JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 28 Майи 2020 07:33

Шеъри рӯз: Биёед, «Шаҳнома»-хонӣ кунем (2)

Муаллиф: Нуриддин Амирӣ

15. Чу шери жаён буд дар корзор,

Набудаш ғам аз душмани нобакор.

Варо буд доим ба лаб ин сухан,

Ки гуфтӣ ҳамеша ба ҳар анҷуман:

Ҳама ҷои Эрон сарои ман аст,

Ки неку бадаш аз барои ман аст”.

Биёед, мо ёру ҳамдам шавем,

Ба ҳифзи Ватан мисли Рустам шавем,

 Даме риштаи умри Рустам гусаст,

Ҳакими дилогаҳ ба мотам нишаст.

 

20. Ба маргаш басе сӯгворӣ бикард,

Ҳам ӯ ҷома бидриду зорӣ бикард.

Ту донӣ чаро кушт Рустам писар,

Чаро кард пора ба сахтӣ ҷигар.

Ту донӣ чаро Рустами паҳлавон,

Чунин кинавар гашт бар он ҷавон?

Зи дасти падар дон, ки Сӯҳроби гурд,

Ба ҷонофарин ҷони худро супурд.

Агарчанд ӯ буд бас зӯрманд,

Набудаш чу таҷриба, омад ба банд.

 

25. Аз он рӯ, ки Сӯҳроби пархошҷӯй.

Зи роҳи хато рафт наздики ӯй.

Бикӯшид рахна ба Эрон занад,

Ба ҷони далерону шерон занад.

Чу Рустам башуд огаҳ аз кори ӯй,

Бикӯшид бар қаҳру озори ӯй.

Ки ин фитна бошад зи Афросиёб,

Набошад чунин амр кори савоб.

Ба ҳифзи Ватан гом бинҳод гурд,

Набояд Ватанро ба душман супурд.

 

30. Касе, к-ӯ мухолиф бар ин Меҳан аст,

Агар ӯ бародар бувад, душман аст.

Бародар махон он, ки ӯ нест дӯст,

На фарзанд дон он, ки ӯ нест дӯст.

Ки Меҳан бувад бартар аз ҷисму ҷон,

Зи фарзанду сармояи ин ҷаҳон.

Касе, к-ӯ надорад Ватан банда аст,

Ғулому ҳақиру сарафканда аст.

Забони зиёде араб нест кард,

          Ба ҳар миллате чира шуд дар набард.

 

35. Араб дод барбод лафзи зиёд,

Ҳар он гаҳ, ки бар кишваре по ниҳод.

Забони дарӣ лек барҷой монд,

Ба монанди кӯҳе, ки барпой монд.

Ба макру ба ҳила, ба ҷабру ба зӯр,

Бишуд лафзи бисёр дар коми гӯр.

Ба шарқу ба ғарбу ҷанубу шимол

Ҷаҳоне ба даҳшат табаҳ кард ҳол.

Ба Шому Ироқу ба Мисру ба Рум,

Басе лафз гашт аз дилу дида гум.

 

40. Биҳиштист Фирдавсии покзод,

Ҳазор офарин бар чунон пок бод.

Ба бонги хатар дод моро хабар,

Ки Заҳҳоки морон биёрад хатар.

Ниҳад бар қадамгоҳи Ҷамшед гом,

Кашад теғи зулму ситам аз наём.

Чу бар тахти шоҳӣ шавад комёб,

Равона кунад ҷӯи хун мисли об.

Ба китфаш ду мори бузурге дамон,

Бурун гашта резанд бар мардумон.

 

45. Ба ҳар рӯза мағзи сари ду ҷавон,

Хуранду шаванд онгаҳ ором, дон.

Чунин буд аҳвол соли зиёд.

Бишуд ҷони халқи зиёде ба бод.

Бад-ин ҳол бигзашт соле ҳазор,

Басе мардумонро табаҳ гашт кор.

Ба лаб омад аз ҷабру зулми зиёд,

Ҳама ҷони мардум в-аз он каҷниҳод.

Чу Заҳҳок дид он чунон ҳолро

На чандон накӯ ёфт ӯ фолро.

 

50. Чунин дод дастур ӯ баъд аз ин,

Ба бошандагони ҳама сарзамин(?).

Яке маншур омода бояд бикард.

Ба лаҳне, ки дармон биҷӯӣ ба дард.

Дар он дарҷ бояд намудан чунин.

Ба шоҳи ҷаҳон оварӣ офарин.

Ки:“Заҳҳок шоҳест бо адлу дод,

Ҷаҳон кард обод соли зиёд.

В-аз ӯ шодмонӣ дар ин кишвар аст,

Ба фармони ӯ ҷумла баҳру бар аст.

 

55. Ба душман ҳамеша бувад чирадаст,

Сари душманон пеши ӯ гашта паст.

Сахову карам пешаи ӯ бувад,

Кунад ҳукмронӣ зи рӯи хирад.

Ҳама бояд ин руқъа имзо кунем,

Лаби худ ба тасдиқи он во кунем.”

Чу гашт ин сухан дар ҷаҳон мунташир,

Басе мардум омад ба шӯру нафир.

Ки Заҳҳоки хунхори аждарсиришт,

Ба ҷуз тухми кина ба олам накишт.

 

60. Чӣ сон ӯ аз ин пас бувад шоҳи мо?

Чӣ гуна бимонад ба даргоҳи мо?

Ки ӯ дархури дӯзаху оташ аст,

Ҷаҳон баҳри мардум бе вай хуш аст.

Яке буд оҳангаре Кова ном,

Бияфрохт парчам вай аз нангу ном.

Ки ҳаждаҳ писар дошт он номҷӯй,

Ҳама рафт дар коми он зиштхӯй.

Шикебо дигар чун тавонад шудан,

Ки охир на фарзанд монду на зан.

 

65. Сипас зидди Заҳҳок лашкар кашид,

Ба ҳифзи Ватан теғу ханҷар кашид.

Зи роҳи адолат, ҳам аз интиқом,

Алам зад ба майдону бардошт гом.

Саранҷом он марди меҳанпараст,

Ба Заҳҳоки нопок шуд чирадаст.

Кунун чанд ҳарф аз Фаридун шунав,

Ҳам аз Эраҷи ғарқаи хун шунав.

Фаридун чу олам саросар гирифт,

Ҷаҳон зери фармони худ баргирифт.

 

70. Басе доварӣ кард дар адлу дод,

Ба дунё ҳама номи некӯ ниҳод.

Ба пирӣ чу наздик шуд умри вай,

Хуҷастабаҳораш бигардид дай.

Зи шоҳаншаҳияш бишуд панҷ аср,

Бифарсуд умраш чу вайрона қаср.

Варо се писар буд фархундаком,

Ҳамон Эраҷу Салму Тӯраш ба ном.

Фаро хонд ҳар се ба наздики худ,

Бигуфт он чи дар сина бинҳуфта буд.

 

75. Бишуд бо писарҳо ба гуфтушунуфт,

Зи адлу сиёсат суханҳо бигуфт.

Набояд шудан фориғ аз адлу дод,

Ҳазар бояд аз душмани бадниҳод

Ки душман ҳамеша бувад дар камин,

Ба ҳамвора ӯяст ҷӯёи кин.

Зи тундӣ равад дурри мақсад зи даст,

Ба нармӣ тавон қалъаҳоро шикаст.

Ҳама кор бояд ба тадбир кард,

Ба тадбир ёбӣ зафар дар набард.

 

80. Сипас кард қисмат ба он се писар,

Ҳама мулку дороияш додгар.

Ба Салм ӯ бубахшид Мочину Чин,

Бишуд вақф бар Тӯр Тӯронзамин.

Ба Эраҷ ҳама мулки Эрон бидод,

Макони далерону шерон бидод.

Вале Салму Тӯр он ду пархошгар,

Бигаштанд ранҷа зи кори падар,

Магар ин бувад шеваи доварӣ?

Ба Эраҷ чаро ӯ диҳад бартарӣ?

Нуриддин Амирӣ

(Давом дорад)

Хондан 1882 маротиба