JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Сешанбе, 29 Августи 2017 05:15

Гардиши айём

  Шавкат Азизии ҳаштодупанҷсола, ки шаст соли умраш ба умеди кушодани гиреҳҳои риштаи илми интихобкардааш сарф шуда буд ва ҳанӯз ҳам нохуни баланди фаҳмаш имкон медод, ки уқдахои вонагаштаро во кунад, бори ҷисми пиронаашро ба пушт, ба рӯи кати дукасаи назди мизи кориаш партофта, чашмонашро тамоми рӯз ва то як ҳиссаи шаб аз шифти хона намеканд. Ба як нуқтаи номаълум, ки асрорашро Худо медонисту худаш, нигоҳи андешаомез медӯхт ва дар ин миён гоҳ-гоҳ лаҳзае хобаш мебурд. Баъди бедор шудан боз нури нигоҳашро ба шифт фиристода, мехост на танҳо ҷои сояафтодаи шифтро, балки фарш, дару девор ва хонаву ҳавлиро равшан кунад. Алқисса мехост, ки тамоми қаламрави диёрашро нуристон бубинад. Вале ба тани орзуяш ҷомаи амал пӯшонда наметавонист. Фақат дар як гӯшаи дури диёр охирин дастаи рӯшаниро медид, ки гӯё аз нурҳои офтоби майл ба ғуруб нишонае дошт.Ва дар ин миён беихтиёр зодгоҳаш ва ҷиянаш Ҷовид ба ёдаш меомад.Суффаи таги дарахти рӯи ҳавлиаш аз ин кати ҳоло хобидааш мулоимтар метофт.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Дидавар Бекзода иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Таъсири филмҳои хусусияти зӯроваридошта ба мафкураи инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷумъа, 25 Августи 2017 05:29

Шафақи субҳ

  Ба назараш чандест, ки кораш пеш намерафт. Субҳ ба коргоҳаш меомаду ними шаб ба хона бармегашт. Баъзан дар рӯи кати нимдоште, ки матои фарсудаи рӯи он доғ гирифта буд, мехобид. Ҳама чиз дар ин коргаҳ парешону бетартиб ба назар мерасид: қуттии рангҳо, мӯқаламҳо, сангу чӯбу лавҳаҳо … Қариб ҷои помонӣ намеёфтед. Ӯ рангҳоро бо ҳам меомехт, бо мӯқалам рӯи коғази ғафсе доғҳо мегузошт, то бифаҳмад аз ин амалаш чӣ ранги тозае ҳосил шудааст. Рӯзҳое буданд, ки ӯ соатҳо рӯи курсии чорпояи чӯбин менишасту тамоку мекашид. Чароғи рӯи мизи ӯ он ҷоеро, ки рангҳоро бо ҳам меомехт, равшан мекард. Дар пешгоҳи хона лавҳаи калоне меистод, ки рӯяш бо карбоси сафеде пӯшида буд. Рассом Зарроб ҳар субҳ ин карбосро аз рӯи лавҳа мегирифт. Ду чароғи муқобилашро фурӯзон мекард. Худ ба ақиби утоқ мегузашту ба расм аз ҳар нуқта менигарист.

Чоршанбе, 23 Августи 2017 08:53

Маърифати олами заррот

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ  Меҳрдод Қурбониён иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзўи «Маърифати олами заррот» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.