JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 23 Июни 2022 10:51

Мақоми оила дар ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ

Муаллиф:
Ба истиқболи 25-умин
солгарди Ваҳдати миллӣ
 
   Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои муҳими муттаҳидсозанда барои тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки ба дараҷаи тамаддуну фарҳанги миллат аз рӯи иштироки мардуми он, махсусан занон дар ҳаёти оилавӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ, инчунин дар омӯхтану аз бар намудани  мероси моддию маънавии халқ, бою ғанӣ гардонидани арзишҳои фарҳанги маънавӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
    Мақоми волидайн, махсусан модар дар оила ва тарбияи он барои ҷомеа ниҳоят муҳим буда, танҳо ӯ метавонад, ки дар ваҳдату ягонагии хонаводаи ҷомеа,  фазои солиму латиф ва осудагию озодагӣ ва гармиву отифа муҳаё  кунад.  Фақат модар метавонад, ки ба фарзанди хеш беҳтарин  арзишҳои фарҳангӣ, ватандӯстиву меҳанпарварӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва ваҳдатгароиро тавассути тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, саховатмандӣ, сабру қаноатмандӣ, инсондӯстӣ ва хайру саодатро таълим диҳад. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чунин хислати модарон чунин гуфтааст: «…дар оилае, ки модар дорои  маърифати баланд аст, фарзандони нек ба воя мерасанд. Бинобар  ин худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми онҳо ба хубӣ эҳсос мегардад».  
Бо чунин ҳидояти хирадмандонаи  Пешвои миллат  мардуми тоҷик  бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи занон ва шаҳрванд ба дараҷаи арзишҳои аслии башарӣ ва бо  ҳадафи демократикунонии ҷомеа ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ,  ҳуқуқбунёд, дунявӣ  ва ягона марҳилаи нави қонунгузориро дар қаламравии кишвари хеш  асос гузошт.
  Чунон ки дар боло қайд шуд мақоми оилаи тоҷик дар ваҳдатгароии  ҷомеа на танҳо дар байни иҷтимоъ, балки дар хонавода дар тарбияи фарзандон ва аҳли оила  дорои арзишҳои воло буд. Маҳз  модарон  сабаб шуданд, ки фарзандон ва шавҳаронашон зидди гуруҳҳои мухталифи иртиҷоӣ муқовимат намоянд  ва дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд.  Зан – модарон  буданд ва ҳастанд, ки фарзандони худро ба роҳи дуруст ва дастгирии давлати соҳибистиқлоламон ва ваҳдати миллии он ҳидоят карданд. Имрӯз мардуми мо, махсусан модарон бо доштани Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва Раҳбари хирадманди хеш сарбаланду ифтихорманданд ва аз ин неъмати бузург шукргузорӣ мекунанд. Аммо, мутаассифона  масъала бо ин тамом намешавад, яъне кори аслӣ, идомаи тарбияи инсонҳо барои ҳифзу побарҷо мондани Истиқлолияту Ваҳдати миллии кишварамон, ки  яке аз масъалаҳои мубрами имрӯзу фардои мо бояд бошад, бар души ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Агар падару модарон, омӯзгорону устодон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳли илму фарҳанг ва умуман аҳли фаҳму хиради ҷомеа дар ин роҳ, яъне ҳифзи Истиқолияту Ваҳдати миллии миллатамон саъю талош нанамоянд, пояҳои истиқлолияту ваҳдат метавонад заиф гардад.
   Барои ҳифзи ваҳдати миллӣ дар навбати аввал соҳиби илму маърифат, ақлу заковат, ҷаҳонбинии васеъ  рӯи дунё, ҳисси миллӣ, отифа доштан нисбати мардуму миллат, дӯст доштани фарҳангу суннати гузаштаю  имрӯза, сарзамину обу ҳаво ва хоки ватани хеш аз омилҳои муҳим ва боарзишу созанда аст;  аз тарафа дигар эҳтиром гузоштан бо арзишҳои қонунгузории давлат ва Раҳбари он ва дар айни замон амалӣ намудани он дар зиндагӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар яке аз шаҳрвандон аст;  доштани ҳисси худшиносии миллӣ-фарҳангӣ, тамаддунӣ, ҳувияти миллӣ аз нишонаҳои арзишноки ҳифзи ваҳдати миллии кишвар аст; риоят намудани қонуну қоидаҳои шаҳрвандӣ ва эҳтиром гузоштан бо сохту соз ва ороиши гулгашту чаманзорҳо ва дигар сохторҳои маданӣ-маънавӣ, маишӣ, варзишӣ, тиббӣ-табобатӣ ва ғайраҳо низ аз арзишҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ мебошанд; эҳтиром гузоштан ба фарҳангу тамаддуни  кишварҳои ҳамсоя ва бо ҳам дӯст ва ғанӣ сохтан фарҳангу тамаддуни ватанӣ бо дар омехтагии фарҳангҳои этикӣ-эстетикӣ ва маънавии берун аз кишвар низ аз самтҳои мусбати мустаҳкамии ваҳдати миллии кишвар аст; ба волидайн, яъне падару модарон зарур аст, ки ба фарзандони хеш аз рӯзи таваллуд шуруъ карда, дар қалбу рӯҳи онҳо ҳисси миллӣ, ҳувият, худшиносӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба фарҳангу тамаддуни гузаштаи имрӯза ва омӯхтани он, эҳтиром ба бузургону аҳли илму адаби гузаштаю имрӯза ва осори онҳо, дӯст доштани ватану миллат ва давлату Пешвои худ ва махсусан сарзамину неъматҳои онро бедор кунанд. Он вақт, ки фарзанд худшиносу бомаърифат тарбия шуд, вай метавонад нисбати фарҳангу тамаддуни дигар миллатҳои ҳамсояву дунё шинохт пайдо кунад ва ба онҳо эҳтирому пазиришро қоил бошад. Зеро ки то инсон худашро, миллату сарзамин, фарҳангу тамаддун, гузаштаю имрӯза, мардуму Раҳбар ва кӣ будану чӣ будани хешро нашносад, читавр метавонад рӯи кишварҳои дунё ва фарҳангу тамддуни онҳо шинохт пайдо кунад?
  Қайд намудан зарур аст, ки дар интихоби кӣ хубу кӣ бад ва чӣ хубу чӣ буд ва дар куҷо зисту дар куҷо назист, ҳатман дар ибтидо бояд андеша кард. Зеро ки кори беандешагӣ ва ғайриоқилона оқибаташ пушаймонӣ дорад. Беҳтарин кор ин аст, ки мо аз ин неъмати худодод, ки ин кишвари орому осуда ва рӯз ба рӯз дар тараққиву пешрафт, сохту созҳои ҳаётбахшу тамаддунсоз, амнияту осоиштагӣ ва Раҳбари оқилу хирадманди хеш шукргузорӣ намоем.  Ва Истиқлолияту Ваҳдати миллиамонро чун гавҳараки чашмамон дар вуҷуду зиндагии ҳар соатаву ҳаррӯзаи хеш ҳифз намоем ва баҳри ояндаи ин неъматҳо талош намоем.
Барои он ки инсон дорандаи ин арзишҳо бошад, дар қаъри вуҷудаш нури ростиву некандешиву некбинӣ, сабру таҳаммул, отифа нисбат ба дунёи ҳастӣ ва маънавӣ ва монанди инҳоро парвариш кунад. 
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳамаи ҳамватанонамон чи дар дохили кишвар чи берун аз он муборак бод. Бигузор шаҳрвандони мо дар куҷое набошанд, қалбан боҳам дар ваҳдату ягонагӣ бошанд.

Муродова Тоҷинисо
,
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари  илмии
Шуъбаи таърихи фалсафаи  Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
 ба номи. А. Баҳоваддинови  АМИТ
 
Хондан 879 маротиба