JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 04 Майи 2025 01:04

Устод Турсунзода дар мақоми шоири миллӣ ва шахсияти матраҳи сиёсӣ (дар ҳошияи зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода)

Муаллиф:

    2 май ҷашни мелоди Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир ва сиёсатмадори бузурги садаи бисти тоҷик, устод Мирзо Турсунзода аст. Қаблан, зодрӯзи ин шахсияти нотакрори адабиёту фарҳангу сиёсати ватаниро барои кулли алоқамандону фарҳангиёну зиёиёни миллӣ табрик мегӯем.

     Зимнан, дар имтидоди садаи бист, ки ба унвони давраи таҳаввулоти ҷиддии сиёсӣ, мафкуравӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шинохта шудааст, дар маҳдудаи таърихи ватанӣ мо бо чеҳраҳои таъсиргузору мондагори миллию сиёсие назири устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафур ва Мирзо Турсунзода дучор меоем, ки бо ҷаҳду талошҳои фаровон на танҳо дар рушду нумуви адабу фарҳангу сиёсати тоҷик саҳми асосӣ гузоштаанд, балки дар радифи шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

     Мақом, ҷойгоҳ ва таъсири устод Мирзо Турсунзода дар муҳитҳои сиёсию идеологӣ ва ҳавзаҳои иҷтимоию мадании қаламрави шуравӣ ба ҳадде будааст, ки ҳолу ҳавои садаи бист, махсусан, фазои Тоҷикистонро бидуни ӯ ва корномаи сиёсию эҷодии ӯ наметавон тасаввур кард. Мутмаинан, ибтикоротеро, ки устодон Айнию Лоҳутӣ дар давраи нави таърихӣ рӯйи даст гирифта буданд, устод Мирзо Турсунзода ҳадафмандона ва муваффақона идома дода, тоҷик ва миллияти тоҷикро дар миқёси минтақавию байналмилалӣ ба таври боиставу шоиста муаррифӣ кардааст. Гузашта аз ин, устод Турсунзода шеър ва дар маҷмуъ, адабиётро дар хидмати мардум қарор дода, бар мабнои назми классикӣ ва суннатҳои деринаи адабӣ асарҳо офаридааст. Адиби машҳури доғистонӣ Расул Ғамзатов дар ин замина дуруст таъкид кардааст: “Мирзо идомадеҳи назми бисёрасраи халқи худ дар замону шароити дигар аст. Ӯ ин корро бо шоистагии шоиронаву ватандорона ба ҷо овард”. Ба сухани дигар, устод рисолати шоирӣ, адибӣ, сиёсатмадорӣ ва рӯшангарии хешро дар тавъамӣ бо манофеи миллию мардумӣ анҷом дод.

     Ба ин тартиб, устод Турсунзода бо такя ба неруи фикрӣ, тавони сиёсӣ ва ҳунари адабӣ дар замон ва макони мушаххас тавонист, ки адабиёт ва фарҳанги тоҷикро дар қаламрави шуравӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ созад. Дар ин роҳ ба устод Турсунзода донишу маърифат, таҷриботу андӯхтаҳо, сайру сафардидаҳо, диду боздидҳо, мулоқоту вохӯриҳояш бо намояндагони милалу халқиятҳои гуногуни ҷаҳонӣ мусоидат намуда, ӯро то ба дараҷаи як шахсияти матраҳи сиёсӣ ва шоири миллию фаромиллӣ расониданд.

          Афзун бар ин, устод Турсунзода дар даврони Шуравӣ аз ангуштшумор арбобони сиёсию давлатие буд, ки дар миқёси ИҶШС ва берун аз он нуфуз ва эътибори баланди сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангӣ дошт. Агар ошноӣ ва дидору суҳбат бо симоҳои бузурги сиёсӣ, адабӣ, илмӣ, эҷодӣ ва мадании минтақавию ҷаҳонӣ, аз як тараф, таҷрибаи сулҳофаринию ватанпарастии ин арбоби бузурги давлатиро ғанӣ сохта бошад, аз тарафи дигар, ӯро минҳайси шахсияти фаромиллӣ ва фароминтақавӣ муаррифӣ кардааст. Устод ба сифати сафири сулҳи Шуравӣ на танҳо сиёсат ва мафкураи шуравиро таблиғ кард, балки фарҳанги миллиро ба дуриҳои дур интиқол дода, ҳувияту ҳайсияти тоҷику тоҷикистониро ба намояндагони миллатҳои гуногуни сайёра ошно намуд. Ба ин маъно, ҳангоми сафар ва диду боздидҳо ин шахсияти бузурги миллӣ ҳувияти тоҷикиро бо худ ба ҷуғрофиёи дуру наздик бурда, миёни мардуми ҷаҳон тухми сулҳу дӯстӣ ва ҳамдилию ҳамбастагиро паҳн кард. Аз ин ҷост, ки тоҷику тоҷикистонӣ бо исми Турсунзода ҳамеша ифтихор мекард ва ҳар мулоқоту вохӯриҳои устод бо намояндагони қишрҳои гуногуни иҷтимоии ҷумҳурӣ бо шӯру ҳаяҷони мардумӣ ҳамоҳанг буд. Зимнан, ҳар маъракаю чорабиние, ки бо ҳузури устодон Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода баргузор мешуд, яқин бо меҳру отифат, лутфу самимият, шеъру фасоҳат, назокату нафосат, ҳазлу зарофат ва ҷуръату ҷасорат тавъам буд.

        Илтифоту самимияти устод Турсунзода ҳар дидору мулоқотро рангину хотирмон месохт. Адабиётшиноси фақиди тоҷик Камол Айнӣ навиштааст: “Касе ба мисли Турсунзода ба шуҳрати миллаташ шуҳрат зам накардааст. Аввалан, ӯ чун рамзи миллат, ҳамчун мунодии сулҳ ба тамоми қитъаҳои олам сафарҳо анҷом додааст, баъдан дар ҳар куҷое, ки будааст, чун гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будааст”. Ин буд, ки устод дар ҳама сафарҳояш бо Ватан ҳамнафас буд ва ёди Ватан ӯро пайваста ҳамсафарӣ мекард. Бо он ки устод дар замони салтанати мафкураи коммунистӣ, ки интернатсионализми шуравӣ ба сифати меъёру марҷаи сиёсию идеологӣ матраҳ гардида буд, вазифа ва симатҳои баланди сиёсию давлатӣ доштааст, дар садри ситоишоти миллию меҳанӣ қарор гирифтааст. Ин буд, ки дар назари устод Турсунзода, Ватан бо тоҷик ва тоҷик бо Ватан айният доштааст.

       Тавре ки мусаллам аст, устод Турсунзода ҳамвора дар садри маҳофили адабӣ, сиёсӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва маданӣ қарор гирифта, аз ҷониби шахсиятҳои овозадор тавсифу тамҷид шудааст. Рози тамҷиду тавсифи устод, қабл аз ҳама, дар самимият ва инсонияти ӯ нуҳуфта буд. Дӯст ва ҳамсафи Турсунзода, шоири шаҳири Покистон Файз Аҳмади Файз, ки дар роҳи сулҳу дӯстӣ солҳо бо шоир  ҳамқадам ва ҳамнафас буд, дар мавриди устод фармудааст: “Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро дӯст медошт…” (ниг.: Турсунзода дар ёдҳо. Мураттибон Гулназар ва Гурез Сафар. –Душанбе: Адиб, 2011. С.3). Устод Турсунзода ҳам, дар навбати худ ба дӯст ва ҳамразмаш Файз Аҳмади Файз иродат дошта, сатҳи баланди ватанпарастӣ ва меҳандӯстии дӯсташро хеле зебо тавсиф кардааст: Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт, Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт. Тамҷиди инсони заминӣ, таъйини ҷойгоҳи инсонӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ, сарсупурдагӣ ба халқу ватану миллат устод Турсунзодаро байни хосу ом маҳбуб гардонида буд.

Устод Турсунзода, бо он ки гирифториҳо ва масруфиятҳои зиёди расмию идорӣ, адабию сиёсӣ ва иҷтимоию маданӣ дошт, ҳеҷ гоҳ аз шеъру сухан дурӣ наҷуст. Баръакс, шеърро бо шиор даромехт ва барои раҳоии башар аз истибдоду истисмор корбаст кард. Ӯ таҷрибаи сӯхтан ва сохтанро дар шеър омӯхта буд ва аз ин зовия ба зиндагии иҷтимоӣ наздик мешуд. Ин аст, ки хешро ба сифати шоир мухотаб қарор дода, гуфтааст:

    Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар?

   Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар.

   Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад,

   Аз шароре тоза гулхан офарад...

   Шеър ҳам бояд занад фавворае,

   Аз танӯри дил чу оташпорае...

      (ниг.: Ошёни меҳр. Маҷмӯа. –Душанбе: Адиб, 2001. С.60).

Сӯхтану сохтанҳо, чи дар сиёсату мафкурасозӣ ва чи дар фарҳангу нуктапардозӣ ҷараёни омӯзиш, биниш, дониш ва таҷрибаю мушоҳидаҳои устодро таҳкиму тақвият ва ҷуръату ҷасорати сиёсию иҷтимоиашро тавсеа бахшидааст. Устод тавассути офаридани шеъри баланди иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба зиндагии мардумӣ қарин шуд ва розу овози дили инсон ва дар маҷмуъ, халқро бо тарзу сабки нав манзур намуд.

 Масъалаи инсон, ки дар меҳвари кори эҷодии устод Турсунзода қарор доштааст, дар ҳамаи давру замонҳо вобаста ба имконоти фикрию ҳунарии адибон ҷилваю тобише тоза ба бар кардааст. Ба ин манзур, устод Турсунзода таваҷҷуҳи асосиро ба инсони заминӣ ва вораста аз бандуборҳои хурофотӣ ҷалб намуда, шеърро бо эҳсос ва дарду мушкилоти рӯзафзуни ҷомеа пайванд дод. Озодии инсон, пирӯзии ӯ бар ҷаҳлу нодонӣ ва заволи истисмору истибдоди дохилию хориҷӣ ҳадафи фаъолиятҳои фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, адабӣ, маданӣ ва иҷтимоии устод Турсунзода буда, дар ин масир то вопасин нафасҳо гом бардоштааст.

         Мирзо Турсунзода таҷрибаи устодон Айнӣ ва Лоҳутиро дар таблиғи озодӣ,  ташвиқи ғояҳои баланди инсонӣ, мардумсолорӣ ва меҳанпарастӣ на танҳо идома дод, балки густариш бахшид. Шеъри инқилобии устод Лоҳутӣ дар марҳилаи аввали таърихӣ ва назми шӯрангези иҷтимоии устод Турсунзода дар марҳилаи баъдӣ раванди бедории иҷтимоиро на танҳо дар маҳдудаи қаламрави давлати Шуравӣ, балки фаротар аз он тақвият дод. Аз ин ҷост, ки шеър дар қаламрави адабиёту фарҳанги миллӣ ба ҳунари вижа ва муҳаррики зиндагии инсонӣ табдил ёфт. Гузашта аз ин, Турсунзода бо тасмимот, ибтикороту ташаббусоти мунҳасир ба фард насли нави шоирону адибони миллиро дар симои устодон Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор Сафӣ рӯйи кор овард, ки шеъру адабиёти тоҷикро дар марҳилаҳои баъдӣ рушду такомул дода, то замони имрӯз сиҳату солим расонидаанд (ниг.: Асозода, Х. Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ. Душанбе: Шуҷоиён, 2010. С.166). Дар зимн, устод Турсунзода тавассути тарбияи насли ҷавони шоирону нависандагон на танҳо аз аҳли адабу ҳунар ва фарҳангу маънавиёт пуштибонӣ кард, балки дар мақоми пуштувонаи  сиёсию мадании эҷодкорони миллӣ ҷасорати эҷодӣ ва ҳувияти миллиро, ки бар асари мафкурасозиҳои сунъӣ ва миллиситезиҳои идеологӣ сусту заиф шуда буданд, қувват бахшид. Ба ин маъно, устод таҷассуми ҷасорати замонӣ ва руҳи миллӣ дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ мебошад. Бовар дорем, ки насли имрӯзи шоирону нависандагон ва адибони миллӣ суннату анъанаҳои неки насли устодон Айнию Лоҳутию Турсунзодаро идома медиҳанд ва назму насри миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ ҳифз менамоянд.

Устод Турсунзода бо истифода аз қудрати фикрӣ, тавонмандии сиёсӣ  ва неруи маданӣ то охири умр алайҳи ҷангҷӯёну ҷангандешон, мустамликадорону мустамликахоҳон ва золимону мустабидони хориҷӣ мубориза ва муқовимати сиёсӣ-мафкуравӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ карда, аз тариқи минбари сухан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дода буд, ки аз ҷангу даргирӣ дурӣ ҷӯянд ва сулҳу дӯстиро аслу меъёри зиндагонӣ қарор бидиҳанд. Андар масири сулҳу ваҳдат умрфарсоӣ кардан ва “гум накардани ваҳдати халқи ҷаҳон” (ишора ба байти машҳури устод: Халқи олам дӯст бо мо гаштааст, Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун) шиор ва ормони устод Турсунзода будааст ва татбиқи амалии ин шиору ормон, ки реша дар ормонгаройии бостонии миллӣ доштааст, мақом ва ҷойгоҳи устод Турсунзодаро миёни мутақаддимин ва муосирин барҷаста ҷилва медиҳад. Илова бар ин, дар дараҷабандӣ ва иерархияи сиёсию мадании замони шуравӣ устод Турсунзода ба унвони ченаку меъёри шахсиятӣ ва мақоммадорӣ эътироф ва шинохта шуда буд.  Ҳангоми даргириҳои бемаънӣ ва миллатсӯзи ибтидои солҳои навадуми асри бист, ки мунҷар ба ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд, борҳо аз забони баъзе нухбагони илмию мадании вақт ин нукта садо дода буд, ки агар устод Турсунзода мебуданд, бо нуфуз ва эътиборе, ки миёни элитаҳои сиёсӣ, ақаллиятҳои миллӣ-этникӣ ва институт-ниҳодҳои маданию маърифатии дохилию хориҷӣ доштанд, бешубҳа, садду монеи кашмакаш, нофаҳмӣ ва низоъҳои хашин мегардиданд ва дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ ҳифз мешуд. Албатта, ин як фарзия аст, аммо фарзияе, ки эҳтимолияти амалишавиаш зиёдтар буд.

          Шоири миллӣ ва сиёсатмадори овозадори ватанӣ тамоми умр бар он талош варзид, ки мардуми сайёраи инсонӣ дар оромишу суботи саросарию куллӣ ба сар баранд ва доғи ҷангу даргириҳои бемаъниро набинанд. Ин ҳадафи олиро шоир ва сиёсатмадори матраҳи замон пайваста пайгирӣ намуда, бо ҳолу ҳавои сулҳу дӯстӣ ва амнияту ҳамбастагӣ зиндагӣ кард. Ӯ бо таваҷҷуҳ ба ормону орзуҳои азалию абадии инсонӣ дар заминаи дӯстдории замину зиндагӣ ва озодию оромию осудагии одамӣ, “Дар орзуи ошён” (Аз Маҷмуаи “Ошёни баланд”) ба ин маънӣ нидо дармедиҳад:

Ба умри худ магар дидӣ касеро,

Ки аз рӯйи замин безор бошад.

Ба фикри осмони беғубору

Қадамнорас сари кӯҳсор бошад?

 

Кунад парвоз монанди уқобон,

Ба ҳар ҷо, ки дилаш хоҳад нишинад.

Дигар ҷавру ҷафои золимонро

Ба дӯши худ на бардорад, на бинад:

 

На дигар бинаду аз доғ сӯзад

Замини зерипогардидаи худ.

Дили хунину пурдоғи фақирон,

Тани бо дарду ғам печидаи худ.

(ниг.: Гулчини ашъори устод Турсунзода. Бо кӯшиш ва интихоби Муҳаммадҷаъфар Ранҷбар. Муҳаррири масъул Сайёд Ғаффор. Душанбе: Китобхонаи устод Халилуллоҳ Халилӣ, 2011. С.39)

         Дар шеъри машҳури “Асри ман” (1972), ки аз ҷумлаи ашъори пуртаъсири шоир буда, метавон онро ба лиҳози мундариҷавию мафкуравию ҳунарӣ бо “Асри ман донандаи асрор нест”-и Иқболи Лоҳурӣаст, қиёс кард, устод Турсунзода муфтахирона мегӯяд:

    Шиквае аз ту надорам, асри ман,

    Чун туӣ омӯзгорам, асри ман.

    Бахти хоболуди ман ҷубондаӣ,

    Соҳибэъҷозат шуморам, асри ман...

    Аз замин бардоштӣ то осмон,

    Шуҳрату шаъни диёрам, асри ман.

    Одамиро боз дар ҳайрат гузор,

    Қувваи эҷодкорам, асри ман.

    Дидаӣ дар имтиҳонҳои бузург

   Аҳди худро устуворам, асри ман.

   Сар фуровардам ба пеши зан, вале

   Шуд фалак дар ихтиёрам, асри ман.

   Гар накардам пурра қарзамро адо,

   Авф кун, маъзур дорам, асри ман.

(ниг.: Турсунзода, Мирзо. Ошёни баланд. /Мураттиб Музаффар Холов. –Душанбе: “Маориф ва фарҳанг”, 2011. С.90). Мусалламан, шоир ва файласуфи шаҳири Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқбол дар “Асрор ва румуз” ба мавзуи “асри ман” таваҷҷуҳ намуда,  бо афсурдагӣ ва яъсу ноумедӣ аз асри худ ба ин маънӣ шикояву гилоя мекунад:

          Асри ман донандаи асрор нест,

          Юсуфи ман баҳри ин бозор нест.

          Ноумедастам зи ёрони қадим,

          Тури ман сӯзад, ки меояд Калим.

          Қулзуми ёрон чу шабнам бехурӯш,

          Шабнами ман мисли як тӯфонбадӯш.

          Нағмаи ман аз ҷаҳони дигар аст,

          Ин ҷарасро корвони дигар аст.

(ниг.: Лоҳурӣ, Муҳаммад Иқбол. Куллиёти форсӣ. Таҳияи матн ва таҳқиқи илмии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Шарафнисо Пӯлодова. –Душанбе: Дониш, 2013. С.54).  Аз ин ҷост, ки агар шоир ва файласуфи шаҳири Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқбол аз асри ман (асри хеш) шикваю гилоя намояд (Асри ман донандаи асрор нест, Юсуфи ман баҳри ин бозор нест...), устод Турсунзода дар қолаби ин шеър (манзур шеъри “Асри ман” аст) гилояро канор зада, аз шукӯҳу шаҳомати инсонӣ, неруи эҷодкорӣ, қудрату тавонмандиҳои одамӣ ва шуҳратёрии халқи худ сухан ба миён меоварад ва баръакси Иқбол аз асри худ изҳори ризоият мекунад.

Устод Турсунзода ҳанӯз замони зиндагӣ шароити глобалӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳонро хуб дарк карда, ба ин натиҷаи мантиқӣ расида буд, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои сиёсию иқтисодӣ кишварҳои ҳассосро дар ҳоли даргирӣ қарор медиҳанд ва аз ин тариқ бар дороиҳои миллию мардумии минтақаҳо мусаллат мегарданд. Ташвишу изтироби мардумӣ аз ҷангу даргириҳо, ки, мутаассифона, имрӯз ҳам ҷомеаи ҷаҳониро дунболагирӣ мекунад, устод Турсунзодаро ҳам сахт нигарон сохта буд. Дар ин замина устод рисолати аслии инсониро дар раҳоии мардум аз балоҳои азим, ки муҳимтаринаш ҷангу қудратталабӣ буда, ҷаҳону заминро ба коми нестию нобудӣ мекашад,  дониста, гуфтааст:

 Ҷуз заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим,

  Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.

Устод Турсунзода дар байти болоӣ дар мақоми як ояндабину оянданигар ва футуролог раванди ҳаводиси сиёсию мафкуравиро, ки бар асоси бархӯрдҳои тамаддунӣ ва манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ тағйиру таҳаввул меёбанд, як навъ ояндабинӣ кардааст. Ояндабинии устод дар заминаи ҳифзи Замин аз кулли хатару таҳдидҳои минтақавию глобалӣ дар шароити феълӣ ҳам аҳаммияти худро гум накардааст ва дар раъси омӯзишҳо, назарсанҷиҳо, барномарезиҳо ва мавқеъгириҳои ихтисосию илмӣ қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, ҳифзи замин аз балоҳои азим имрӯз ҳам аз авлавиятҳои калидии ҳаётӣ маҳсуб меёбад ва давлатҳои мутамаддини ҷаҳонӣ, ҷомеаи илмию маданӣ ва фаъолони иҷтимоӣ  дар шакли эътилофу иттиҳодҳо ба ҳам омада, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти сайёраи Замин аз таҳдиду хатарҳо иқдомот рӯйи даст мегиранд.

Нозим Нурзода,

   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

Хондан 11 маротиба