JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 28 Июни 2022 08:16

Ваҳдати фикрӣ ва идеалогияи миллӣ

Муаллиф:

Дониш ҷузъи таркибӣ ва масири рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, он маҳсули низоми босамари маориф ва кӯшишу талоши ашхоси хирадманди ҷомеа маҳсуб мегардад. Дар ҷомеаи донишбунёд мувафаққиятҳо аз неруи дониш сарчашма гирифта, роҳи пешрафту тараққиёт тавассути он муқарар карда мешавад. Талош баҳри умумӣ сохтани донишомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии тамоми қишрҳои ҷомеа, роҳи расидан ба музаффарияту озодӣ мебошад. Ҷомеа ба онҳое, ки дониш доранд ва низ ба онҳое, ки аз маърифат дуранд, паҳн мегардад. Дар натиҷа, дониш василаи эҷоди фосила миёни ду қишри ҷомеа мегардад, яке қишри донишмеҳвар ва дигаре аз маърифат дур. Дар баробари пайдоиши ин фосила вазифаи ашхоси хирадманд ва аҳли зиё бо роҳи донишомӯзӣ васл намудани ин ду қишр аст, ки аз лиҳози сатҳи огоҳӣ ва илму хирад аз ҳам фосила гирифтаанд. Яъне ваҳдату иттиҳод бо роҳи ҳидоят сохтани ҷомеа ба сӯи илму маърифат падид меояд. Сатҳи огоҳӣ дар ҷомеа баёнгари сатҳи маърифатнокӣ дар он аст. Гузаштан аз ин, роҳи борику маҳдуд ва ниҳоят боз намудани фазои ҷадид, ки тамоми аҳли ҷомеа бо тавсиаи ҷаҳонбинии илмии худ, ба он роҳ меёбанд, марҳилаи бунёди ҷомеаи идеалӣ ва инсонмеҳвар мебошад. Дар натиҷа нақши илму дониш ва таъсири он ба ҳаёти ҷомеа вусъат гирифта, бо истифода аз зарфияти зеҳнӣ ваҳдати фикриро ба вуҷуд меоварад. Ҷомеае, ки ҳаёти воқеӣ дар он бар асоси хирад ва муносибатҳо тавассути ченаки дониш муайян карда мешаванд.

  Имрӯз дар тамоми ҷаҳон ба соҳаи маориф ва илм аҳмияти ҷиддӣ зоҳир мегардад, зеро роҳи саодати башар, маҳз, дар доштани илму огоҳӣ аст. Асос ва муҳтавои маорифпарварӣ, ин пеш аз ҳама тарбияи инсони комил ва рушд додани он ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир, башар дарк намуд, ки роҳи пешрафту тараққиёт ва дар баробари ин ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ, танҳо бо доштани илму хирад имкон дорад. Тараққиёти техналогия ва мавқеъ ёфтани шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёту фаъолияти инсонҳо дар ҷомеаи мутамаддин тазоди фикриро ба вуҷуд овардааст. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар василаҳо ҳамчун абзори мафкурасозӣ ва бо ин роҳ тағийр додани самти фикрронии аҳли ҷомеа, хатари ҷиддие ба ваҳдати миллатҳо эҷод сохтааст. Асоси пойдории ваҳдати миллӣ ин муттаҳидии миллат аст ва асоси муттаҳидии миллат, ин вуҷуд доштани ваҳдати фикрӣ мебошад.

  Дар заминаи рушди илму дониш, ки андешаҳои гуногуни бунёдсозро дар ҷомеа эҳё месозад, танҳо идеалогияи миллӣ қудрати муттаҳид сохтани ин фукру андешаҳоро атрофи манфиатҳои миллӣ дорад. Дар натиҷаи ба ҳам омадани андешаҳо атрофи манфиатҳои махсус, ваҳдати фикрӣ ба вуҷуд меояд ва агар ин манфиатҳо, манфиатҳои миллӣ бошанд, пас, сабаби пойдории ваҳдати миллӣ хоҳанд гашт. Дар зимн гуногунандешӣ яке аз вижагиҳои ҷомеаи демократист. Аз лиҳози таҷрибаи таърихӣ ва сиёсӣ ҷомеа бар асоси гуногунандешӣ рушд менамояд. Аммо ҷиҳати ҳифзи бақои миллат ва таъмини муттаҳидӣ ҷомеа бояд доираи манфиатҳое, ки самти андешаҳо бар он равона аст, муайян карда шавад. Имрӯз ҷаҳон аз давлат-миллатҳо таркиб ёфтааст ва ҳар давлат дар алоҳидагӣ ҳимоят аз манфиатҳои махсусро мекунад, ки ин ҳам манфиатҳои миллӣ маҳсуб мегарданд. Пас, рисолати ҷомеа, алалхусус андешмандон,  ин сарфи маҳорату малакаи фикрии онҳо ҷиҳати ҳимоя аз ин манфиатҳо мебошад. Яъне, пеш аз ҳама, аҳли зиё ва равшанфикрони ҷомеа бояд оид ба манфиатҳои миллӣ ваҳдати фикрӣ дошта бошанд. Чун ин ашхос нафароне мебошанд, ки фазои фикрии ҷомеаро боз намуда, дар он арзишҳои махсусро ҷой дода метавонанд. Ва чунин раванд ҳам барои ба вуҷуд овардани ваҳдати фикрӣ дар тамоми табақаҳои ҷомеа зарур аст. Аз ин рӯ, таҳияи идеалогияи миллӣ, ки вазифи он ҳимоя аз манфиатҳои миллист, марҳилаи навбати баъд аз маърифатнокии ҷомеа ҷиҳати фароҳам сохатни ваҳдати фикрӣ мебошад. Аҳмияти дониш ва маърифатнокии ҷомеа дар самти таҳия ва амали намудани идеалогияи миллӣ ва дар ин замина шакл додани ваҳдати фикрӣ хеле муҳим мебошад. Лозим аст, то ин ки идеалогияи миллӣ дар заминаи рушди илм дар ҷомеа таҳия гашта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар амал татбиқ карда шавад. Идеалогия ҳамон вақт ваҳдати фикриро дар ҷомеа ба вуҷуд меоварад, ки  таҷассумгари манфиатҳои он миллат ва ҷомеа бошад. Ва дар навбати худ, ҷомеа аз лиҳози илму хирад зарфияти дарку фаҳмиши манфиатҳои хешро дошта бошанд. Ба ҳамин хотир имрӯз ҷомеаи мутамаддин роҳи рушди худро бо тақвият додани таълиму тадрис дар ҷомеа интихоб карда, дар ин замина идеалогияи миллиро тартиб дода, бо сохтани ваҳдати фикрӣ тамоми аҳли ҷомеаро атрофи манфиатҳои миллӣ муттаҳид сохта, пешрафту инкишофи мунтазами онро таъмин намудаанд. Дар ин миён ҷиҳати ба вуҷуд овардани ваҳдати фикрӣ дар ҷомеа нақши идеалогияи миллӣ муҳим буда, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшонро бо назардошти таъмини ваҳдату амнияти миллӣ боз месозад. Идеалогия вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва арзишҳои миллӣ шакл мегирад ва новобаста аз омилҳои беруна, ҷанбаҳои ҳудудии он ба инобат гирифта мешавад, ки пеш аз ҳама ифодагари манофеи як гӯруҳ буда метавонад. Бо вуҷуди оне ки идеалогия дар давлати миллӣ дарбаргирандаи манофеи миллат аст дар навбати баъдӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ хизмат менамояд, яъне манофеи миллиро бо манофеи давлатӣ муттаҳид месозад. Моҳияти идеалогия бояд аз қонуниятҳое иборат бошад, ки масири ташаккули ваҳдати фикрӣ дар ҷамъиятро нишон дода, омилҳое ки метавонанд андешаҳои гуногуни ҷамъиятиро атрофи манфиатҳои миллӣ ҷамъ оварда, дар заминаи гуногунандешӣ дар чаҳорчӯби арзишҳои миллӣ фазои якдигарфаҳмиро ба вуҷуд оварад. Андеша танҳо доир ба ҳадафҳои меҳварии миллат метавонанд ягона бошанд, вале мумкин аст, ҷиҳати расидагӣ ба ин ҳадафу ормонҳо, андешаҳо гуногун бошанд. Ҳамин тавр идеалогия метавонад мафкурасоз буда, унсурҳое, ки қудратҳои зеҳниро барои муайн сохтани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо муттаҳид месозад, муайян намуда, имконияти корбурди онҳоро фароҳам месозад. Дар навбати аввал, идеалогия, бояд дарбаргирандаи манофеи тамоми ҷомеа бошад. Яъне моҳияти аслии он бояд аз ғояҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, ахлоқию эстетикӣ таркиб ёфта, баёнгари воқеияти тамоми қишрҳои ҷомеа ва мавқеи гуруҳҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ бошад. Танҳо дар ин сурат, идеалогия метавонад ҳамоҳангии фикриро дар ҷомеа таъмин созад. Вуҷуд доштани идеалогия, пеш аз ҳама ба хотири таъмини ваҳдату ҳамбастагӣ ва танзими муносибатҳо дар ҷомеа зарур аст. Аз ҷумла, ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами ниҳодҳои давлатӣ ва таъмини қонунияту тартибот, нақши идеалогия муҳим арзёбӣ гардида, дар ин замина асосҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ низ таъмин карда мешавад. Махсусан, нақши идеалогияи миллӣ дар самти ташаккули мафкураи миллӣ муҳим буда, аз падид омадани ҳар гуна зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа пешгирӣ менамояд ва таъсири манфии онҳоро ба афкори ҷомеа коҳиш медиҳад. Ҳамчунин, нақши идеалогия дар инкишофи шуури ҷомеа созгор буда, ҷиҳати амалӣ намудани амалҳои мушаххас ва талош барои расидан ба ҳадафи муайяне миллатро муттаҳид ва моил месозад. Идеалогия шароит фароҳам меоварад, то ҷомеа аз лиҳози манфиатҳои мушаххас ба олами воқеӣ назар афканда, дар муносибат бо дигарон аз онҳо ҳимоя намоянд. Аз ин рӯ, самти рушди ҷаҳонбинии ҷомеа тавассути идеалогия муайн карда мешавад ва бо ин тариқ тасаввуроти онҳо нисбат ба олами атроф инкишоф меёбад. Ҳамин тариқ, тавассути идеалогия ҷомеа аз як фазои фикрӣ ба фазои дигар рӯҷуъ намуда, ваҳдати фикриро ба вуҷуд меоваранд. Яъне, идеалогия, на танҳо масири рушди миллат ва ҷомеаро муайян месозад, балки ҷиҳати таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ хизмат менамояд. Дар баробари ин ҳадафи аслии идеалогия ба сӯи инкишофи шуури ҷомеа равона шудааст. Зеро нақши идеалогия ҳамчун як шакли шуури ҷомеа дар ташкил ва фаъолияти ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад. Хусусияти аз ҳама муҳими идеалогия дар он мебошад, ки субекти идоракунандаи ҷомеа ба воситаи он метавонад як қатор мушкилоти дохилӣ ва то андозае, мушкилоти фаромарзиро бидуни истифодаи чораҳои махсуси ҳавасмандгардонӣ ва ё маҷбурсозӣ ҳал намояд. Таҷрибаи чунин як амали мувофиқи мақсадро метавон дар фазои сиёсии ҷаҳонӣ Ғарб мушоҳида намуд. Онҳо бо вуҷуди дар даст доштани тамоми имкониятҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, масири амалисозии андешаҳои сиёсии худро тавассути тартиб додани идеалогия ва рушд додани он, муайян сохтаанд. Чунин раванд, дар марҳилаҳои махсуси худ бо истифода аз зарфияти иқтисодӣ ва ҳарбии онҳо сурат гирифта бошад ҳам, вале асоси муваффақияти онро маҳз таҳия ва мавриди амал қарор додани як идеалогияи фарогир ташкил медиҳад. Ба ҳамин хотир идеалогия бояд дарбаргирандаи арзишҳои волои инсони буда, дар навбати худ фарҳанги якдигарфаҳми ва таҳаммулпазириро ривоҷ бидиҳад. Яъне ҳар қадар идеалогия инсонмеҳвар бошад ва гуманизмро аз худ иникос намояд, ҳамон қадар, дар ҷомеа фарогир буда, ба шаклгирии ваҳдати фикрӣ боис мегардад.

Нусратуллои НАЗАРИЁН

https://farazh.tj/sahifai-asosy/siyosat/va-dati-fikr-va-idealogijai-mill/?fbclid=IwAR1BggOrXsFWexhYlxIYSIQYyBaxi0ua_3aR9LypYSdIUa9nKb5QSy8M2fo 

Хондан 1215 маротиба