JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 30 Июни 2022 05:37

Хирадгароӣ асли бунёди тамадуни инсонӣ

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Хирадгароӣ ва хирадандншӣ муҳимтарин шохиси инсонӣ аст, ки онро бар тамоми анвоъи зинда мутамоиз месозад. Он чи дар дарозои замони мавҷуд инсон ҷиҳати рафъи мушкил, бароварда кардани ниёзҳояш офаридааст, онон ба андешаву хирад ҳамбастагӣ доранд. Ба ибораи дигар, агар дигар анвоъи зинда (ҳайвонот дар назар аст) ҷиҳати зинда мондан танҳо ғариза такягоҳи онон бошад, инсонро сабаби мондагорияш андешаву хирад будааст. Қобили зикр аст, табдили  хирадгароӣ ба як раванди иҷтимоӣ дар мароҳили навини тамаддуни башарӣ шакл гирифта, ҷомеаи хирадгароро ба миён овардааст.Ҷомеаи хирадгароро метавон ҷомеаи маданӣ низ номид. Яъне ҷомеаи маданӣ гуруҳе аз мардум аст, ки бо ҳам ваҷҳи муштарак дошта бошанд ва равобити онҳоро ахлоқ, огоҳӣ, доноӣ, зиракӣ, ҳушёрӣ ва маърифати дурусту илмӣ аз воқеияти ҷаҳон ташкил медиҳад. Ба тарзи дигар ҷомеаи маданӣ кишвари қонунманд таъбир мешавад, ки бунёди онро доноӣ, огоҳӣ ва хирадпешагӣ ташкил медиҳад. Ҷомеаи маданӣ, ҷомеаест, ки афроди он ҳама бо нерӯи инсонии худ боварманд ва низоми он бар асоси қонуну андеша пуё аст. дар чунин навъи ҷомеа бовармандӣ хислати дарунӣ дорад ва ҳар фард дар доштани боварҳои худ озод аст ва ба афроди дигар монеа эҷод намесозад. Бовар кори фард буда, он ҳеҷ гоҳ ба сиёсат, тавсеа ва созандагии кишвар дахолате надорад. Балки бовар имонию дарунӣ аст ва дар сатҳи куллии ҷомеа қонуну хирад нақши ҳассос ва таъйинкунанда доранд. Дар ҷомеаи маданӣ рӯҳониёну уламои динӣ ҳеҷ нақши қонқгузорӣ надошта масъулияту корашон шахсию фардӣ буд ва онҳо ба дурӣ аз қарордодҳои иҷтимоӣ амал мекарданд. Ҳар гоҳ ки руҳониён дар уламои динӣ дар сиёсат ва қонунгузории иҷтимоӣ дахолат намудаанд, ин дахолатҳо муҷиб шудааст, ки даргириҳои таърихии бузургро ба вуҷуд оваранд ва ба хунрезию накбат ва куштори мардум мунҷар гардидааст.

Ҳар гоҳе ба бомдоди шаклгирии андеша ва тарзи тафаккури гузаштагонамон то замони лашкаркашии бегонагон ва зери салтанатҳои аҷнабӣ қарор гирифтани онҳо назар афканем, хоҳем дарёфт, ки онон ҳамеша бо хирадандешӣ ба воқеияти табииву ҷаҳон назар афкандаанд.Далел ба ин гуфтаро метавон дар ҷашну маросимоти мардумии қавмҳои орёӣ дарёфт, ки ҳамаи онҳо дар маърифат ва шинохти андешамандона ба воқеияти табиву ҷаҳон будаанд. Метавон дар тафовут ба бовармандии қавмҳои дигар ҳатто бовармандии ориёиро хирадҷавҳар номид, зеро дар кӯҳантарин бовари онҳо пайваст ба нур ва хуршед аст. Чун онҳо ҳамеша мутмаъин буданд, сабаби рушду зиндагонӣ нур ва гармию хуршд аст. Ба ин тарзи бовару андеша низ ҷуғрофиёи зисти эрониён таъсиргузор будааст. Азбаски онҳо дар минтақае мезистанд, ки тамоми фаслҳои сол аз ҷумла зимистон, бо тирамоҳ нисфе аз солро дар бар мегирифт ва барои зинда мондан ба нуру гармӣ эҳтиёҷ доштанд, аз ин рӯ ҷавҳари ҳастӣ нуру рушаноиро медонистанд. Яъне бовармандии қавмҳои ориёӣ бештар ба ҷуғрофиёи зист ва тарзи бароварда кардани ниёзҳояшон марбут аст, ки ин мардумон чун ба воситаи кишоварзӣ ниёзҳои худро бароварда месохтанд ва барои кишоварзӣ нуру гармии хуршед низ бисёр муҳим будаст, аз ин рӯ онҳо мабдаи қудрату энерҷӣ хуршед ва нурро медонистаанд. Ҳамин аст, ки онҳо ҳамеша дар анвои боварҳои худ нур, хуршед, меҳр, оташ ва ҳар он чи ки аз худ гармӣ меафканд онро меҳвари зиндагӣ медонистанд. Яъне бо тафовут ба қавмҳои дигар ҳеҷ гоҳ дар теологияи худ, думболи сохтаҳои зеҳнӣ ва тахаюлот инчунин қудратҳои фарозаминии инсонмонанд нарафтаанд. Худобоварии онҳо бештар хирадгароёна ва мантиқӣ будааст. Ҳамчунин тавҳидашон, тавҳиди ишроқӣ (бар пояи нур) аст, на тавҳиди ҷисмонӣ. Ҳамин аст, ки дар арзишҳои ориёӣ андешаи накӯ ва хирадандешӣ яке аз андешаҳои бартар ба ҳисоб меравад. Зеро тамоми амалкарди инсон аз андешаи ӯ оғоз мегардад ва ҳар қадар агар андеша, нек, дуруст ва орӣ аз дурӯғ бошад, он метавонад сабаби хушбахтӣ, рифоҳ ва осоиштагии инсонҳо гардад. Ҳамин аст, ки дар тамоми афкори ориёӣ накуандешӣ ва ростиву парҳезкорӣ аз тамоми андешаҳои дигар ҷойгоҳи болотаре дорад. Ба тарзи дигар метавон гуфт, хирадгароӣ меҳвари фарҳанги ориёиро ташкил медиҳад. Ҷавҳари хирадгароиро озодӣ ва меҳр, накуандешӣ ташкил медиҳад, ки бунёди аслии инсоният ва тафовути инсон ба ҳама анвоъи зиндаи дигар аст. Дар ҳар ҷое аз дунё агар ин мафҳумҳо ҳамчун арзиши аслии зиндагии инсонӣ қабул шуда риоят гарданд, он ҷо ҳатман дар амну осоиштагӣ ба сар мебаранд.

Нахустин андеша ва тафаккуре, ки аз хирад маншаъ мегирад ҳазорон сол пеш дар навиштаҳои Авасто инъикос гардидааст. Андешаи Авастоӣ ба дур аз паёмоварони расмӣ иртибот доштааст. Як фарҳанг ва донишгоҳи куҳан ва бузурге аст, ки фаротар аз 8 ҳазор сол қадимият дорад. Ин навишта, ки бар 120 ҷилд китоб дар замони худ будааст, мутаассифона бо андаке даврон махсусан дар замони ҳамлаи Искандар аз байн рафта имрӯз аз он 120 ҷилд як навиштаи кӯтоҳу муҷазе то ба мо омада расидааст.

 Яъне вақте гап дар бораи ҷомеаи мо меравад, боястӣ ҳар андешаву тассаввур аз он дидгоҳ сурат бигирад, ки то тавонанд бар масоили тарзи зисти инсон, мушкилоти зистӣ ва роҳҳалҳои он баҳои воқеию таҷрибапазири илмӣ ироа намоянд. Хирадгароӣ тарзи тафаккур ва андешаест, ки танҳо аз роҳи мантиқиву хирадӣ ва аз роҳҳои таҷрибашудаву пуё метавонад бар роҳҳалҳои зистан ҷавоби саҳеҳу қонеъкунанда ба даст оварад. Ҳарчанд башар дар дарозои мавҷудияти худ вобаста аз типи тафаккур ва роҳҳои бароварда кардани ниёзҳои иҷтимоию инсонии хеш василаҳои зиёдеро ки гоҳе онон шояд натавониста бошанд, ба таври воқеӣ ниёзҳои ҷомеаи инсониро бароварда созад. Аз рӯи додаҳои таърихӣ тарзи тафаккури бостонии мардумони сарзамини мо мантиқӣ ва воқеънигорона буд. Ҳамеша онҳо хирадандеширо болотар аз ҳама гуна андешаҳои эҳсосӣ ва тассаввурию тахаюлӣ қарор медоданд. Ҳамин аст, ки барои мардумони сарзамини мо болотар аз андеша (яъне тасмим, ҳадаф) муҳимтарин омили некандешӣ будааст. Агар ба умқи консепсияи ахлоқии Авасто назар андозем, хоҳем дарёфт, ки андеша барои мардумони сарзамини мо ки накуиву исноснгароӣ пояи он бошад, аз тамоми арзишҳои дигар болотар қарор мегирад. Аз тарафи дигар, хирадандешӣ ҳолатест, ки тамоми роҳи ҳалли мушкил аз тариқаи дидгоҳҳо ва бунёдҳое пешниҳод мегардад, ки онҳо созгор бо ақлу мантиқ буда бошанд. Гузаштагони мо ҳанӯз ҳазорон сол пеш то омадани динҳои тавҳидиву сомӣ дарёфта буданд, ки дониш, хирад ва таҷриба ҷавҳари асосӣ рафъи мушкилоти иҷтимоиву ҳастишиносӣ аст. Ҳамин аст, ки онон андешаи некро бунёди асосии олам ва махсусан олами инсонӣ эътироф намудаанд. Зеро агар барои ҳар фарде андешаи накӯ ва ҳадафи накӯ барои расидан ба мақсад вуҷуд надошта бошад, воқеаи амалкардҳо танҳо як намоиш ва як персонажи лаҳзавӣ беш буда наметавонанд. Вале барои фарҳанги  бузурги ориёӣ ки решаҳои аслии онро андеша ва хирад ташкил медиҳад, ҳамеша накуандешӣ ва хирадандешӣ ҳамчун бунёд ва ҳамчун ҷавҳар ба ҳайси арзиши муҳим пазируфта шудааст. Додаҳои таърихӣ бар онанд, ки андешаро ба ҳайси категорияи болотарини ҳастишиносӣ мардумони сарзамини мо ҳазорон сол пеш аз юнониён ва дигар мардумоне, ки даъвои соҳибияти тамаддун мекунанд, ба роҳ монда буданд. Агар мо ба бузургтарин меъёрҳои ахлоқии тамаддуни башар назар афканем, ҳеҷ гоҳ меъёре болотар аз андешаи нек наметавонем дарёфт, зеро андешаи нек ҷавҳари асосии инсоният аст. Чун ҳар амалеро, ки инсон ба хотири зиндагонию вуҷуди хеш мехоҳад анҷом диҳад, онҳо ҳамагӣ аз андешаи накӯи ӯ маншаъ мегиранд.

Аксар аз сарчашмаҳои таърихӣ бар онанд, ки Пифагор пайравие аз фарҳанги эронӣ дошт ва дар заминаи биниши ориёӣ хирадманишию хирадварзии хешро пешниҳод намудааст. Аксар аз муҳаққиқони бостонӣ бар онанд, ки Пифагор шогирди мактабҳои ориёӣ буд ва дар заминаи бунёдии хирадандешӣ  махсусан тариқаи дастрасӣ пайдо намудан ба кутуб ва фарҳанги хирадмеҳвари эронӣ тавонистааст хирадро ба ҳайси меҳвари андешаи юнонӣ пешниҳод созад, ки дар заминаи он баъдан дар фарҳаниги юнонӣ хирадманишӣ як пояи асосии шинохти ҷаҳону ҷомеасозӣ ва дарку андешаи бунёдию созандагии инсон қарор бигирад. Қобили қайд аст, ки Пифагорро ба ҳайси бунёдгузори ҳикмату андеша ва риёзиёт, ки он ҳам як тарзи дақиқи муаян намудан ва эътирофи падидаю предметҳо дар ҷаҳони инсонӣ аст этироф кардаанд ва поягузори ҳикмату риёзиро бар ин ҳакими юнонӣ медонанд.

Иддае аз донишмандону пажуҳишгарон (Фердинанд Лассал, фаласуф ва донишманди олмонӣ (1825-1864) ҳамчунин муфассал нигаред ба асарҳои донишманди тоҷик Нуриддин Шаҳобиддинов “Дар сапедадами озодандешӣ”, Душанбе: 2018., Нише ва Зардушти таърихӣ (тарҳрезии бунёдҳои навин) Душанбе: 2015)  бар онанд, ки Пифагор таомим донишу андешаҳои худро аз эрониён иктисоб намудааст ва тавассути омӯзаҳое, ки аз мубадону донишмандони эронӣ ба даст овардааст, тассаввурот ва андешаи хешро дар бораи ҷаҳону ҳастӣ иброз намояд. Чунин андеша маънии он дорад, ки хирадандешӣ ва аз роҳи таҷрибаву ақл ҳал кардани мушкилоти худу ҷомеа, ки баъдан дар замони Эҳё ба ҳайси меҳвари андешаи аврупоӣ қарор гирифта, сабаби асосии пешрафт ва соҳиби ҷойгоҳи баланди тамаддунӣ шудани ин мардумон мегардад, аз ҳамин хирадандешии маншаъ гирифтааст. Яъне ба маънии дигар ҳеҷ гоҳ хирадандешӣ ба зеҳнияти миллату мардуми мо бегона набуда, ҷавҳари он чи ки қавмҳои дигаре, ки имрӯз даъвии соҳиби тамаддун будан мекунанд, аз ҳамин тарзи тафаккури ориёӣ бархостааст. Пифагор, ки дастпарвари мактаби андешаи ориёӣ буд, мегуфт адади 1 бунёди ҷавҳари ҷаҳон аст, адади 2 зиддияти байни тарафҳои мухолифест, ки дар як падида мавҷуданд. Адади 3 бо макон иртибот дорад, ки он дорои се ченак(дарозӣ, бар ва баландӣ) аст. Адаи 5 бошад бо сифат иртибот дорад. Адади 6  бо рубият адади 7 бо хирад, нур, дурустӣ (баргирифта аз авасто) иртибот дорад. Адади 8 бошад бо ишқу меҳру ростӣ, адади 9 бо андеша дар амалкардҳои ҷоеаву ҳастӣ ва адади 10 ҷамъбасткунандаи тамоми хосияти ададҳои дигар аст, ки баробар аст бо таркиби олами вуҷуд ва муҳтавои ҳамаи ашёи ҳастӣ. Пифагор бовар дошт,ки хиради ҷовидона ба чашм дида намешавд ва он танҳо тавассути равони пок, андешаи пок, зоҳир мегардад. Ҳарчанд андешаи покро ӯ ҳамчун зеҳнияти бунёдии як ҷомеа иброз надошта бошад ҳам вале онро ҳамчун тарз ва аслу бунёди зиндагии саодатманд ишорат менамояд, ки он баъдан аз тарафи донишмандони дигари юнонӣ сар карда, аз Суқрот то ба Афлотуну Арасту идомат пайдо мекунанд. Яъне ба тарзи дигар андешаи юнон маншаъ гирифта аз тарзи хирадандешии ориёӣ мебошад, ки он баъдан дар тамоми сарчашмаҳову навишторҳо ба яке аз меҳваритарин андешаҳои тамаддунсози ҷомеаи инсонӣ табдил гардидааст. Назариёти хирадманиш ва инсонҷавҳарии юнонӣ баъдан тавассути Суқрот ба Афлотуну Арасту мунтақил гардида ба ҳайси яке аз андешаҳои солими пешбаранда ва тамаддунсози башар табдил гардидаанд. Агарчи дар зиёда аз ҳасор соли ҳокимияти масеҳӣ хирадандешии маншаи ориёӣ ҷойгоҳе надошта бошад ҳам, вале пас аз даврони Эҳё, ки яке аз марҳилаҳои муҳими шаклгирии тамаддуни башар аст, тавассути тарҷумаи осори мутафаккирони бузурги Шарқ, ки пайравони фалсафаи Арасту будаанд, даврони нави Аврупо шакл мегирад.  Бад-ин васила  тамаддуни имрӯзаи аврупоӣ, ки буднёди онро хирад ташкил медиҳад, тавсеъа ёфта ба пояи имрӯзаи хеш расидааст. Ҳамаи ин бозгӯи онанд, ки хирадандешӣ бунёди тафаккур ва фалсафаи фарҳанги мо буда, миллатҳои ориёӣ аз аввалин қавмҳоеанд, ки бунёди хирадро барои ҷаҳониён ба мерос гузоштаанд. Онҳо аз аввалин қавмҳоеанд, ки бо роҳи хирадандшӣ бар аксари масоили ҳастӣ ҷавбои саҳеҳи ақлонию хирадӣ пешниҳод намудаанд. Мардумони  ҷаҳонро барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию зистии худ ба мантиқандешӣ даъват намудаанд. Миллати мо имрӯз танҳо аз роҳи бунёди ҷомеаи хирадмеҳвар, ки заминаи таърихии он дар фарҳанги мо ҷойгоҳи баланде дорад, метавонад бо коргири аз ақлу хирад ва мантиқандешӣ, шинохту бардошти дурусти илмиву таҷрибавӣ аз равандҳои ҷаҳонӣ ба сатҳи рушди бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ бирасад. Маҷмӯи мушкилоти хешро аз ин роҳ бароварда созад. Зеро бунёди асосии андешаи ин миллату ин мардум бо роҳи хирадандешӣ будааст, ки миллатҳо ва мардумони ҷаҳон аз он маншаъ гирифта, ҷомеаи хешро дар сатҳи баландтарини бароварда кардани ниёзҳову мушкилоти хеш сохтаанд. Аз ин рӯ ҳар яке аз афроди миллати моро зарур аст, ки дар заминаи хирадандешӣ, дониш таҷриба ва огоҳӣ фарзандону пайвандони худро тарбият намояд ва амалкардҳои хешро дар ин чорчӯба ба роҳ монад.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

https://farazh.tj/sahifai-asosy/jahon/hiradgaroy-asli-bunjodi-tamaduni-insony/ 

Хондан 823 маротиба