JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 31 Марти 2020 06:24

Коронавирус моро ба чанд андеша водор месозад (чанд андешаи иҷмолӣ)

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Дар бораи омилҳои пайдоиши коронавирус, ки имрӯз ба як маризии ҳамагири ҷаҳонӣ табдил гардидааст, феълан дар расонаҳои гурӯҳиву сиёсӣ ва байни донишмандону олимони соҳа андешаҳои мухталифе ироа шудаанд. Аз ин рӯ, мо намехоҳем дар атрофи фарзияҳои эҳтимолии пайдоиши ин вирус изҳори назар дошта бошем, вале дар ин як навиштаи кӯтоҳ мехоҳем доир ба паёмҳо ва ҳушдорҳое, ки дар заминаи интишори ин вирус ва паёмадҳои таассуфбори он дар ҷаҳон ба амал омадааст, андешаҳои худро баён намоем. Шояд он чи дар ин навишта баён месозем, танҳо маҳсули бардошти субъективии мо бошад, аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ даъво надорем, ки афкори мо як воқеъияти бебаҳс мебошад. Танҳо чанд андешаи сарироҳӣ пиромуни ин вирус ва бардоштҳо аз кунишҳову вокунишҳои иҷтимоӣ дар баробари он хоҳад буд. Ин андешаҳо иборатанд аз: 

 Якум, пандемияи коронавирус нишон дод, ки новобаста аз даъвоҳову дағдағаҳо ва қудратхоҳиҳову ғавғоҳое, ки инсоният роҳандозӣ намудааст, ӯ ҳанӯз дар баробари як вирус осебпазиртарин мавҷуди кӯраи хокӣ ба ҳисоб меравад. Мутафаккире навишта буд, ки инсоният танҳо аз назари эҳтимолият дар тӯли миллионсолаҳо, ки табиат ба ӯ имкон додааст, шонс оварда, ки то ба дараҷаи имрӯзӣ рушд кунад ва тамаддуни хешро бар пояи огоҳии имрӯзӣ бирасонад. Акнун вазифаи башарият он аст, ки дар баробари хатарҳои заминию кайҳонӣ, ки дар як они воҳид метавонанд ба тамаддуни инсоният нуқтаи таммат (итмом) гузоранд, нерӯҳои молиявию ақлонии хешро сафарбар намоянд, вагарна рӯзе дер хоҳад шуд. 
  Пандемияи дар ҷаҳон сар зада дурустӣ ва воқеъияти ин гуфтаҳоро собит намуд ва нишон дод, ки инсоният дар баробари ин хатарҳо сахт осебпазир аст ва бояд бори дигар сари мавзӯи вуҷуди инсоният ва тамаддуни инсонӣ тамоми нерӯи ақлонии хешро равона созад ва рӯи онҳо тафаккури худро тамаркуз диҳад. 
  Дувум, пандемияи коронавирус иддае аз арзишҳои инсониро тагурӯ намуд ва нишон дод, ки дар ҷаҳони имрӯз наметавон бо шеваҳои бовармандию эътиқодмеҳварӣ дар муқобили хатарҳо истодагарӣ кард. Имрӯз чӣ динҳои ҷаҳонӣ ва чӣ динҳои миллӣ аслан ҳарфе ва ё паёми равшане барои мардумон надоранд. Далели асосии ин гуфтаҳо он аст, ки феълан дар марказҳое, ки барои бовармандон муқаддасанд, пандемияи коронавирус бедод мекунад.      Махсусан дар Италия ва Ватикан, ки маркази католикони ҷаҳон ба ҳисоб меравад, попи Рим худро карантин мекунад ва аз пушти дарҳои баста ба бовармандонаш паём медиҳад ва ҳамин тавр дар марказҳои бовармандони мусалмон, ки барояшон Каъба ба ҳайси хонаи Худо пазируфта шудааст, ҳама дар карантин мебошанд ва гардишу ҷамъомадҳо куллан манъ карда шудаанд. Дар Эрон низ ҳама ҷойҳои муқаддасро карантин кардаанд. Аз назари илмиву беҳдоштӣ низ салоҳи кор дар он аст, ки ба хотири кам кардани хатари тавсеаи ин вирус аз таҷаммуъи одамон ҷилавгирӣ карда шавад. Коронавирус ҳамчун як хатари фарогир бори дигар ҳушдор дод, ки мо низоми бовару эътиқодотамонро таҷдиди назар кунем. 
  Сеюм, масъалаи дигареро, ки ин пандемия назди башарият гузошт он аст, ки ҳамаи тааллуқоти табақотию иҷтимоию сиёсиро пушти по зад ва ҳушдор дод, ки мо инсонҳо бояд дар таовуну ёрмандӣ ва дасти кумак дароз кардан бо ҳам зиндагӣ намоем. Ҳатто оддитарин вирус, ки аслан ба гурӯҳи микроорганизмҳо тааллуқ дорад, метавонад дар мавриди интишори хеш ба як инсон новобаста аз мақоми иҷтимоияш сироят кунад ва ҳатто ҳамаи башариятро олуда ва даргири хатари нобудӣ қарор диҳад. Яъне ин пандемия собит намуд, ки нафароне, ки сарватҳои ҳангуфт доранд, метавонанд дар як они воҳид сироят ёбанд ва ин пулҳо аслан наметавонад ҳеҷ гуна кафолати ҳифозатеро барои онҳо ба вуҷуд биёваранд. Аз ин рӯ, табақаҳои доро ва кишварҳои пешрафтаро бори дигар ҳушдор дод, ки ба инсонҳои табақаҳои аз худ поёнтар ва ба давлатҳое, ки нисбатан нодоранд, дар мавқеи ёрмандӣ қарор бигиранд ва инсониятро болотар ва афзалтар аз сармояҳо ҳисобанд ва каме ҳам бошад дар баробари нафси ноқонеи ҳариси худ бозистанд, зеро сироят ёфтани мардум дар қаламрави кишварҳои қафомонда хатари интишори ин вируси махуфро дар сатҳи тамоми кишварҳо ва минҷумла кишварҳои мутараққӣ афзун мекунад. 
  Чаҳорум, ин вирус нишон дод, ки қудратҳои ҷаҳонӣ аз даъвоҳои ҷаҳонгирию қутбсозӣ ва ҳамасола ҷудо кардани маблағҳои ҳангуфт ҷиҳати сохтусози яроқҳои қатли ом, аз ҷумла яроқҳои ядроию байниқитъавӣ, беҳтар аст, ки нерӯҳои худро бештар рӯи тавсеаи илму дониши башар тамаркуз диҳанд, зеро новобаста аз ин яроқсозиҳо ва даъвоҳои қутб будан як вируси оддитарин метавонад низоми ҷаҳониро барҳам занад ва кишварҳои бузургеро, ки ин қадар дамдамаю ҳамҳама доранд, бо сарваронашон музтару нотавон ба намоиш дароварад. Имрӯз ки сарварони сиёсии иддае аз кишварҳои абарқудрат хешро канора мегиранд ва карантин мекунанд, бояд якбор оянданигарона бияндешанд, ки дар ҳолати гирифтории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин офати ҳамагир оё онҳо метавонанд дар амон бошанд? 
  Панҷум, имрӯз кишварҳои ҷаҳонро зарур аст ҷиҳати боз ҳам кам кардани осебпазирии башарият аз бераҳмона истифода намудани табиат ва онро табдил додан ба воситаи даромади худ бипарҳезанд. Зеро агар қабул кунем, ки ин вирус воқеан падидаи табиист ва дар тӯли ҳазорон сол таҳаввул ёфта то ба дараҷаи имрӯзӣ омада расидааст, пас метавон ба ин натиҷа расид, ки табиат низоми худтанзимшаванда аст ва дар ниҳояти кор ӯ вазъиятҳоро худ танзим мекунанд. Яъне ин шояд як вокуниши табиат дар баробари таъсиррасонии зиёди инсон ба табиат ва бераҳмона онро ба манфиатҳои худ истифода намудани инсоният бошад.
  Шашум, агар фарз кунем, ки ин вирус сохтаи дасти башар бошад ва ба дасти инсоният ташаккул дода шуда, ба хотири худхоҳӣ ва нишон додани қудрати гурӯҳҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ тарроҳӣ шуда аст, дар ин ҳолат низ ин амали ҷинояти башарӣ собит менамояд, ки дар раванди баҳамаоии ҷаҳони имрӯза чунин амалҳои муғризона ва дур аз мантиқи солим, ки ба хотири ғаразҳои қудратталабию бартариҷӯӣ дар ҷаҳон роҳандозӣ мешаванд ва сӯиистифодаи сиёсатҳои хашини қудратхоҳ аз дастовардҳои илмӣ метавонад башариятро аз байн барад ва ба дасти инсон ба тамаддуни инсонӣ нуқтаи таммат гузошта шавад. Аз ин рӯ, ин вирус бори дигар ҳушдор медиҳад, ки аз чунин бозиҳои бемаънии хатарбор, ки метавонад ҳамаи башариятро дар гирдоби хеш маҳв созад, ҷилавгирӣ намоем ва аз оқибатҳои бади он биандешем. 
  Ҳафтум, аз лиҳози сиёсӣ ин пандемия бозгӯкунандаи он аст, ки осебпазирии низомҳои баста метавонанд дар баробари чунин ҳолатҳо камтар бошад, вале осебпазирии низомҳое, ки дар онҳо озодиҳои инсон ниҳоят зиёданд, бештар бошад. Низоми бастаи Чин, ки дар он озодиҳои инсонӣ маҳдуданд ва дар як муддати кӯтоҳ тавонист вусъатёбии сирояти ин вирусро мутаваққиф кунад, истидлоли ин иддао аст. 
  Ниҳоятан, ин пандемия бори дигар бармало кард, ки инсон аз зумраи осебпазиртарин мавҷудот дар кӯраи хокӣ аст ва он ҳама воҳимаву бузургманишие, ки сиёсатҳо, сармояҳо ва амсоли инҳо аз инсоният сохта буданд, ба мисли як ҳубоби дарунхолии зоҳиран зебое ба намоиш гузошта шуда будааст. Ин вирус бори дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба вижа кишварҳои мутараққиро ҳушдор медиҳад, ки таваҷҷуҳу тавонмандиҳои хешро рӯи донишҳои инсонӣ ва дастовардҳои илмӣ тамаркуз бидиҳанд ва дар баробари хатароти заминию кайҳонӣ, ки ба инсоният таҳдид мекунанд, тамоми қувваҳо ва сармояҳои молиявию инсониро равона созанд.

Исомиддин Шарифзода
Бознашр: https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=3194167870650725&id=100001726304173

Хондан 1271 маротиба