JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 30 Августи 2022 15:20

Ваҳдати миллӣ – арзиши умумиинсонӣ

Муаллиф: Нозим Нуров
  Муносибат ва муколимоти муътадил ва ҳасанаи иҷтимоӣ дар ҳамаи давру замонҳо бар пояи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардумӣ бунёд ёфта, мушкилоту печидагиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, равонӣ бевосита дар натиҷаи ваҳдату созиши ҷомеа рафъ мегарданд. Мафҳуми ваҳдат ҳамчун падидаи сиёсӣ дар асри ХIХ дар Фаронса нуфуз карда, ба сурати мафкураи давлатӣ муаррифӣ шуд. Рисолати он дар таҳкими робитаю муносибатҳои мусолиматомези иҷтимоӣ зоҳир мегардид. Ваҳдатро муҳаққиқон риштае медонанд, ки миёни фард ва ҷомеа вуҷуд дошта, онҳоро ба ҳам мепайвандад. Аз ин ҷост, ки яке бидуни дигаре вуҷуд дошта наметавонад ва ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдатро дорад.  
  Масъалаи ваҳдат ва раванди амалишавии он ба масъалаи созиши миллӣ бастагӣ дорад. Созиши миллӣ ҷараёни иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, ҳадафи бартараф намудани низоъҳои дохилимиллӣ, дохилидавлатӣ ва минтақавиро дар ин ё он мамлакат дар назар дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба унвони механизми асосии созиши миллӣ дар нимаи дуюми солҳои навадуми садаи бист, аниқтараш 27 июни соли 1997 ҷанги дохилиро, ки боиси хисороти зиёди ҷонӣ, молӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангӣ гардида буд, барҳам зад. Мусаллам аст, ки дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва сиёсии вақт бо аз байн рафтани сиёсати марказӣ ва мунҳал шудани низоми шуравӣ, дасту по гум карда, ба гирдоби мушкилоти дохилӣ афтиданд. Азбаски элитаи сиёсии замон истиқлолияти роҳбарӣ ва муҳимтар аз ин, собиқаи мудирияти равандҳои сиёсиро надоштанд ва ҳамвора аз марказ дастуру фармон мегирифтанд, дар ҳалли мустақилу мустақими мушкилоти дохилӣ бидуни дастуроти болоӣ оҷиз монданд. Илова бар ин, дастандаркорони бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ, аллакай, даст ба кор буданд ва бо ҳар роҳу васила дар фазои ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, ки бо шикасти империя ҳолати шокро аз сар мегузаронданд, сенарияи бесарусомонӣ ва бетартибӣ (хаос) - ро дар шакли намоишномаи сиёсӣ коргардонӣ мекарданд, то низоми шуравӣ куллан аз байн биравад. Дар пайи ин тадбир, нақшаи низоъ ва даргириҳои дохилӣ тарҳрезӣ шуда, тартиби ба ҳам рехтани ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабиёну дунявиён сурат гирифт. Ба ин тариқ, дар манотиқи ҳассоси қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тухми кинаву адоват кошта шуд ва дар ин замина даргириҳо ба вуқуъ пайваст, ки аз он вазъи мавҷуда торафт мураккабтар гардида, бовару эътиқодоти мардумӣ ба ояндаи неки ҷумҳурӣ тадриҷан аз байн рафта, халои фикрӣ ва фарҳангӣ дар манотиқи даргир ва баъдтар дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ салтанат кард. Дар ин миён низоми сиёсию идорӣ ва блоки иқтисодии давлатӣ побанди буҳронҳои амиқ гардида, оқибат фалаҷ шуд. 
  Албатта, ҷаҳолату таассуб ва хурофот, ки аз нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист, аввал дар шакли тарғиботу таблиғоти пинҳонӣ ва минбаъд ошкоро сурат гирифта, бадана ва бофтҳои иҷтимоӣ ва маърифатиро заиф сохт ва табақаҳои гуногуни иҷтимоиро мунҷар ба вопасгаройӣ ва суннатписандӣ кард. Ин буд, ки бо як шуъла алангаи оташи низоу бадбиниҳо баланд гардид ва мамлакат якбора мувоҷеҳи ҷанги шаҳрвандӣ шуд.
Дар вазъияти ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ноябри соли 1992 даъват шуда, Ҳукумати қонунӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, аммо даргириҳо то чанд соли дигар  идома ёфтанд. Музокироти тоҷикон бо ризояту тавофуқи тарафҳо аз 5 апрели соли 1994 шуруъ гардида, то 27 июни соли 1997 бо баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ анҷом ёфт. Дар муддати қариб 40 моҳи гуфтушунидҳо, дар 8 давр 44 санади муҳим ба имзо расид, ки дар маҷмуъ, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеаи ба фоҷиа гирифторшударо фаро мегирифт. Таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунидҳо муваффақона анҷом ёфта, саранҷом барои ба вуҷуд омадани фазои ваҳдати миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам омад. Ба ҳамин тариқ, дар вазъияти ҳассоси сиёсии кишвари мо маҳз ваҳдати миллӣ умеди суботи ҳаёти сиёсиро ба вуҷуд овард ва дар партави ин падида низоъҳои хашин ва бадбинию бадгумониҳои чандинсола аз байн рафт.
  Аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ 25 сол сипарӣ шуд ва чун анъана ҳар сол санаи мубораки 27 июн бо шукӯҳу таҷаммул таҷлил мегардад. То имрӯз, қатъи назар аз баъзе нофаҳмиҳо ва тангназариҳо, ҷомеаи мадании тоҷик дар зери осмони ваҳдати миллӣ ва оромиши сиёсӣ ба сар бурда истодааст. 
  Ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, фарогири манофеи миллӣ дар замон, макон, арзу тул ва ҳавзаи муайян аст. Ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ, ҳамёрӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни аъзои як ҷомеа баёнгари ваҳдати миллӣ ва дар айни замон иттиҳоди иҷтимоӣ аст. Ҳар қадар миёни ҷомеа нифоқу низоъ реша давонад, ҳамон қадар ваҳдату ҳамбастагӣ ба хатар мувоҷеҳ мегардад. Пирӯзӣ ва муваффақияти миллӣ аз иттиҳоду ҳамбастагӣ маншаъ мегирад, то ҷое ки Мавлоно ин нуктаро хеле хуб гӯшзад кардааст:
Парокандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.
  Ҳоло баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва биниши илмии насли ҷавон, миёнсол ва солманди ҷомеа, ки дар зарфи 10-15 соли охир то ҷое ба хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ махлут шудааст, яке аз омилҳои асосии ҳифзи ваҳдати миллӣ дар марзу буми аҷдодӣ мебошад. Муҳаққиқон кайфият ва чигунагии сарнавишти миллатро дар фазо ва макони мушаххас ба ҷадалу пайкори худи миллат мансуб медонанд ва аз ин ҷо метавон хулоса бардошт, ки меҳру самимият, ақлу фаросат, наҷобату шарофат ва бинишу маҳорати фарзандони миллат, ки ҳамагӣ дар мафҳуми «одоби миллӣ» мунсаҷим мешаванд, дар таҳким ва устувории ваҳдати миллӣ ва дар маҷмуъ, ваҳдати иҷтимоӣ нақши калидӣ доранд.
Ба назари мо, барои он ки дурнамои ваҳдати миллӣ рӯшан ба назар бирасад ва бодҳои номувофиқи ҷаҳонишавӣ ва геосиёсӣ ба сарнавишти муваффақи миллӣ осеб нарасонанд, ҷиддӣ таваҷҷуҳ намудан ба чанд нуқтаи ваҳдатзудо, ки собиқаи таърихӣ дошта, чун марази саросарӣ умри ваҳдати миллиро кӯтоҳ месозанд, зарур аст:
а) маҳалгаройӣ ва кӯтоҳандешӣ;  
б) ба домани хурофоту таассуб печидани иддаи ба истилоҳ зиёӣ ва фарҳангӣ. Ҳатто, дар замони шуравӣ низ як гурӯҳи калони фарҳангиёни мо ва элитаи сиёсӣ дар қолаби тафаккури хурофотӣ фикр мекарданд, ҳарчанд ки аз лиҳози мансубияти ҳизбӣ гӯё марксист-ленинист ва интернатсионалист буданд, вале дар асл, фикру андешаашон фаротар аз мазҳаб ва арзишҳои динӣ набуд. Ин беморӣ то имрӯз на танҳо табобат нашудааст, балки сол ба сол музминтар мешавад; 
в) тайи солиёни дароз дар инҳисори фарҳангӣ ва маънавӣ (духовно-культурная  изоляция) қарор доштани баъзе минтақаҳои қаламрави ҷумҳурӣ ва дар ин замина, мустаҳкам шудани зеҳниёти инҳисорӣ боиси пойин шудани сатҳи ваҳдатгаройии иҷтимоӣ ва миллӣ мегардад;
г) бетафовутӣ ва саҳлангории собиқадори фарҳангиёни мо ба ин асл – ваҳдатофаринӣ ва ҷомеасозии миллӣ дар маҳдудаҳои иҷтимоӣ. 
  Маълум аст, ки рисолати фарҳангӣ, зиёӣ ва рӯшанфикр дар ҷомеа зеҳнсозӣ мебошад. Ба таъбири сареҳтар, сохтани зеҳни пӯё, ҷӯё, таҳлилгар, мунтақид, мантиқӣ, илмӣ, фалсафӣ ва дар маҷмуъ, созанда. Ҳар қадар зеҳнсозии иҷтимоӣ бар мабнои андешаи солим ва созанда (орӣ аз хурофоту таассуб) сурат бигирад, ҳамон қадар вазъи куллии иҷтимоӣ беҳбудӣ меёбад. Таассуфовар он аст, ки баъзан элитаи иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба дарди маҳалгаройӣ ва хурофотпарастӣ гирифторанд. Масъалаи дигар ин шиоргуна садо додани ваҳдатсозию ваҳдатофаринии мо аст, яъне мо дар забон ва сухан (дар зоҳир) ваҳдатовару ваҳдатофарем, вале дар ботин дар домони қабилаву маҳали худ ба сар мебарем ва муҳимтар аз ин, ин зуҳуроти номатлубро тавассути гуфтору рафтори нобаҷоямон ҳадафмандона ба наслҳои баъдӣ интиқол медиҳем.
  Ба таври  куллӣ, ваҳдати миллӣ ба сифати арзиши миллию  умумиинсонӣ умри миллат, халқ ва давлатро дароз мекунад ва барои расидан ба қуллаҳои мурод ва ояндаи дурахшонтаре шароити мусоид фароҳам меоварад. Аз ҷониби дигар, таҳкими ваҳдати миллӣ кафили ҷомеасозӣ ва муҳимтар аз ин, ҳаста ё ядрои миллатшиносию ҷомеасозист. 
 
Нозим НУРОВ
Хондан 732 маротиба