JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 28 Июни 2022 08:21

Ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи миллӣ: мушкилот ва дурнамо

Муаллиф: Кароматулло АБДУХАЛИЛЗОДА

  Одатан маҷмӯи дониш ва тасаввуроти шахсро дар бораи олам ва муносибати инсонро ба он ҷаҳонбинӣ меноманд. Ҷаҳонбинӣ метавонад илмӣ ва метавонад ғайриилмӣ бошад. Ҷаҳонбинии илмӣ гуфта чунин дидеро оид ба олам медонанд, ки дар он масъалаҳои пайдоиш, тағйирёбӣ ва инкишофи олам ва тамоми раванду ҳодисаҳои табиию  ҷамъиятӣ дар асоси кашфиёти илмӣ шарҳу тавсиф меёбанд. Яъне, ҷаҳонбинии илмӣ дахолати  неруҳои фавқуттабиаро дар раванду ҳодисаҳои табиию ҷамъиятӣ истисно менамояд. Хусусияти фарқкунандаи ҷаҳонбинии илмӣ объективӣ будани мундариҷаи он ва тавассути таҷриба собит намудани асосҳои назариявии он мебошад.  Барои ҷомеае, ки пешрафти ҳаматарафа ва таъмини сатҳи хуби зиндагиро барои мардум ҳадафи худ қарор медиҳад, доштани ҷаҳонбинии илмӣ ҳатмӣ ва зарур аст. Зеро бидуни ҷаҳонбинии илмӣ на пешрафти ҷомеаро таъмин намудан мумкин аст, на сатҳи зиндагонии хубро. 

  Гузашта аз ин, надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро дар умум ва ҳар фарди онро дар алоҳидагӣ ба мушкилоти зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дучор мегардонад. Маҳрумӣ аз ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро асир, пойбанд ва вобастаи ҷомеаҳое мегардонад, ки дар онҳо ҷаҳонбинии илмӣ дар умум ҳукмрон аст. Ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ аз қонунияти инкишофи озодонаи ҷомеа маншаъ гирифта,  дар  замони муосир барои дилхоҳ ҷомеаи мутамаддин шакли ҳастии он ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар, ҳама гуна ҷомеа ҳатман ба фазои ҷаҳонбинии илмӣ ворид мегардад. Дар ин самт мушкил дар он ифода меёбад, ки баъзе кишварҳо  тезтар ва баъзе дертар ба он ворид мешаванд. Мантиқан он ҷомеаҳое, ки дар ҳамаи самтҳои ҳаёт илмро ба роҳбарӣ мегиранд, ба он тезтар ворид мешаванд. Ва баръакс, он ҷомеаҳое, ки илм ва дастовардҳои илмиро сарфи назар намуда, на танҳо куҳнапарастиро шакли ҳастии хеш қарор медиҳанд, балки ба он мақоми имтиёзнок низ медиҳанд, ба фазои ҷаҳонбинии илмӣ дертар ворид мешаванд. Ҳамин тавр, он ҷомеаҳое, ки дар зери таъсири илм ва навгониҳои илмӣ ба пешрафти назаррас ноил мегарданд, барои ҳастии ҷомеаи худ ва аҳли он мондагориро бардавом таъмин менамоянд. Баръакс, он ҷомеаҳое, ки куҳнапарастиро ихтиёр намудаанд, ба решаи худ теша зада, умри ҳастии ҷомеаи худу аҳли онро кутоҳ менамоянд. Зеро тибқи қонуни инкишоф дар натиҷаи бархурди тамаддунҳо сифатҳои нав тадриҷан ҷойгузини сифатҳои куҳна хоҳанд гардид. Ҳамзамон истисно нест, ки ҷомеаҳои навъи дуюм дар зери таъсири ҷомеаҳои навъи якум дер ё зуд ҳатман ба фазои ҷаҳонбинии илмӣ ворид мегарданд, аммо дар ин ҷода мушкил дар он ифода меёбад, ки то воридшавӣ аҳли он дар гирдоби мушкилоти шадиди иҷтимоию иқтисодӣ  қарор хоҳад дошт.

  Фардҳо ва гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ-этникӣ, иҷтимоӣ-касбӣ, иҷтимоӣ-динӣ, иҷтимоӣ-ҳудудӣ ба сифати субъекти ҷаҳонбинӣ баромад менамоянд. Он афрод ва қишру гурӯҳҳое, ки аз ҳукмронии ҷаҳонбинии ғайриилмӣ манфиатдоранд, ба ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ монеа эҷод менамоянд. Зеро ҷаҳонбинии илмӣ доираи фаъолияти онҳо, алалхусус баҳрамандӣ аз захираҳои моддии ҷомеаро  барои онҳо душвор мегардонад.   

  Зимни андеша доир ба ҷаҳонбинии илмӣ ва ғайриилмӣ мантиқан саволе пеши назар меояд, ки ҷомеаҳои ҷаҳонбинии илмидошта аз ҷомеаҳои дар ин самт мухолиф бо кадом сифатҳояшон фарқ менамоянд, ё ҷомеаҳои ҷаҳонбинии илмидошта ва ҷомаҳои маҳрум аз он шомили кадом сифатҳои фарқкунанда мебошанд:

1.Дар ҷомеаҳои шомили  ҷаҳонбинии илмӣ тафаккури илмӣ хоси аксари фардҳо  ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ маҳсуб мебошанд.

2.Ҷомеае, ки шомили ҷаҳонбинии илмӣ аст, илм дар он мавқеъ ва нақши муҳим ва тақдирсоз дошта, ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ мусоидат намуда, муҷиби сатҳи баланди зиндагии аҳолӣ мегардад.

3.Аҳли ҷомеа аксаран бо илм, махсусан улуми табиӣ машғул буда, тамоми ҳаводиси табиӣ ва ҷамъиятиро аз нигоҳи илм шарҳу эзоҳ медиҳад.

4.Дастовардҳои зиёди илмӣ ва татбиқи онҳо  дар раванди истеҳсоли неъматҳои моддӣ тамоми аҳолиро бо ҷои кор таъмин намуда, дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ва ҳар фарди он нақши муҳим мегузорад.

5.Аксаран ҳукмрон будани ҷаҳонбинии илмӣ ҷаҳонбинии ғайриилмӣ (манзур динӣ)-ро дар ҳошия қарор дода,  баҳраварӣ аз онро  кори фардии ҳар шаҳрванд мегардонад.

Ҳолати баръаксро дар ҷомеаҳои  ҷаҳонбинии илмияшон паст ва ё маҳрум аз он мушоҳида менамоем:

1.Дар ҷомеаҳои мазкур барои аксарияти аҳолии ҷомеа на тафаккури илмӣ, балки тафаккури эътиқодӣ хос мебошад.

2.Дар ҷомеаҳое, ки ҷаҳонбинии илмӣ ҳукмрон нест, дастовардҳои илмӣ низ назаррас нестанд.

3.Ба сабаби назаррас набудану рушд накардани улуми табиӣ истеҳсолот низ дар сатҳи зарурӣ рушд наменамояд.

4. Ба сабаби рушд накардани истеҳсолот аҳолии ҷомеа аксаран бекор мемонанд.

5.Ҳаводиси табиӣ ва ҷамъиятӣ дар чунин ҷомеаҳо  на аз мавқеи илм, балки аз  мавқеи дин, ғайриилмӣ шарҳ меёбанд.

6.Дар чунин ҷомеаҳо дин шакли ҳукмрони шуури ҷамъиятӣ маҳсуб ёфта, кушиш менамояд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ворид шавад ва ба таври ирратсионалӣ тамоми масоили табиӣ ва ҷамъиятиро ҳаллу фасл намояд.

  Таҳлили муқоисавии ду навъи ҷаҳонбинӣ моро водор менамояд, ки барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи хеш чораҳои мушаххас биандешем. Зимни тааммул бар болои саволи гузошташуда комилан аён хоҳад гашт, ки имрӯз барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ Ҳукумати кишвар ҷораҳое зиёдеро роҳандозӣ карда истодааст. Аз таълиму тарбия дар макотиби ҳамагонӣ сар карда то макотиби олӣ тамоми барномаҳои таълимӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ нигаронида шудаанд. Родиёю телевизион аксаран дар ҳамин самт хидмат мекунанд. Бо вуҷуди ин, на танҳо дар мафкураи насли ҷавон, балки дар зеҳни мардуми калонсолу ҳатто қишрҳои соҳибмаълумоти ҷомеа низ зарурати ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дарк карда мешавад. Сабаб чӣ бошад? Бедушворӣ дарк кардан мумкин аст, ки ба муқобили барномаҳои зиёди макотиби олӣ, ки яке аз ҳадафҳояшон ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ аст, дар ҷомеа амалкардҳои зиёде роҳандозӣ мегарданд, ки бешак монеаи ҷиддӣ  дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ маҳсуб меёбанд.

  Дар заминаи андешаҳои баёнёфта агар боз ҳам сарчашмаи мушкилоти ҷаҳонбинии мардуми мусалмонро дарёфтанӣ шавем, мебинем, ки он дар тақлиди кӯр-кӯрона ба анъанаи гузаштагон нуҳуфта аст. Тасаввуроти мардум дар бораи оламу раванду ҳодисаҳои табиию ҷамъиятӣ ба таълимоти қафомонда ва дур аз илм такя намуда, тадриҷан бо гузашти солҳо ҳукми анъанаро гирифтааст ва аз насл ба насл интиқол меёбад. Моҳияти анъанаи мазкур дар он ифода меёбад, ки қисмати бештари аҳли ҷомеа аз хондани китоб ва хоҳиши ба даст овардани маълумоти илмӣ дур афтоданд, лекин ба он чӣ аз гузаштагон ба онҳо нақл карда мешавад, итоаткорона ва бо боварии том пайравӣ мекунанд. Гузашта аз ин, чун дар анъанаи интиқолёфта ақлгароӣ вуҷуд надорад, мардум ба моҳият, таъинот, ҳадафҳои маълумоти интиқолёфта таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Чун аз умқи қарнҳо то ба имрӯз ба мардум таълим дода мешуд, ки дунё ва неъматҳои вай беарзиш буда, баҳри тағйир додани он набояд талош намуд, зеро дар ҳаёти вай ҳама чиз дар пешонияш навишта шудааст,   ӯро пассив ва тобеи сарнавишт гардонд. Дар натиҷа аксари одамон қобилият, хоҳиш ва ҳатто  қудрати иваз намудани тақдири худро ба фаромӯшӣ супориданд. Таълим дода мешуд, ки новобаста аз талошҳояш ҳар шахс бо ҳамон сарнавиште рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки барои ӯ муайян шудааст. Бинобар ин, ғояи канораҷӯӣ аз дунёю неъматҳои он мағзи таълимоти диниро ташкил дода, дар ташаккули ҷаҳонбинии ғайриилмӣ нақши муайянкунанда бозид. Ин ҷо мо метавонем ба сифати далел иқтибосеро аз таълимоти яке аз нобиғагони фарҳанги исломӣ дар қарнҳои миёна Муҳаммад Ғазолӣ, ки дар кишти тухми ҷаҳонбинии ғайриилмӣ дар мафкураи аҳли ҷомеа нақши бориз дорад, зикр намоем: «Ва агар аҳли басират нестӣ, аҳли тақлид бош ва ба он имон биёвар ва таҳдидҳое, ки Худо ва расулаш кардаанд, диққат кун ва дар оёт ва аҳодисе, ки туро аз дунё барҳазар медоранд, бияндеш. Худои Таоло мефармояд: «Касоне, ки дар эҳсон ва аъмоли некашон зиндагии дунё ва зеварҳои онро ирода мекунанд, подоши аъмолашонро дар дунё бидуни нуқс медиҳем» (Ҳуд, 16) ва низ мефармояд: « Куфри он қавм баъд аз имон бад-ин сабаб буд, ки зиндагии дунёро бештар аз охират дӯст доштанд ва худованд гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад» (Наҳл, 107), ва низ мефармояд: «Аммо касе, ки туғён кард, ва кофир шуд ва зиндагии дунёро бар охират тарҷеҳ дод, бешак дӯзах ҷойгоҳи ӯст» (Нозиот, 38,39) шояд сулси Қуръон дар замм (мазаммат)-и дунё ва замми аҳли он аст. Ва ҳазрати расули Худо (с) фармудааст: «Дунё ва ҳар чӣ дар он аст, малъунанд, магар чизе, ки барои Худо бошад», ва низ фармудааст: «Бисёр ҷои тааҷҷуб аст касе,  ки сарои охиратро бовар мекунад, чӣ гуна барои сарои ғурур мекӯшад»[1]. Ғазолӣ ҳамчунин дар ҷои дигари асари мазкур боз фармудааст: «Бидон, ки муҳаббати дунё  бузургтарини гуноҳон аст ва агар тамоми хатоҳоро ҷамъ карда,  аз он муҷассами инсонӣ бисозанд, муҳаббати дунё ба манзалаи сари он аст ва дунё фақат ҷоҳу мол нест, балки қисматҳо ва шуъбаҳои зиёд дорад ва сарвату ҷоҳ ду шуъба аз онҳо мебошанд. Тамоми ҳолатҳои қабл аз марг дунё  ва ҳолатҳои баъд аз он охират ба ҳисоб меоянд. Ба иборати дигар ҳар чизе ба ҷуз илму маърифат ва озодӣ, ки дар дунё аз онҳо баҳраманд мешавӣ ва марг туро аз он ҷудо месозад, аз умури дунявӣ ба шумор меояд ва чизҳое, ки баъд аз марг бо худ мебарӣ, аз умури ухравӣ маҳсубанд ва аҳли басират аз онҳо лаззат мебаранд»[2].

  Бешак чунин андешаҳои пурра аз таълимоти динӣ маншаъгиранда аз насл ба насл интиқол ёфт ва дар рагу хуни мардум ҷой гирифта, решаи амиқ пайдо кард ва имрӯз муайянкунандаи ҳувияти ӯ, фарҳанги ӯ, сарнавишти ӯ ва муҷиби аксари бадбахтиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии ӯ гардидааст. Бояд эътироф намуд, ки маҳз таълимоти мазкур хусусияти ақлгароиро, ки таърихан ба миллати тоҷик хос буд, нест намуд. Маҳз таълимоти мазкур шуғли китобхониро, ки миллати мо бо он меболид, аз ӯ рабуд. Ҳамин аст, ки мардум аксаран аз тааққулу тафаккур дур шуда, бевосита бандагони итоаткор ва манқуртҳои мубаллиғони дин гардиданд.

  Дар шакл гирифтани тасаввуротҳои ғайриилмӣ ва тақдирпарвар мо гуноҳро пурра ба таълимоти динӣ ҳамл карданӣ нестем. Зеро таълимоти динӣ ба ҷуз аз оятҳои сершумори ба ҳукми сарнавишт  раҳнамоикунанда боз шомили оятҳо ва ҳадисҳое низ мебошад, ки мардумро ба фаъолнокӣ, ҳокими сарнавишти хеш будан, баҳри манфиатҳои хеш талош варзидан равона месозанд. Аз ҷумла, ояти 39-40 аз сураи «Наҷм»: «Ва аз он ки одамиро ҷуз он чӣ амал кардааст,[чизе] нарасад; ва аз он ки саъйи ӯ дида хоҳад шуд», ё ҳадиси «Талош кун барои чизе, ки туро нафъ мебахшад ва оҷизӣ макун» ба соҳибирода будани шахс ишора менамоянд. Дуруст аст, ки шумори чунин ояту ҳадисҳо дар муқоиса бо ояту ҳадисҳое, ки фалсафаи ҷабрро таблиғ мекунанд, камтаранд, лекин ҳамин шумори кам ҳам аз ҷумлаи таълимотҳои динӣ маҳсуб меёбанд. Мушкил дар ин самт дар он ифода меёбад, ки онҳо ба мардум ба таври бояду шояд дастрас намегарданд, ё аниқтараш онҳо дар мавъизаи таблиғгарони дин мақоме ҳам надоранд. Ба ҳамин зумра ояту ҳадисҳо метавон ояту ҳадисҳоеро дохил намуд, ки ба мақоми илму дониш дахл доранд. Дар мавъизаҳо зимни ташвиқи илму дониш танҳо улуми динӣ дар назар дошта мешавад. Чаро? Комилан аён аст, ки ҳам дар мавриди якум (масъалаи саврнавишт ва озодии ирода) ва ҳам дар мавриди дуюм (ташвиқи улуми динӣ дар муқобили улуми табиӣ) таблиғгарони дин танҳо аз доираи манфиатҳои дунявии хеш ба масъала назар меандозанд. Онҳо манфиатдор нестанд, ки тавассути ояту ҳадисҳои мазмунан ба озодии ирода ва фаъолнокии шахс бахшидашуда ё таблиғи улуми табиӣ доираи фаъолияти худро маҳдуд намуда, ба манофеи дунявии худ хисорот ворид созанд. Зеро дин барои онҳо сарчашмаи даромад ва зиндагии орому осуда аст. Аз ин нуқтаи назар, дар ҷомеа ҳар чӣ бештар будани бандаҳои манқурт (пурра итоаткору орӣ аз тааммулу тааққул) барои онҳо манфиатбахш аст. Аз тарафи дигар, бандагони манқуртшуда, чун дар тӯли таърих аз хондани китоб дур монда ба он одат кардаанд,  маълумоти динии омодашударо ба хубӣ меписандад. Чуноне ки хӯроки майдахоидашударо ҳазм намуданаш осон аст, онҳо низ дар тӯли таърих ба гирифтани маълумоти омодашуда, бидуни сарфи нерӯи зарурии ақлонӣ одат намудаанд.   Барои чӣ мардум хӯроки ҳазмшуда, ё ба қавли дигар маълумоти динии тайёрро меписанданд? Ин ҷо бояд таъкид намуд, ки на танҳо бар мардуми мусалмон, балки бар тамоми башарият хос аст, ки зимни мавҷудияти интихоб ҳар он чиро, ки ба осонӣ ба даст меояд,   тарҷеҳ медиҳанд.

  Ҳамин тавр, мардуми мусалмон маводи тайёри диниро аз таблиғгарони дин дар шакли тайёр гирифта, аз илму дониш ва тафаккуру тааққул дур монданд ва одат намуданд, ки маълумоти динии муғризона интихобнамуда ва яктарафа баҳогузоришударо ба сифати таълими ягона дурусти динӣ бипазиранд ва раванди фаъолияти ҳаётии худро тибқи он аҳкоми ба таври сунъӣ сохташуда ба роҳ монанд. Равиши мазкур аллакай дар қуруни вусто ташаккул ёфта реша давонда буд ва аз насл ба насл то ба имрӯз расид. Аз ин навишта на бояд чунин бардошт намуд, ки таълими диниро дар ҷомеа бояд нерӯ бахшид,  балки бояд чунин хулоса баровард, ки мардум худ дар ҷустуҷӯи донистани моҳияти дин ва таърихи интишори дин бошанд, то донишҳояшон доир ба дин мутаассибона нею аз нигоҳи илмӣ асоснок бошанд. Набояд фаромӯш намуд, ки то он вақте,  ки дар ҷомеа таблиғгари дин мақом дорад, сухани як донишманд ва ғамхори воқеии мардум ба гӯши ӯ нахоҳад расид ва агар расад ҳам пазируфта нахоҳад шуд.   Зеро мардум то андозае тақлидкори анъанаҳои қадима гардидаанд, ки онҳоро навовар сохтан ҳам кори саҳл нест ва ҳам ин амал вақти тулониро тақозо менамояд.

Барои ислоҳи вазъи мавҷуда чӣ бояд кард? Аз нигоҳи мо ислоҳ дар самтҳои мазкур хеле зарур ва ҳатмӣ маҳсуб меёбад:

-истифода аз таблиғгарони дин;

-таълими таърихи воқеии дин;

- таълими дурусти дин;

-водор намудан ба тафаккури илмӣ.

  Бояд эътироф намуд,  ки таассуби динии таблиғгарони имрӯзаи дин аз таассуби динии ҳатто саҳобаҳо бештар ва бошиддаттар гардидааст. Бидуни шак саҳобаҳо нисбат ба дингароёни имрӯза бештар дунявӣ буданд. Зимни омӯзиши моҳият ва таърихи дин эҳсос мегардад, ки қудсияти арзишҳои динӣ ба сабаби таассуби динии дингароён ба маротиб афзун ёфтааст. Бинобар ин, зарур мегардад, ки эҳсоси худшиносии миллии дингароёни ҷомеа бедор карда шаваду худи онҳо дар рӯҳияи эхтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия карда  шаванд. Дар ин замина шинос намудани онҳо бо таърихи воқеии интишори ислом (на таърихи таҳрифшудаи динӣ), моҳияти ҳақиқии таълими Куръон (рабти мундариҷаи Куръон бо воқеияти ибтидои қарни VII Арабистон), баҳраварӣ аз улуми табиатшиносӣ (махсусан масъалаҳои пайдоиши олам, гардиши шабу рӯз, боридани борон, рӯидани растаниҳо ва амсоли инҳо) аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

  Иқдоми дуюм дар самти мазкур таълими дурусти таърихи дин аст. Пӯшида нест, ки имрӯз таърихи дине маъмул аст, ки аз тарафи манфиатҷӯёни дин сохтакорӣ шудааст. Таълими таърихи воқеии дин имкон медиҳад, ки сатҳи таассуб пасттар гардонида шавад.

  Иқдоми сеюм аз нигоҳи мо аз он иборат аст, ки худи дин бояд дуруст таълим дода шавад. Аввалан, ба дин, арзишҳои динӣ ва раванду ҳодисаҳои динӣ бояд аз дидгоҳи илм баҳогузорӣ карда шавад. Сониян, дар ҳолате, ки гурӯҳҳои мухталифи динӣ аз оятҳою ҳадисҳо муғризона истифода мебаранд, чаро ба хотири манфиатҳои дунявии мусалмонон ҳамин гуна амал дар ҷомеа роҳандозӣ карда нашавад? Ҳамзамон ошкор сохтани робитаи мундариҷаи таълимоти Қуръон бо воқеияти ибтидои қарни VII Арабистон бешак сатҳи бегонапарастиро дар ҳамаи қишрҳои дингаро коҳиш дода, эҳсоси худшиносии онҳоро бедор менамояд. Зеро иқдоми мазкур сатҳи қудсияти ба таври сунъӣ сохташударо заиф сохта, диди навро ба арзиши динӣ тақозо менамояд.

  Хулоса, барои он ки мардуми мусалмон аз қишри тайёрхӯр ба қишри созанда, офаранда, эҷодкор ва мутамаддин табдил ёбад, бояд, пеш аз ҳама, мушкилоти мавҷударо паси сар намуда, ҷаҳонбинии илмии хешро ташаккул дода рушд бахшад.

Кароматулло АБДУХАЛИЛЗОДА

номзади илми фалсафа

[1] Имом Муҳаммад Ғазолӣ. Китоб-ул-арбаин. Тарҷумаи Бурҳониддин Ҳамдамӣ. Интишороти иттилоот. Теҳрон-1381. Саҳ. 147. 

[2] Ҳамон ҷо; саҳ.144.

Хондан 1158 маротиба