JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 11 Феврали 2023 07:09

Меҳаннома: Ба ватанпарастон / Ҷонсупорӣ кунем

Муаллиф: Садриддин АЙНӢ

БА ВАТАНПАРАСТОН

…Ин бешаи шерони қавишаъни далер аст,

Ин ҷо набувад ҷой  ба ҷуз  шери жаёнро.

 

Ин хонаи инсонияту шафқату мардист,

Дар хонаи инсон набувад роҳ харонро.

 

Ин давлати пуршавкату ин миллати озод,

Асло надиҳад раҳ ба Ватан роҳзанонро.

 

Бар зидди адӯ яктану якҷон шуда, оре,

Кас ҳеҷ зи ҳам дур надида тану ҷонро …

 

ҶОНСУПОРӢ КУНЕМ

 

Ба номи накӯ кушта гаштан ба ҷанг

Беҳ аз зиндагонии боайбу нанг.

Муханнас[1] набошему нокас наем,

Гар аз марг тарсем мо, кас наем!

Бифармо, ки мо ҷонсупорӣ кунем,

Ба ҷанги Ватан бар ту ёрӣ кунем!

Бифармо, ки мо дар сафи корзор

Барорем аз мағзи душман димор!

Бифармо, ки бо оташи ҷанг зуд

Барорем аз ҳастии хасм дуд!

Ту фармон деҳу қаҳрамонӣ бубин,

Зи мо ҷондеҳӣ, ҷонситонӣ бубин!

Ба оташ фиристӣ, самандар шавем,

Ба беша фиристӣ, ғазанфар[2] шавем.

Ба дарё фиристӣ агар баҳри ҷанг,

Зи тӯфон натарсем ҳамчун наҳанг.

Агар мефиристӣ ба пайкори кӯҳ,

Чу вулқон зи мо кӯҳ гардад сутӯҳ.

Ситонем мо хуни хеш аз адӯ,

Аз он пеш, ки хуни мо резад ӯ.

Чу кардем якчанд душман ҳалок,

Пас, он гоҳ аз кушта гаштан чӣ бок?...

Ки ин маргамон умри сонӣ диҳад,

Ҳаёти  нави  ҷовидонӣ  диҳад.

Садриддин АЙНӢ

 

[1] муханнас - номард.

[2] ғазанфар - шер

Хондан 1743 маротиба