JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 (гузоре иҷмолӣ дар ҳошияи конфронси илмӣ-назариявии Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ: аз айёрӣ то подшоҳӣ”)    

  Омӯзиш, таҳқиқ ва бозшиносии чеҳраҳои бонуфузи миллӣ дар шароити муосири бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва тезутунд шудани бозиҳои геополитикӣ аз ҷумлаи роҳкорҳои муҳими илмӣ, ихтисосӣ, маданӣ ва умумимиллӣ ба ҳисоб меравад. Муҳимтар аз ҳама, аз тариқи бозшиносии илмию ихтисосии таърихи миллӣ ва ташхиси ҳаводиси муҳими сиёсию иҷтимоӣ сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва ҳувияту ифтихороти миллӣ боло рафта, роҳ барои рушду тавсеаи фикрӣ ва истиқлоли сиёсӣ ҳамвор мегардад. Гузашта аз ин, дар заминаи шинохту муаррифии симоҳои таъсиргузору номдори миллӣ доир намудани нишасту конфронсҳо ва маҳфилу семинарҳои илмӣ-омӯзишӣ ва эҷодӣ талаби давру замон аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 23-юми майи соли ҷорӣ дар ростои шинохту муаррифии симои матраҳи сиёсию мафкуравии қаламрави Хуросони таърихӣ амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ конфронси илмӣ-назариявиеро таҳти унвони “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ: аз айёрӣ то подшоҳӣ” баргузор намуд, ки дар кори он доираҳои илмию пажӯҳишӣ ва ҳавзаҳои маданӣ-маърифатии дохилию хориҷӣ фаъолона ширкат варзиданд.

  Оғоз

   Ҳар гоҳ ки ба хотири дидорбонӣ ва анҷом додани вазифаҳои хидматӣ ба гӯшаву канори кишвар сафар мекунем, ҳатман шарафи мулоқот бо мардуми маҳаллӣ, ки аз симимияту отифати баланди инсонӣ бархурдоранд, муяссарамон мегардад. Аснои дидору мулоқот бештар вежагиҳои ҳувиятии мардуми маҳал моро маҷзуб мекунанд ва бовару эътиқодамон ба иззату икроми миллати куҳанбунёди тоҷик зиёдтар мегардад. Ростӣ, мардуми маҳаллоти гуногуни кишвар, минҷумла сокинони кӯҳистонии тоҷик бар мабнои як вежагии муштарак ташаккул ёфтаанд ва он ҳам самимияту отифати фардию ҷамъӣ аст. Аз сӯйи дигар, муҳаббату отифати сокинони маҳаллӣ моро водор месозад, ки сари сарҷамъии миллӣ тамаркуз кунем ва онро чун мавқеъгирӣ-ориентатсияи калидӣ дар қолиби як барномарезии ҷиддии ватанӣ таблиғу ташвиқ намоем. Дар сафари ахирӣ ба чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоб бори дигар мутақоид шудем, ки тоҷик, қатъи назар аз мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ рӯйи як нуқта – отифату самимият тамаркуз мекунад ва барои расидан ба сатҳи баланди инсонӣ ҷаҳду талош меварзад.

  В апреле 2023 года в г. Астане (Казахстан) состоялся 2-й Международный форум ректоров высших музыкальных учебных заведений государств-участников ШОС, а также Международная научно-практическая конференция «Культура, искусство и образование в условиях современности». На пленарном заседании конференции выступили с докладом ученые из Германии, Таджикистана, Белоруссии, Казахстана. Представляем текст доклада заведующего отделом искусствознания Национальной Академии наук Таджикистана, доктора искусствоведения Низамова Аслиддина о музыкальном наследии Абунасра аль-Фараби.

  Мусаллам аст, ки модели давлати дунявӣ нисбат ба дигар шаклҳои мавҷудаи сохтҳои давлатдории муосир бартариҳои зиёдеро доро аст. Бояд қайд намуд, ки танҳо ҳамин шакли давлатдорӣ ва принсипҳои он дар раванди дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва  ҳалталаби рӯз мубаддал гаштааст, имкон дорад роҳи халли дурусти масъаларо пешниҳод намояд ва ҳамзамон пайи ҳифзи арзишҳои миллӣ гоми устуворе бошад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат  мефармоянд: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рӯ на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на муътақидони ягон шакли дигари ақоиду афкори сиёсӣ ҳуқуқ надоранд ба хотири густариши режими сиёсиву динӣ Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятиро сарфи назар намоянд». [1,19]

Китобҳо