Аз ин ҷо, ин гули латифу ҳассос дар фасли сол як ду моҳе рўи қолинҳои сабзи табиат ҷавлон намуда, дар дили кас шодиву сурур, ишқу муҳаббатро нисбати табиату ватани хеш бедор намуда, дар вуҷуди инсон ҳисси меҳанпарастӣ ва ватандўстиро боз ҳам қавитар менамояд. Инсон чи қадар дўст медорад, ки дар айёми шукуфои ин гули «Аруси сол» ба ин дашту боғ ва сабзазорҳои пургул баромада, аз зебоии табиат лаззат барад. Махсусан сурхии гули лола ва ранги сабзи сабзаҳои худрў хеле бо ҳам месозанд ва кӯдакон бошанд аз муғчаҳои навшукуфтаи он арусак месозанд ва бо шодмонӣ байни гулҳо давутоз мекунанд. Вале мутаассифона, умри ин гули зебои табиат бо андак гармову вазидани бод барои сол ба поён мерасад. Гули лола бо унвони машҳуртарин гули худру дар фарҳангу адаби тоҷику форс нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон рўи лола шиносоӣ доштанд ва онро дар ашъори хеш таъбиру тасвир ва киноя карданд: лолаи доғдор, лолапуш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор ва ғайра.
Ҳамин тариқ, гули лоларо дар таърихи илму фарҳанги мардуми тоҷику форс шоирону мутафаккирон образҳои бадеӣ дода, дар шароиту лаҳзаҳои гуногун мавриди истифода қарор додаанд. Абуабдуллои Рудакӣ лоларо чунин васф намудааст:
Бихандад лола бар саҳро,
Ба сони чеҳраи Лайло.
Бигиряд абр бар гардун,
Ба сони дидаи Маҷнун.
Хайёми бузургвор дар «Наврўзнома»-и хеш фармудаанд:
Чун абр ба Наврўз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.
К-ин сабза ки имрўз тамошогаҳи мост,
Фардо ҳамагӣ зи хоки мо хоҳад руст.
Дар ҷои дигар омадааст:
Аз ҳасрати лаби ширин ҳануз мебинем,
Ки лола медамад аз хоки турбати Фарҳод.
Суханвари бузурги адабиёту фалсафаи тоҷик Ҳофизи Шерозӣ дар ашъори хеш низ лоларо ҳамчун рамзу тамсил истифода намудааст:
Дил ба даври рўят зи чаман фароқ дорад,
Ки чу сарв пойбанд асту чу лола доғ дорад.
Файласуф ва орифи бузурги асри ХУ111-Х1Х Ҳаким Сафо қаҳрамони лирикии худро дар «Девони ашъор»-аш чунин ташбеҳ кардааст:
Қади ту чун санавбару рўят чун лола аст,
Бар лола ту гашта ду мишкин кулола аст.
Номи гули лола аз калимаи лол ва калимаи лаъл, аз забони санскрит ба маънои «қирмиз», яъне сурх гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, истилоҳи лола ба маънии «сурх» аст, ки дорандаи ҳамин ранг мебошад.
Лола ба туркӣ «тулипо» ном бурда мешавад, ки то ба Аврупо расидааст ва дар он ҷо ҳам ин ном машҳур аст, вале худи туркҳо дар замони ҳозир монанди мардуми тоҷику форс ин гулро лола меноманд.
Лола пурпарчам аст, баргҳои он дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат, ё се баргча дорад. Ҳамаи гулҳои лолаи худрў дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд. Навъҳои ранги гули лола то дараҷае аст, ки метавон гуфт, ки ба ғайри ранги қаҳваи дигар тамоми рангҳоро доро мебошад. Умуман, гули лола ба ҳафт ранг: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, бунафшаӣ, сабз ва зард тақсим мешавад. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Се номбурди гули лола – шақоиқ, шақоиқи нуъмонӣ ва лоларо медонем, ки онҳо гиёҳони мутафовита ҳастанд. Дар айни ҳол ин се гули сурх ҳамроҳ бо доғҳои сиёҳ, ки дар маркази гул ҳастанд, ба якдигар хеле шабоҳат доранд. Вале бояд гуфт, ки як донистани шақоиқ ва лола хатост, зеро шақоиқ номи илмӣ: анемоне аст ва шақоиқи нуъмонӣ – номи илмиаш папеверсез мебошад. Лолаи маъмулӣ бошад баргҳои нозуки зудранҷ ва зуд аз байн раванда дорад, аммо баргҳои гулҳои шақоиқҳо пурқувваттар ва пурбардошттар буда, умрашон дарозтар мебошад.
Маҳал ва макони гулҳои лолаи худрў қариб дар ҳама ҷои Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Ховар, Истаравшан, Исфара, қисматҳои кўҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Кўҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз куҳҳои Помир то Тияншон ва ғайраҳо воқеъ аст.
Дар Ванҷ дар совети қишлоқи Водхуд дар деҳаи Узбай мавзеи бо номи «Лолазор» воқеъ аст, ки аз зебоии худ касро ба ҳайрат меандозанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа (Қалъаи сурх)-и Бадахшони боло тақрибан моҳи апрел лолаҳои кўҳистон чун арусаки сол қомат меафрозанд. Ба ҷуз ин дар ҳамин Роштқалъа маҳаллае бо номи Тусиён аст, ки макони лолаҳои рангоранг мебошад.
Бояд гуфт, ки яке аз маҳаллаҳои Файзобод, қаблан як дашту теппаи пурсабзаву пургули лолаи худрў буд, бо номи Лолагӣ машҳур аст, ки қисмати зиёде аз он маҳалларо ба ҷои гули лола одамон бо хонаҳои истиқоматиашон ишғол намудаанд. Аммо бо вуҷуди ин аз роҳи мошингард, ки рад шудӣ дашту теппаҳои махмалини лолаҳо дили инсонро ба ваҷд оварда, вуҷуди шахсро як ҳисси меҳру муҳаббат нисбати табиати сарзамини Ватан фаро мегирад, яъне табиат бо зебоиҳои табиии хеш ба рўҳи инсон дар ҳар як фасли сол зиндагии нав ва тоза ба тоза мебахшад.
Имрўз мо бо ифтихор мегўем, ки бо туфайли заҳматҳои Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ гулҳои лола бо рангу шаклҳои мухталиф боғу гулгашт, чаману лаболаби хиёбону кучаҳо ва боғчаҳои назди ҳавлигии шаҳрамонро боз ҳам зеботару хушбутар гардонидаанд. Чи неъмати бузурге аст, ки сарзамини кишварамон соҳиби табиати поку зебост ва инсон аз он лаззат бурда, худро хушбахту саодатманд ва соҳибистиқлолу худшинос медонад ва вуҷуди ўро эҳсоси Ворисдориву Ватандорӣ фаро мегирад. Ин эҳсос ширинтарин эҳсосест, ки инсонро ба рўҳбаландиву сарафрозӣ ва сарбаландию рушду камолот даъват намуда, қалбан аз ин неъматҳо шукргузорӣ менамояд.
Ҳамчунин ин гул дар Афғонистон, Эрон, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои Баҳри сурх, Дарёи Хазар, Баҳри сиёҳ, Юнон, Ҳоланд (Голандия), Италия, Испания ва ғайраҳо ба сифати гули худрў дар шаклҳои мухталиф дида мешавад.
Соли 1981 тавассути Анҷумани салтанатии пиёзи лолаи Ҳоландӣ тақсимбандии гулҳои лола оғоз гардида, лолаҳо бар асоси шакли гиёҳ ва замони шукуфтани гул ба 15 навъ тақсимбандӣ шуда буданд.
Агар нигоҳе ба таърих андозем, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Нақши лола дар муҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудааст, қадимии онҳо беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳанд. Дар садаҳои дуюм ва сеюми пеш аз мелод низ нақши гули лола бо як даста гули лола ба даври сар ва ба рўи сикаҳо тасвир шудааст. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин, муҳрҳо ба се гулбарг ба тасвир кашида шудааст. Аммо дар осори аз сосониҳо боқӣ монда, дар асрҳои 5-6 мелодӣ теъдоди гулбаргҳои нақши лола ба 5 адад афзоиш ёфтааст, ки тасвири он дар тоқи бузург гули лола бо панҷ гулбарг кандакорӣ шудааст.
Дар замони ислом низ ишқу алоқа ба гули лола дар кишварҳои Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон ба назар мерасад, ки намоёнгари он ин осори мутафаккирону шоирони асрмиёнагӣ мебошад. Дар ин бора дар боло намуна аз осори классикони тоҷик оварда шуд. Замони подшоҳии Аҳмади сеюм (1703-1730) дар импературии Усмонӣ ба номи «асри лола» маъруф аст. Дар ҳамин давра таваҷҷуҳ ба гули лола дар Туркия боло мегирад.
Мувофиқи маълумоти сайти интернетӣ[1] дар ҳоли ҳозир ҳазорон навъи лола бо рангҳои мутафовит вуҷуд дорад. Дарозии қади лолаи худрў бештар аз 20 сонтиметр мебошад ва аз нигоҳи зоҳирӣ ҷоми гули лола ба қисматҳо тақсим мешавад: такпари финҷоншакл; пурпари қадаҳшакл; ҷомшакл; ҳошиядор; гулбарги баланду борики нозук; ситораӣ.[2]
Муҳити зисти гули лола: гули лола нисбатан ба хунукӣ тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳӣ 9 дараҷа, барои рушд 15-18 дараҷа гармӣ аст. Аммо ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод ҳосилхез аст. Навъҳои қадимии лола аз таркиби ду навъ: лолаи боғчаӣ ва лолаи арманӣ гирифта шудаанд. Хонадони лолаҳои ҷадидтар се навъанд: лолаи шинелқирмизӣ; лолаи импературӣ ва лолаи нилобӣ.
Гули лола танҳо ду моҳ дар сол шукуфон мешавад, яъне замони гулдиҳии он аз охири апрел то аввали июн вобаста ба маҳаллаҳои гарму салқин идома меёбад.
Муродова Тоҷинисо
Номзади илмҳои фалсафа
[1] Амана Ҳонда, Эдуард… Попов. Оризуя Д. Дон
[2] Ҳамон ҷо