,
Ҳазор эҷоди нав дил дар замини илму фан дорад.
Ҷаҳони душманон яктан шавад ҳам, мо наметарсем,
Ватан дар сарҳади худ лашкари душманшикан дорад.
Ба хасми дил бигӯ, бар кишвари дил по, ки мемонад,
Барои лошаи мурдори худ оё кафан дорад?
Ман аз он дилпарастонам, ки фармонбар шудам дилро,
Дар оғӯшаш Ватан имрӯз милёнҳо чу ман дорад.
БА ҲАР КУҶОТ РАВАМ,
ДИЛ ДИЁРИ МАН ГӮЯД
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,
Забони ман зи ҳама бештар Ватан гӯяд.
Ватан,— чу нағмасарой аст дил зи ишқи ту,
Туро хазинаи илҳоми хештан гӯяд.
Ба ин таровату ин рангу бӯ, ки ҳастӣ ту,
Сазад саросари саҳни туро чаман гӯяд.
Дар оғуши ту ҳазорон диёру шаҳр бувад,
Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд.
Ҳазор як сифататро адо нахоҳад кард,
Ҳазор шоир агар асрҳо сухан гӯяд.
Тамоми ҳастии худро фидо кунад ба ту халк,
На cap, на қалб, на дида, на ҷон, на тан гӯяд.
Ту з-он қавӣ, ки ба ҳар ҷой халқи заҳматкаш
Typо замини ману такягоҳи ман гӯяд.
"Бигираму бигузорам, Ватан: «Қалам бигзор,
Бигир теғу ба фарқи адӯ бизан!» гӯяд.
Ҳабиб ЮСУФӢ