Муҳим ин нест, ки шахс кӣ буд ва кӣ ҳаст, мақсад ин аст, ки шахс кӣ метавонад бошад. Фаъолияти рўзмарраи афроди ҷомеа натиҷаи таҷрибаи даврони сипаринамудаи онҳост. Агар шахс дар айёми кўдакӣ нисбат ба интихоби хеш мустақилона тасмим гирифтанро омўхта бошад, пас, барои тасмимгирии огоҳона низ дар оянда ба мушкилот дучор намешавад ва бемамониат метавонад тасмим бигирад. Вале ашхосе, ки баръакси ин рўҳия тарбия ёфтаанд ва ҳамеша тобеи амру фармони дигарон буданд, ҳангоми интихоб ва тасмимгирӣ ба мушкилот дучор шуда, интизорӣ мекашанд, то касе баҳри онҳо тасмим бигирад.
Дар субҳи сарди 16 феврали соли 1600 олими итолиёвӣ Ҷордано Бруноро аз маҳбас берун оварданд ва ба майдони эъдом бурданд. Даҳонашро бо даҳонбанд пушонданд то ба тӯдаи ҷамъомада чизе гуфта натавонад, ва ӯро ба поячӯб баста зинда ба зинда бо иттиҳомӣ бидъаткорӣ, сӯзониданд.
Давоми 8 соли дар маҳбас будани худ Бруно бо шиддат бо мақомоти мазҳабие, ки мегуфтанд маркази Кайҳон Замин аст мухолифат мекард ва системаи нуҷумии Коперникро дастгирӣ мекард, ки бар асоси он маркази низоми офтобӣ Офтоб ҳисобида шудааст.
Инсон ягона мавҷуди табиист, ки ба таври абадӣ ба дарку фаҳми масъалаҳои муҳимтарини табиат, ҷамъият ва тафаккур кӯшиши ҳамешагӣ мекунад. Дар ин самт аз тамоми восита ва имконот истифода менамояд. Муътақид аст, бидуни фаъолияте, ки моҳияти масъалаҳои рӯзмарраро барояш равшан ва возеҳ мегардонад, ба саволҳои ӯ посух медиҳад, зиндагӣ наметавонад пешравӣ дошта бошад. Дониш, маърифат, шинохти умқи масъалаҳо, сабаб, омилҳои пайдоиш ва ташаккули онон имкони эмин нигоҳ доштани инсон ва рушди ӯро таъмин месозад.
Яке аз забонҳои қудратманду тавоно ва таърихи ҳазорсола доштаи дунё ин забони ноби тоҷикист, ки таркиби ғанӣ ва устувор дошта, тўли асрҳо тавонистааст асолати таърихиашро нигоҳ дорад. Ҳарчанд забони тоҷикӣ муддати 1300 сол зери таъсиру фишори забонҳои аҷнабӣ (арабиву туркӣ) қарор доштан он на ин ки аз байн нарафт, балки худро чун забони пуриқтидору асил бештар муаррифӣ намуд. Ба он қудрату тавоноие, ки забони тоҷикӣ дошту дорад, садҳо асари илмиву бадеӣ ва таърихӣ эҷод шудаанд. Имрўз мо шоҳиди он ҳастем, ки илм дар ҳама самт тараққӣ дорад ва риштаҳои мухталифи илм ба вуҷуд меоянд.