Дар шароити таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ва тамоюли ҷаҳонишавии босуръату таҳоҷуми фарҳангҳои бегона ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллии аҷдодии фарҳангию мадании кишварҳо вобаста ба таҳаввул ва тағйироти замон шакли тоза касб мекунад ва аз ҳарвақта дида аҳамияти хоса касб менамояд. Дар ин замина эҳёи фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърихиву бостонӣ ба ҳар фарди миллатдӯсту ватанпараст воҷиб мегардад, зеро шароити мавҷуда барои амалишавии манфиатҳои миллии кишварҳо, хусусан кишварҳои тозаистиқлол ва кишварҳои аз нигоҳи иқтисоди-сиёсӣ рушднаёфта ва аз нигоҳи фарҳанги-маданӣ таъсирпазир монеаҳо эҷод менамояд, бино бар ин бо дарназардошти ҳамин вазъият барои беҳтаргардонии шароити амалишавии манофеъи миллӣ, мебояд омӯзишу таҳқиқи самти ин таҳдиду хатарҳо ва роҳу усулҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз ғояҳо ва мафкуроту фарҳангҳои бегона коркард карда шавад ва пайи эҳёи фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърихиву бостонӣ, инчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ аз ғояҳои бегона ҷиддан мавриди эҳтимом қарор гирад, то таъсироти ин зуҳуроти номатлуби аср яъне таҳоҷуми фарҳангӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу маданият ва тафаккури аҳли ҷомеа ба хусус ҷавону наврасон ва қишрҳои осебпазири ҷомеа (шахсони аз воқеияти сиёсӣ ноогоҳ ва ба воқеату падидаҳои ҷаҳони муосир ба таври бояду шояд баҳо дода наметавонистагӣ ё ба таҳдиду хатарҳои ҷахони муосир беэътинои зоҳир менамуда) таъсири манфӣ нагузорад. Барои амалисозии ин ҳадаф моро мебояд тарбияи ватандӯстӣ ва илмиро дар ҳама зинаҳои таҳсилот аз боғча то сатҳи макотиби олӣ ва дигар зинаҳои таълиму тарбия дар самти гиромидошти арзишҳои миллӣ, ифтихор аз фарҳангу маданият ва таъриху адабиёти миллати худ, парваридаи ҳувияти баланди миллӣ дар ҳар шахс, ҳар фарди ҷомеа ба роҳ монем. Мувофиқи мақсад мебуд, ки барои огоҳонидани муҳассилину толибилмон аз хатарҳову таҳдидҳои воқеии ҷаҳони муосир, ки мутаасифона дар кулли соҳаҳои ҳаёт сар карда аз биогенноинжинерия то киберҷинояткорӣ мавҷуданд, омӯзгорон хизмати амалие анҷомдиҳанд то ҳар фарди ҷомеа ин хатару таҳдидҳоро дарку фаҳм намуда тавонад. Танҳо дарку фаҳми масъала ба шахс ва дар умум ба аҳли ҷомеа имкон медиҳад, ки ҳама дастаҷамъона бар муқобили он истодагӣ намоянд ва дар ин поя ваҳдати миллиро, ки бузургтарин арзиши инсонӣ ва ормони миллати тоҷик ба шумор меравад, ҳамаҷониба таҳким ва густариш бахшанд. Албатта, дар кишвари мо дар ин самт корҳои зиёде ба роҳ мода шудааст. Дар Тоҷикистон аз оғози истиқлолияти давлатии худ аз эълони ғояи Ваҳдати миллӣ, бузургдошти намояндагони илму адаби хеш, ҷаҳонишавии ҷашнҳои бузурги миллии тоҷик аз қабили ҷашни Наврӯз ва Меҳргон, Шашмақом ва Чакан, бузургдошти рӯзи забони давлатӣ, эълони озмунҳои гуногуни фарҳангӣ монанди “Тоҷикистон ватани азизи ман” “Фуруғи субҳи донои китоб аст” ва садҳо озмунҳои соҳавӣ ва корҳои фарҳангӣ-равшаннамоӣ пайваста ба рпоҳ монда шудааст, ки ин боиси ифтихор ва дастгирист. Ҳамзамон тарафи дигари масъаларо набояд фаромӯш сохт, ки дар шароити зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳони муосир ҳаёти ҷамъияӣ низ бетағйир намемонад. Ин тағйиротҳо хеле босуръат рух медиҳанд ва дар фазои маҷозӣ дар андак вақт ҳама фазоро фаро мегиранд, бахусус дар соҳаи фарҳанг ин амал метавонад хеле назаррас бошад. Давлатҳои абарқудрат барои тарғиби тарзи ҳаёти худ аз нигоҳи “идеологӣ” тавассути синамо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба чи корҳое даст намезананд. Дар ин саҳнаи қудратнамоӣ барои баланд бардоштани нуфузи (имиҷи) сиёсии худ ва камранг нишон додани нуфузи рақибони сиёсию-иқтисодии худ ҳатто аз дурӯғу буҳтон ва таҳдиди ошкоро низ худдорӣ намекунанд. Малоҳат ё латофати гуфтори сиёсиро қариб фаромӯш кардаанд. Аз ин ҷо метавон хулоса намуд, ки дар ин набардҳои шадиди геополитикӣ ва иқтисодӣ-фарҳангӣ танҳо ҳамон кишварҳое дар амон хоҳанд монд, ки таъриху фарҳанги куҳан доранд, ба он содиқ ҳастанду арҷ мегузоранд, аз нигоҳи сиёсӣ-иқтисодӣ муқтадир ё мутавозин ҳастанд ва аз ҳама асосаш – ваҳдати миллӣ доранд.
Дар идомаи сухан қайд бояд намуд, ки маҳз консепсияи давлати дунявии миллӣ бо принсипҳои қонунии он дар ҳифз, нигоҳдошт ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз ҳар гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, сиёсати “дарҳои боз”, ҳамкории судманд миёни дину мақомоти давлатӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба давлати тозаистиқлоли мо имкон медиҳад, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси қонунҳои эътирофгардидаи байналмиллалӣ дар алоқа ва ҳамкории судманд бар нафъи худ ва ҷомеаи башарӣ бошем. Танҳо модели давлати дунявӣ дар шароити имрӯза имкон медиҳад, ки ҳамаи манфиатҳои миллии мо ҳифз гардад ва барои рушди устувори бардавоми ҷомеаи тоҷик замина фароҳам орад, зеро принсипҳои кунунии амалишавандаи он бо ҳадафҳои стратегияи миллии мо созгор аст ва маҳз дар ҳамин замина нақши дунявияти давлат дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нигоҳдоштану арҷгузории ба ёдгориҳои таърихиву бостонӣ басо муҳим ва шоён арзёбӣ мегардад.
Холов Ш.А.
мудири Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Адабиёт
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе, 14 феврали соли 1997.// “Дин ва ҷомеа”. -Душанбе, 2013. – с. 5.
- Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол. - Душанбе, 2018.
- Абдуллоев Ш. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пиёдасозии модели нави давлати дунявӣ. // “Набзи замон”, № - Душанбе, 2013.
- Wilson B. Religion in secular society: a sociological comment. London: Watts, 1966. P. XIV. 11. Stark R., Bainbridge W. S. A Theory of Religion. Bern: Lang, 1987.
- Декларация прав человека. Франция // Конституции государств Европы: В 3 т. Т.3.
- Билль о правах 1789г.// Мишин А.А. Конституционное (государственное) право зарубежных стран. Приложение. М., 2004.
- Понкин И.В. Современное светское государство: Дис. … д-ра юрид. Наук. - М., 2004.
- Словарь иностранных слов. М. Русь. 1982
- Рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон» аз 5-уми ноябри соли 2005.
- Мирзоев Г. Дж. Соотнощение религиозного и национального сознания в современных процесах стран Центральной Азии. // Известия АН РТ Серия: Философия и право.-2009. №3.-с. 115-119.
- Мирзоев Г. Дж. Общечеловеческие принципы гуманизма и справедливости и концепсия «исламской уммы» в современных в религиозных толкованиях // Известия института философии, политологии и права АНРТ,-2016,- №4 (1).-с. 37-43 (в соавторстве).