JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

   10 ноябр зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Ҳафиз Холиқзода мебошад. Ин чеҳраи илму фарҳанги миллӣ дар ҳавзаҳои фикрӣ ва мадании дохилию хориҷӣ ошно буда, солҳост бо мутолеоту ковиш ва пажӯҳишу гузоришоти жарф дар ростои фарҳанги миллӣ заҳмат мекашад. Муқовимат ва мубориза бо ҳар шакли бурузу ҳузури хурофоту ҷахолат, ки дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давондааст, ҳамчунин ҷуръати фошгӯйӣ ва ҷасорати фалсафӣ абъоди муҳимми шахсиятӣ ва ҳувиятии ин рӯшангари миллиро ташкил медиҳад. Натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмӣ ва фалсафии ҷомеашинос ва файласуфи муосири миллӣ Ҳафиз Холиқзода дар садҳо мақолоти илмӣ ва бавежа, монографияҳои илмии муфассал “Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо (ниг.: Бобоёров Ҳафиз. Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо (маҷмӯаи илмӣ). – Душанбе: Дониш. 2013); “Ҳувияти ҷамъӣ ва шабакаҳои дифоъӣ дар ҷануби Тоҷикистон” (ниг.: Boboyorov Hafiz, Collective Identities and Patronage Networks in Southern Tajikistan. – Berlin: Lit Verlag, 2013. – 296 с.); “Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзўи  нестӣ дар фалсафи Ғарб” (ниг.: Бобоёров Ҳ. Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзўи нестӣ дар фалсафи Ғарб. –Душанбе: “Дониш”, 2015. -355 с.)  дарҷ гардидаанд. Ҳамчунин матолиби ҷиддии илмию ихтисосӣ ва илмӣ-оммавии Ҳафиз Холиқзода дар соири маҷмӯаҳои  илмӣ (аз ҷумла дар: //Ҷаҳонбинии оянда ва бархӯрди андешаҳо (Маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе: “Дониш”, 2015) ба нашр расидаанд. Доираи  биниш, шеваи ковиш, тариқаи гузориш ва тарзи нигориши Ҳафиз хеле ҷолиб ва омӯзанда аст.

   Имрӯз – 8 ноябри соли 2021 аст ва дӯсту ҳамепешаи ҳувиятшиносу донишманди мо Меҳр Собириён зодрӯз доранд. Ҳамагӣ чанд сол аст, ки бо ин донишманд ва меҳанпарасти воқеӣ ифтихори ошноӣ дорем, вале мисли ин ки як умр ӯро мешиносем. Меҳр фардест, ки қабл аз ҳама, бо дидгоҳи миллӣ, ҷиҳатгирии фалсафӣ, пофишории ихтисосӣ ва мавқеияти илмӣ аз соири дӯстону ҳампешагони мо тафовут дорад ва дар ҳама диду боздидҳо, мулоқоту вохӯриҳо, нишасту маҳфилҳо ва муколимаву гуфтугӯҳо ин вежагию мушаххасоти ҳувиятию шахсиятии ӯ, ки самараи заҳмату талошҳо, ковишу ҷустуҷӯҳо ва мушоҳидаву мутолеоти мудавоманд, бармало мегарданд.  

    Устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ солҳост, ки дар баробари таҳқиқу тадвин ба эҷоди шеър низ иштиғол меварзад ва маъниофариниро дар қолаби каломи мавзун аз мушаххасоти зиндагии худ медонад. Аз ҷониби дигар, чанд вежагии инфиродии шахсӣ: мутолиаи пайвастаи адабиёти фаровони бадеӣ ва  илмӣ-таҳқиқӣ, аз бар кардани ашъори ноби шуарои классику муосир, фаъолияти таҳқиқию таълимӣ, мушоҳидоти тадриҷии ҳаводиси зиндагӣ, бархӯрд бо мушкилоти рӯзмарра ва билохира баҳрабардорӣ аз таҷрибаи рӯзгор устодро ба сатҳи як шахсияти вораста ва варзида расонида, ҷойгоҳи воқеии иҷтимоӣ, илмӣ, эҷодӣ ва маданӣ бахшидаанд.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, Донишҷӯйи соли чоруми бахши ҳуқуқшиносии ДМТ, Нусратуллои Назариён иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи истиқлоли миллӣ" » -ро мавриди баррасӣ қарор доданд