JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 04 Декабри 2017 04:28

Спирти этил ва истифодабарии он дар тиб

Муаллиф:

 Спиртҳои як атомаи сер ҳосилаҳои карбонгидрогенҳои сербуда, дар малекулаи онҳо ба ҷои як атоми гидроген, гурӯҳи ОН (гидрооксил) омадааст. Формулаи умумии спиртҳои як атомаи сер СnН2n+ОН буда, дар бисёр мавридҳо R-ОН-ро ифода мекунад.

 Таҳлили элементарии спирти этил нишон медиҳад, ки формулаи молекулавии он С2Н5-ОН мебошад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки металҳои фаъол натрий, калий бо спирти этил ба реаксия дохил шуда, малекулаи гидрогенро хориҷ мекунанд. Ба ибораи дигар, натрий аз як моли спирт фақат ҷои як атомаи гидрогенро иваз мекунад.  

Тақсимшавии зичии абрҳои электронӣ дар молекулаи спирт чандон баробар нест. Аз сабаби зиёд будани электроманфиатии атоми оксиген нисбат ба гидроген зичии абри электронии банди он ба тарафи атоми оксиген майл карда ва дар натиҷа зичии электронҳо дар атоми оксиген зиёд шуда, он қисман манфӣ заряднок мешаванд. Атоми гидроген бошад, аз электронҳои дуртар шуда қисман мусбат заряднок мешавад.

Зичии фазаҳо нисбати ҷойгиршавии атомҳо дар молекулаи спирти этил бо металҳои ишқорӣ дар реаксияҳои зерин нишон дода шудааст:

С2Н5 ОН+Nа→ С2Н5 ОNа+Н

2Н5 ОН+2Nа→ 2С2Н5 ОNа +Н2        

Чунон, ки мебинем дар ин ҷо атоми оксиген бо атоми карбон на аз  рӯи хатти рост, балки нисбат ба якдигар бо банди ковалентӣпайвастагӣ зоҳир менамоянд.

Спиртҳо дар табиат дар шакли озод кам дида мешаванд. Онҳо бештар дар шакли эфирҳои содда ва мураккаб вомехуранд. Бинобар ин   бо усулҳои синтез ҳосил кардани спиртҳо аҳамияти калон доранд.

Яке аз усулҳои лабаратории истеҳсоли спиртҳо гидролизи моногалоген ҳосилаҳои карбогидрогенҳои сер бо маҳлули серобкардашуда иишқори натрий ва ишқори калий буда, гидрооксиди калсийро истифода бурдан мумкин аст. Бо ин усул дар саноат спиртҳои пентилро (амилро) ҳосил мекунанд.

Одитарин спиртҳои якатомаи ҳаднок (сер), спирти метил дар   саноат аз оксиди карбон ва гидроген бо иштироки катализатор ҳосил мекунанд. 

Бештар спирти метилро аз маҳсулоти хушкқатронкунӣ (пиролиз)  арамайдаи чуб ҳосил мекунанд, бинобар ҳамин аввалин манбаи ҳосилкунии онро аз арамайдаи чуб ҳосил мекарданд, аз ин рӯ онро спирти чӯб ҳам мегуфтанд.

Яке аз маъмултарин спирт ин этанол мебошад, ки роҳҳои   гуногуни ҳосилкардани он ба мо маълум аст. Қадимтарин усули  истеҳсоли спирти этил ин бо роҳи ферментативӣ, яъне бо истифодаи  замбуруғи хамиртуруш (дрож) ва туршонидани моддаҳои қандмонанд буда, манбаи асосии он ашёи хоми ғаладонагӣ мебошанд. Бинобар ин дар баъзе мавридҳо этанолро спирти ғалла низ   меноманд.  

Глюкоза дар шакли озод дар шираи ангур бештар мавҷуд мебошад.   Бинобар ин дар вақти туршонидани шираи ангур дар қатори шароби ангур аз 8 то 16% спирти этилниз ҳосил мешавад. Глюкозаро бештар аз полисахаридҳо, крахмал ва селюлоза истеҳсол мекунанд. Дар   натиҷаи гидролизи пурра онҳо ба глюкоза мубаддал гашта, аз он дар навбати худ спирти этил ҳосил мешавад.

Крахмал бисёртар дар таркиби маводҳои хурокворӣ (ҷав, гандум,   биринҷ, ҷуворӣ ва махсусан картошка) мавҷуд мебошад. Бинобар ин  барои истеҳсоли спирти этил бисёртар селюлозаро истифода мебаранд,  ки дар таркиби растаниҳои чӯбу тахта монанд мавҷуд мебошад.

Барои ҳосил кардани чунин миқдор спирти этил  0,7 тонна ғалла, ё ин ки 1,5 т картошка лозим мешавад. Роҳи дигари ҳосил кардани спирти этил аз этилен мебошад. Бо  ин усул низ спирти этилро ҳосил мекунанд. Ин спиртҳои ҳосилкардашудаи этил (этанол) ҳамчун мавод барои ҳосил кардани дигар моддаҳо истифода карда мешаванд.

Истифодаи спирти якатомаи этанол дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ васеъ истифода бурда мешаванд. Онро дар истеҳсоли доруворӣ,    моддаҳои хушбуйкунанда, ранг ва дар бисёр мавридҳо ҳамчун ҳалкунанда ба кор мебаранд. Аз он кислотаи сирко (уксусная кислота), эфири диэтил, эфирҳои мураккаби этили гуногун ва ғайра истифода мебаранд. Дар тиб этанолро ҳамчун моддаи безаракунанда истифода мекунанд. Аз этанол нӯшокиҳои алкоголӣ (спиртдор) низ тайёр мекунанд. Вале бояд дар назар дошт, ки қисми зиёди этанол моддаи зарарнок ва мадҳушкунанда буда, ҳангоми ба хун гузаштан ҷисмро ранҷур мегардонад. 

Нушокиҳои спиртӣ касалиҳои вазнини системаи асаб, узвҳои ҳозима, дил, рагҳои хунгузарро суст менамоянд. Аз ҳама бештар ба ҷисми ҷавонон ва наврасон таъсири манфӣ мерасонад. Чи тавре ки дар боло зикр намудем, роҳҳои гуногуни истеҳсоли спирти этил мавҷуд мебошанд. Ҳамаи онҳоро ҳамчун маводҳои нӯшокӣ ва истифодабарӣ дар тиб мумкин нест, чунки дар равандҳои ҳосил кардани спирти этил дигар моддаҳое, ки барои организми одам таъсир доранд, низ ҳосил мешаванд.

Истифодаи спирти этили тиббӣ бояд аз гандум бошад. Чунки маводи ҳосилшуда аз гандум дигар моддаҳои иловагӣ дар таркиби спирти этил дида намешаванд ва он то як андозае безарар мебошад. Спирти этили ҳосилшударо дар маводҳои хӯрокворие, ки барои он спирт лозим аст истифода мебаранд. Спирти этил моддаи сӯзанда буда, хусусиятҳои асосии таркишро ба вуҷуд меорад. Ҳангоми сӯхтани спирти этил ба монанди дигар моддаҳои органикӣ гази дуоксиди карбон ва обхориҷ мекунад.

 

АДАБИЁТҲО

1. Моррисон Р., Бойд Р. Органическая химия. - М: Мир, 1974. - 1132 с.

2. Робертс Дж., Касерио М. Основы органической химии. В 2-х томах. - М.: Мир, 1978. т.т. 1 и 2. - 967 с.

3. Терней А. Современная органическая химия. В 2-х томах. - М.: Мир, 1981. т.т. 1 и 2. - 745 с.

4. Сайкс П. Механизм реакции в органической химии. - М.: Мир, 1977. - 319 с.

 С.Ғ. АШӮРОВ, С.Р. РАҲАТШОЕВ,

омӯзгорони Академияи

ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хондан 19987 маротиба