JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 06 Сентябри 2022 05:30

Зарурату бартарияти ҷомеаи дунявӣ

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

 Дунявият низомест, ки дар он фаъолиятҳои сиёсӣ ва фаъолиятҳои динӣ аз ҳам ҷудо амал мекунанд. Яъне ниҳодҳои сиёсию динӣ аз ҳам ҷудо амал мекунанд. Дар ин низом қонунгузорӣ дар чорчӯбаи зарурриятҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, асли ҷудоии ҳукумату дин дар қонуни асосии бисёре аз кишварҳои демократӣ сабт гардидааст. Ин асл яке аз бузургтарин ҷилваҳои пешрафти фарҳангӣ ва фикрии башар ба шумор меравад. Асли ҷудоии дину сиёсат реша аз демократия мегирад, ки он яке аз беҳтарин меъёрҳои ҳукумати дастаҷамъӣ ё гурӯҳӣ дар ҳар ҷомеа шинохта шудааст. Дар ин навъи ҷомеа майдони амалкарди дастгоҳ ё ниҳоди асосии идоракунии ҷомеа, ки ҳукумат ё давлат ном бурда мешавад, аз майдони амалкарди дастгоҳ ё ниҳоде, ки онро дину мазҳаб меноманд, то он ҷо ки имкон дорад, ҷудо ва мушаххас аст.  

 Вақте асли ҷудоии сиёсат аз дин амалӣ мешавад, дину мазҳаб ба ҳайси кори фард қарор гирифта, он на ба ҳайси марҷаи қонунгузорӣ ва танзимкунандаи рафтори мардумон, балки як боварҳои фарди алоҳида ва кори шахсии ҳар нафар дониста мешавад. Ҳамчунин нигаҳбонони дину мазҳаб ё табақаи рӯҳоният ҳаққи дахолат дар корҳои идораи сиёсиро надоранд ва онҳо муваззафанд, то дар чорчӯбаи қонунҳои аз тарафи давлат муқаррар гардида, амал намоянд.

 Дунявият ва ё ҷудоии дину сиёсат яке аз аслҳои ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад ва ин ҳар ду ба ҳам робитаи бисёр наздикеро доранд.Дар ҷомеаҳои демократии ҷаҳон бо таваҷҷӯҳ ба ҳокимияти тамоми мардум ва ҳукумати ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ асли дунявият ё ҷудоии ҳукумату дин сабаби пайдоиши арҷгузорӣ ба ҳама навъи боварҳо, мазҳабҳо ва андешаю ақидаҳое мегардад, ки онҳо таъминкунандаи озодии динӣ ва мазҳабӣ баромад менамояд.

 Ҷаҳони имрӯзае, ки мо дар он ба сар мебарем, ҷомеаҳо аз назари бовармандӣ, мазҳабият ва шаклу шеваи динҳо таркибҳои гуногунро фарогиранд. Дар ин ҳолат, танҳо ҷомеае, ки дар он низоми сиёсӣ аз низоми динӣ ҷудо бошад (яъне низоми дунявӣ) ва бар асоси заруриятҳои зиндагонии мардум амалу қонунгузории он шакл гирифта бошад, метавонад ҳамзистии осоиштаро байни гурӯҳҳои мухталифи боварманд (динҳо ва мазҳабҳои гуногун) ё нобоварманд таъмин карда шавад. Ин маънои онро дорад, ки дунявият метавонад гуногунандешӣ ё плюрализими бовару ақоиди гуногунро дар ҳамзистии осоишта ва бидуни хушунат таъмин намояд.

 Қобили зикр аст, ки ҷомеаи демократӣ, ки бунёди онро ҳокимияти мардумсолор ташкил медиҳад, бо маром  ё андешаи озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи инсонӣ поягузорӣ мешавад. Мусаллам аст, ки ҳар андоза ҷомеа ё кишваре дар ҷодаи такомули демократия пешрафтатар бошад ва ҳар андоза миллате дар устувории ҳукумати мардумӣ пирӯзии зиёде ба даст оварда бошад, дар он ҷомеа ё кишвар ҷудоии ҳукумату дин намоёнтар ва низоми озодиҳои динию мазҳабӣ зиёдтар аст. Ин асл имкон медиҳад, ки динҳои мазҳабҳои гуногун агар ба шарте дар чорчӯбаи қонун амал намоянд ва ба корҳои сиёсии дахолат нанамоянд, ба ҳеҷ кадоме аз онҳо имтиёзе дода намешавад ва аз назари қонун онҳо ҳама баробар амал мекунанд.

 Ба тарзи дигар, дунявият имкон фароҳам меоварад, бовармандони мазҳабҳои гуногун сарфи назар аз он ки онҳо ақалият ё аксарияти иҷтимоъро ташкил медиҳанд, аз назар қонуну ҳуқуқ баробар амал кунанд. Дар чунин навъи кишварҳо дини расмӣ ё мазҳаби давлатӣ вуҷуд надорад. Ҳокимияти сиёсӣ дар баробари дину мазҳаб бетараф ва ё бетафовут аст. Дар бисёре аз кишварҳое, ки низоми демократӣ идоракунии иҷтимоиро доранд, рӯҳониёни динҳо ва мазҳабҳои гуногун ҳаққи таҳмили назарияҳо ва боварҳои диниро ба қонуни асосии кишвар надоранд. Рӯҳониён наметавонанд назарияҳо, боварҳо ва ақоиди динӣ ва мазҳабии худро бар ҳукумат таҳмил кунанд ё сиёсати давлатро бар усули дину мазҳаби худ ҳамоҳанг созанд. Зеро қонуни асосии кишвар навъи ҳукумат сиёсатҳои кишвар ва шеваи кори давлатҳоро равшан кардааст.

 Бунёди аслии ҷудоии ҳукумату дин бар ин андеша ё фалсафа устувор аст, ки маъмурияти ҳукумат идораи умури як миллат дар як ҷомеа аст ва рисолати дин дар робитаи инсонҳо бо офаридгорашон тавассути арзишҳои ахлоқӣ ва масоили он ҷаҳонӣ  хулоса мешавад. Ҳукумат дар ихтиёри намояндагони мардум ва дин дар ихтиёри табақаи рӯҳонӣ аст. Ҳукумат ҳаққи дахолат дар рӯҳоният ва рӯҳоният ҳаққи дахолат дар ҳукуматро  надорад. Дар чунин низом дину мазҳаб кори фардиву шахсӣ дар назар гирифта мешавад ва табақаи рӯҳонӣ низ воситаи байни худои инсон шумурда намешавад. Яъне ин табақа аз дигар аъзои ҷомеа аз лиҳози қонунӣ ҳеҷ навъ имтиёз ё бартариро надоранд.

 Қобили зикр аст, ки дар дарозои таърих аз замони пайдоиши динҳои тавҳидӣ идораи умури сиёсӣ, дар бештари даврон, пайванд ба табақаи рӯҳоният будааст, ин ба маънии ҳукумати динсолор ва идораи сиёсии мазҳабии рӯҳоният ба шумор мерафт. Ҳатто кишварҳои аврупоӣ то қарни 17-18 пурра дар идоракунии теократӣ ё динсолор қарор доштаанд.

 Зарурати аслии ҷудоии  ҳукумату дин ё дунявият аз он ҷо ба миён меорад, ки руйдодҳои бузурги таърихӣ дар ҷаҳон ба вуқуъ павастанд. Ҷудоии дину давлат ин итминонро ба вуҷуд оварданд, ки ҳамзистии осоиштаи мардумон  танҳо дар низоме метавонад амалӣ шавад, ки он ҷо дину бовар кори фард аст. Дар дарозои таърих якнавохтӣ ва ё ҳамгунии ҳукумату дин (низоми теократӣ) ҳамеша бо хунрезиҳо, бесуботиҳо ва табъизи  бовару мазҳабҳои дигар  ва бартарият доданҳо ба баъзе аз бовару мазҳаб мунҷар гардидааст. Ҳамбастагии дину давлат ё идораи сиёсии динӣ бо бархӯрдҳои зиёди иҷтимоӣ сабаб гардида, дар тулии таърих осори бисёр зиёновареро барои аксарияти мардум ба бор овардааст. Чунин ҳолатро дар таърихи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон метавон мушоҳида намуд, ки бартариҷӯиҳои динию мазҳабӣ сабаби ҷангҳои мазҳабӣ, нобуд кардани иддае аз мардум ба хотири мансубият ба дину мазҳаби дигар будан ва кушторҳои азиме ҳам бо номи кушторҳои мазҳабӣ рух доданд.

  Дигар, зарурати  дунявият дар он ифода меёбад, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеаҳо дар ҷаҳони имрӯз нерӯи ақлу хирад, дониш ва дастовардҳои илмӣ дониста мешавад. Тибқи он бояд ҳар мушкили сиёсию иҷтимоӣ дар доираи илми муайян мавриди баррасӣ қарор бигирад. Аз тарафи дигар, дар ҷаҳони имрӯз чун идораи иҷтимоӣ ва низоми идоракунӣ дар бештари аз кишварҳои ҷаҳон, низоми демократӣ аст, яке аз воситаҳои асосии таъмини демократия ва озодиҳои инсон ин ҷудоии навъи идораи сиёсӣ аз бовару мазҳаб ҳисобида мешавад. Чун демократия ҳукумати аксарияти мардум бо маҳфуз доштани ҳукуқи ақалият аст, аз ин пай бурдан мумкин аст, ки ҳукумати табақаи рӯҳонӣ гурӯҳи бисёр хурдеро бар тамоми ҷомеа мутамоиз месозад. Дар ин ҳолат, бартар кардани гурӯҳи ақалият бар аксари ҷомеа наметавонад таъминкунандаи мардумсолорӣ бошад. Дар дарозои таърих дида мешавад, рӯҳоният ҳамеша хешро пайвандгари  замину осмон ва гурӯҳи соҳибимтиёз дар назди офаринанда арзёбӣ менамоянд. Дар ин ҳолат принсипҳои демократия ё мардумсолорӣ риоят намегарданд. Ҳарчанд низоми демократӣ дар заминаи такомулу пешрафтҳои низомҳои подшоҳӣ, теократӣ, императориҳо падид омада, яке аз ҷилваҳои дурахшони пешрафти фикрию ақлии башар аст, бозгашт ба навъи ҳокимиятҳои теократӣ далели оқибмондагӣ ва бозгашт ба асри миёна, ба вопасгароӣ ҳисобида мешавад. Таърих собит намудааст, ки ҳукуматҳои динию теократӣ далели намоёни ақибмондагиву таассубзадагӣ дар масири такомули фикрии башар будаанду ҳастанд. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, ки камо беш бо усусли мардумсолорӣ идора мешаванд, ҳатман зарурати ҷудоии ҳукумату дин дар амал ба исбот расида ва ба иҷро карда мешавад. Табақаи рӯҳонӣ бо таваҷҷӯҳ ба манофеи худ ҳеҷ гоҳ ба манфияти тамоми мардум ва кули ҷомеа алоқаманд нестанд. Аз ин рӯ онҳо наметавонанд ҳукумати аксариятро бар асоси райъи мардум дошта бошанд.

  Яке аз даъвоҳое, ки дар тамоми навъҳои ҳукуматҳои теократӣ сурат мегирад, ин табақаи баргузида ва ё соҳибимтиёз будани рӯҳониён аст. Рӯҳониён дар дарозои таърих ҳамеша тавассути додаҳои мазҳабӣ ва динӣ худро пайвандгари замину осмон ва табақаи бартар нишон медиҳанд. Ҳеҷ гоҳ ин ақидаро аз дигарон ҳам паноҳ намедоранд. То чанд қарн пеш чунин иддао дар бештари кишварҳои ҷаҳон бо мухолифатҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ нашуда буд. Ҳоло  ҳам дар иддае аз сарзаминҳои ҷаҳон, ки он ҷо донишҳои илмӣ чандон ҷойгоҳе надоранд ва шумори бесаводону камсаводон бисёр зиёд аст, рӯҳониёни ин кишварҳо якдигарро “уламо”, “аллома”, “аълам” “мавлавӣ” ва боз чандин мартабаҳои ифтихорӣ садо мекунанд ва илму дониши воқеиро бовару донишҳои динӣ медонанд. Аммо пешрафти фикрию маънавии башар, густариши фарҳангу дониш ва илми имрӯзин собит намудааст, ки табақаи рӯҳонӣ на танҳо табақаи баргузида нест, балки он чи ки илм, фарҳанг ва огоҳӣ мехонанд на илм аст на фарҳанг ва на огоҳӣ. Иддаоҳои раҳбарони мазҳабӣ, махсусан динҳои тавҳидӣ дар мавриди робитаашон ба олами ғайб, ки асос ва пояи ҳокимиятҳои динӣ ба шумор мераванд, дар даврони мо бепоя  ва пуч арзёбӣ шуда, ҳеҷ далели илмию воқеие, ки тавонад собит намояд, онҳо табақаи бартар ва соҳибимтиёзи ҷомеаанд, вуҷуд надорад.

  Дар дунёи печидаи имрӯз ва дар тамаддуни кунунӣ бо иҷрои аҳкому усули дину мазҳаб наметавон ҷомеаро идора намуд. Диншиносон ба ин натиҷа расидаанд, ки аксар аз динҳо хусусияти қабилаии тарзи бароварда кардани ниёзҳои ҳазорон сол қаблро дошта, ҷуғрофиёи маҳдудро инъикоси менамоянд. Аз ин рӯ, андешаи рӯҳониёни ин навъи дину боварҳо низ бар пояи донишҳои ҳазорон сол қабли инсоният аст. Чунин ба назар мерасад, ки бо таваҷҷӯҳ ба ҳукуматҳои теократии минтақа аксар аз рӯҳонияти онҳо ошноии чандоне ба ҷаҳони имрӯзаи қарни 21 надоранд. Инро дар 10 моҳи ҳокимияти толибон дар Афғонистон метавон бармало мушоҳида намуд. Давлатмардони ин ҳукуматҳо, ки рӯҳониёнанд ниёзҳои ҷомеаи худ ва дигаргуниҳои ҷаҳониро дар сатҳи илму андешаи имрӯзӣ аз самти иқтисоду сиёсату фарҳанг надоранд. Ба ин сабаб, онҳо наметавонанд ташхиси вазъ ва тасмими дурусту илмӣ ва ҳирфавиро дар баробари мушкил бигиранд. Аз ин лиҳоз, онҳо шоистагии фармонравоӣ бар ҳукумату сиёсати як кишварро надоранд. Бисёре аз аҳкому дастурҳои бовармандӣ, ки ҳазорон сол қабл дар заминаи зарурати иҷтимои онзамон ва сатҳи донишу огаҳӣ ва ҷаҳоншинохтии ондаврони башар вазъ шудаанд, бо илм дониш ва фарҳанги имрӯзии башар мутобиқ намеоянд ва бархӯрди шадид доранд. Дунёи имрӯз, дунёи илм, дониш ва фарҳанг аст, на дунёи боварҳову мазҳабҳо. Албатта боварҳову мазҳабҳо, ҷойгоҳи хешро доранд, вале онҳо танҳо кори фардӣ ба ҳисоб мераванд. Ба ибораи дигар, дар ҷомеаи мураккаби имрӯзӣ, ки аз ниҳодҳои гуногун дар заминаи заруриятҳо ва ниёзҳои иҷтимоӣ ташаккул ёфтааст, ба идоракунии ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ бояд фардҳо аз лиҳози ҳирфаю мутахассисият пазируфта шаванд ва онҳо вобаста аз тавони иҷрои ин ё он амал бар сатҳи идоракунии иҷтимоӣ мақбулу шоиста дониста шаванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар қарни имрӯзии фанноварию илмӣ танҳо низоми дунявӣ метавонад аз як тараф ҳамзистии осоиштаи дину боварҳои гуногунро таъмин созад, онҳоро дар зеҳни фард, ҳамчун муҷаддасоти фардиву ҳарими хусусӣ ҳифз намояд ва аз тарафи дигар ба хотири пешрафти кишварҳою давлатҳо заминаи мусоиди илмию фанноварӣ ба миён оварда барои зиндагии босаодати инсонҳо имкон ба вуҷуд оварад.

 

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 740 маротиба