JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 03 Апрели 2020 04:19

Аз тавсеаи хурофот то бархӯрдҳои шадид

Муаллиф: Исомиддин ШАРИФЗОДА

  Дар давра ва мароҳили таърихӣ инсон барои бароварда сохтани ниёзҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ба табиат як навъ даргир шуд ва дар айни замон бо неруҳои табиӣ, ки тағйирнаёбандаанд, созиш кард. Маҳз дар ҷараёни даргирӣ ва созишҳо силсилаи бовару эътиқодоти динию мазҳабӣ шакл гирифтанд, ки ғолибан бар мабнои хурофот устувор буданд.

  Хулоса, иттифоқоте, ки дар заминаи муқовимати инсон бо неруҳои табиат рух медод, боиси бурузи як хурофа ва ё силсилаи хурофот мегардид. Аз ҷониби дигар, инсоният худро даргири як мубориза барои зинда мондан намуда ва ин вазъ ногузир, сахт ва сарнавиштсоз буд. Ин ҳол сараввал дар табиат ва пасон дар ҷомеаи табақотӣ идомат пайдо мекард. Чунин буд, ки инсонҳо аз ҳамон замоне, ки худро дар ҷараёни мубориза барои ҳаёт дар доираи табақот танҳо ва бекас ёфтанд, суратакҳои зеҳнии мухталифе ба вуҷуд оварданд ва барои раҳоӣ аз таҳдид, танҳоӣ ва тарси ин ҷаҳони ношинос ба ин суратакҳои зеҳнӣ маъние бахшиданд ва ба онҳо даровехтанд. Барои ҷалби назари онҳо маросим иҷро карданд ва дуо хондаву намоз гузоштанд. Бархеро фаришта хонданд ва бархеи дигарро деву шайтон ва арвоҳи хабиса ном ниҳода, барои раҳоӣ аз нияту амалҳои палидашон ба Худо ва худоён панаҳ бурданд. 
  Дар натиҷаи пешрафти илму дониши башарӣ иддаоҳои зеҳнии инсонҳо бо тақозои замон ва шароит дар шакли нав буруз карданд. Бад-ин минвол, инсони ҳушманд аз ҳазораҳои пешин ба ситоиши мавҷудоти тавонманд, намудҳои табиӣ, символҳои ҷодуӣ, бутҳо ва худоёни худсохташ пардохт. Ин талошҳо ва машғулиятҳои инсонӣ аз ҳамон оғоз ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ мунҷар гардид ва дар маҷмӯъ, ин навъ муносибатҳо ба унвони муносиботи динӣ маъруфанд. 
  Тавре ки болотар ишора кардем, мардум барои раҳоии худ аз нооромии зеҳнӣ ва фалаҷ шудан аз тарсу ваҳшат ва нигаронии амиқе, ки дар баробарашон вуҷуд дошт, ба пардохтаҳои хаёлӣ рӯ меоварданд. Гап сари ин аст, ки мардум ба он хурофаҳо бовар мекунанд ва онҳоро ба ҳайси воқеияти айнӣ пазируфта, аз субҳ то шом вақти хешро зоеъ ба исботи ҳаққоният ва ихлоси бандагӣ ба он қувваҳо менамоянд. Умреро ба тақлиду таслим сипарӣ мекунанд ва дар ниҳоят, бо тарсу ваҳшат аз дунё мегузаранд. Ин ҳама гувоҳи онанд, ки чӣ гуна бовару хурофот мардумро дар рӯҳияи тарсу нодонӣ ва вобастагӣ нигоҳ медоранд ва водор ба вопасгароӣ ва беамалӣ мекунанд. Афроди хурофазадаву боварманд ҳеҷ гоҳ намехоҳанд боварҳои хурофии худро раҳо созанд, зеро ин боварҳо ба мисли рӯъёҳо ва хобҳои ширинеанд, ки дорандагони он ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, аз он хобҳои ширин раҳо шаванд. Фаразан, агар касе ҳам дар садади он қарор гирад, ки ин нафаронро аз чунин хобҳои ширин бедор созад ё ба онҳо аз воқеият сухан гӯяд, ӯро мавриди адоват ва таъқибу душманӣ қарор медиҳанд. Ҳамин аст, ки мардуми хурофазада, одатан нафарони мантиқандеш ва дорои дидгоҳи фалсафиро қабул надоранд. Гоҳо дукондорони хурофот ба онҳо (манзур мардуми хурофазада аст) тавзеҳ медиҳанд, ки набояд ба он чи баён шудааст, яъне он тасвири хурофие, ки дар баробари ҳаводис аз онҳо ба вуҷуд омадааст, заррае шак кунанд. Шак кардан дар баробари боварҳои хурофӣ аз тарафи дукондорони хурофот табу (манъ) шудааст. Агар нафаре шак кард, ӯ бо бадтарин ҳолат мувоҷеҳ хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки аҳли хурофа ба ашхоси тафаккури мантиқӣ ва фалсафидошта даргир мешаванд ва назариёти онҳоро дар робита бо бовардоштҳои авом, аслан қабул намекунанд. Бар ин маънӣ, вақте ки инсони хурофӣ ба дараҷаи таассуб мерасад, назари дигаронро на қабул дорад ва на онро таҳаммул карда метавонад. Ҷомеаи хурофазада бошад, аз маҷмӯи афроди хурофотӣ иборат аст, ки ба таъбири бадеӣ, дар тирашаб роҳи бурунрафтро намеёбад, дар баробари ин, зулмотро ҳама айни воқеият мебинад. Ҳамин аст, ки ҷомеаи хурофазада, ҷомеаи бунбастист. Афроди он ҳазорон сол ва ба як шева ва як дидгоҳ ҷаҳонро тафсир мекунанд. Аз лиҳози ҷаҳонбиниву сатҳи тафаккур, афроди ин навъ ҷомеаҳо дар як ҷой пой мекӯбанд ва ба ҳамон дидгоҳҳои суннатӣ мутақоиданд.

  Нигарониҳои башар дар баробари мушкилоти вуҷудӣ, ки тарсу нигарониҳояшро ба вуҷуд меоварад, сабаб мегардад, то иддае аз дукондорони хурофа инсонро бо тамоми бофтаҳояшон гипнозу фалаҷ карда, ӯро ба барда табдил месозанд. Аз ҳар зовияе, ки ба таърихи таҳаввулоти башар назар афканем, хоҳем дарёфт, ки инсонҳо танҳо дар зинаҳои тафаккури илмиву фалсафӣ тавонистаанд, ҷаҳони мутамаддини имрӯзиро ба вуҷуд биоваранд. Ин илму фалсафа будааст, ки башару башариятро аз бадавияту бардавияти дирӯзиҳо ба тамаддуни имрӯзаи модерн ва пасомодерн оварда расондааст. Воқеияти таърихӣ баёнгари он аст, ки таърихи инсоният ва ҷомеаҳои инсонӣ пур аз дидгоҳҳои хурофотӣ мебошад. Дунёи рӯшангарӣ ва илму фалсафа, ки ҳудуди 400 соли охирро фарогир аст, тавонистааст дидгоҳҳои наверо ба миён оварад ва аз тариқи шинохтҳои дақиқи табиию фанновариҳои ҷадид инсониятро ба сатҳи баланди шинохт ва тафаккур бирасонад. Дар воқеъ, дар дарозои таърихи башарӣ фақат илму фасафа будааст, ки ба унвони пояи асосии тамаддун роҳро барои рушди техника ва тавсеаи технология ҳамвор созад. Башарият танҳо бо андешаҳои илмиву фалсафӣ тавонистааст аз дунёи ваҳшӣ раҳоӣ ёбад ва худро ба дараҷаи мутамаддинӣ оварда расонад. Махсусан, кишварҳое, ки арзиши дидгоҳҳои илмӣ ва фалсафиро шинохтаанд, дар сафи пеши тамаддуни башарӣ ҷойгиранд. Дар ин гуна кишварҳо муассисоти илмӣ ва тимҳои коршиносии давлатӣ ва ғайридавлатӣ вобаста ба мавзӯи мушкилот роҳҳалҳои илмӣ ва тахассусӣ ҷустуҷӯ ва пайдо мекунанд.

  Имрӯз кишварҳое, ки низоми дунявиятро пазируфтаанд, такя ба илму хиради инсонӣ доранд ва дар ҳамаи арсаҳои сиёсиву иҷтимоӣ пешгоманд. Онҳо, воқеан, ба манобеи қобили эътимоди башар, яъне илму фалсафа такя намуда, худро то ба ин ҷойгоҳ расондаанд. Вале кишварҳое, ки дар пайи тавсеаи хурофот ва парастишҳои зеҳнии худанд, дар ҳоли бархӯрдҳои шадид, вопасгароӣ, дастнигарӣ қарор доранд ва аксар бошандагонаш то ҳанӯз кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо роҳи парастишҳо, суннатҳо ва ниёишҳо мушкилашонро бароварда созанд. Вале бо ин роҳ на танҳо ниёзҳояшонро бароварда намесозанд, балки ба бархӯрдҳои шадидтаре мувоҷеҳ мешаванд ва ин бархӯрду даргириҳо боиси ҳарҷу марҷ ва бесуботию ноамнӣ дар минтақаҳо хоҳад гашт.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа

Бознашр: http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=39924 

Хондан 1203 маротиба