JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Марти 2019 06:20

Шеъри рӯз: Наврӯзи ёдҳо ва интизориҳо

Муаллиф:

(Дар арафаи соли нав духтари ношиносе ба воситаи телефон ба ман изҳори ишқ намуд...)

Дар хазони ишқ пайғоми баҳорам додааст,

Дар шаби ялдо нишоне аз наҳорам додааст.

Гуфтугӯе доштам бо ҳотифе аз аҳли қудс,

Аз ҷаҳони нуриён бонги шиорам додааст.

Шуру илҳоме, ки пайдо буд аз ҳар байти ӯ,

Сайр дар дунёи лутфи бешуморам додааст.

Рангу рӯю қадду басташро намедонам, ки чун,

Ин қадар донам, ки чашми интизорам додааст.

Худфиребӣ олами ишқ асту мо ошиқнамо,

Дар ҷаҳони худнамоиҳо қарорам додааст.

Гарчи найсоне надорад тарамоҳи ошиқӣ,

Дилхушам, аз он ки шавқи рӯзгорам додааст.

                                                             (1 июли 1991)

Комил Бекзода

Хондан 1458 маротиба