JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Марти 2023 12:15

Шеъри рӯз: Ҳикмати Наврӯз

Муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло

Баъд аз ин афкори худро нав кунем,
Ҷомаву дастори худро нав кунем.

Лаҳзае ибрат бигирем аз баҳор,
Диди тангу тори худро нав кунем.

Ҳосили ҷаҳлу таассуб дӯзах аст,
Фикрати бемори худро нав кунем.

Бетаҳаррук об айни оташ аст,
Ҷодаву ҷӯбори худро нав кунем.

Зиндагӣ бо мо намесозад агар,
Шеваи рафтори худро нав кунем.

Аз куҳанколофурушӣ вораҳем,
Бораву бозори худро нав кунем.

Нест дар оҳанги мо шавқи ҳаёт,
Нағмаи адвори худро нав кунем.

Чун дарахтони баруманди баҳор,
Решаи пиндори худро нав кунем.

Занг зад ойинаи чашмони дил,
Дидаву дидори худро нав кунем.

Навгаройӣ нест тағйири сувар,
Сирату осори худро нав кунем.

Беҳрӯзи Забеҳулло

Хондан 2074 маротиба