Хурофотзудоӣ ва такмили фарҳанги ҷомеа дар кишварҳое, ки дидгоҳи аксари шаҳрвандонаш хурофотӣ ва хирадситезона аст, амре муҳим ва бунёдӣ дар ростои ҷомеасозист. Ин гуна давлатҳо ниёз ба ислоҳоти густурдае доранд, ки он бояд тамоми абъоди ҷомеаро фаро бигирад ва алалхусус, ҷаҳонбинии ирратсионаливу тафаккури эътиқодмеҳвар ва тақдирбовари шаҳрвандонро бо воқеияти кори ҷаҳон созгор намояд, зеро “шарти нахустини мавҷудият ва пойдориву мондагории давлат вижагиҳои сифатии шаҳрвандони он аст” (Аристотель, Политика. –М.: РИПОЛ классик, 2010, С.470).
БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ–ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат рӯзи 26 декабри соли 2019, яъне дар даврае пешниҳод гардид, ки давлати мо ба марҳалаи дуюми рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Таҳқиқу назорати пайвастаи раванди робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодии кишварҳои гуногун бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ шарт ва зарур буда, кафолати бартараф шудани камбудиҳо ва заминаи рушди динамикии онро фароҳам меорад. Ҳеҷ фаъолият бе камбудӣ нест ва равобити дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳо ҳам камбудӣ ва бартариҳои худро дорад. Моро зарур аст ин равандҳоро таҳлилу омӯзиш намуда, камбудиҳоро бартараф созем ва аз ҳама имконоти мавҷуда ба пуррагӣ истифода кунем.
Мардуми форсу тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ тавассути таҳоҷуму истеъмори аҷнабӣ, зулму истибдоди дохилӣ, саҳлангории давлатмардону ҳукуматдорон, бехабарию ноогоҳӣ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва динию дунявии замон, нашнохтани ҳадафу мақсадҳои идеологии бегонагон ва билохира рӯйкард ба ҷаҳл, хурофот ва таассуб ранҷу азоби зиёд кашида, ҷисман ва рӯҳан хаста шудааст. Албатта, ба шарофати истиқлолият дар марҳилаи навини таърихӣ мардуми тоҷик масири зиндагиро тағйир дода, рӯ ба таҷаддуди фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода истодаанд, вале ҳоло ҳам ҷомеаи тоҷикӣ аз бандубори хурофоту ҷаҳолат ва таассуби даҳшатовар куллан наҷот наёфта, тадриҷан раванди ташаннуҷи таассубпарастӣ ва ҷаҳолатхоҳии оммавӣ дар Тоҷикистони кунунӣ, мутаассифона, тақвият ёфта, тадовум пайдо карда истодааст.