JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 01 Сентябри 2022 09:35

Меҳвари истиқлол – худшиносӣ ва шинохти миллӣ аст

Муаллиф:

 Чист Истиқлолият?

Пайки бахту муждаи озодӣ аст,

Дар Ватан сарманшаи ободӣ аст.

Маҳви чуғзи ғам зи тири шодӣ аст,

Дар ватандорӣ муҳаббатхоҳӣ аст.

Давлат Сафар

 Оре, Истиқлолият ин муждаи озодию пайки бахт буда, сарманшаи ободии Ватан ва муҳаббатҳоҳӣ дар ватандорӣ мебошад, ки ҷавҳари он Истиқлол аст. Истиқлол яке аз усули асосии фарҳанги умумии башар ва ба ибораи дигар, истиқлол манбаи  асосии сиёсат, ҳуқуқ, адёни   ҷомеаи инсонӣ аст. Дар баҳсҳои   ҳуқуқи башар ба унвони манбаи истиқлол панҷ аслро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор медиҳанд: 1) асли ҳаёти шоиста; 2) асли каромати инсонӣ; 3) асли таълим ва тарбия; 4) асли истиқлоли масъулона; 5) асли тадбир. Ғайр аз ин, истиқлолро гоҳ ба истиқлоли ҳуқуқӣ ва истиқлоли фалсафӣ низ ҷудо намуда, гоҳо онро баробари адолат ва озодӣ донистаанд ва робитаи байни ақл ва истиқлолро ақлоният медонанд, ки имрӯз маънои тавоноии таҳлилӣ ва мантиқӣ будани фикр аст, тасвир менамоянд. Истиқлол аз ҳама ғараз берун аст, фақат бо як меъёр арзёбӣ мегардад, истиқлол танҳо ба хотири истиқлол маҳдуд мешавад ва дар натиҷаи ин маҳдудият, меъёри «умуми»-и он, яъне манфиати умумӣ, ба ногузирии амнияти истиқлол оварда мерасонад.

Арзёбии истиқлол зимни бунёдҳои моддӣ ва маънавӣ созгор аст. Созгории аввалини истиқлол адолат аст, ки ин созгорӣ мардумро ба давлат ё низоми сиёсӣ мувофиқ месозад. Дар пояи ин созгорӣ, ҳеҷ кас дар ин вазъияти хоси иҷтимоӣ наметавонад ба фоида ё зиёни худ ноил гардад. Ин вазъият бояд лағв шавад, зеро мардумро дар муваффақияте қарор медиҳад, ки аз шароити иҷтимоӣ ба фоидаи худашон баҳрабардорӣ намоянд. Барои ноил шудан ба ин мақсад бояд мардум дар пояи истиқлол қарор дошта бошанд. Пояи истиқлол муваффақияти арзӣ аст, ки бо «беназири»-и худ мардумро ба интихоби усули адолат даъват менамояд. Ҳар инсон дар пояи истиқлол ҳаққи баробар дорад ва нисбат ба низоми ҷомеа вазифадор аст, зеро аз истиқлол баҳра мегирад. Адолат сабаби он аст, ки анвоҳи маънӣ аз қонун, ки озодиҳои асосиро таъриф мекунад, бо таври баробар ба ҳар инсон шомил месозад.

Инсон камол ва вижагиҳо дорад, ки бояд бо инояти худ, ин камолро арзишманд намояд ва дар шароити Истиқлоли кишвараш худогоҳӣ ва шинохти миллиро тақвият диҳад. Камоли амалии инсон он аст, ки инсон ақли фаъол дорад ва то ҷое, ки аз арзиши Истиқлол огоҳӣ дорад, бояд вориди шинохти миллӣ, ки то ҷое худогоҳӣ аст, худшиносӣ дошта бошад. Камоли маънавии инсон, ба қавли Суқрот пояи ахлоқи сиёсӣ аст, ва донишу маърифат доштан аст. Шинохти миллӣ низ мартабаи камоли маънавии инсон аст ва ҳар чӣ инсон ҳақиқат ва маърифати Истиқлолро дарк намояд, шарифтар мегардад. Шинохти миллӣ доштан қавӣ гардидани камоли маънавии инсон аст.

Шинохти миллӣ камоли инсонӣ буда, иборат аз ду рукн аст: рукни камоли маънавӣ-ахлоқии инсон ва камоли амалии дарки худогоҳӣ. Барои он, ки ҳар чӣ бештар камоли маънавӣ-ахлоқӣ (камоли назарӣ) ва камоли амалии инсон (дарки худогоҳӣ) амиқтар гардад. Амали татбиқии шинохти миллӣ саҳеҳтар мегардад. Имрӯз барои кишвар, шинохти миллӣ бояд фазилат дошта бошад ва усулҳои фазилат ба уҳдаи ҳукумат (идораи давлатии соҳавӣ) аст, ки метавонад ин фазилати шинохти миллиро ҳамчун манфиати миллӣ истифода намояд.

Дар шинохти миллӣ равишҳои худсозӣ, яъне инсонро толиби камоли маънавӣ намудан  муҳим аст, ки ин вазифаи идораи давлатии соҳавӣ (ҳукумат) мебошад. Равишҳои худсозӣ тарбияи маънавӣ аст, яъне таъсирпазирии инсон (фоидаи он), ба шароити иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Таъсирпазирии хонавода, рафтору ахлоқ, ҳолати касбии омӯзгорон, мураббиён пайвандҳое мебошанд, ки худсозиро таъмин менамоянд.

Инсон ҳамеша дорои ниёзҳои бешумор аст ва таъмини он ба уҳдаи давлат аст, ки дар илм иҷтимоиёти инсон номида мешавад. Бо рафъи ин ниёзҳо мардум ба маънавиёт, бо ягдигар худро ҳамчун аъзои як пайкар медонанд. Аъзои як пайкар шудани мардум, ки ниёзмандӣ аст, ба тарбияи иҷтимоӣ эҳтиёҷ дорад. Насриддини Тусӣ дар осори худ баҳси густурдае дар бораи иҷтимоиёт зикр кардааст. Вай муътақид аст, ки ҷиҳатгирии таълиму тарбия ва барномарезии дурусти омӯзиш ва тарбия, ин худ тарбияи иҷтимоӣ аст, яъне тарбияи бақои мулк аст. Пешрафти иҷтимоии инсон, ки огоҳӣ аз шинохти миллист, бо боло рафтани сатҳи зиндагӣ аз ақл вобаста аст. Бинобар ин, ҳар амали иқтисодие, ки баҳри баҳрамандӣ аз неъматҳои моддиву маънавии инсон аст, талошҳои шинохти миллатро комилтар мегардонад.

Яке аз усули муҳими шинохти миллӣ эҷоди заминаҳои муносиби худогоҳӣ аст. Имрӯз эҷоди назариявӣ ва амалии шинохти миллӣ ва худогоҳӣ муҳим аст, зеро «ҷӯяндагоне» ҳастанд, ки марзҳои ҳуввияти миллиро намепазиранд, бо худ-бохтагии худ дунболи арзишҳои ғайримиллӣ, ки ҷилавҳои фиребанда ва дар воқеъ, маҳвкунанда доранд, мебошанд. Яъне, муҳимтарин ҳадафи ҳукумат дар ҷомеа фароҳам кардани заминаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии эҳёи худшиносии миллӣ аст. Ҳарчанд, ки мо хушку холӣ шинохти миллиро тарғиб кунем, фоидаи миллӣ аз он маҳдуд аст. Худогоҳӣ ҳар чи қадар дар ҷомеа тавсиа ёбад, пешрафт ва расидани ҳукумат ба ҳадафи сиёсӣ осонтар мегардад. Ҳадафи дигари қудрати сиёсӣ (давлат, ҳукумат) дар низоми саҳеҳ эҷоди фазои равшану шарифонаи худшиносии миллӣ аст. Аз ин дидгоҳ, вазифаи мо – зиёиён тарбияи ваҷҳи худшиносӣ дар пайванди дастуроти он аст. Ҳоло вақти он аст, ки ислоҳи маънавӣ-ахлоқии инсон дар партави Истиқлол тарҳрезӣ карда шавад.

Худшиносӣ ва шинохти миллӣ мисоли ваҳдати миллӣ аст, ки нерӯҳои азими миллат бо гиромадани худ онро собит кардаанд. Ин як захираи бузургест, ки имони худогоҳиро устувор менамояд. Вақте, ки дар илми ҷомеашиносии кишвар амалияи имони худшиносӣ ва шинохти миллӣ таҳқиқ пайдо кунад, он вақт, бинои воқеии худогоҳӣ таҳрезӣ мегардад. Агар имони худшиносӣ ва шинохти миллӣ ҷӯшидаи дилҳои мардум нагардад ва ба амали онҳо ҳамроҳ нашавад, дар дилҳои мардум печидагиҳо, гароишҳо, бархурдҳо бо ҳам пайванд мешаванд. Маҳз дар ин вазъ, таҳлили илмии худшиносӣ ва шинохти миллӣ, дар шароити имрӯз, ормони муштараки миллӣ буда, ба дилҳо ва бозӯҳо қувват бахшидан аст. Ҷомеаи Тоҷикистон бояд ҳеҷ гоҳ хилқати ваҳдат ва иттифоқро аз даст надиҳад, зеро мухолифини сиёсӣ, ки арзҳо ва марзҳои сиёсиро намешиносанд, сайъ ва кӯшиш менамоянд, ки бо баҳонаҳои мухталифе байни иҷтимои миллӣ ихтилоф андозанд. Онҳо ҳатто намедонанд, ки ин ихтилофи онҳо чи балои азимеро ба вуҷуд меорад. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ гурӯҳи ифротӣ набояд сайъ кунад, ки миллатро таҷзия ва тақсим кунад.

Имрӯз чанг задан ба нифоқи миллӣ фоидае надорад, зеро мо бо таври шояд дар шароити Истиқлол метавонем роҷеъ ба худшиносӣ ва шинохти миллӣ сухан бигӯем ва мазҳари ваҳдати умумии миллат – он ваҳдате, ки тасдиқ шуд, як-порчагии миллатро таъмин менамояд, роҳандозӣ намоем, ки ин шарти муҳими пешрафти кишвар аст. Мегӯянд: миллате, ки муттаҳид аст, ҷамъ ва пирӯз аст. Дар ин ҳолат, ду омили муҳиме вуҷуд дорад, ки худшиносӣ ва шинохти миллиро бо таври бояд рушд медиҳад: тарбияи фазилати ахлоқӣ ва муносибату одоби давлатдорӣ. Нишонаи ин омилҳо инояти миллатро тақвият мебахшад. Худшиносӣ ва шинохти миллӣ, агар маънавияту ахлоқ бошад, монанди ғизо хурдан аст ва ин маъно ҳам фақат дар сояи иттифоқ ва ваҳдат аст. Таърих нишон додааст, ки ҳеҷ миллат набояд азамати худро соқит кунад, зеро бузургони ҳар миллат, қадру арзишҳое офариданд, ки имрӯз ҳам бояд ҳадди ақал дониста шавад. Албатта бузургони миллати мо, на эҳсосот, балки забону адабиёт ва таърихро ба нерӯи ақлонӣ тавъам сохтанд. Бо талошҳои худ, илми замони худро ба марҳилаи камол расониданд. Ба монанди худ насл тарбия карданд. Сарвати ақлии худро дар роҳи пойдорӣ ва азамати тарбия сарф намуданд.

Ҳоло айёми он аст, ки мо сарзамини худро барои муддатҳои бисёр тӯлонӣ бо илми амалӣ (ҳикмати амалӣ) таъмин намоем, ҳамон тавре, ки шахси дурандеш барои ояндаи бисёр дур барои авлодаш талош ва кӯшиш менамояд. Имрӯз бояд мо дар арсаи Истиқлоли миллӣ гомҳои илмии барқарории фикрӣ ҷаҳоншиносӣ ва ангезаҳои рӯҳии инсонро мавриди таҳлил қарор диҳем, зеро инсон болотарин ва мураккабтарин намунаи ҳаёт аст, вуҷуди ҳастиаш «аз моддаи аввалияи ҷаҳон» аст. Аз ин рӯ, ҳамбастагии инсон ба табиати Истиқлоли миллӣ муҳим аст, зеро инсон аз ин ҳуввияти миллӣ ба худ нерӯ мегирад. Бинобар ин, табиати худшиносӣ ва шинохти миллӣ, ки ифодаи Истиқлол аст, бо ҳамбастагии онҳо аст.

Худшиносӣ дар пояи Истиқлол зарурӣ аст, зеро агар он ҳар чи бештар бошад, комилтар дониста мешавад ва шинохти амиқи густурдаро ҳар чи бештар дар пай дошта бошад, чун маърифати худогоҳӣ натиҷаи ҳадафи миллӣ қарор мегирад ва заминаҳои муносиб барои худшиносӣ ва шинохти миллӣ эҳё менамояд. Аз ин лиҳоз, метавон шинохти миллиро аз ду ҷиҳат баррасӣ кард: 1) он ки шинохти миллӣ таркиби Истиқлол аст ва бо низоми қонун ва ҳукм дар тасвиб аст; 2) шинохти миллӣ бо таври ҷузъи ин ҳамон қонун ва ҳукм аст, ки инсон бояд бо қудрати сиёсӣ ҳузур дошта бошад.

Таърихи инсоният ҳамеша талошро барои Истиқлол шаҳодат медиҳад ва ҳоло бахши зиёди ҷаҳон маънои ин калимаро медонанд. Дар ростои эътиқод ба Истиқлол, ки таърих аст, маънои воқеии калима дарк карда мешавад. Дар таърих, худкомагӣ, тафриқаситезӣ ба ҳеҷ ваҷҳ пешоҳанги мардум набуд. Дар воқеъ, инсон он гоҳ доноӣ ва тавоноӣ дорад, ки Истиқлол дошта бошад, дар ин партав худшиносию шинохти миллӣ дошта бошад ва тавонад зеҳну фикр ва ақли худро ба кор гирад ва дар роҳи таҳқиқи ормонҳои миллӣ сайъ намояд, чунин шароит барои инсон фарҳанги миллӣ доштан аст.

Ҳар инсон, дар роҳи зиндагӣ бақои миллати худро мехоҳад, яъне мехоҳад, ки дар паноҳи Истиқлол баҳри зиндагии шоиста сайъ намояд. Дар ин роҳ шароити «худсиёсӣ» будан зарур аст, ки бояд пояи андеша ва тамоилоти мантиқӣ дошта бошад, зеро ақл ва мантиқ ба лутфи худшиносӣ ва шинохти миллӣ дар омезиш аст ва пазириши воқеиятҳо ва шинохти миллиро бештар месозад. Ин муҳтаво муҳим аст, зеро маҳз эҳсосоти мардум муҳаррики ҳама печидагиҳо аст, яъне ёдҳо ва афкоре, ки ба мардум арз мегарданд, бояд дар замири маънавӣ-ахлоқӣ бозтоб дода шаванд.

Аҳамияти худшиносӣ ва шинохти миллӣ ин аст, ки агар инсон ба пирузӣ ва мақоме нарасида бошад, ҳаргиз тақвои сиёсӣ надорад ва нисбат ба кишвари худ бепарво аст. Албатта, мақом ва шарафи инсон ба шароити иҷтимоӣ, яъне тарбия рабт дорад. Агар ҳамаи мо ба ҳамбастагии шинохти миллӣ сайъ намоем ва назари худро дар ин партав ба дурустӣ бифаҳмем, иштибоҳоту нодониҳои худро беҳтар пай барем, ин амали бузурги мо дар роҳи Истиқлол аст. Таъкид медорем, ки барои Истиқлол ақл ва мантиқ пурқувватарин аслиҳа аст ва касоне, ки ба он такяи комил доранд, барои таъсир ба дигарон, ба иттилооти нодурусти шабаҳҳои иҷтимоӣ рӯй намеоваранд.

Афлотун Истиқлолро дар пояи ахлоқи сиёсӣ устувор медонанд ва изҳор доштааст, ки дониши сиёсӣ бояд муқаддам ба ҳар чизе бошад ва мардумро ба вазоифи ахлоқӣ ошно созад. Арасту гуфтааст: «инсон ҳайвоне аст сиёсӣ», вале дигар нагуфтааст, инсоне, ки аз сиёсат безор аст, чист? Ӯ ақида дошт, ки дониши сиёсӣ бояд омӯзонида шавад, то беҳтарин ҳукумат кадом аст ва хусусияти он чист, зеро сиёсат бархурду кашмакашиҳост ва хирадманд дар сиёсат бояд дармони дардҳои ҷомеаро бишиносад. Умуман, илми сиёсат, басе васеъ аст ба фанҳои бисёр ва баҳсҳои бешумор тақсим мегардад ва камтар одаме ёфт мешавад, ки ба ин илм фаҳмиши комил дошта бошад, зеро таърифи илми сиёсат он аст, ки идораи корҳои муштарак вазифаи ҳукумат аст. Сиёсат илми ҳукумат ба кишвар ва фани ҳукумат ба ҷомеаи инсонӣ мебошад.

Нуқоти зарурии меҳри Ватан худшиносӣ ва шинохти миллӣ аст. Баррасии худ-шиносӣ ва шинохти миллӣ дар муқобили дидгоҳҳои дигари иртиҷоӣ ин мутақобилият ба далели хос аст, ки гузаштагони мо дар меҳри ватан фалсафаи худшиносиро эҷод карданд. Дар воқеъ, ҳамин осор аст, ки то кунун худ-шиносиро бо ватану ватандорӣ созгор сохтааст.

Аҳамияти тафаккури худшиносӣ ва шинохти миллӣ ин меҳр ба ватан аст, ки мо онро иқрор менамоем. Бинобар ин, асли ин исботгароӣ баррасии маънои калимаи «ватан» ба унвони беҳтарини зеҳн аст. Талошҳои мо дар кашф ва таъини «ватан» чун равиши зеҳнӣ ба самар расид, ва масъалаи мафҳуми куллӣ берун шуда, равиши таркибӣ гирифт ва ҳоло ин калима, бо далелу бурҳонҳо мавриди решаёбӣ ва таҳлил қарор гирифтааст, ки амри аслии он худшиносӣ ва шинохти миллӣ аст.

Маърифати худшиносӣ ва шинохти миллӣ ба ватан асмои худогоҳист. Маҳз ҳамин маърифати худшиносӣ ва шинохти миллӣ пойгоҳ андар ниҳоди ҳамаи инсонҳо қарор дорад. Асоси худшиносӣ ҳамчун рутба аз шинохти миллӣ оғоз мегардад ва ҳуҷҷати аслии байни инсон ва ватан аст. Усулан тадбир ва таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ, ҳақиқати воқеӣ аст, зеро дар фалсафа шинохти миллӣ усули ҳайсияти ватан муҳим аст. Эҳтиёҷ ба худшиносӣ ва шинохти миллӣ эҳтиёҷ ба ватан аст, ки ба Истиқлол тавъам аст.

Худшиносӣ – ин шеваи мафҳумсоз аз мафҳуми ватандорӣ таркиб ёфтааст, яъне тасвири ватан аст. Маҳз ин ҷо, тасвир ва тавсияи меҳри ватан вуҷуди инсонӣ дорад. Аз ин ҷо, шакли эҳтиёҷ ба ватан раҳоӣ ва дарёфтест ва агар ашхосе, ки аз ин тариқ ба Ватан иқрор нагардад ва ҷиҳати адами тадбир ба он нанигарад, гуноҳ ва бемории қалбии ӯ аст. Зимнан бояд бигӯем, ки мо то ҳол дар пайи роҳандозии як равиши худшиносӣ ва шинохти миллӣ нестем, ки ҳамаи арзишҳои Истиқлолро фаро гирад. Чунин равиши худшиносӣ ва шинохти миллӣ агар мавҷуд мебуд, мо метавонистем усули таъсирбахши Истиқлолро эҷод намоем. Сухан сари эҷоди тарбияи худшиносӣ ва шинохти миллӣ аст, ки аз шинохти таърихи тафаккури тарбия оғоз мегардад. Пас, тарбия чист? Тарбия таъсиргузорӣ ва эҷоди тағйири инсон аст, ки дар баҳсҳои ахлоқӣ бо усули худсозӣ татбиқ карда мешавад. Аз чӣ ва аз кӣ равиши худшиносӣ ва шинохти миллиро бояд ёфт, ки то ҳаде ба тарбияи Истиқлол наздик бошад, аввалин ва маҳимтарин қадами роҳи ҳалли ин масъала аст. Вақте, ки матлаби Истиқлол мавриди шоистаи таҳлил қарор мегирад, худшиносӣ ва шинохти миллӣ низ мундариҷаи тарбиявӣ мегирад.

Нахустин қадам, вазъи «ҳолу аҳволи» худшиносӣ ва шинохти миллӣ дар кишвар аст. Худшиносӣ ва шинохти миллӣ баҳри он аст, ки парастиши Истиқлол то ҳадди мумкин возеҳ карда мешавад. Аммо, муносибати мо, ба ин масъала мисли он аст, ки «офтоб ояд далели офтоб» аст, ҳол он, ки офтоб аз азал меояд. Тарбия дар акси худшиносӣ ва шинохти миллӣ намудор аст. Тарбия ин низом, ҳадаф, ормони миллӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолӣ аст. Бузургони мо гуфта буданд, «тутиро бо нишон додани тутӣ метавон сухангуфтан ёд дод ва аз ин рӯ ӯро дар баробари ойина нигоҳ бояд дошт, то акси худро бубинад».

Нерӯҳои созандаи Тоҷикистон набояд чун ҳофизони вазъ бошанд, онҳо бояд мулоҳизакори ҷомеа бошанд ва онҳо метавонанд дарки миллатро нишон диҳанд, масъулияти иҷрои таҳаввулоти ислоҳиро оҳиста ва ба тадриҷ дар Тоҷикистон ба ни­зом доранд. Тафаккурпаймони миллӣ чунин тафаккур аст, ки аз қайду бандҳои идеологияи бегона раҳо буда, аз чашмаҳои ҳаётбахши маънавиёт ва таҷрибаҳои таърихии кишвару ватан сарчашма мегирад. Фақат истиқлоли миллӣ уфуқҳои диди равшанро боз ҳам рӯшантар сохта густариш медиҳад ва дурнамоии хешро ғановат мебахшад. Ин гуна тафаккур ҳеҷ гоҳ ақидаи бегонаро ҳадафи худ қарор намедиҳад ва миллатро қурбони андешаҳои бего­на намесозад.

Дар ниҳоят, то ҳол дар кишвар бо шеваҳову мақомҳо ва унвонҳои гуногун худшиносӣ ва шинохти миллӣ дар «партави» Истиқлол баррасӣ карда мешавад, ки аз муҳтавои тафаккури хоси ватанпарастӣ фарсахҳо дур аст. Агар мо тавонем ин фалсафаро тақвият диҳем, ҳикмату адолати Истиқлолро дар системаи худшиносӣ ва шинохти миллӣ пайванд созем ва қудрати ақлӣ ва маърифатии онро дар ватану ватандорӣ густурда намоем: чи суде барои истеҳкоми меҳрпарастӣ нисбат ба «ватан» ҷойгоҳе миллӣ мегирифт.

Дидгоҳест, ки нақши худшиносӣ ва шинохти миллӣ амри «ватан» аст ва эътиқод ба он «тазаккури хос» - тарғиби Истиқлол аст ва ин тазаккури хос роҳи воқеии хештаншиносӣ барои шинохти «ватан» аст. Аҳамияти ин «тафаккури хос» агар дар худшиносӣ ва шинохти миллӣ дар мавқеи ақлу маърифат таҳлилу андоза медошт, маорифи Истиқлол, аз дидгоҳи «ватан» беҳтару возеҳтар дарки миллӣ мегирифт. Бо ин ҳама, мо дар таҳлили паҳлӯҳои ҳикматдоштаи худшиносӣ ва шинохти миллӣ андешаҳо ва андозаҳои тобандаи мартабаи суддоштаро ҷӯстуҷӯ накардем. Бо ин ҳама мо роҷеъ ба худшиносӣ ва шинохти миллӣ пажӯҳишҳои гаронмоя нанамудем, ки барои миллат, роҳнамои судбахшии парастиши Истиқлоли кишварро дошта бошад. Дар аксари навиштаҳо мавзӯи худшиносӣ танҳо «офоқӣ» таҳлил ёфтааст, ки мӯҳтавои шинохти миллӣ надорад. Бинобар ин, барои аҳли зиёи кишвар муҳим аст, ки «ватан»-ро на ба ҳайси «муҳити атроф», балки ҳамчун мавзӯи зеҳнии миллат баррасӣ намоянд. Агар ба ин усулу мақом, «ватан» арзиш дода шавад, мувофиқати он ба миллат зуҳури лозимӣ дошта метавонад.

Мо, имрӯз аз истиқлоли ватан сухан мегӯем, нисбат ба он ҳассосият меварзем ва онро айни ҳастии худ мешуморем, зеро ки мо бо истиқлол пайванди маҳкам дорем, ки миёнаш нобастанӣ аст, ки набудани яке вуҷуди дигарро фориғ аз маънӣ мекунад.

Истиқлол аз муҳимтарин ҳассосиятҳо ва парастишҳо аст. Истиқлол пайваста «хеш»-ро ба мо нишон медиҳад, ҳарчанд, пеш аз ин ҳуввияти мо – дастовардҳо дошт ва натиҷаашро фарорӯи худ медидем. Дар айёме, ки ҷудо аз онҳо будем, парастишҳои дигар қарор доштанд, истиқлол моро ба парастишҳои нав ва тоза олуда аз идеология рӯ ба рӯ сохт. Мо беш аз си сол аст, ки ба парастишҳои ифтихори миллӣ, ватану ватандорӣ даргир ҳастем. Дар ин айём ранг ва ранги парастиши истиқлоли мо бештар гардид ва моро фарорӯи «хеш» пайванд кард. Инсони дигар, инсони фарорӯи «хеш» бузург шуд.

Истиқлол вуҷуди хилқат аст ва дар пояи муросо адолат қарор дорад. Истиқлол тақвият мехоҳад, зеро дар ҳолату сурат ҷавҳари одамият аст ва мавриди ҳар инсони ватанхоҳ қарор дорад: «Истиқлол ин ишқ ба зиндагии шарафмандона ва талоши ҳамаҷониба дар роҳи беҳрӯзии мардум ва кӯшиш дар роҳи таъмини амният, дар зери сояи қонун аст, зеро истиқлол дар зери сояи қонун таваҷҷӯҳи зарфтар ва таърифи густурдатар дорад»[1].

Ифротгароӣ ҳеҷ паҳлӯи маърифатӣ ва ҳуввияти надорад, инсони бемуруввате аст, ки нигоҳи ӯ барои баҳрамандӣ ва баҳраҷӯии пеш аз пеш ҳис карда мешавад. Онҳо хоҳони онанд, ки барои зиндагии ин ҷаҳон барномарезӣ кунанд ва аз ин ҷаҳон баҳра баранд ва ин «ният» онҳоро завқ дода тафсири ҷаҳонро мутобиқи хастаҳо ва ниёзҳо таъғир диҳанд.

Ифротгароӣ он аст, ки ин падидаи шум ҳама ҷо ва ҳама вақт дар ҷустуҷӯи ҳадафҳои

худ ҳастанд; андешаҳои дигар, рӯйгардониҳои дигар, бознигариҳои дигар ва оқибат арзишҳои дигар доранд. Ин ҷустуҷӯи онҳо барои ёфтани дигар хостаҳо ва нохостаҳо аст, ки бад – ин ҷиҳат фарёдҳои базурӣ ва фарёдҳои касбӣ доранд. Худро нишон медиҳанд ва бо ин тартиб, бо мардум иртибот меҷӯянд.

Ҳамин тариқ, худшиносӣ ва шинохти миллӣ меҳвари Истиқлол аст, зеро Истиқлол муҳимтарин атои илоҳӣ ба инсон аст. Бинобар ин, миллат (давлат) ҳоло барои дастёбӣ ва ҳаққи табии Истиқлол аз мухолифатҳои сиёсӣ раҳоӣ меҷӯяд. Бад-ин лиҳоз, дар низоми тарбия баҳс дар мавриди мавқеи қудрати сиёсӣ ба миён меояд, ки ҳолати тарбия мураттаб гардад, ки таваҷҷӯҳ бештар ба суннатҳои Истиқлол афзояд. Албатта Истиқлол таърифи хос дорад, ки ин таъриф дар калимаи «ватан» ҷорӣ аст. Дар фазои ватани соҳибистиқлол инсон ва рафтори он ба худшиносӣ ва шинохти миллӣ моил мегардад. Инсон дар фазои бесуботи маънавӣ-ахлоқӣ наметавонад фазои худогоҳиро тағйир диҳад ва бо ифодаи худ онро ташреҳ диҳад. Он чи ки мо ин ҷо дар назар дорем, таърихи худогоҳӣ ва нерӯи ахлоқии инсон ва рафтор аст. Рафтори одамӣ дар чунин ҳолат ба ду қисм аст: амали таҳти ихтиёр доштан, аз ҷумла ҳаёти иҷтимоӣ, ки ба рафтори инсон таъсир дорад ва таҳти иродаи инсон қарор дорад ва дар ин ҳолат, шаклдиҳии хусусиятҳои рафтори худшиносӣ ва шинохти миллӣ ба амал меояд. Манзури мо аз ҳадафи тарбия дар ин замина зарурияти ҳамон омили иродаи инсон баҳри ҷиҳатгирии сиёсӣ аст, ки рафтор ва ниҳодҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва тарбия, таҳти таъсири давлат бояд қарор дошта бошад. Арз менамоем, ки баррасии худшиносӣ ва шинохти миллӣ, ҷузъи фарҳанги миллӣ аст, ки таъсири созанда ва созмондиҳанда дорад.

Гуфтем, истиқлол вуҷуди миллат-давлат аст, моя ва пояи он бастагии тамом аст, иртиботу гуфтугӯ ва ҷустуҷӯи он ҳамон «хештан» ва оини зиндагии имрӯз аст, яъне истиқлол бо таъбири дигар ёфтани «хеш» ва нақди он дар ҳаёти имрӯз аст. Истиқлол маҳз бо маърифат ва ҳуввият рангу бӯи дигари худ – тароват дорад. Ва ё, ба қавли назмнависи тоҷик Сафар Давлат: - «Истиқлолият ин мояи эҳсосу дарки ифтихор, дар дили фасли хазон пайки баҳор, иттиҳодеро намудан устувор, бошад ин армони қавми тоҷдор. Муҳри маҳтоб аст аз сандуқи шаб, номаи меҳрест аз асли насаб, ояти шукрона пиндораш ба лаб, ваҳдати моро ҳамин бошад сабаб». Ин аст Истиқлолият.

Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ муборак!

 

Саидзода М.Ё.,

ходими хурди илмии

Шуъбаи ҳуқуқи давлатии

Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба

номи А.Баҳоваддинови АМИТ

https://ifppanrt.tj/tj/ilm-va-navidho/andeshai-muhakkikon/item/1310-me-vari-isti-lol-khudshinos-va-shinokhti-mill-ast.html 

 

 

Адабиёти истифодашуда

  1. Раҳмонов Э. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди шашум. – Душанбе: «Ирфон», 2006. – С.164.
Хондан 873 маротиба