JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 13 Апрели 2018 05:53

Ватан

Муаллиф:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,

Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гўшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҷавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тўфону мавқи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рўдҳои ту.
Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат манн.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҷавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватаи масрур.
Мирзо Турсунзода
Хондан 8631 маротиба