«…умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро ба башарият ато карданд, аммо дар натаиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд».
Ин сатрҳои воқеӣ ва таърихиро аз китоби «Уфуқҳои истиқлол»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овардем. Дар асари мазкур Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки 9 сентябри соли 1991 давлатдории тоҷикон аз нав эҳё гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол арзи вуҷуд намуд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳони муосир номи кишвари азизи мо бо ҳарфҳои заррин сабт ёфт.
Аз бозе ки инсон худро дар баробари табиат ва ҷаҳони бекарон шинохт, ба эҷод ва офариниш машғул шуд ва аз ин тариқ нахуст мубориза ва муқовиматро барои зинда мондан ва баъдан ба вуҷуд овардани фазои муътадили зистӣ идома дод. Дар масири шинохт ва муқовимат бо ҳаводиси табиӣ инсонро маҷмӯаи донишҳою бинишҳояш, ки аз роҳи таҳрики сохтмони мағзӣ имконпазир шуда, шартан фарҳанг ном гирифтаанд, мадад кард. Аз ин ҷост, ки фарҳанг қудрат ва тавоноии равонию ҷисмии инсон аст, ки ӯро дар идомаи ҳастӣ кумак мекунад ва дар бархӯрдҳои зиндагӣ муқовиматпазир месозад.
Бо он ки доир ба осору рӯзгор, мероси адабӣ ва таъсири шеъри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) ҳанӯз аз замони зиндагии ин суханвари сутург аввалин андешаҳои монданӣ рӯйи коғаз омада буданду минбаъд то ба ҳол идома доранд, ба сабаби аз байн рафтани иддаи бештари онҳову ба риштаи таҳқиқи илмӣ-муқоисавӣ кашида нашудани баъзе маъохизи дастрас ва гузашта аз ин, ҳанӯз ба пуррагӣ пайдову мавриди омӯзиш қарор нагирифтани сарчашмаҳое, ки дар синаи худ порашеърҳои маликушшуарои аҳди Сомониёнро ниҳон медоранд, дар масъалаи рӯдакишиносӣ, бахусус матншиносии осори бозмондаи ӯ душвориҳои зиёде пеши рӯй меоянд. Вақте мо ба осори бозмондаи устоди шеъри Аҷам ва дар ҳамин замина ба зиндагиномаи вай баҳои дурусти дархурди илмӣ дода метавонем, ки ақалан нусхаи қаламии ба забонҳои форсии тоҷикӣ ва арабии дар ҷаҳон маҳфузбуда ва шояд ин ҷо нусхаҳои қаламии туркӣ низ истисно набошанд, омӯхтаву баррасӣ гарданд. Ба гумони банда мо бояд аз ҳамин қуллаи баланди душворрас ба рӯзгори сипаришудаи устод Рӯдакӣ, ба шеъри устод Рӯдакӣ, ба осори бозмондаи устод Рӯдакӣ нигоҳи амиқи ҷамъбастӣ намоем, ки ин бешак аз заҳамоти рӯдакишиносони оянда хоҳад буд.
Ҳар мамлакати рӯ ба тараққӣ оранда дар баробари самаранок истифода бурдани омилҳои иқтисодӣ бо ёрии омилҳои ғайримоддӣ, ки онҳоро қувваҳои харакатдиҳанда ва ҳавасмандкунанда низ меноманд, тавонистанд на танҳо вайронаҳо ва умуман душвориҳои зиндагиро бартараф намоянд, балки бо муъҷизоти худ дар соҳаи тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ оламро ба ҳайрат оранд. Хусусияти муҳимтарини мамлакатҳои рӯ ба тараққии иқтисодӣ оварда дар он аст, ки онҳо ба пешрафти системаи илму маориф диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Масалан, дар Германия ба пешрафти маърифатнокии аҳолӣ ҳанӯз дар асри ХV1 диққати махсус доданд. Дар он вақт нисбат ба дигар мамлакатҳо дар Германия кори маълумотгирӣ бисьёр такмил ёфта буд: соатҳои дарсӣ ва фанҳои омӯзиш зиёд буданд, донишҷӯён бодиққат таълим мегирифтанд ва омӯзгорон бо масъулияти баланд кор мекарданд. Кори маълумотгирӣ дар Англия вазифаи шахсии ҳар як фарди алоҳидаи ҷамъият ҳисоб мешуд ва ба мактабҳо ва университетҳои хусусӣ нигаронида шуда буд. Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка баъди истиқлолият гирифтан дар мамлакат муносибатҳо нисбати маълумотнокшавии аҳолӣ тамоман тағйир ёфтанд. Аз нимаи асри 19 сар карда дар ин ҷо масъалаи ҳатман гирифтани маълумоти умумӣ васеъ ҷорӣ гашт ва ҳозир Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҳамчун Германия ба системаи маълумотгирии ҳамаро фарогиранда гузаштанд [2, 123, 124].