JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 30 Июни 2022 04:45

Назаре ба системаи фалсафии Артур Шопенгауэр

Муаллиф: Муҳаммадалӣ МУЗАФФАРӢ, Сайҳуна МУҲАММАДИЕВА

   Файласуфи машҳури Олмон Артур Шопенгауэр дар давоми ҳаёти пурбаракати худ эҷодиёти гаронбаҳое аз хеш боқӣ мондааст. Яке аз асарҳои асосии ӯ бо номи “Ҷаҳон ҳамчун ирода ва тасаввурот” маълум ва хеле машҳур аст. Ин асари дуҷилдаи ӯ масъалаҳои зиёди мавҷудияти оламро дар бар мегирад.  Ба андешаи мутафаккир, он чи ки файласуфон аз замони антиқа то ба имрӯз муаммои ҳастиро ҷӯстуҷӯ менамуданд ва кашфиёти худро ҳамчун андешаҳои фалсафӣ меҳисобиданд, дар ҳақиқат чунин набуд, “Фалсафа ҳамон аст, ки ман пешниҳод намудаам ва дар ҳақиқат ҷаҳон аз “ирода ва тасаввурот” беш нест”[1]. Аз ин андешаҳои мутафаккир бармеояд, ки дар ҳақиқат оламро ҳамчун амали ирода ва тасаввур эътироф бояд кард. Таъсири ин асар ба адабиёти фалсафии баъдина ба назар мерасад. Беҳуда нест, ки пайдоиши мактабҳои фалсафии “Эгзистенсиализм”, “Персонализм”, “Фалсафаи ҳаёт” ва “Фрейдизм” азандешаҳои Шопенгауэр сарчашма мериганд. Бештари ин мактабҳо андешаҳои калидии худро аз асари “Ҷаҳон ҳамчун ирода ва тасаввурот” гирифтаанд.

  Артур Шопенгауэр дар муқоиса бо дигар мутафаккирон дар бораи системаи фалсафии худ андешаҳои зиёде баён намуда буд. Ба ақидаи ӯ системаи фалсафии ӯ аз ҳама системаҳои фалсафии дигар тафовут дорад. Ӯ миёни андешаҳои фалсафии худ ва дигар мутафаккирон, тафовути зиёдеро мебинад ва танҳо андешаҳои Афлотуну Кант ва Ведҳоро ба худ наздик меҳисобад. Мутафаккир наздик будани фалсафаи худро ба фалсафаи Афлотун, Кант ва Ведҳо чунин баён намудааст: “Фалсафаи ман аз таълимоти Афлотун, Кант ва Ведҳо сарчашма мегирад. Ба ғайр аз ин мухолифи метафизикаи насронӣ низ нест”[2]. Пазируфтани фалсафаи Ведҳоро чунин шарҳ медиҳад: “Хондани Упонишодҳо дар зиндагӣ барои ман тасаллие буд ва ҳангоми вафоти ман ҳамчун қувваи тассалибахш боқӣ хоҳад монд”[3]. “Монанди дигарон фалсафаи ман мутобиқи қонуни асоси басанда, чун дигар илмҳо набуда, ҳамчун ҷавобгӯй ба саволи чист?, мебошад”[4]. Бо ин андеша Артур Шопенгауэр иброз медорад, ки барои ман аз куҷо, бо кадом мақсад ва барои чӣ пайдо шудани олам моҳияте надорад. Аз ин хотир ӯ кӯшиш намудааст, ки чӣ будани оламро таҷассум намояд. Фалсафаи Шопенгауэр, ба ақидаи ӯ пешгӯӣ ва пешниҳод намудани андешаҳои нав дар бораи ҳастӣ набуда, мақсадаш чӣ будани чунин ҳастиро муайян кардан аст, бинобар ин, чунин фалсафаро фалсафаи танқидӣ гӯянд.  

  Чи тавре, ки дар боло зикр шуд, Артур Шопенгауэр дар давоми ҳаёти худ асарҳои зиёде эҷод намудааст. Яке аз асарҳои маъруфи ӯ, чунон ки номбар шуд, “Ҷаҳон ҳамчун ирода ва тасаввурот” номгузорӣ шудааст. Асарҳои дигараш, ки номҳои мухаталиф доранд, чунинад: “Ирода дар табиат”, “Афоризмы житейской мудрости”, “Афоризмы и максимы”, “О четверояком корне закона достаточного основания”, “Две основные проблемы этики”, “Введение в философию” ва ғайра. Дар баробари ин, Артур Шопенгауэр андешаҳои зиёде ҳамчун илова ба асарҳои ба ахлоқ, мантиқ, дин, диалектика, зебоишиносӣ, ҳуқуқ ва ғайра масъалаҳо бахшидашуда, навиштааст. Дар ин асарҳои хурдҳаҷм Артур Шопенгауэр гӯё андешаҳои иловагӣ ба асарҳои бузургҳаҷми худ баён намудааст. Дар яке аз чунин иловаҳо Артур Шопенгауэр нисбат ба системаи фалсафии худ чунин андеша баён намудааст: “Системаи фалсафии ман қалъаи Фиевро мемонад, ки аз кадом даре, ки ворид нашавӣ, ҳатман ба маркази он хоҳӣ расид”[5]. Аз ин андешаҳо бармеояд, ки системаи фалсафии Шопенгауэр дар ҳақиқат аз дигар системаҳои фалсафӣ тафовут дорад. Дар таърихи фалсафа дар самти арзишгузории андешаҳои фалсафӣ иштибоҳе ҷой дорад, ки мутобиқи он гӯё маҷмӯи асарҳо системаи фалсафии ин ва ё он мутафаккирро ташкил медода бошанд, вале чунин андешаҳо ҳақиқате надоранд, чунки маҷмӯи асарҳо худ ба худ системаи фалсафиро ба миён намеоваранд. Аз ин рӯ, бояд қайд намуд, ки системаи фалсафӣ гуфта, маҷмӯи андешаҳоеро дар назар доранд, ки андешаҳои гуногун ба хотири ҳарчи бештар равшан намудани идеяи консептуалии мутафаккир равона шуда бошанд. Агар андешаҳо гуногунмазмун бошанд ва андешаи асосиро муайян насозанд, пас онҳо ҷузъиёти система шуда наметавонанд. Бо ин меъёр мавҷуд будани системаи фалсафиро дар эҷодиёти ин ва ё он мутафаккир муайян намудан мумкин мумкин аст.

  Андешаи дигари Артур Шопенгауэр бп масъалаи “озодии ирода”бахшида шудааст. Масъалаи озодии ирода яке аз масъалаҳоест, ки дар таърихи фалсафа аз замони антиқа баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба миён овардааст. Асосан “озодии ирода” яке аз масъалаҳои равонӣ ва хирадии инсон ба шумор меравад. Дар чорчубаи шинохти табиат ва моҳияти инсон ин масъала дар фалсафаи Юнон, асримиёнагӣ, давраи Эҳё дар фарҳанги Аврупо ва ҳамзамон дар фалсафаи Ведҳо ва Авасто низ мавриди таҳиқиқ ва таҳлил қарор доштааст. Ирода ба ақидаи ӯ ҷавҳари нахустин ва субстансияи аввалин дар кайҳони моддӣ эътироф шудааст. Ба мисли он ки Афлотун - идея, Арасту - интелехия, Лейбнитс - монада, Гелел - рӯҳи мутҳақ ва Кант - ашё дар худро ҳамчун субстансияи ҷавҳарӣ номидаанд, Атрур Шопенгауэр иродаро дар ҳамин дараҷа пазируфтааст. Дар муқоиса ба андешаҳои пеш аз вай баёншуда Шопенгауэр ҳам ҷаҳони моддӣ ва ҳам маънавиро дар симои ирода ва тасаввур тасвир намудааст.

  Ба андешаи Артур Шопенгауэр нисбат ба субстансияҳои дар боло зикршуда ирода ва тасаввур ҳолатҳое мебошанд, ки дар ҷисми инсон мушоҳидашавандаанд ва дар объективӣ будани онҳо шакку шубҳае ба миён намеояд. Масалан, дар муқоиса бо рӯҳи мутлақи Гегел, ки ба олами моддӣ иртиботе надорад, ирода ба андешаи Шопенгауэр дар раванди офариниш ҷаҳони “объективӣ”- ро ба миён овардааст, ки тасаввур нисбат ба ирода мақоми дуввумро ишғол намудааст. Агар рӯҳи мутлақ ҳодисаи абстрактӣ ва назариявӣ бошад, ирода ҳодисаи объективӣ ва дар ҷисм таҷассумшуда ба назар мерасад. Аз ҳамин сабаб ирода дар шакли объективӣ ҳамчун ашё ва дар шакли субъективӣ ҳамчун қувва пазируфта шудааст.

  Нисбат ба озодии ирода ҳаминро бояд дар назар дошт, ки ирода ва тасаввур дар раванди объективӣ қонуни заруратро ба миён овардаанд. Қонуни зарурат дар навбати худ бо далелҳо мукаммал шудааст. Ба ақидаи Шопенгауэр агар инсон дар интихоби ин ва ё он амал ба далел ва зарурат такя накунад мантиқист, ки амалеро иҷро карда наметавонад ва ҳангоме, ки ду ва зиёда далелҳо мавҷуданд, инсон ҳамонеро интихоб мекунад, ки тасаввури ӯ заруртар ва қобили қабул аст. Аз ин ҷо бармеояд, ки ирода дар интихоби амал озод нест ва ба қонуни зарурат ин ва ё он амалро иҷро хоҳанд кард [6].

  Барои муайян кардани дараҷаҳои озодии ирода Артур Шопенгауэр ба таҳқиқ ва таҳлиили хислати инсон мепардозад. Хислати инсонро аз мавқеи эмпирикӣ, муқаррарӣ, модарзодӣ ва индивидуалӣ таҳқиқ мекунад. Дар ҳар кадоми ин ҳолатҳо хислати инсонро доимӣ ва тағйирнаёбанда меҳисобад. Ин пойдории хислат далели пойдории ирода аст ва дар ҳар сурат бе ягон дигаргунӣ хислати инсон амалеро иҷро мекунад, ки аз далел оғоз шуда, такя бар қонуни зарурат дошта бошад. Дар бораи устувории хислат Шопенгауэр дар яке аз навиштаҳои худ чунин мегӯяд, ки агар инсон абадӣ мебуд, дар хислати ӯ дигаргуние ба вуҷуд намеомад ва такроран ҳамон амалҳое, ки иҷро намудааст, боз такроран иҷро менамуд.

  Дар асоси гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин, ки андешаҳои Артур Шопенгауэр дар маҷмӯъ системаи мукаммали андешавиро ташкил медиҳанд, чунки ӯ кӯшиш намудааст, ки ҳар як андешаи дар асарҳояш баёнгардида, дар шакли бевосита ва ё бавосита ба андешаи асосии вай, яъне “Ҷаҳон ҳамчун ирода ва тасаввурот” рабт дошта бошанд. Аз ин рӯ, Артур Шопенгауэр беҳуда қасри Фиевро ҳамчун намуна ба фалсафаи худ мисол наовардааст. Нисбат ба системаҳои фалсафӣ ва тарзи баёни фикр Артур Шопенгауэр андешаҳои зиёде пешниҳод намудааст. Дар яке аз афоризмҳои худ ӯ чунин мефармояд, ки андешаҳои фалсафӣ бояд равшан ва фаҳмо баён шаванд, то ки хонанда ҳангоми қироат кардан мушкилиеро дар фаҳмиши мазмун дучор наояд. Бо ин ҳадаф ӯ мегӯяд, ки “Тозагии оби кули Швейтсария ҳамзамон шоҳиди чуқурии ин об аст”[7]. Бо  ин андеша мутафаккир гуфтан мехоҳад, ки равшан баён намудани фикр ҳамзамон аз моҳият ва мазмуни ниҳонии андеша шаҳодат медиҳад. Ин андешаҳо аз тарафи Артур Шопенгауэр ба он мақсад гуфта шудаанд, ки дар он замонҳо андешаҳои фалсафии баъзе аз мутафаккирон бениҳоят мураккаб ва нофаҳмо баён мешуданд. Бо чунин арзишгузорӣ Артур Шопенгауэр пеш аз ҳама Гегелро дар назар дошт.

  Бо ҳамин тариқ гуфтан мумкин аст, ки агар меъёрҳои доштани системаи фалсафӣ ба ин ва ё он мутафаккир нисбат дода шавад, на ҳама мутафаккирон системаи фалсафии худро доро мебошанд. Чунон ки гуфта шуд, системаи фалсафӣ бояд андешаи ягонаи фалсафиро (ба ҷузъиёти вай нигоҳ накарда)  доро бошад. Асарҳои дар боло қайдгардида шаҳодат медиҳанд, ки Артур Шопенгауэр соҳиби системаи фалсафӣ мебошад.

  

Муҳаммадалӣ МУЗАФФАРӢ

 доктори илмҳои фалсафа, профессор

Сайҳуна МУҲАММАДИЕВА

корманди Маркази антропологияи АМИТ

Адабиёт

  1. А. Шопенгуэр. Мир как воля и представление. В 2-х томах. Т. 2. Минск- 1999.
  2. Атрур Шопенгауэр. О свободе воли. Минск – 1999.
  3. Артур Шопенгауэр. Афоризмы и максимы. – Л., Изд. ЛГУ, 1991.
  4. Артур Шопенгауэр. Афоризмы житейской мудрости. Минск – 1999.
  5. Артур Шопенгауэр. Введение в философии. Минск – 2000.

 

 

[1] А. Шопенгуэр. Мир как воля и представление. В 2-х томах. Т. 2. Минск- 1999. С. 179.

[2] А. Шопенгауэр. Афоризмы и максимы. – Л., Изд. ЛГУ, 1991. С. 273.

[3] Ҳамон ҷо.

[4] Ҳамон ҷо - с. 206.

[5] А. Шопенгауэр. Введение в философии. Минск – 2000. С. 62.

[6] А. Шопенгауэр. О свободе воли. Минск – 1999. С. 46.

[7] А. Шопенгауэр. Введение в философии. Минск – 2000. С. 62.

Хондан 1223 маротиба