JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 24 Июни 2022 11:10

Ваҳдати миллӣ – неъмати бебаҳост!

Муаллиф: Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович
  Яке аз дастовардҳои беназири солҳои истиқлолият ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз бо шарофати Ваҳдат ва ягонагии миллӣ хавфи аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллат пешгирӣ карда шуд.
  Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар кишварҳои хориҷии дуру наздик музокираҳои байни тоҷикон баргузор гардида, санади барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо сарнавиштсозу таърихӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
  Таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан ҳамчун модели муассири ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ ба давлатҳое, ки ба бӯҳрони сиёсӣ, ҷангҳои байниҳамдигарӣ дучор гардидаанд, тавсия карда шуд.
  Аммо то расидан ба ин ҳадаф мушкилоти зиёде паси сар карда шуданд. Пеш аз ҳама, ба ватан баргардонидани гурезгони тоҷик, ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ҳарбӣ, барқарор намудани хисороти ҷанг ва ғ. Ба ҳамаи мушкилиҳои ҷойдошта нигоҳ накарда, Созишномаи мазкура, раванди сулҳофариро устувор гардонид. Оштии миллӣ ва боварии  ҷонибҳои ба ҳам муқобилро ба як миллати воҳид табдил дод ва барои барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қисме аз сокинони кишвар маҷбуран ватанро тарк намуда, ҳамчун гурезагон ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла ба хоки Афғонистон паноҳ бурда буданд. Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ дар ҳудудҳои Афғонистон бештар аз 90 ҳазор нафар гуреза шуда буданд.  Ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз зимни баргузории Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанд ибрози андеша намуда, қайд карда буданд, ки «ман то вақте ки як нафар гуреза дар хориҷа мемонад худро ором ҳис намекунам». Ҳатто аввалин ҳуҷҷате, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зимни баргузории гуфтушунидҳои ҷонибҳои даргир ба имзо расонидаанд, ба масъалаи гурезагон бахшида шуда буд.
Моҳи марти соли 1993 бо ташаббуси Кумитаи давлатии радио ва телевизион дар муассисаи давлатии «Радиои Тоҷикистон» барномаи «Хоки Ватан» ташкил гардид. Мақсад аз ташкил намудани барнома сарҷамъ намудани мардум ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани онҳо ба шумор мерафт. Барномаи мазкур дар баробари ташаббусҳои дигари Ҳукумати Тоҷикистон дар баргардонидани гурезагон саҳми калон гузошт. Тавассути ин барнома сокинони кишвар паёмҳои худро дар бораи оромии кишвар ба наздикони бурунмарзии худ мерасониданд ва ба ин васила як иртиботи маҷозӣ байни онҳо ба вуҷуд оварда шуд.
  Дар самти баргардонидани гурезагон аз хоки Афғонистон Пешвои миллат заҳматҳои шабонарӯзӣ кашидаанд. Кӯмак ба гурезагон, мусоидат намудан ба бозгашти онҳо, барқарор намудани манзилҳои истиқоматии онҳо дар маркази диққати сарвари давлат қарор дошт. Ҳар ташаббусеро, ки барои ҳалли ин масъала ироа мегардид, ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ менамуданд.  Барои ҳалли масъалаи мазкур на танҳо аз имкониятҳои мавҷудаи дохилӣ, балки созмонҳои минтақавию байналмилалӣ хусусан Созмони Милали Муттаҳид (СММ) истифода мекарданд. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат ин масъала дар муддати кӯтоҳ ҳалли худро пайдо намуд ва раванди сарҷамъ намудани миллати тоҷик зери ливои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тантана намуд.
  Мутаассифона, баъдан зери таъсири тамоюлоти бегонапарастӣ ва дахолати неруҳои хориҷӣ боз раванди пароканда сохтани миллати тоҷик дар солҳои аввали асри XXI пайдо гардиданд. Пеш аз ҳама, паҳн гардидани ғояҳои ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, ба сафи ташкилотҳои террористию экстремистӣ пайвастани ҷавонон, ба кишварҳои Шарқи Наздик сафар намудану дар ҷангҳои террористӣ иштирок намудани онҳо боиси ташвиш гардид.
  Аз ин рӯ, баргардонидани кӯдакону ятимон аз ин кишварҳо, донишҷӯёни донишгоҳҳои динии шубҳаовар, пеш аз ҳама аз лагерҳои террористӣ, мубориза бо терроризму экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат гардид. Насли калонсоле, ки мушкилиҳои ҷанги шаҳрвандиро дидаанд, зиёиёну равшанфикрон, фаъолони ҷомеа ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳанд.
  Ваҳдати миллӣ арзиши беназире мебошад, бо шарофати он амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ мумкин мегардад. Бинобар ин, месазад, ки барои ҳифзу бақои он доимо талош варзем. Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронааш Тоҷикистонро дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои ХХI аз фоҷиаи миллӣ раҳо кард. Таҳти сарварии он кас миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
  Ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон барои ободиву шукуфоии Ватан ва таҳкими Ваҳдати миллӣ барои  мо ҷавонон манбаи илҳом барои азму ғайрати дучанд аст. Мо бояд аз ҳамаи  имкониятҳо самаранок ва оқилона истифода бурда, барои дар оянда боз ҳам ободу  зебо шудани Тоҷикистони азиз саҳм гузорем. Бо истифода аз фурсат, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҷашни 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрику таҳният менамоям.  
    
 Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович
ходими илмии ИФСҲ АМИТ
Хондан 942 маротиба