JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 02 Апрели 2020 08:39

Сездаҳбадар - расми ҷамъбастии тадорукоти Наврӯзӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

   Дар миёни маросимоти Наврӯзӣ Сездаҳбадар ба унвони расми ҷамъбастӣ ё ба истилоҳ, кулминатсионии ин ҷашни бошукӯҳи аҷдодӣ шинохта мешавад.  Расми “Сездаҳбадар”, қабл аз ҳама, бо зиндагии рӯзмарра ва ҳаёти воқеии мардумӣ бастагӣ дорад ва барои танзими муносибатҳои мутавозини иҷтимоӣ созмон ёфтааст. Он маҷмӯаи маросимоти Наврӯзиро ҷамъбаст мекунад ва омодагиро ба ҷараёни минбаъдаи зиндагӣ ба мардум илқо менамояд. Ин аст, ки тибқи одоти маросимӣ, мардум ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ дастҷамъона берун аз шаҳр мераванд ва дар муҳити кӯҳсору саҳро бо хушию  хушҳолӣ ва саргармиҳо бо табиат ҳамоғуш мешаванд.

  Аз силсилаи саргармиҳои ҷашнӣ, ки ба Сездаҳбадар тааллуқ дорад, расми гиреҳ задани сабзаҳо аз ҷониби духтарон (ба хотири бахткушоӣ ва ёфтани ҷуфти муносиб) то имрӯз роиҷ аст ва ба унвони расмиёти ҷашнӣ дар баъзе манотиқи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамзабон иҷро мегардад. Пораи маъмули назмӣ аз тадовуми ин расми аҷдодӣ дар миёни мардум дарак медиҳад:

Сездаҳ ба дар,

Чордаҳ ба ту,

Соли дигар,

Хунай шувҳар.

  Ба дунболи ин, мардум, бо баромадан аз фазои хона худро ба муҳити бози табиат, ки инсон ҷузъи ҷудонопазири он маҳсуб меёбад, мезананд ва як навъ гармония ва тавозунро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд меоваранд. Дар “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ тобишҳое аз ин маросим ба исми “Сайри Гули Лола” ва “Сайри Ширбадан” тасвир шудааст ва ишороти фавқ баёнгари онанд, ки дар муҳити тоҷикӣ маросимоти ҷашнҳои миллӣ на танҳо дар ҳофизаи таърихӣ, балки дар зиндагии хусусӣ ва ҷамъӣ низ ҳифз шудаанд.

  Нуктаи муҳим дар ин замина ин аст, ки Наврӯз ба сифати ҷашни миллӣ ва фаромиллӣ маҳз бо Замин – яке аз чаҳор унсури ҳастӣ иртибот дорад ва Замин (Хок-Гил) дар баробари аносири дигари табиӣ -- Обу Боду Оташ дар вуҷуду ҳузури Ҳастӣ даст дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада бо ҷавҳару аносири табиат пайвастагӣ доранд. Ҳадафи тавлиду таҷлилу тарғиби ин ҷашнҳо, ки аз хамираи ҳувиятии мардум офарида шуда, савобиқи тӯлонии таърихӣ доранд, шинохти табиат, арҷгузории ҷавҳар ва аносири табиӣ, воқеияти ҳастӣ ва билохира ҳамоғушӣ бо табиат мебошад. Аз ин ҷост, ки мардум аз қадим то имрӯз ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба иҷрои маросимоти Наврӯзӣ, Тиргонӣ, Меҳргонӣ, Ялдоӣ ва Садаӣ пардохта, ҳалқаи васли наслҳои пешину пасинро таъмин намудаанд. 

  Аз як давра ба давраи дигар, аз як марҳила ба марҳилаи дигари таърихӣ ва аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол ёфтани силсилаи маросимоти Наврӯзӣ ва соири ҷашнҳои миллӣ гувоҳи он аст, ки фарҳанги ҷашнӣ ва маросимии мо маҳдуду локалӣ набуда, характери тавсеаёбӣ ва глобалӣ дорад. Дар доираи фарҳангу маросимоти ҷашнии мо арзишҳои умумимиллӣ ва умумиинсонӣ инсиҷом ёфтаанд, ки ин хасоиси арзишмеҳвар боиси фарогирии намояндагони нажоду миллият ва халқияту диниятҳои гуногун дар ҳалқаҳои идона мегарданд. Ба ин манзур, эҳё ва ба таври боистаю шоиста тарғиб намудани маросимоти ҷашнҳои миллию  мардумӣ  сатҳи буҳрони ҳувиятиро, ки ҳамакнун ҷомеаҳои моро таҳдид мекунад, пойин мебарад ва роҳро барои расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ – ташаккули биниши илмӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти низоми дунявӣ ва сохтмони давлати ояндадори миллӣ ҳамвор месозад.  

  Ин шабу рӯз (дақиқтараш, 2 апрели соли 2020), тибқи силсилаи маросимоти Наврӯзӣ, расми “Сездаҳбадар”, ки маъмулан 13-уми моҳи фарвардин баргузор мегардад, дар ҳалқаи маҳдуди дӯстону ҳамватанон мавриди таҷлил қарор мегирад. Албатта, ба таври фарогир ва дар муҳитҳои иҷтимоӣ таҷлил нагардидани “Сездаҳбадар” иллати худро дорад. Иллати аслии саросарӣ ва ба таври бояду шояд таҷлил нагардидани Сездаҳбадар шуюъи вируси короноӣ дар саросари кишварҳои ҷаҳон, минҷумла мамолики ҳавзаи Наврӯз аст. Бар ин далел вуҷуду ҳузури вируси короноӣ таҷаммӯоти ҷашнӣ ва идиро ҳам зери суол бурд. Хушбахтона, бар асари ба қайд нагирифтани ягон ҳодисаи олудашавӣ ба вируси короноӣ дар кишвари мо маросимоти ҷашнӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом гирифтанд. Ба ин тартиб, дар гӯшаю канори кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, Сездаҳбадар дар доираҳои хонавода ва бо истифода аз усулҳои беҳдоштӣ мавриди таҷлил қарор гирифт. Гаштугузори идонаи баъзе нафаронро дар гулгаштҳо ба мушоҳида гирифта, метавон тахмин зад, ки мардуми мо, новобаста аз мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ ва таҳдиди хатароти беҳдоштӣ (шуюъи вируси короноӣ) ба маросимоти баҳорию наврӯзӣ арҷ мегузоранд ва дар баргузории русуми бостонӣ аз рӯйи имкону тавон саҳм мегиранд.

  Бояд тазаккур дод, ки ду соли қабл -- нимаи дуюми  рӯзи 2 апрели соли 2018 як гурӯҳ, ки аз фарҳангиёну зиёиёни муқими шаҳри Душанбе  таркиб ёфта буд, бо мақсади таҷлили Сездаҳбадар аз шаҳр берун – талтеппаҳои болои Боғи Ғалаба, ки дар ин фасли сол хеле зебову музайян гашта буданд, баромада, сайругашти идонаро дар фазои табиати биҳиштосои кишвар чанд соат тӯл доданд. Дар ин миён густурдани суфраи хоксоронаи идӣ ва суҳбату гуфтугӯҳои судманди илмию фарҳангӣ хотирмон буд.

  Ба муҳити берун аз хона баромадан ва худро ба оғуши табиати зинда задан аввалқадами маросими Сездаҳбадар маҳсуб меёбад. Махсусан, муҳити кӯҳсор -- тамошои талу теппаҳо, хамгаштҳо, сабзаю дарахтҳо, фазои атрогини баҳорӣ ва наврӯзӣ ҷисму рӯҳи иштирокчиёни маросимоти ҷамъбастии наврӯзиро навозиш мекунад. Муҳимтар аз ҳама, ширкат дар маросими Сездаҳбадар  як навъ дарси омӯзандае буда метавонад, ки моро ба сӯйи татбиқи амалии арзишҳои фарҳангӣ ва суннатҳои дерпойи миллӣ дар сатҳи иҷтимоӣ таҳрик медиҳад. Дарс ва таҷрибае, ки дар доираи расмиёти ҷашни Сездаҳбадар берун аз хона -- дар домани сабзаю гулҳо, дар муҳити дӯстону ҳамдиёрони огоҳ, дар ҳамоғушӣ бо табиати зебои диёр иттифоқ меафтад, воқеан, дарси зебоипарастӣ,табиатшиносӣ, инсонгаройӣ ва арзишписандӣ мебошад. Агар ин гуна маросимоти миллию мардумӣ байни  ҷомеа густариш ёбанд ва сол ба сол зеботару хотирмонтар ҷараён бигиранд, ҷомеа дар сатҳи болотари тамаддун қарор мегирад. 

  Қатъи назар аз он ки кишвар ва ҷомеаҳои ҳавзаи Наврӯз бо хатарҳои глобалие назири вируси короноӣ дасту панҷа нарм мекунанд, ҷараёни таҷлили  иду  маросимоти  миллӣ, ки аз Наврӯзи бостонӣ сарчашма мегиранд, таҳкиму тақвият меёбад. Воқеан, имрӯз замоне расидааст, ки маросимоти фаромӯшшудаи миллию мардумӣ, аз ҷумла Сездаҳбадар бо шукӯҳу шаҳомати қаблӣ эҳё шаванд. Масъулияти фардӣ ва рисолати иҷтимоии мо тақозо мекунад, ки дар раванди зинда ва мавриди таҷлил қарор додани маросимоти Наврӯзӣ, Тиргонӣ, Меҳргонӣ, Ялдоӣ ва Садаӣ саҳми муносиб бигузорем. Зимнан, ҳар яки мо бо амалкардҳои муфиди инфиродӣ ва дастҷамъӣ метавонем ҷашнҳои бузурги миллиро дар якҷоягӣ бо маросимоташон ба сатҳи иҷтимоӣ ва мардумӣ бирасонем ва умри онҳоро барои садсолаҳо тамдид  кунем.

       Ба умеди маҳори зудҳангоми вируси короноӣ ва тандурустию пирӯзии мардуми ҷаҳон,  

                     Нозим Нурзода

                     пажӯҳишгар

 

Хондан 998 маротиба