JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 20 Июни 2023 08:29

Меҳаннома: Меҳан / Фарёди миллат / Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест

Муаллиф: Абулқосим ЛОҲУТӢ  

МЕҲАН­

 Танида  ёди ту дар  тору пудам, Меҳан, ай Меҳан!

Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, Меҳан, ай Меҳан!

 

Ту  будам  кардӣ аз  нобудиву бо меҳр парвардӣ,

Фидои номи ту буду набудам, Меҳан, ай Меҳан!

Фузунтар  гармии  меҳрат  асар мекард, чун дида

Ба ҳоли пуразобат мекушудам, Меҳан, ай Меҳан!

 

Ба ҳар маҷлис, ба ҳар зиндон, ба ҳар шодӣ, ба ҳар мотам,

Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, Меҳан, ай Меҳан!

 

Агар мастам, агар ҳушёр, агар хобам, агар бедор, –

Ба сӯйи ту бувад рӯйи суҷудам, Меҳан, ай Меҳан!

 

Ба дашти дил гиёҳе ҷуз гули рӯят намерӯяд,

Ман ин зебозаминро озмудам, Меҳан, эй Меҳан.

 

ФАРЁДИ МИЛЛАТ

 

Эй Модари Ватан, писаронат намурдаанд,

Осуда  бош,  гӯли  аҷониб  нахӯрдаанд.

 

Албатта, ҳаққи модариятро адо кунем,

Яъне ки ҷону мол ба роҳат фидо кунем.

Дар  сояи  ту  кохи  адолат бино  кунем,

Дасти туро зи банди аҷониб раҳо кунем.

 

Эй модари ватан, писаронат намурдаанд,

Осуда  бош,  гӯли  аҷониб  нахӯрдаанд.

 

Ҳар гӯшаи ту бешаи шерон бувад ҳанӯз,

Ҳар кӯчаи ту ҷойи далерон бувад ҳанӯз,

Ҳар кӯдакат муаллими пирон бувад ҳанӯз,

Уммеди мо ба Каъбаи Эрон бувад ҳанӯз.

 

Эй модари ватан, писаронат намурдаанд,

Осуда  бош,  гӯли  аҷониб  нахӯрдаанд.

 

Номуси мо туӣ, пайи ҳифзи ту ҷон диҳем,

Аз ҷон накӯтар аст ватан, ҷон ба он диҳем.

Мо иттиҳоди хеш ба олам нишон диҳем,

Баҳри субути даъвии худ имтиҳон диҳем.

 

Эй модари ватан, писаронат намурдаанд,

Осуда  бош,  гӯли  аҷониб  нахӯрдаанд.

 

Бингар ба ҳолати писарони наҷиби хеш,

К-аз даст додаанд қарору шикеби хеш.

Бо иттиҳоду бо ҳаяҷони аҷиби хеш

Доранд қасди ҳифзи ҳуқуқи ҳабиби хеш.

 

Эй модари ватан, писаронат намурдаанд,

Осуда  бош,  гӯли  аҷониб  нахӯрдаанд.

 

Моро басе ба домани худ парварондаӣ,

Пӯшондаию неъмати некӯ хӯрондаӣ,

Аз ширхорагӣ ба ҷавонӣ расондаӣ,

Ин қадр ҳам ту бекасу танҳо намондаӣ!

 

Эй модари ватан, писаронат намурдаанд,

Осуда  бош,  гӯли  аҷониб  нахӯрдаанд.

 

*  *  *  *

 

Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,

Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.

 

Гар фишори душманон обат кунад, мискин машав,

Мард бош, эй хастадил, шармандагӣ даркор нест.

 

Бо ҳақорат гар биборад бар сарат борони дур(р),

Осмонро гӯ: бирав, борандагӣ даркор нест!

 

Гар ки бо вобастагӣ дорои ин дунё шавӣ,

Дураш афкан! Инчунин дорандагӣ даркор нест.

 

 Гар ба шарти пойбӯсӣ сар бимонад дар танат,

Ҷон деҳу рад кун, ки сарафкандагӣ даркор нест.

 

Зиндагӣ  озодии  инсону  истиқлоли  ӯст,

Баҳри озодӣ ҷадал кун! Бандагӣ даркор нест!

Абулқосим ЛОҲУТӢ

Хондан 2308 маротиба