Якум. Дар таърихи адабу фарҳангу сиёсати муосири ватанӣ шоҳкори устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” ҷойгоҳи вежа дорад. Таълифи чунин мадраки қисматсоз дар шабу рӯзе, ки душманони онтологӣ ва вуҷудии тоҷик аз ҳар сӯ ҳуҷум карда, бар нестию нобудии миллат пофишорӣ менамуданд, кори саҳлу осоне набуд. Имрӯз хеле саҳлу осон дар бораи вазъи таълифи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ва шароити тартибу тадвини он бидуни мушкил сухан мегӯем ва дар бисёр мавридҳо санади қисматсози устод Айниро дар қолиби як тазкира маҳдуд намуда, аҳаммияти сиёсию мафкуравӣ, ҳувиятию иҷтимоӣ ва таърихию мадании онро нодида мегирем. Мутаассифона, имрӯз ҳам теъдоди нафароне, ки ба ин мадраки муҳимми таърихию сиёсию мафкуравию ҳувиятӣ суолбарангез менигаранд, кам нестанд. Ин тоифа ё вазъи ҳассоси солҳои бистуми садаи бистро аслан ба назар намегиранд ва ё ин ки дидаву дониста қимату арзиши “Намуна”-и устод Айниро пойин мебаранд. Акнун тасаввур кунед: дар замон ва шароити мусоиду бози Истиқлоли давлатӣ, дар бисёр маворид, аз ҳарф задан дар ростои манофеи миллӣ-давлатӣ ва ҳифзу гиромидошти мероси гузаштаи фарҳангӣ худдорӣ карда, на танҳо дар таблиғу муаррифии арзишҳои миллӣ камҳавсалагӣ менамоем, балки худро аз масири ватанпарастию ҳувиятшиносӣ канор гирифта, роҳро барои бегонагону манфиатталабон ҳамвор месозем (албатта, ин нуқтаназар ба ҳама дахл надорад, вале бахши зиёде аз қишри зиёиёну фарҳангиёни мо майл ба бепарвоӣ, саҳлангорӣ ва бегонапарастӣ доранд, дар ҳоле ки дигарон аз ин фурсати муносиб ва бахусус, майдони холӣ истифода бурда, насли наврасу ҷавон ва умуман, ҷомеаро аз тариқи афкори хушку ғаразнок мағзшуӣ намуда, пружаҳои сиёсӣ-мафкуравию ҳувиятии худро хеле роҳат роҳандозӣ мекунанд). Аммо устод Айнӣ дар он шароити вазнини сиёсию мафкуравӣ дуруст ҳадафгирӣ карда, дар дифоъ аз миллат ва пуштибонӣ аз арзишҳои миллӣ сахт талош варзида, дар ин роҳ фидокорӣ намуд.
Дувум. Ба ин тартиб, устод Айнӣ дар замон ва шароити ҳассоси таърихӣ (солҳои бистуми садаи бист), ки миллати тоҷик дар вартаи нобудию ҳалокат қарор дошта, мавҷудияташ аз ҳар тараф зери суол бурда мешуд, вазъро хуб дарк карда, дар пайи анҷом додани ибтикороти ҷиддию саривақтӣ шуда, ба таълифи китоби қисматсози “Намунаи адабиёти тоҷик” камар барбаста, дар кӯтоҳтарин муддат онро ба итмом расонид. Тибқи сарчашмаву осори таҳқиқӣ, “Намунаи адабиёти тоҷик” нахустин асари бузурги адабиётшиносии Садриддин Айнӣ буда, миёни 15 март — 30 августи соли 1925 (тибқи баъзе иттилоот, санаи анҷоми китоб 25 сентябри соли 1925 мебошад) навишта шуда, соли 1926 дар Маскав аз тариқи Нашриёти марказии халқҳои ИҶШС ба табъ расидааст. Дар бахши хотимавии “Намунаи адабиёти тоҷик” устод Айнӣ замони хатми китобро 30 септомбри соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ишора намудааст (ниг.: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С.318).
Севум. “Намунаи адабиёти тоҷик” бо муқаддимаи шоири бузурги инқилобӣ ва сиёсатмадори маъруфи замонӣ устод Абулқосим Лоҳутӣ бо номи “Садриддин Айнӣ” ва “Сарсухан”-и мураттибу муаллиф — устод Айнӣ оғоз шуда, аз 3 қисмат таркиб ёфтааст: Қисми якум солҳои 912/913 — 1785/86-ро фаро гирифта, дар он аз устод Рӯдакӣ то Сайидои Насафӣ, ҷамъулҷамъ, 80 шоиру адиб бо усули замонбандӣ-хронологӣ шомил шудаанд. Қисмати дувум солҳои 1785/86 — 1924/25-ро дар бар гирифта, дар он намунаи осори 132 шоиру адиб ҷо дода шудааст. Қисмати севум асарҳоеро фаро гирифтааст, ки пас аз Инқилоби аввали Русия дар соли 1905 ва Инқилоби Октябри соли 1917 ба майдон омадаанд (дар зимн, ин қисмат ба ду бахш ҷудо шуда, бахши якум солҳои 1905—1917 ва бахши дувум солҳои 1917—1925-ро дар бар гирифтааст). Устод Айнӣ дар қисмати севум аз эҷодиёти 11 шоиру адиб намунаҳо оварда, дар бораи як қатор газетаву журналҳо низ маълумоти муфид манзур сохтааст. Бо таваҷҷуҳ ба шароити сиёсӣ, мавқеияти мафкуравӣ, мушкилоти ҳувиятӣ, маҳдудаи ҷуғрофӣ ва ҳассосиёти замонӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” танҳо шоирону адибоне, ки дар Мовароуннаҳр ва ё Фароруд умр ба cap бурдаанд ё ки ба ин ҷойҳо муносибате доштаанд, шомил гардидаанд.
Чаҳорум. Муҳтавои таълифи чунин китоби сарнавиштсоз аз қарори зайл аст: устод Айнӣ бо Раиси Шурои Комиссарҳои Тоҷикистон Мирзо Абдуқодир Муҳиддинов қарордоди таълифи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро моҳи марти соли 1925 ба имзо мерасонад ва китобро дар муддати 6 моҳ (аз март то сентябри соли 1925) ба итмом мерасонад (ниг.: Айнӣ, Камолиддин. “Намунаи адабиёти тоҷик” китоби мамнуъ, китоби сӯхта, шиносномаи миллӣ (ниг.: Айнӣ, Камолиддин. “Намунаи адабиёти тоҷик” китоби мамнуъ, китоби сӯхта, шиносномаи миллӣ -- дар китоби: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Бисту ду).
Ба шаҳодати устод Лоҳутӣ, ки 30 августи соли 1925 барои аёдату дидорбинӣ бо устод Айнӣ ба Самарқанд омада будааст, китоб дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ покнависӣ шуда, ба чоп омода будааст. Дар ин китоб устод Айнӣ ба ғайр аз истифодаи манобеи шифоҳӣ, 70 маъхазу сарчашмаро мавриди радду бадал қарор додааст. Китоб алайҳи пантуркистону чиғатойчиёне, ки забону адабиёту фарҳангу ҳувияти тоҷикиро инкор мекарданд, равона гардидааст. Бо чоп шудани китоб, ки дар нашру пахши он саҳми устод Лоҳутӣ ҳам босазост, пантуркистону чиғатойчиён якборагӣ ба ҳуҷум бармехезанд ва бар зидди китоб ва шахси Айнӣ мешӯранд. Дар ин миён, дипломати машҳури рус ва намояндаи Вазорати умури хориҷии Иттиҳоди Шуравӣ дар Узбакистон А.А. Знаменский (1887-1943) аз китоби “Намуна”-и устод ҳимоят мекунад, ҳарчанд ки хатари онро хуб эҳсос менамудааст (ниг.: Айнӣ, Камолиддин. “Намунаи адабиёти тоҷик” китоби мамнуъ, китоби сӯхта, шиносномаи миллӣ (ниг.: Айнӣ, Камолиддин. “Намунаи адабиёти тоҷик” китоби мамнуъ, китоби сӯхта, шиносномаи миллӣ -- дар китоби: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Бисту се).
Пас аз интишори китоб таҳоҷумоти ҷиддии сиёсию мафкуравӣ алайҳи Айнӣ ва китоби ӯ дар иҷрои элитаи сиёсию ҳизбии пантуркистӣ сахт ҷараён мегирад, то дараҷае ки душманон ба яке аз нухбагони олирутбаи ҳизбии рус, дабири Нашрияи расмии “Правда” Н.И.Бухарин (1888-1938) арз мекунанд, ки Айнӣ бо навиштани ин китоб амири Бухороро аз нав даъват кардану овардан мехоҳад. Дар асоси ин гуна дасисаву тавтеаҳо китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” барчида, ахз ва нобуд карда шуд.
Вазъи руҳию равонии устод Айнӣ дар солҳои бистум хеле бад буд ва фишору таҳдидҳои рӯзмарраи душманони мафкуравию онтологии миллат рӯйи устод меафзуд ва ӯро гӯшанишину инзивоӣ мекард. Дарвоқеъ, устод дар он шабу рӯз бо марг дасту панҷа нарм мекард ва сабаби ҳамаи мусибат ва ба истилоҳ, бади рӯзгор таълифи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ва дар баробари муддаиёни замон, дифоъ аз фарҳангу маънавиёти қавмияти тоҷики Фарорудон буд. Қатъи назар аз фишору таҳдидҳои шабонарӯзӣ, устод Айнӣ соли 1934 дар Анҷумани Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ минҳайси намояндаи адибони Осиёи Миёна ширкат ва суханронӣ кард. Сухани устод Айнӣ дар мавзуи таъсири адабиёти Шарқ ва минҷумла адабиёти форсии тоҷикӣ ба адабиёти Ғарб буд. Раиси Иттифоқи нависандагони Шуравӣ М. Горкий суханронии Айниро писандида, дар хитоб ба устод ва тақвияти ҳарфҳои ӯ таъкид намуд, ки воқеан, адабиёти форсии тоҷикӣ дар домони худ истеъдодҳои фавқулодаеро парваридааст, ки намунаашро шумо (манзур устод Айнӣ аст) дар романи “Дохунда” исбот кардаед. Иттифоқан,- мегӯяд Горкий, - мехоҳам китоби “Дохунда”-ро дошта бошам. Ва Айнӣ, ки қаблан нусхаи тарҷумашудаи романи “Дохунда”-ро дар ихтиёр дошт, бадеҳатан ба Горкий тақдим мекунад (нусхае, ки ба Горкий таҳвил дода шуд, нахустин тарҷумаи роман ба забони русӣ буд). Пас аз Анҷуман устод Айнӣ назди Горкий ва Бухарин меравад, то ин ки дар мавриди иштибоҳоту суъитафоҳумоте, ки дар заминаи “Намунаи адабиёти тоҷик” ба миён омада буд, сухан гӯяд (ниг.: Айнӣ, Камолиддин. “Намунаи адабиёти тоҷик” китоби мамнуъ, китоби сӯхта, шиносномаи миллӣ -- ниг.: Айнӣ, Камолиддин. “Намунаи адабиёти тоҷик” китоби мамнуъ, китоби сӯхта, шиносномаи миллӣ -- дар китоби: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Бисту чаҳор).
Нуктаи дигари муҳимме, ки Камолиддин Айнӣ дар матлаби худ овардааст, нутқи устод Лоҳутӣ дар Анҷумани якуми Шуроҳои Тоҷикистон дар соли 1934 мебошад, ки протоколи он низ ҳифзу нигаҳдорӣ шудааст. Дар протоколи ҷаласа омадааст, ки устод Лоҳутӣ дар дифоъ аз китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ва ба Н.И.Бухарин нодуруст расонидани иттилоот изҳори назар карда, аз ҷумла фармудааст, ки абёте, ки дар “Намуна” аз Рӯдакӣ оварда шуда, бар муаллифи он муҳри шоҳпарастӣ ва иттиҳоми амирпараст задаанд, танҳо намунае аз ашъори шоиранду бас. Дар ҳоле ки,-меафзояд устод Лоҳутӣ,- дар адабиёти рус бо номҳои Толстой, Тургенев, Пушкин дучор мешавем, ки коммунист набуданд, вале фикру андешаи прогрессивӣ доштанд. Пас, -- суханашро хулоса кардааст устод Лоҳутӣ,-метавонем, онҳоро ҳам ба иттиҳомоти хеш бипечонем. Бо ин гуна мавқеъгирии сиёсӣ-миллӣ устод Лоҳутӣ ба даҳони пантуркистону чиғатойчиён муҳри хомӯшӣ задааст (ниг.: Айнӣ, Камолиддин. “Намунаи адабиёти тоҷик” китоби мамнуъ, китоби сӯхта, шиносномаи миллӣ (ниг.: Айнӣ, Камолиддин. “Намунаи адабиёти тоҷик” китоби мамнуъ, китоби сӯхта, шиносномаи миллӣ -- дар китоби: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Бисту панҷ).
Панҷум. Дар мавриди зарурати таълифи чунин китоби қисматсоз худи муаллиф -- устод Айнӣ чунин тавҷеҳ додааст: “Баъд аз таъсис ёфтани Ҷумҳурияти Тоҷикистон бо ҳукумати вай қарордод баста, ба навиштани “Намунаҳои адабиёти тоҷик” даромадам... Ин асар дар замони худ ба фоидаи сиёсати миллии ҳизбӣ роли калон бозӣ кард. Чунки дар он вақтҳо понтуркистҳо... ба зидди барпо шудани Ҷумҳурияти Советии Тоҷикистон бархоста буданд ва мегуфтанд, дар Осиёи Миёна тоҷик ном як халқ нест, инҳо... бо таъсири Ирон ва мадраса, забони худро гум кардаанд (ниг.: Равоқӣ, Алӣ. Пешгуфтор -- ниг.: Равоқӣ, Алӣ. Пешгуфтор -- дар китоби: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Сиву се).
Донишманди эронӣ доктор Равоқӣ, ки масъули нашри китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” дар Ирон будааст (соли 2006), вазъи сиёсӣ-мафкуравии замонро дуруст шинохта, бар он таъкид варзидааст, ки устод Айнӣ дар баробари сели таҳоҷумоти пантуркистӣ китоби мазкурро навишта, собит сохт, ки дар Фароруд (Мовароуннаҳр) миллияте бо адабиёту фарҳанги бузург эҷод карда, худро Самарқандӣ, Бухороӣ, Хуҷандӣ, Фарғонӣ, Истаравшанӣ, Исфарангӣ, Насафӣ ном дода, шеър сурудаву аз адабиёти ин ҳавзаи бузурги форсизабонон ҳимоят намудааст. Бинобар ин, хурдагирӣ дар нисбати устод Айнӣ, ки соҳату паҳнои бузурги адабиёти форсиро дар исми кучаки “Намунаи адабиёти тоҷик” ҷо кардааст, нобаҷост. Балки устод Айнӣ дар шароит ва вазъияте ин китобро навишт, ки мавҷудият, ҳастият, ҳувият ва буду набуди миллати тоҷик дар Фароруд зери суол бурда шуда буд ва бо ин ибтикори созанда дар шароити онрӯза ҳасту буду кистию ҳувияту ҳайсияти миллияти тоҷикро ба субут расонида, ҷиҳати моноию поёии тоҷик талош варзида, муҳри муҳкаме ба даҳони душманони миллат задааст (ниг.: Равоқӣ, Алӣ. Пешгуфтор -- ниг.: Равоқӣ, Алӣ. Пешгуфтор -- дар китоби: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Сиву се).
Шашум. Соли 2006 ба муносибати 80-солагии таълифи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” бо кӯшишу ибтикори доктор Алии Равоқӣ, ва зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст ин китоби қисматсози миллӣ дар Ирон нашр гардид (таваҷҷуҳ шавад ба: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. – 372 с.) ва айнишинос ва адабиётшиноси матраҳи миллӣ устод Муҳаммадҷон Шакурӣ муқаддимаи муфассали ҷолиби илмие ба ин китоб навиштаанд (ниг.: Бухороӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ. Намунаи адабиёти тоҷик ва аҳаммияти таърихии он -- ниг.: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Як-ҳафдаҳ). Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ зимни баррасии вазъ ва зарурати таълифи чунин санади сарнавиштсозе таъкид намудааст, ки: “Намунаи адабиёти тоҷик” яке аз нахустин марҳилаҳои ташаккули миллатро инъикос кардааст. Нахустин давраҳои шаклгирии миллият душвортарин давраҳо буда, монеаҳои зиёде дар сари роҳ дошт. Китоби Айнӣ барои бартараф кардани ин монеаҳо хидмат кард” (ниг.: Бухороӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ. Намунаи адабиёти тоҷик ва аҳаммияти таърихии он -- дар китоби: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Даҳ-Ёздаҳ). Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ амиқрафти устод Айниро дар заминаи шинохти таърихи миллат ҳадаф қарор дода, ишора фармудааст, ки китоби Айнӣ аз ҷанбаи илмию адабӣ доштанаш, бештар ҷанбаи қавии сиёсию иҷтимоӣ дошта, раванди шаклгирии миллияти тоҷикӣ ва шуури миллию ҳофизаи таърихии миллатро дар замону макони мушаххаси таърихӣ таҳкиму тақвият бахшидааст. Устод Айнӣ дар номае ба А.Знаменский иқрор карда буд, ки “бо таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик” фармудаи таърихро ба ҷо овардам” (ниг.: Султонов. Ш., А. Вишневский. Сухан аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. //Садои Шарқ, №4, 1988. С.132). Ба қавли устод Шакурӣ, “Айнӣ моҳияти таърихии замонро бисёр амиқ фаҳмидааст. Ба унвони як миллатпарвари ҳассос ба маънои “фармудаи таърих” бо амиқфаҳмӣ сар фурӯ бурдааст. Ва ин ҳам муҳим аст, ки ӯ худ маънии таърихии кореро, ки иҷро кард, медонистааст. Чун дипломати рус А.А. Знаменский ба дастгирии “Намунаи адабиёти тоҷик” чизе навишт, Айнӣ ба номи ӯ сипоснома фиристод ва аз ҷумла гуфт, ки бо тадвини ин китоб, ман шахсан амри зарурати таърихро ба ҷо оварда, барои муосирон навиштам:
Бо азми хеш мақсади худро бароваред,
Бо дасти хеш ҳоҷати худро раво кунед!
Паймонаҳои пуршудаи зулм бишканед!
Кошонаҳои ҷавру ситам бар ҳаво кунед!
Ин ду байт аз Аҳмадҷон Махдуми Ҳамдӣ “Хитоб ба фақирони Бухоро” аст, ки дар “Намунаи адабиёти тоҷик” (С.589) омадааст” (ниг.: Бухороӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ. Намунаи адабиёти тоҷик ва аҳаммияти таърихии он -- дар китоби: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Ёздаҳ). Аз ин ҷост, ки устод Шакурӣ “Намуна”-и устод Айниро дар мақоми санади сарнавиштсози ҳувиятӣ талаққӣ карда, афзудааст: “Ин аст, ки “Намунаи адабиёти тоҷик” силоҳи мубориза зидди ситами миллӣ ва зулми иҷтимоӣ, падидаи барҷастае аз муборизаи озодихоҳии миллии мардуми тоҷик буд. Онро танҳо тазкирае ва маҷмуае набояд донист. Агарчи ба сифати як маъхази илмӣ ва адабӣ низ аҳамияти калон дошт ва ҳанӯз дорад. Ин асар намунае аз ширкати фаъолонаи як адиби донишманд дар раванди худшиносии маънавии миллат ва муборизаи озодибахши миллӣ аст” (ниг.: Бухороӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ. Намунаи адабиёти тоҷик ва аҳаммияти таърихии он -- дар китоби: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Дувоздаҳ).
Устод Шакурӣ масъалаи муборизаи мафкуравии устод Айниро бо шарқшиносони рус ва пантуркистон бардошта, бар мабнои андешаҳои нависанда тазаккур медиҳад, ки устод Айнӣ босароҳат ишора мекард, ки Ому марзи сиёсию фарҳангии тоҷикон нест ва соҳати он ба паҳнои Хуросону Эрони таърихӣ мерасад. Ба назари устод Айнӣ, тоҷикон дар рушду нумуи адабиёту фарҳанги қаламраву соҳату паҳнои Ирону Хуросони бузурги таърихӣ саҳм гирифтаанд ва марзи ин миллиятро набояд бо Ому маҳдуду танг кард (ниг.: Бухороӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ. Намунаи адабиёти тоҷик ва аҳаммияти таърихии он -- дар китоби: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Понздаҳ).
Ҳафтум. Устод Айнӣ дар қисмати хотимавии “Намуна”, ки унвонии “Як-ду сухан дар хотима”-ро гирифтааст (ниг.: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С.317-318) заҳамоти худро дар ростои ҷамъоварии маводу матолиби дархур, дар як муҷаллади комил мунсаҷим сохтани материалҳои мавҷуда ва билохира дастраси аҳли адаб, сиёсат, илм ва маданият кардани китобро ба иҷмол ёдовар шуда, аз ҷумла фармудааст: “...намунаҳои адабияи ҳазорсолаи тоҷикро, ки то ба ҳол ба ҷое ҷамъ нашудааст, аз китобҳои мутааддид бардошта, ба як ҷилд гирд овардан, нусхаҳои хаторо, се-чаҳор китоб ба даст дароварда, ба онҳо муроҷиат намуда, татбиқу тасҳеҳ кардан, таърихи зиндагонӣ ва вафоти ҳар адибро аз маҷмуаҳои китобҳои бефеҳрист тафтиш намуда, таъйин намудан, ривоятҳои мухталифро ба воқеаҳои муайянаи он замон андоза карда, ба яке қаноат ҳосил кардан ва ба амсоли ин ранг машаққатҳо, ки ҷомеъро дар вақти таҳриру тартиб вохурд, бурдборӣ намуда (агарчи ноқис аст), чизе ба майдон овардан ҳам нисбат ба мо камиқтидорон кори бузурге аст “Аз дасти аҳли адам ҳар чи ояд, эъҷоз аст” (ниг.: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С.317-318). Ба дунболи ин, устод Айнӣ дар ҷумалоти ахири бахши хотимавии “Намуна” ҷавонони фаъолу соҳибҳувияти тоҷикро мухотаб қарор дода, идомаи кори сангини худро ба эшон вогузошта, таъкид сохтааст: “Мо гӯшт, равған, биринҷ, сабзӣ, пиёз ва соири моялзуми ошро омода кардем. Акнун ҷавони қобиле даркор аст, то ки қобилипазӣ кунад” (ниг.: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С.318).
Ҳаштум. Соли 2026 ба таълифи санади қисматсози миллӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ расо сад сол пур мешавад. Дар ин замина корҳои зиёде анҷом ёфта, анҷом додани тадобири зарурии дигаре дар назар аст. Дар баробари соири айнишиносону муҳаққиқони ватанӣ, ба муносибати 100-солагии таълифи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” адабиётшиноси варзида ва рӯшангари муосири миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода, ки аз пайравону мудофеони содиқу сарсахти устод Айнӣ мебошад, моҳи феврали соли 2024 монографияи худро таҳти унвони “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст” (Дастури ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ). -Душанбе: Дониш, 2024. -416 саҳ.) ба табъ расонд. Монография аз пешсухан (С.4-11), 3 боб (С.12-390) ва пайнавиштҳо (С.391-412) таркиб ёфтааст. Боби севуми монография пурра ба кору пайкор ва ташаббусу ибтикороти созандаи устод Айнӣ дар ростои ҳифзи ҳувият, адаб, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ихтисос ёфтааст. Боби севуми монографияи “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст”-и устод Саидзода аз 10 матлаби илмӣ-оммавӣ иборат буда, дар доираи мавзуоти “Қайдҳо дар ҳошияи баъзе андешаҳои устод Шакурӣ дар бораи устод Айнӣ” (С.241-247), “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст“ (С.248-264), “Дар фикри ошноии аҳли сухан мабош!” (С.265-287), “Айнӣ ва худшиносии миллӣ” (С.288-304), “Айнӣ ва алифбои арабӣ” (С.305-317), “Бурду бохти айнишиносӣ дар замони истиқлол” (С.318-350), “Ватандӯстиро аз Фирдавсӣ ва Айнӣ бояд омӯхт...” (С.351-359), “Аҳамияти асарҳои ватандӯстонаи Айнӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (С.360-373), “Айнӣ-адиби миллӣ ва шуубӣ” (С.374-390) мунсаҷим шуда, ба масоилу мушаххасоти зерин: ташхиси мантиқии воқеиёту чолишҳои дирӯзу имрӯзу ояндаи миллӣ; дарки ҳассосиёти имрӯзӣ; вазъи айнишиносӣ дар замони соҳибистиқлолӣ; сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ; ватандӯстӣ ҳамчун василаи амалисозии аҳдофи миллӣ-давлатӣ; сабабу иллатҳои заъфи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ; тақвияти руҳияи миллӣ дар вазъияти бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва нақши китоби сарнавиштсози устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” дар раванди бедории фикрию сиёсии халқи тоҷик бахшида шудааст. Ин аст, ки хонандагонро ба муруру мутолеаи ин китоб ташвиқ мекунем.
Нуҳум. Ибтикороти устод Саидзодаро дар заминаи шиносонидану муаррифии устод Айниву осораш, аз як тараф ва дифоъ аз шахсиятҳои матраҳу таъсиргузори миллӣ, аз тарафи дигар, ҳадафмандонаву пайгирона давом бояд дод ва андешидани силсилатадбирҳои судманде дар ин бобат амри зарурист, чаро ки имрӯз ҳам, бо гузашти сад сол аз таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик” миллият, тоҷикият, арзишҳои марзбумӣ, манофеи миллӣ ва мероси гаронмояи фарҳангӣ ба пуштибонию дифои саросарӣ ниёз доранд. Агар имрӯз аз санаду мадраки ҳувиятсози “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ, ки дар феҳристи мушаххасоти манофеи миллӣ қарор дорад, ҳимоят накунем ва онро ба унвони китоби қисматсози миллӣ дар шароити ҳассоси замонӣ таблиғу муаррифӣ насозем, ояндагон ва насли ояндасози миллат барои бепарвоию саҳлангорӣ ва бетарафию фориғболӣ ҳатман накуҳишамон хоҳанд кард. Бинобар ин, имрӯз, ки имкон дорем, ҳатман даст ба кор бояд шуд ва дар таҳқиқ, омӯзиш, мутолеа, шиносонидан, муаррифӣ, гиромидошт ва билохира таблиғи шоиставу боистаи мероси арзишманди аҷдодӣ, аз ҷумла “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ талоши фаровон варзем.
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон