JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 15 Июни 2023 11:47

Меҳаннома: Арзандаӣ / Бозгашт / Ватан

Муаллиф: Мирзо ТУРСУНЗОДА  

 АРЗАНДАӢ

 Он қадар дар дилписандӣ дилписанд астӣ, Ватан,

Дар  сари тасвири ҳуснат  кас намеёбад сухан.

Ҳеҷ  дар  дунё  надорад  рангу  бӯятро  чаман,

 Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан.

Чунки инсонро фазои  дилкушо  гардидаӣ,

Халқ  чун оҳан, ту чун оҳанрабо  гардидаӣ.

Аз бароят  ҷон диҳад  инсон агар, арзандаӣ!

Синаро созад ба ҳифзат гар сипар, арзандаӣ!

 

БОЗГАШТ

 Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,
Борҳо  бӯсидам  аз  рухсораи  поки  Ватан.
Муддате  будам  агарчи  дур, аммо  ёди он
Мевазонидам ба сар боди фараҳноки Ватан.


Хешро мебинам акнун боз дар оғӯши ӯ,
Боз  мехонам  суруди  тозае  дар  гӯши ӯ,
Боз мегирам нафас ман аз ҳавои  беғубор,
Боз менӯшам ман об аз чашмаи пурҷӯши ӯ...

 

ВАТАН

 Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,

Тамоми  зиндагӣ  оҳиста  аз  пеши  назар бигзашт.

Ба  мисли  гӯшту  нохун  ҳамеша  бо  Ватан  будам,

Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

 

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба cap форам ҳавои ту,

Ман  аз  он  сӯи  уқёнус  бишнидам  садои  ту.

Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо  буданд,

Вале  омад  ба  гӯши  ман  садои  рӯдҳои  ту.

 

Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,

Зи cap то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.

Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,

Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.

 

Агарчи  борҳо  афтодам  аз  ёру  диёрам  дур,

Ба сайёҳӣ  маро  карданд гарчи дӯстон машҳур,

Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,

Ҳамеша бо Ватан будам,  ҳамеша  бо Ватан масрур.

Мирзо ТУРСУНЗОДА

Хондан 2157 маротиба