JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 (бардоштҳо аз китоби Марк Закари Тейлор зери унвони “Сиёсатгузориҳои навоварӣ: чаро дар илму технология баъзе кишварҳо аз дигарон беҳтаранд”)

  Дар доираи омӯзиши масоили рушди иқтисодӣ, пештар чанд маводи илмиеро мавриди таҳлил қарор дода будем, ки ҳар яке ба кулбори дониш оид ба ин мавзуъ назари наве ворид мекард. Дар ҷустори "Нақши шуури ҷамъиятӣ дар рушду ақибмондагии миллатҳо" (ниг: gundishopur.tj/blogs/меҳр-собириён/Мақолаи%20илмӣ/na-shi-shuuri-amiyat-dar-rushdu-a-ibmondagii-millat-o) андешаҳои табиб ва равоншиноси фаронсавӣ Гюстав Лебон, аз китоби ӯ зери унвони “Равоншиносии миллатҳо ва тӯдаҳо” мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Гюстав Лебон мегӯяд, ки тақдири миллатҳоро ниҳодҳои мавҷудаи он не, балки рӯҳияи он ҳал мекунад, ки ин рӯҳия ё худ зеҳнияту равони миллӣ дар заминаи фарҳангу суннатҳои муайян ташаккул меёбад. Яъне фарҳанг аст, ки ҳама чиро заминагузорӣ мекунад ва агар ислоҳоти лозимӣ ба фарҳанги як миллат ворид нагардад, нусхабардории сиёсатҳову ниҳодҳои кишварҳои пешрафта дар як кишвари ақибмонда чизеро иваз нахоҳад кард. Баъдан назари олимони амрикоӣ Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон дар мақолаи "Дар ҷустуҷӯи омилҳои рушд" (ниг: gundishopur.tj/blogs/меҳр-собириён/Тақриз/dar-ustu-i-omil-oi-rushd) баррасӣ карда шуд, ки дар китоби онҳо зери унвони “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд: решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр” оварда шудаанд (ин китоб соли 2024 ҷоизаи Нобел дар иқтисодро соҳиб гардид). Хулосаи муаллифони китоби мазкур ин аст, ки омили асосии рушд ё ақибмондагии кишварҳо, ниҳодҳои бароҳмондаи онҳо мебошанд ва ин ниҳодҳо ҳастанд, ки кишварҳои муайянро ба як пайроҳае ворид месозанд, ки ояндаи онҳо ва ҷойгоҳи онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ муайян месозанд. Агар раҳбарон дар як кишвар ниҳодҳои фарогир (inclusive) ба роҳ монда тавонанд, кишвар бо суръат рушд намуда ба зинаҳои баланди рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мерасад, вале агар дунболи манфиати шахсии худу атрофиён гашта, ниҳодҳои истихроҷӣ (extractive) ба роҳ монанд, кишвар аз вартаи фақру ақибмондагӣ ҳаргиз берун нахоҳад шуд.

  Солҳои охир дар ҷаҳон, аз он ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи саноати тиб ба ашёи хоми растаниҳои шифобахш хеле ҳам афзудааст. Омӯзиши растаниҳои шифобахш ва коркарди воситаҳои доругии фоиданоки бехатар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим мебошад.
  Намудҳои авлоди чоқла (Inula L.) аз рӯйи мавҷудияти моддаҳои фаъоли биологӣ, дар таркиби худ аз растаниҳои пурарзиши шифобахш дониста мешавад. Авлоди Inula тақрибан 200 намудро муттаҳид намудааст, ки дар Аврупо, Осиё ва Африқо васеъ паҳн гардидааст.

«Масъалаи об танҳо масъалаи як кишвар нест,балки мушкили умумии башарият мебошад».   Эмомалӣ Раҳмон

  Осиёи Марказӣ бо таърихи кӯҳан ва фарҳанги ғанӣ дар қалби Авруосиё ҷойгир буда, аз замонҳои қадим ҳамчун пули байни тамаддунҳо барои башарият хизмати арзандае кардааст. Ин минтақаи ҳаётан муҳимми Авруосиё бо иқлими гарму хушк (континенталӣ) бо рӯдҳои  пуроби худ, ки аз кӯҳҳои Помиру Тиёншон сарчашма мегиранд, шодоб мешавад. Тамаддуни нотакрору пешрафти Мовароуннаҳру Хуросонро бе ин дарёҳо тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.  

   Яке аз бахшҳои муҳим, мураккаб ва таъсиргузори фарҳанги маънавӣ арзишҳо аст. Арзишҳо ба зиндагии инсонҳо маънӣ мебахшанд. Фарҳанги тамоми ҷомеаҳои инсонӣ усулан чизе нест ҷуз низоми арзишҳо ва ё тасвири хосе аз ҷаҳон, ки дар онҳо арзишҳо ҷойгоҳи меҳварӣ доранд.

 Арзиш мафҳуми фалсафист. Он бахше аз фалсафа, ки арзишҳоро мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор медиҳад, арзишшиносӣ ва ё аксеология ном дорад.  Арзишҳо нуқтаҳои тамаркуз(ориентатсия) ва василаҳои ангезабахш (мотиватсионӣ)-и фаъолияти инсонҳо ва ҷомеаҳои инсонӣ мебошанд. 

Саҳифа аз 2 то 286

Китобҳо