JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 24 Июни 2022 09:27

Ваҳдати миллӣ ва фарҳанги дунявият (дар муқовимат бо радикализм, бунёдгароӣ ва низоми глобалии навмустамликадорӣ)

Муаллиф: Ҷонбобоев С.
   Ваҳдати миллӣ як амри муҳим, вале падидаи якрӯзаву чандрӯза нест. Он чун унсури муҳими бунёди давлати воқеан миллӣ раванди доимӣ ва дарозмуддат аст. Ин маънои онро дорад, ки ин раванди иҷтимоиро на танҳо ҳар сол дар як рӯз бузургдошт намуд, балки онро ҳамарӯза ва муттасил такмилу рушд бояд дод. Муддати мадиди таърихие низоми мардумсолорӣ (яъне демократи)и давлатҳои ғарбӣ барои миллату давлатҳо ва мамолики аз зеру силтаи системаи истеъморӣ бурунрафта чун улгӯ (модел) ё намунаи ибрат хизмат мекард. Ва дар ин раванд ҳанӯз ҳам барои ҳалли муваффақонаи бисёре аз масъалаҳо миллату дували дар ҳоли пешрафти Шарқ аз таҷрибаи низоми мардумсолории ғарбиҳо зарифона истифода мебаранд. Вале чаро имрӯз дастгирии доираҳои бонуфузи ғарбӣ ва бозигарони асосии сиёсати глобалии қудратҳои Ғарб аз ҳаракатҳои радикал ва ифротӣ ба андозаи хеле назаррас фаъол гардидааст? Магар воқеан дар байни андешахои радикал, бунёдгароӣ ва низоми мустамликадории навини дунё алоқаи ногусастанӣ вуҷуд дорад? Дар ин мавзӯъ ҳоло кам касе аст, ки сухан бигӯяд, зеро аксари мардум намехоханд, ки дар назари абаркадратҳо худро бо шеваи нохушоянд ва ба истилоҳ бад ҷилва диҳанд. 
    Бале, муттаасифона бояд эътироф намуд, ки ҳоло дар байни андешаҳои бунёдгароӣ ва низоми мустамликадории дунё дар зоҳир алоқаи ба назар ноаёну нонамоён, вале дар асл ногусастанӣ вуҷуд дорад (мисоли дастгирии Толибон барои ба қудрат расидан дар Афғонистон,  бо шаклҳои гуногун дастгирӣ кардани ҳизби Таҳрир, Ал Қоида, ҳаракати ифротии дар аксари мамлакатҳо манъшудаи “Доиш” ва ғ.), вале ин иттиҳод албатта иттиҳоди тактикӣ аст, на чизе барои сиёсати дарозмуддат.  Бояд тазаккур дод, ки доираҳои манфиатдори мамолики абарқудрати дунё барои ба даст овардани фазо ва захоири нави табиӣ аз ифротгароён чун имконият ва фурсати мувофиқ (opportunity) барои барҳам задани низоми давлатдории миллӣ ва бунёди ниҳодҳои фаромиллӣ (трансмиллӣ), он ҳам танҳо дар марҳалаи аввал чун абзор ва васила истифода хоҳанд бурд.
    Вале суоли асосӣ ин ҷост, ки чаро мардумони мулкии мо бо андашаҳои нопухтаву ақли норасиди худ дар ин кор ба онҳо мусоидат мекунанд? Чаро қабати муҳими чаҳонбинии динии мардумоне ба мисли тоҷикон бунёдгароёна (яъне ба таври истисноӣ танҳо даъват ба ибрат гирифтан аз гузаштаи исломӣ) аст? Чаро мо имрӯзҳо ҳуввиятҳои дигаре, ба мисли ҳувияти қавмиву милливу фарҳангиву таърихии ин халқу ин миллатро камтар дидан мехоҳем ё аслан намебинем. Ин дар ҳоле ки фарҳанги дунявияти мо дар таърихамон решаҳои чуқур дорад, он дар марҳалаҳои шӯравиву пешазисломии мо хеле барҷаста тарҷруба шудааст. Тачрибаи бардошти мо аз илму фалсафаи давраи сотсиализми шӯравиро як сӯ гузорем, ки бо вуҷуди фоҷиаҳои маълуми таърихӣ (террори сталинӣ) дар Осиёи Марказӣ модернизатсияи бузургро дар шуур ва тарзи зиндагиву хоҷагидорӣ ба вуҷуд оварданд. Аз ин ҳам гузашта чаро мо суннати ақлгароёнаи гузаштаи тоисломии худро эътироф намекунем, ки пешгузаштагони мо дар Балх аз муаллифони аввалин китоби муқаддаси осмонӣ – “Авасто” буданд, ки низоми инсонмеҳвариву дунёмадорӣ ва ҳатто ҷаҳонбинии тавҳидиро аввалин бор ба ҷаҳониён пешкаш намудааст, ки он объекти тақлиди фарҳангу динҳои дигар гардид?! Чаро мо имрӯз аз фарҳанги дунёшиносии митроистии худ, ки аз “Авасто” пештар буд, ёде намекунем? Чаро мо аз илму фалсафаи даврони исломӣ, аз фалсафаи табиат ва натурализми Муҳаммади Хоразмӣ, Абубакри Розӣ, Абунасри Форобиву Абурайҳони Беруниву Ибни Сино ва ё Умари Хайёму Носири Хусрав камтар сухан мегӯем ва даъват ба сабақ гирифтан ва ибратгирӣ аз онҳо намекунем. Чаро эътироф намекунем, ки тамаддуни исломӣ фақат пайравии кӯркӯрона аз фарҳанги авомонаи мазҳабӣ нест, ва ҷавҳари он танҳо иборат аз намози рӯзаву закоту ҳаҷҷ нест, балки асли он илм асту ҳаёту зиндагист (“ислом на чузъ салот, бал илму хаёт аст!”М.Иқбол). Чаро аз он намегӯем, ки ибтидо ва заминаҳои бузургтарин назарияҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносиро дар осори илмиву фарҳангии гузаштагони бузурги худ пайдо карда метавонем, барои мисол назарияи ҳуқуқии тақсими қудратҳо дар давлати Ибни Сино аз рӯи аналогияи кори мағзу дилу гурда ва ғ. Ё назарияи кашфи қитъаи Амрико ва назарияи хуршедмеҳварӣ аз тарафи Берунӣ. Ин дар холе ки тамоми мадрасахову уламои баъдина аз мадрасаҳои низомияи Бағдод ва Газзолӣ сар карда то мадрасаҳои Бухорои давраи манғитиҳо ва хатмкардаҳои онҳо - равшанфикроне ба мисли Ахмади Дониш мӯътазилиёну файласуфонро ба куфр ва тақлид аз илми юнонӣ мутаҳам мекарданд, чаро мо боре ҳам як назари интиқодӣ ба гузаштаи исломии худ накардаем? Ҷавоб ин аст, ки мо ҳанӯз ҳам бо фикри қолабӣ ҳамон шиору иктибоси аз модернистони исломии асри нӯздаҳу бистум қарор дорем, ки гуфта буданд: «Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб ки ҳастаз мусулмонии мост» (М.Афғонӣ, М.Абдуҳ, М.Иқбол ва ғ…). Барои мисол, магар мубориза барои “Дор ул ҳарб” ҳоло имкон дорад? Тамаддуни исломӣ, замоне ки дар зери ҳуҷуми муғул ва тозиёнаи системаҳои истеъморӣ қарор гирифт, роҳҳои иҷтиҳодро баст, бо ин сабаб аз равнақ бозмонд, ва дигар дар зери ҳаракати муқовимат аз қобилияти омӯзандагӣ аз таҷрубаи худӣ, сабақ гирифтан аз дигарон, ва омӯхтан аз воқеияту дунёро аз даст дод. Суннати тақлид дар мадраса мағзҳоро хароб кард (Ҳофиз беуҳда нагуфта, ки “Аз қилу қоли мадраса ҳоли дилам гирифт). Мусулмонҳо ва дини онҳо оҳиста оҳиста илмро аз худ дур андохт ва идеологияи дифоияро пеш гирифт, дини имонӣ табдил ба дини сиёсӣ шуд (яъне бо он ки гуфта шуд, ки дар гирду атрофи ҳама куфрасту душманӣ ва роҳи халли масъалаҳоро танхо дар ҷиҳоди исломӣ медиданд!).
     Ҳоло бошад, бунёдгироён ё салафиҳои бунёдгаро дар ҷустуҷуи куфр дар дохили исломанд. Онҳо соддалавҳона боварӣ доранд, ки гӯё бо ин роҳ "вахдати исломӣ"-ро ба вуҷуд меоранд...Аз ин рӯ онҳо бар зидди гуногунӣ дар ислом ва ҷомеаҳои мусулмоннишин баромаданд, адёну оинҳои дигарро қабул надоранд. Гуфта мешавад, ки ин мушкил мушкили тамоми бунёдгароён аст. Ин тарзи тафаккурест, ки мустамликадорон дар мағзи мусулмонон (дар оғози бунёди давлати Саудӣ) ҷой намуданд, то онҳо ба системаҳои ба истилоҳ “истибдодӣ” мубориза баранд, чун ҳадафи аслии онҳо дигар аст - аз байн бурдани андешаи ақлгароёни илмӣ ва фикри истиқлол аст. Истеъморгарон ба арабҳо андешаи бунёди хилофати арабиро пешниҳод намуданд, вале ин охири таърих нест. Нақшаҳо дар пешанд. Баъдан бо ин роҳ ва бо ин гуна баҳона (мубориза бо таассубу бунёдгароии динӣ) бори дигар бо шиорҳои пешрафту тараққӣ таҷовуз карда ватанашонро тасхир ва захираҳои моддиву табии онҳоро аз худ хоҳанд кард.
   Ҳоло мушкили ҷомеаи мусулмонҳо инҷост, ки мо гуё ба пеш рафтан мехоҳем, вале рӯю ду чашми биноямон ба гузашта нигаронида шудааст. Оянда барои мо торик ва гӯё пешгуиношуданӣ аст. Абзори мавриди истифодаи мо инзамонӣ ва инҷаҳонӣ аст, вале мафкураи мо онзамонӣ – асримиёнагӣ (онҷаҳонӣ) аст. Имконе вуҷуд дорад, ки баногоҳ пешпо нахурем ва бори дигар, баъди фоҷиаи солҳои навадум мардуми соддаро ба такрори фоҷиаҳои ғайриинсонӣ набарем, ки дар заминаи бархурди мафкураҳо (ва маҳалҳо) ва бархурди геополитикӣ нақшаҳои бегонагон амалӣ нашаванд.  
    Суоли муҳим ин ҷост, ки чаро мо, точикон аз гузашта ибрат намегирем!? В.В.Радлов, як стратег ва шарқшиноси немистабори Рус дар охири асри нӯздаҳум ба императори Рус баъди тасарруфи ҳарбии кишварҳои осиёӣ омӯзаҳои зиёде оид ба ояндасозии Осиёи Марказӣ гузаронид ва маслиҳати стратегӣ дод, ки дар Осиёи Марказӣ набояд ба тоҷикон такя кард, зеро онҳо миллати ашрофзодаанд, шаҳрнишин, элитарӣ, вале айни замон догматик ва бунёдгароёни исломианд. Баръакси ин ба туркҳо бояд такя кард, ки фикри боз ва фарҳанги соддаву  мардумиву бодиявӣ, вале созанда доранд ва онҳоро ба хости худ ба тарафи барои империя зарур равона кардан мумкин аст. Ин дар ҳоле ва замоне буд, ки точикону форсивон дар шаҳрҳову аморатҳои Осиёи Марказӣ мақоми калидӣ доштанд. Магар ин тасмими дуруст ва воқеӣ буд? Магар ҳоло зарур аст, ки мо бояд ин фикри душманонаро тасдиқ бикунем? Воқеан, чаро бояд фарҳанги дунявият ва низоми мардумсолориву давлати дунявиро аз сари нав таҷруба накунем, дар худ рушд надиҳем? Коре, ки ҳамсояҳои қирғизи мо ин шабу руз хуб ё бад, вале ба фоидаи миллати худ анҷом медиҳанд.
   Точикон ва бунёдгароӣ.  Биёед ба ин баҳс бештар мурур кунем. Тибқи маслиҳати В.В.Радлов баъди нуфузи пурраи ҳарбӣ пайдо кардани шоҳ-императори Рус ба Осиёи Марказӣ мақоми тоҷикон дар ин сарзамин ба сифр расонида шуд - дар солҳои минбаъда тоҷиконро бо ёрии ҷадидон ва пантуркистон, ки дар аввали асри XX бо ёрии Туркия аз ислом чун абзору технологияи фарҳангиву сиёсӣ барои ба даст овардани ниёзхои миллии худ хеле муваффакона истифода карданд, аз марказхои фарҳангиву саҳнаҳои сиёсӣ берун карда, баъдан аз шаҳрҳои муттамаддин ҳам ронданд. Тоҷикон бештар ба кӯҳҳо- ин охирин паноҳгоҳи заминии онҳо, ронда шуданд. Ҳамин гуна хатогиҳои фахши сиёсиро дар заминаи бунёдгароӣ дар Афғонистон Ҳабибуллохан (Бачаи Сақо, 1821-1929)и муҷоҳиди тоҷиктабор кард, ки соли 1922 бо даъвати амири гурезаи Бухоро ва дастгирии саркардаи зархариди турк - Анвар Пошо барои озод намудани Бухоро бо фидоиёни Панҷшер ба Душанбе омада буд. Баъди мағлубият аз лашкари Сурх, бозгашт ба ватан ва муборизаҳои бардавоми сиёсӣ Ҳабибуллохон ба муддати нӯҳ моҳ амири Афғонистон таъин шуд, ки дар сар ҳавои муттаҳҳид намудани тамоми мусулмонони Осиёи Марказиро дошт, ва ин корро дар муқобили Амонуллохони паштунтабор, миллатдӯст, вале муслеҳ, тараққихоҳ ва ислоҳотпарвар карда буд...Амир Амонуллохон он замон бо тақлид аз Аврупо (бо пешниҳоди Маҳмуд Тарзӣ 1867-1935, равшанфикри афғон) беҳтарин самараҳои тамаддуни чаҳониро барои мардуми мусулмони афғон ба беҳтарин ваҷҳ пешниход намуд, сар карда аз системаи нави таҳсилот, донишгоҳҳо, шифохонаҳо, истешани барқӣ, роҳи оҳан, истихроҷи захоири зери замин, ислоҳоти дигари иқтисодӣ ва ғ. Ҳанӯз дар ҳамон солҳои бистум ба Амонуллохон муяссар шуд, ки роҳи камбари оҳанро дар байни Кобул ва Деҳли бунёд кунад…!). Вале Ҳабибуллохони тоҷик дар пайравӣ аз бунёдгароён бо шиори дини ислом ва ғазо бар зидди ӯ хест ва нақшаи реформатсияи мамлакатро барбод дод. Агар чунин воқеа сурат намегирифт, ва нақшаҳои амир Амонуллохон амалӣ мешуданд, ҳоло вазъи имрӯзаи худи Афғонистон ва мо комилан дигар мебуд.Чунонки дида мешавад, то ҳанӯз ҳам бисёре аз бадбахтиҳои мо, ба ғайри он ки таҷриба ва фарҳанги сиёсии мо дар ҳоли сифр аст, аксари мардуми авоми мо музофотӣ, деҳқон ва мутаассиб аст, аксари мардум ҳоло ҳам ба дунё бо фикри боз наменигаранд, дар ин ҷо навовариҳо ба мисли “бидъат” бо мушкилӣ кабул мешаванд.... Ҳоло ҳам ҳаёти мо аз ҳамсоягони наздики мо, алалхусус, кишварҳое ки мӯътақид ба бунёдгароианд, ё  миллатгароии ифротиро таҷруба мекунад (ба мисли Афғонистон) вобаста аст. Пас аз мост, ки бар мост!
   Рушди давлати дунявӣ ва низоми дунявии мардумсолорӣ дар муқобили бунёдгароии диниву ифротгароӣ аз вазифаҳои муҳими давлати миллӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо вазифаҳое мебошанд,ки аз тарафи қонуни асосӣ (Конститутсия) пешниҳод шудаанд ва аз тарафи он дастгирии пурра меёбанд. Қабул гардидани Эъломияи Ваҳдати миллӣ (27.06.1997) заминаҳои ҳуқуқиву фарҳангии бунёди давлати миллии дунявиро бештар фароҳам намуд. Албатта дунявият дину расму оини диниро инкор намекунад, вале онро кори виҷдонӣ ва шахсии шаҳрвандон медонад. Бале, сулҳу оромиш кори осон нест, чун мушкилоти ватани мо зиёд аст: ҷои кор намерасад, бештари мардум, махсусан одамони дорои қобилияти меҳнат дар муҳоҷират қарор доранд, ва мутаасифона дар он ҷо аз оддитарин ҳуқуқи инсонӣ бархурдор нестанд. Ин корхо албаттта дахолати таъҷилии давлати миллӣ, ниҳодҳои байнидавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мехоҳанд. Албатта яккаторзӣ ва худхоҳӣ дар сиёсат кори хуб нест. Вале аз мушохидахо дида мешавад, ки чандин интихоботи ба ном демократие, ки дар кишвари Афгонистон ба амал омаданд ба мардуми он ва зиндагиву суботи ҷомеаи ҳамзабонони мо таъсири мусбат ва назаррасе нарасониданд. Дуруст аст, ки дар байни давлатҳои мо савдои байнсарҳадӣ, роҳҳои тиҷоратӣ, доду гирифти молу коло ва энерҷӣ сурат гирифт. Вале хатари ҷангу хунрезӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои ифротӣ ҳанӯз ҳам кам намешаванд. Ин хатар ба мо рӯз ба рӯз торафт бештар таъсир мерасонад. Вале мову шумо боре ҳам бояд фикр кунем, ки чаро ватани мо ҳатман бояд аз сари нав майдони бархурди мафкурахои динуву дунявӣ ва тохтутозу пиёдасозии нақшаҳои бегонагон бошад? Магар маълум нест, ки имрӯзҳо бо номи ислом ва ҷиҳод дар як они вохид (бар русӣ моментально) тамоми ҷинояткорони дунё дар як нуқта ҷамъ мешаванд...?! Ин як ишора ва як баҳонае барои транскомпанияҳои глобалӣ аст, ки оташи ҷангро дар ҷое аланга диҳанд, “обро лой ва моҳӣ доранд”. Оё касе ё қуввае дар ҷаҳон барои пешгирӣ аз ин паёмад замонате дорад, оё тарафе зомин ва кафили кишвари аз нигоҳи иктисодӣ заифи мо шуда метавонад?! Мардумсолорӣ (демократия), сулҳу оромишро дар шуури мардуми авом муддати солҳо тарбия бояд кард, онро ҳатман аз системаи ибтидоии таҳсилот шурӯъ бояд намуд, он кори ҷониву ҳарррӯза давлату ниҳодҳои таълимӣ бошанд, вале онро ба зӯри сиёсати глобалии мазҳабӣ аз берун наметавон чорӣ намуд.
    Бори дигар таъкид бояд кард, ки эътиқоди мусулмонони кишвар на моли шахсии ягон диндор ва на сиёсатмадор аст, он воқеан кори шахсӣ ва виҷдонии ҳар як инсон аст! Барои густариши фарҳанги мардумсолорӣ албатта иродаи давлати миллӣ (яъне иродаи тамоми миллат) барои рушди зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ зарур аст, дар ин самт бузургони давлату миллат бояд дар самти таълиму тарбияи инсони нави асри XXI зудтар ва бештар фикру амал кунанд (онҳоро ба беҳтарин донишгоҳҳои дунё фиристанд ва баъди бозгашт бо кор таъмин кунанд), ин кор танҳо бо ташвиқоту таблиғ натиҷа ба даст намеояд. Насли нави ҷавонон бояд эъҷодкор, дорои фарҳангу маърифати нави сиёсӣ, миллатдуст, ғайратманд, иродатманд, оқилу доно, ҳирфаӣ, прагматик ва насли дорои ҳисси баланди мадоро ва берун аз таассуб бошад. Вале ҳукми вақт бебозгашт аст, ҳама чиз вақту соат дорад, то ин ки кор аз кор нагузарад. Вақт метавонад дар сурати будан ё набудани ирода миллатеро сарфароз ва ё баръакс сархам намояд. Ба мисле ки шоир мегӯяд:

 

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.    

 

Ҷонбобоев С.

номзади илмҳои фалсафа,

роҳбари Маркази синошиносии

 Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва

 ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

https://ifppanrt.tj/tj/ilm-va-navidho/andeshai-muhakkikon/item/1283-va-dati-mill-va-far-angi-dunyaviyat-dar-mu-ovimat-bo-radikalizm-bunjodgaro-va-nizomi-globalii-navmustamlikador.html 

Адабиёт:

  1. В.В.Радлов. Население Средней Азии: тюрки и таджики. Зеравшанская долина. Записки. https://anthropology-ru.livejournal.com/677553.html
  2. Амир Амонуллохон.http://www.ng.ru/vision/2019-08-19/100_135519082019.html
  3. Камолудин Абдуллаев История в лицах. Бачаи Сако - удалец из Хорасана (Часть I). 24.11.2007 https://www.fergananews.com/articles/5488

 

Хондан 893 маротиба