Ба ин тартиб, нимаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ банда Нозим Нурзода, адабиётшинос ва равшангари шинохтаи миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода, шоир ва донишманди тоҷик Беҳрӯзи Забеҳулло, равоншинос Дидавар Бекзода ва иқтисоддони ҷавон Беҳрӯз Саидзода муддати чанд рӯзе (10-15 майи соли ҷорӣ) дар доираи як ҳайати сафарӣ меҳмони чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоб будем. Ҳадафи мо омӯзиши вазъи иҷтимоию фарҳангӣ, инчунин ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ ва биниши илмӣ буд. Маҳз дар ин замина ба шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари хизматӣ анҷом дода, аз чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо шумули шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Ҳамадонӣ ва Фархор дидан намуда, бо вазъи куллии мафкуравию маданӣ ва ҳувиятӣ аз наздик шинос шудем. Дақиқтараш, нимаи дуюми рӯзи 10 май мо ба маркази шаҳри Кӯлоб расидем ва сараввал бо масъулини бахшҳои марбута вохурда, сари баъзе масъалаҳои умда, аз ҷумла: ҳадафи сафари хидматӣ; гиромидошти арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ; таҳкими раванди ҳувиятсозӣ; боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва тақвияти ҷаҳоншиносии илмӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ таваққуф намуда, зарурати дидору мулоқот бо масъулини соҳавӣ ва намояндагони ҷомеаи мадании минтақаро ба миён гузоштем. Бад-ин васила мо тавассути гуфтугузорҳои муқаддимотӣ бо масъулини сохторҳои ҳукуматӣ ва намояндагони қишри зиёии маҳаллӣ аз вазъи куллии ақидатӣ-ҳувиятӣ ва маишӣ-мадании минтақа огоҳ гардида, соате бо онҳо гуфтугӯ кардем. Ҳамчунин, пас аз анҷоми мулоқоту вохуриҳои муқаддимотӣ шоми 11 май моро раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр хуш пазируфта, миёни тарафҳо суҳбати мутақобилан судманде ҷараён гирифт. Дар ҷараёни дидор бо раиси шаҳр, мо дар хусуси масъалаҳои ҳассоси замонӣ, аз ҷумла: буҳронҳои ҳувиятӣ; мушкилоти фикрӣ; вазъи фарҳангу маорифи минтақавӣ; бозшиносии хатару чолишҳои имрӯзӣ; сатҳи донишу огоҳиҳои табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ; фаъолияти зиёиёни маҳаллӣ; роҳҳои таҳрики эҳсосоти миллӣ-ватании насли наврасу ҷавони деҳотӣ ва тақвияти умури мафкуравӣ-идеологӣ дар қаламрави музофотӣ суҳбати самимие анҷом додем. Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ки масъулиятшиносу кордон ва дар айни замон ҳалиму меҳрубон аст, аз ташрифи ҳайати Гурӯҳи таблиғотӣ, изҳори хушӣ карда, ҳамкорию ҳамшарикии минбаъдаро дар роҳи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ ва рушди давлатдории дунявӣ тақозои замон донист.
Ҳамин тариқ, ҳайати Гурӯҳи таблиғотии мо аз рӯйи Нақша-замима корро оғоз намуда, барномарезиҳоро дар заминаи шиносоии мушкилоти ақидатӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ ва тақвияти раванди ҳувиятсозӣ роҳандозӣ намуд. Мазмуну муҳтавои мулоқоту вохуриҳоро бо намояндагони қишрҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб ва баъзе навоҳии минтақа хидмати шумо-хонандагони матбуоти даврӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иҷмолан арз мекунем.
Ҳарфи номусу ватандорист андар ҳар сухан
(Бахши якум)
Шаҳри Кӯлоб. Гурӯҳи мо дар ҷараёни сафари хидматӣ боздид аз муассисаҳои маданӣ ва фарҳангиро низ дар феҳристи фаъолият қарор дод. Ба ин маънӣ, ҳайати сафарӣ ҳамроҳи ҳамоҳангсози умури ташкилӣ-иҷроии Гурӯҳи корӣ Умедҷон Эмомов ва масъули бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Кӯлоб Холмурод Иброҳимов 11 май дар шаҳри Кӯлоб қарор дошт. Мо саҳари 11 май корро аз боздиди Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб шуруъ карда, бо персонали маъмурӣ ва иҷроии Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб суҳбат оростем. Махсусан, суҳбат бо фаъолони Китобхонаи оммавии вилоятӣ Абдулаҳад Нуров (китобдори Китобхонаи оммавии вилоятӣ ва ҷоизадори Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯҳи субҳи доноӣ китоб аст”), Сайрамбӣ Мирзоева (методисти шуъбаи хизматрасонии Китобхонаи оммавии вилоятӣ, ҷоизадори вилоятии Озмуни “Фурӯҳи субҳи доноӣ китоб аст”), Расулзода Абдулвосит (корманди Китобхонаи вилоятӣ, ки дар даври ниҳоии Озмуни “Фурӯҳи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардидааст) дар хусуси мушаххасоти ихтисосӣ -- фонди умумии Китобхона, теъдоди хонандагон, гардиши китоб, таъминот бо адабиёти тозанашр, маҳфилҳои илмӣ-адабии муассиса, сатҳи таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавони минтақа ба китобу китобхонӣ хотирмон буд. Ҳарчанд ки теъдоди ками хонандагон дар толорҳои хониши Китобхонави оммавии вилоятӣ ба назар расид, вазъи китобу китобхонӣ дар минтақа хуб аст. Бештари хонандагон насли муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии минтақа мебошанд. Кормандонони китобхона Абдулаҳад Нуров ва Абдулвосит Расулзода, ки ҳар ду ҳофизаи қавӣ доранд, бо силсилашеърҳои ҷолибе аз ашъори шоирони классику муосир хотири моро болида сохтанд. Кам ворид шудани китобҳои тозанашри бадеӣ, илмӣ, илмӣ-оммавӣ, ҳамчунин толорҳои хурди хониш ва маҳдудияти ҷойи нишаст аз ҷумлаи мушкилотеанд, ки ба фаъолияти густурдаи Китобхонаи оммавии вилоятӣ монеъ мешаванд. Дар ин миён, наворбардори Гурӯҳи мо Дидавар Бекзода пора-пора лаҳазоти заруриро аз ҷараёни боздид ва мулоқоту вохуриҳо ба навор гирифта, сабт менамуд.
Ҳайати сафарӣ, ҳамчунин аз Муассисаи давлатии “Телевизиони Кӯлоб” дидан намуда, бо масъулини пружаи телевизиони маҳаллӣ, аз ҷумла сармуҳаррири муассиса Абдусалом Шоҳиён Карим ва саркоргардон Ҷобиршоҳ Ҷобиров мулоқот кард. Суҳбат бо ҳузури сармуҳаррир Абдусалом Шоҳиён ва саркоргардон Ҷобиршоҳ Ҷобиров, асосан сари мушкилоти соҳавӣ, шеваи пахшу нашри барномаҳои телевизионӣ, сатҳи журналистикаи минтақавӣ, фонд ва бойгонии ғании телевизиони минтақавӣ, бозёфти чеҳраҳои миллӣ дар телевизиони маҳаллӣ, тарбияи кадрҳои ҷавони музофотӣ ҷараён гирифт. Қатъи назар аз имконоти маҳдуди фаннӣ-техникӣ кормандону масъулини Муассисаи давлатии “Телевизиони Кӯлоб” барномаҳои хубу диданӣ пахш менамоянд. Гузашта аз ин, Муассисаи давлатии “Телевизиони Кӯлоб” бо нашри барномаҳои дархури миллӣ байни шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ ва ҳатто ҷумҳуриявӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ин аст, ки Телевизиони Кӯлоб дар мақоми телевизиони умумимиллӣ буда, бо назардошти иқтидори фаннӣ ва манофеи миллӣ, барномаҳои ҷолибу диданиро аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ пахш менамояд. Бинандагон шоҳиди онанд, ки ин телевизиони маҳаллӣ бо такя ба фонд ва бойгонии ғании шахсию идоравӣ (алалхусус, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Кӯлоб” Сафаралӣ Бозорзода бойгонии шахсии ғание дорад, ки дар ҷараёни пахшу нашр аз онҳо васеъ истифода мешавад) ва руҳияи баланди миллатсозӣ барномаҳои адабӣ, мусиқавӣ ва фарҳангӣ-фароғатии гузашта ва намоишномаҳои театрҳои касбии Хуҷанд, Конибодом, Ашт, Хоруғ ва амсоли инҳоро намоиш медиҳад ва аз ин тариқ ҳалқаи васли наслҳои гузаштаву имрӯзаи миллатро таъмину тамдид менамояд.
Ногуфта намонад, ки масъул ва ҳамоҳангсози Гурӯҳи сафарӣ дар минтақаи Кӯлоб Умедҷон Эмомов мулоқоту вохуриҳоро дар минтақаҳои гуногун ташкил карда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳайати сафарӣ нимаи дуюми рӯзи 11 майи соли ҷорӣ, соати 16:10 ҷиҳати иштирок ва суханронӣ ба деҳаи Офтоблиқои Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб раҳсипор гардида, сараввал бо ҳайати раҳбарӣ-омӯзгории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба номи Назар Мирзоев ошно шуд. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба номи Назар Мирзоев Шамсия Ҳақназарзода (фарзанди Шоири халқии Тоҷикистон устод Ҳақназар Ғоиб) ҳайатро пазируфта, бо муассисаи таълимӣ шинос намуд. Ҳайати сафарӣ бо хонандагони синфҳои 5 (5”А”, 5”Б”, 5”В”) мулоқоти кӯтоҳ анҷом дода, аз вазъи хониши хонандагон огоҳ гардид. Хонандагони синфҳои панҷуми муассиса дониши хуб доранд ва аз таърихи ватанӣ, шахсиятҳои таърихӣ, чеҳраҳои мондагори миллӣ ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ огоҳанд. Ҳайати омӯзгории муассиса таҳти сарварии Шамсия Ҳақназарзода бар он саъю талош меварзанд, ки насли наврасу ҷавон дар руҳияи меҳанпарастӣ ва ифтихороти миллӣ тарбия ёбанд. Дар мулоқот ҳайати таблиғотиро муовини раиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ Зебӣ Ғоибова ҳамроҳӣ намуд. Баъдан соати 16:30 дар толор-маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 бо ҳузури фаъолони маданӣ, сархатиби шаҳр, имомхатибони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи минтақа, раисони маҳаллаҳои Офтоблиқо ва Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, директорону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мулоқот доир гардид.
Ҳайати Гурӯҳи сафарӣ (Нозим Нурзода, Ҷамолиддин Саидзода, Беҳрӯзи Забеҳулло, Дидавар Бекзода ва Беҳрӯз Саидзода) зиёда аз ду соат дар ҳузури фаъолони маданию мазҳабӣ ва собиқадорони минтақавӣ доир ба масъалаҳои ҳассоси замон –сиёсати бархурдҳои тамаддунӣ, бозиҳои геополитикӣ, шиносоии мушкилоти фикрӣ, таблиғи арзишҳои миллӣ, омӯзиши бардавоми “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба сифати пружаи миллатсозӣ, адабиёт ва ифтихороти миллӣ суҳбат кард. Аҳли нишаст ба масъалаҳои матраҳшуда бетаваҷҷуҳ набуд ва дар охири мулоқот муовини сархатиби шаҳри Кӯлоб Ғолибҷони Бархиё аз номи ҳамдиёрон суханронӣ карда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар роҳи шинохти воқеиёти имрӯзӣ ва талош барои рушди давлатдории миллӣ саҳми муносиб бигиранд. Хуллас, мулоқоту вохуриҳо бо ҳузури аҳли фарҳангу маориф ва руҳонияти шаҳри Кӯлоб дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифт ва Гурӯҳи сафарӣ аз сатҳу сифати баргузории чорабинии илмӣ-таблиғии мазкур қаноатманд шуд.
Воқеан, мардуми Кӯлоби бостонӣ аз азал мардуми ҷусуру ғаюру боғуруранд ва таърихи миллӣ шаҳодат медиҳад, ки мардуми ин минтақа ҳамеша бо ақвоми муҳоҷим сари созиш накарда, алайҳи бегонагон муташаккилона мубориза бурда, ғуруру ҳамияти миллиро ҳифз кардаанд. Ба ин маъност, ки:
Халқи Кӯлоб, ин ки нури миллат аст,
Ақлу одобу шуури миллат аст,
Марду зан зеби ҳузури миллат аст,
Мояи фахру ғурури миллат аст,
Дасти зӯри миллат аст!
Гӯшае аз мулки озоди манӣ!
(Бахши дувум)
Ноҳияи Муъминобод.
Хуш диёри некафроди манӣ,
Гӯшае аз мулки озоди манӣ,
Манбаи илҳому эҷоди манӣ,
Сарзамини поки аҷдоди манӣ,
Муъминободи манӣ!
Ба дунболи сафар, ҳайати сафарӣ роҳ ба сӯйи ноҳияи кӯҳистонии Муъминобод пеш гирифт. Мо ҳамроҳи ҳамсафарон раҳораҳ аз ину он суҳбат карда, аз тамошои табиати биҳиштосои кӯҳистон – талу теппаву кӯҳу дара, ёлу пушта, боғу дарахтзору сабзазори Муъминобод ҳавасу хумор шикастем. Ҳамин тариқ, саҳари рӯзи 12 май ҳайати Гурӯҳи сафарӣ ба ноҳияи Муъминобод расида, нақша-тадорукоти минбаъдаи вохурӣ дар ҳузури муовини раиси ноҳия Абдураҳим Зарифӣ ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Саймуҳаммад Иброҳимзода матраҳ гардид. Қабл аз иштирок дар нишаст, ки бо ҳузури аҳли маориф, фарҳанг, ҷамоат, дин ва маданияти ноҳия доир гардид, ҳайати Гурӯҳи сафарӣ ҳамроҳи мудири шуъбаи маориф Саймуҳаммад Иброҳимзода аз чанд макони фарҳангии ноҳия дидан кард. Маорифи ноҳия аз 59 муассиса (бо шумули 2 гимназия ва 1 мактаб-интернат), 1672 омӯзгор ва 22017 нафар хонанда таркиб ёфтааст. Ҳамроҳи мудири шуъбаи маориф Саймуҳаммад Иброҳимзода ба яке аз амокини диданбоби ноҳия -- Ганҷинаи адабиётшиноси шаҳири миллӣ устод Соҳиб Табаров рафтем. Масъули Ганҷинаи Соҳиб Табаров Меҳрофарин Табаров ҳайатро бо толорҳои Ганҷина ошно сохт.
Воқеан, хонаи устод ба музей-осорхонаи диданӣ бадал шудааст ва бо ворид гардидан дар ҳар толор бинандаи соҳибзавқ худро ба фазои адабӣ ва маданӣ мепайвандад ва симои маъруфи адабиётшиносии муосири миллиро аз нав мешиносад. Ба назари мо, бозсозӣ ва таъмиру тармими куллии Ганҷинаи адабиётшиноси маъруфи миллӣ устод Соҳиб Табаров зарур аст, чаро ки ин шахсияти варзида нуфузу эътибори миллию фаромиллӣ дорад ва аз сӯйи дигар, ҳар гардишгару сайёҳи дохилию хориҷие, ки ба минтақа меояд, ҳатман аз амокини таърихӣ, маданӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ дидан карда, бардошту таассуроташро ба дигарон дар миён мегузорад ва аз тариқи раду бадалҳои сафарию сайёҳӣ мушаххасоти суннатию ҳувиятию фарҳангии минтақавӣ дар дохилу хориҷи кишвар таблиғу ташвиқ мешавад. Бинобар ин, ҳифзу нигаҳдорӣ ва тармиму бозсозии амокини адабӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ зарурати ҳамешагӣ аст.
Баъд аз ошноӣ бо Ганҷинаи адабиётшиноси шаҳири миллӣ устод Соҳиб Табаров мо аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд дидан кардем. Инҷо ҳайатро директори муассиса Қурбонназар Назаров пазируфта, бо фазою муҳити минтақа ошно намуд. Муассиса дуошёна буда, дорои китобхона, толори хониш, китобхонаи электронӣ аст. Фазои омӯзишию таҳсилӣ дар муассиса хуб буда, синфхонаҳои фаннӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст. Пасон, ба макони баргузории мулоқот – идораи Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд раҳсипор гардидем. Дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд фаъолони маданӣ, намояндагони маориф ва имомхатибони минтақа ҷамъ омада буданд. Нишастро бо сухани муқаддимотӣ муовини раиси ноҳия Абдураҳим Зарифӣ ифтитоҳ намуда, ҷилави суҳбатро ба ҳайати Гурӯҳи сафарӣ ҳавола кард. Дар ин нишаст ҳайати Гурӯҳи сафарӣ давоми ду соат дар мавриди мавзуоти “Тарғиби ҳувияти миллӣ аз тариқи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” (гузоришгар Ҷамолиддин Саидзода), “Адабиёт ва ифтихороти миллӣ” (суханрон Беҳрӯзи Забеҳулло), “Фарҳанги миллӣ дар баробари воқеиёти имрӯзӣ” (сухангӯ Нозим Нурзода) изҳори назар карда, бештар сари масоили ҳассоси замонӣ тамаркуз намуд. Баъди анҷоми мулоқот раду бадалҳое самимӣ миёни ҳайати Гурӯҳи корӣ ва иштирокдорони нишаст сурат гирифт, ки аз аҳамият холӣ набуд.
Дар давоми рӯзи дигар дар деҳаи Сармайдон бо ҳузури муовини раиси ноҳия Абдураҳим Зарифӣ, мудири шуъбаи маориф Саймуҳаммад Иброҳимзода, раиси Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд Раҷамоҳ Ҳаётова ва дигар намояндагони қишри зиёии минтақа суҳбати ҷолибе иттифоқ афтод. Миёни ҳайати Гурӯҳи корӣ ва раҳбарияти ноҳиявӣ масъалаҳои роҳҳои таҳкими раванди озодандешӣ, тақвияти руҳияи миллӣ ва амсоли инҳо гутугӯйи судманде ҷараён гирифт. Дар ин замина, мавқеъгирии миллӣ-давлатии муовини раиси ноҳия Абдураҳим Зарифиро махсус таъкид кардан лозим аст.
Ногуфта намонад, ки Муъминобод зодгоҳи дӯсти донишманди мо Меҳр Собириён аст, ки солҳост бо ташаббусоту ибтикороти миллию эҷодӣ миёни доираҳои илмию мадании ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидааст. Меҳр Собириён, аз бозе ки ба ҳавзаҳои маданӣ ва муҳитҳои фикрии миллӣ пайвастааст, ҳифзи арзишҳо ва манофеи миллиро рисолати иҷтимоӣ, ихтисосӣ ва мадании худ пазируфта, дар ин замина саъю талоши фаровон меварзад. Ҷомеаи интернетӣ, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ матолиби ҷолиби Меҳр Собриёнро дар заминаи худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ, посдории арзишҳои аҷдодӣ, авлавияти илмоният ва низоми давлатдории дунявӣ зиёд муруру мутолеа кардаанд. Ибтикороти ихтисосӣ ва илмӣ-эҷодии дӯсти донишманди мо Меҳр Собириён дар ростои шинохти воқеияти таърихӣ, бозшиносии мушкилоти фикрию равонӣ, бунёди иқтисоди миллӣ ва сиёсати рушд сазовори таҳсину офарин аст. Ба ин тариқ, ҳайати Гурӯҳи сафарӣ бо раҳбарият ва ҷомеаи маданни ноҳияи Муъминобод хайрухуш карда, роҳии ноҳияи Восеъ шуд.
Хидмат ба Ватан рутбаи мансуби шумост!
(Бахши севум)
Ноҳияи Восеъ.
Восеъ, ки қаҳрамони маҳбуби шумост,
Нобиғаи шоистаи матлуби шумост.
Ойини ватандорию меҳансифатӣ
Дар қиссаи созандаи марғуби шумост.
Эй мардуми хубу сарфарози Восеъ
Хидмат ба Ватан рутбаи мансуби шумост!
Нимаи аввали рӯзи 16 май ҳайати сафариро муовинони раиси ноҳияи Восеъ Бибинисо Гулмуродзода ва Сабур Султонзода хуш пазируфтанд. Дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ миёни ҳайати таблиғотӣ ва раҳбарияти ноҳиявӣ суҳбати хуби ихтисосӣ ва маданӣ сурат гирифт. Ҳамроҳи раҳбарияти ноҳиявӣ (муовинони раиси ноҳияи Восеъ Бибинисо Гулмуродзода ва Сабур Султонзода) тарҳи мулоқоту вохуриҳоро кашида, баъзе масъалаҳо вобаста ба ҳадаф ва муҳтавои ҳайати Гурӯҳи сафарӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Ба ин тартиб, 17 май, соати 16:30 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ мулоқоти ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ бо ҳузури блоки мафкуравӣ, аҳли матбуоту фарҳангу маорифи ноҳия, намояндагони руҳоният ва раисони маҳалла доир гардид. Толор-маҷлисгоҳи калони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 пур аз намояндагони қишрҳои марбутаи минтақа буд. Нишастро муовини раиси ноҳия Бибинисо Гулмуродзода ифтитоҳ намуда, ҳайати таблиғиро муаррифӣ намуда, суханро ба аъзои ҳайат вогузошт. Ҳайати сафарӣ зиёда аз ду соат атрофи масоили “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳамчун пружаи ҳувиятсозӣ” (суханрон Ҷамолиддин Саидзода), “Боло бурдани сатҳи ифтихороти миллӣ аз тариқи омӯзиши бардавоми адабиёти ватанӣ” (гузоришгар Беҳрӯзи Забеҳулло), “Буҳрони беҳувиятӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ” (сухангӯ Нозим Нурзода) таваққуф намуда, зимни суҳбатҳо аз ҳозирин даъват карданд, ки дар роҳи шинохти арзишҳои миллӣ, ҳифзу ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва манофеи миллӣ қадамҳои устувор бардоранд. Ширкаткунандагон, махсусан суҳбатҳои ҷолиби устод Ҷамолиддин Саидзода ва Беҳрӯзи Забеҳуллоро зиёд писандиданд. Баъди анҷоми мулоқот ба ҳозирин шумораҳои Маҷаллаи илмию оммавии “Илм ва Ҷомеа” тақдим карда шуд. Ширкаткунандагон ба донишу маърифат ва хондану мутолеаи китоб он қадр шавқу рағбат доранд, ки дар як они воҳид ҷуволи пур аз маҷаллот, ки ҳайати Гурӯҳи сафарӣ бо худ бурда буд, холӣ гардид. Ҳар нафаре аз ширкаткунандагон аҷала мекард, то ин ки шуморае аз маҷалларо ба даст оварад. Ҳамсафари мо шоир ва адабиётшиноси тавоно Беҳрӯзи Забеҳулло чанд китобе, ки барои тақдим бо худ оварда буд, миёни алоқамандони адабу фарҳанг тақсим намуд. Дар ин замина, ҳозирини нишаст аз ҳайати Гурӯҳи сафарӣ хоҳиш карданд, ки китобу рисола, маҷмуаҳои алоҳида ва маҷаллоти илмӣ-оммавиро унвонии алоқамандони китоб ирсол доранд.
Дигар ин ки пурсу посухҳое миёни ҳайати сафарӣ ва иштирокдорони нишаст сурат гирифт. Бахусус, суҳбату гуфтугӯҳои ҳайати сафарӣ бо муовини раиси ноҳия Сабур Султонзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи ноҳиявии “Гулхани Восеъ” Субҳон Раҷаб, раиси Созмони ҷавонони ноҳия, раиси ҳизби халқии демократии ноҳия, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Восеъ Ҷамшед Маҳмадуллоев хеле хотирмон буд. Бо муҳтавои ҳафтномаи ноҳиявии “Гулхани Восеъ” ошно шуда, ҳайати сафарӣ итминон ҳосил кард, ки мудирияти ҳафтаномаи минтақавӣ ба таблиғи арзишҳои марзбумӣ, муаррифии чеҳраҳои матраҳи маҳаллӣ, симоҳои мондагори миллӣ ва арзишҳои ватанӣ сахт пойбанд аст ва дар ин самт ибтикороти зарурӣ рӯйи даст мегирад.
Нуктаи ҷолиб дар ин сафар он буд, ки аснои суҳбату мулоқот бо намояндагони блоки сиёсӣ-мафкуравии ноҳия шахсияти ҷасури миллӣ будани иддае аз фарзандони минтақа барои ҳайати сафарӣ ошкор гардид. Яке аз чунин нафарон масъули бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Восеъ Ҷамшед Маҳмадуллоев мебошад, ки бо ташаббусу ибтикороти инфиродӣ дар даргирию муноқишоти марзӣ довталабона ширкат варзида, дар баробари душмани ғосиб аз шарафу номуси миллӣ ҳадафмандона дифоъ кардааст. Ҷамшед Маҳмадуллоев дар баробари ҷасорати фавқулодаи миллӣ доштан, марди хеле хоксору заминӣ аст ва чун аз миллату ватану номусмадорӣ сухан дар миён меояд, мисли оташ аланга мегирад ва ифтихороташ як бар сад меафзояд. Давлат, миллат ва ҷомеаи тоҷик ба ин гуна шахсиятҳо ниёз дорад ва вуҷуду ҳузури инҳо эҳсосоту ифтихороти миллии насли наврасу ҷавонро бармеангезанд. Ба ин маъно:
Агарчанде ки фарзанди замонӣ,
Яқин аз хуни поки Ориёнӣ,
Ту, ай Ҷамшед, агар ҳоло ҷавонӣ,
Барои насли мо як қаҳрамонӣ!
Шаби 17 май дар Меҳмонхонаи “Сайёҳон”-и минтақаи Ангурбоғ (собиқ Хоҷагии давлатии Ангурбоғ), ки аз маркази ноҳияи Восеъ дуртар воқеъ шудааст, ҷо гирифтем. Меҳмонхонаро соҳибкори машҳури ватанӣ Аваз Кабиров сохта, минтақаро ба як макони олии тафреҳӣ-истироҳатӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ табдил додааст. Меҳмонхона ва гирду атрофи он, ки барои истироҳату фароғати сайёҳону гардишгарони дохилию хориҷӣ дар назар гирифта шудааст, макону ҷойгоҳи хеле зебо мебошад. Диди бадеӣ-эстетикии соҳибкори ватанӣ ва дастандаркорони пружаи истироҳатӣ-фароғатӣ ба дараҷае баланд аст, ки кас аз тамошои гӯшаву канори ин минтақаи назаррабо лаззат мебарад. Илова бар ин, соҳибкори ватанӣ Аваз Кабир ва тими иҷроии пружаи меҳмонхона дар ҳар як қадами ин минтақаи истироҳатӣ-фароғатӣ аносири эстетикӣ-ҳувиятиро ҷой кардаанд, ки симои миллии минтақаро дар сатҳи баланд ба намоиш мегузорад. Ба ин маънӣ, аксҳои бонувони зебои рустоӣ, минётури ҷаззоби миллӣ, расму овезаҳои дилкаши маҳаллӣ дар девораҳои бинои асосии меҳмонхона, нақшу тасвирҳои қаҳрамонони устуравӣ ва ҳайкалу пайкараҳои вежагии миллӣ-маҳаллидошта дар давру бари ин минтақаи истироҳатӣ ба минтақа шукӯҳу шоҳомати хосса мебахшад. Аз тарафи дигар, тарҳи биноҳо, сохтори дизайнӣ-ороишӣ, вежагии композитсионӣ, зебоии наққошӣ, долу дарахтҳои сарсабзу хуррам ва соири резакориҳои ҳунарӣ ин минтақаи истироҳатӣ-фароғатиро ба як осоишгоҳи модерни миллӣ бадал кардааст, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро беихтиёр ҷалб месозад. Ин аст, ки гаштугузор дар боғи ин минтақа махсусияти табобатӣ низ дорад. Агар ин навъ амокини осоишӣ-истироҳатӣ-фароғатӣ таблиғ ва ба истилоҳ, рекламаи дуруст шаванд, ҳазорон нафар гардишгарону сайёҳонро ба худ ҷалб хоҳанд кард. Ҳар қадар ин гуна маконҳои махсусияту вежагии миллидошта зиёд шаванд, ҳамон қадар завқи бадеӣ-эстетикӣ ва руҳияи ҳувиятии миллат тақвият ёфта, сатҳи тафаккуру ифтихороти миллӣ боло меравад.
Диёри ҷумла мардони сазовор
(Бахши чаҳорум)
Ноҳияи Фархор. Чун мошин-сабукрави мо ҷониби Фархор ҳаракат мекард, раҳораҳ байти машҳури Фаррухии Систонӣ пеши назар омад:
Ҳангоми баҳор асту биё, ай бути Фархор,
Хез, ай бути Фархору биёр он гули бехор.
Ба дунболи ин, дубайтии дигаре, ки бевосита ба Фархору фархориён иртибот дошт, аз зеҳну хотира берун омад:
Расида аз Душанбе то ба Фархор,
Диёри мардуми хубу накукор,
Макони мардумони тозафкор,
Диёри ҷумла мардони сазовор.
Ба ин тариқ, рӯзи 18 май ҳайати сафарӣ аз ноҳияи Фархор дидан кард ва бо фазои сиёсӣ-мафкуравӣ ва иҷтимоию мадании минтақа аз наздик ошно гардида, бо фаъолони баъзе нуқоти минтақа суҳбатҳои кутоҳи сарироҳӣ анҷом дод. Дар маркази ноҳия ҳайатро роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор Абдуллоев Акрамҷон Қурбонхонович ва мудири шуъбаи маънавиёти ноҳия Қурбонов Бобоҷон хуб пазироӣ карда, тасмимоти мақомоти давлатиро дар заминаи баргузории мулоқот бо фаъолони ноҳия дар толор-маҷлисгоҳи калони ҳукуматӣ ироа доштанд. Ҳайати сафарӣ аз пазиройии гарми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори хушӣ карда, ба масъулини мулоқот чанд нуктаи муқаддимотиро дар заминаи авзои сиёсӣ-мафкуравӣ, таъсири раванди бегонашавӣ ва худбохтагию беҳувиятӣ ба баданаҳои иҷтимоӣ, паёмадҳои номатлуби буҳронҳои ҳувиятӣ баён дошт. Аз ҷумла, ҳайати сафарӣ бо намояндагони ниҳодҳои гуногуни иҷтимоию мадании минтақа дар ростои масоили ҳассоси замонӣ: шинохти мушкилоти ақидатӣ, ташхиси уқдаҳои мафкуравӣ, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ, роҳандозӣ намудани барнома-пружаҳои омӯзишӣ, маданӣ ва ҳунарӣ ҷиҳати коҳиш додани буҳронҳои ҳувиятӣ, талошҳои ҷиддии ҷомеаи маданӣ дар қиболи таҳоҷуми мафкуравӣ суҳбатҳо доир намуд. Дар ин гуна суҳбатҳо устод Ҷамолиддин Саидзода ва Беҳрӯзи Забеҳулло хеле фаъол буданд ва ҳар ду бо шӯру шавқ ва ҳарорати фавқулодаи суханварӣ минбардорӣ мекарданд. Шоҳбайтҳои азбарнамудаи устод Ҷамолиддин Саидзода ва шеърҳои эҷодкардаи Беҳрӯзи Забеҳулло, ки дар ҳар мулоқоту вохуриҳо садо медоданд, боиси ҷалби бештари таваҷҷуҳ ва ҷаззобтар шудани суҳбатҳо мегардиданд.
Ҳамин тавр, 18 май, соати 16:30 дар толор-маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бо доираи васеи фаъолони маданӣ, қишри зиёӣ, ниҳоди муаллимӣ ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаю ҷомеъ вохурӣ доир гардид. Дар вохурӣ, ҳамчунин намояндагони персонали пизишкӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, адибон ва қаламбадастони ноҳия ширкат варзиданд. Мулоқотро раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор Абдуллоев Акрамҷон Қурбонхонович ифтитоҳ намуда, ҳайатро ба ҳозирин шинос кард. Аъзои ҳайати сафарӣ дар ҳузури фаъолони маданӣ, намояндагони пизишкӣ, зиёиёни маҳаллӣ ва имоммхатибони минтақавӣ атрофи мавзуоти “Чаро мутолеаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ зарурати имрӯзист?” (гузоришгар Ҷ. Саидзода), “Адабиёти миллӣ ва замони имрӯзӣ” (суханрон Беҳрӯзи Забеҳулло), “Бархурдҳои тамаддунӣ ва мафкурасозии миллӣ” (сухангӯ Н. Нуров) суҳбат карданд. Аз тарзи нишаст, нигоҳ, қиёфа, таҳаммул, бардошт ва ваҷоҳати ҳозирини нишаст пай бурдан мумкин буд, ки ба мавзуъ ва масоили мавриди назар бетаваҷҷуҳу бетафовут нестанд. Дар симои ҳар нафар зиёӣ-интеллигенти маҳаллӣ, ки дар мулоқоту вохуриҳо моро ҳамроҳӣ мекарданд, шарораи умеду бовариро ба ояндаи неки кишвар мушоҳида кардан мумкин буд.
Дар давоми рӯз баъди анҷоми ҳар мулоқоту вохурӣ суҳбатҳои кутоҳи сарироҳӣ бо доираи интеллигенсияи маҳаллӣ сурат мегирифт. Махсусан, суҳбату гуфтугӯҳои ихтисосию эҷодӣ бо сармуҳаррири ҳафтаномаи ноҳиявии “Гулистон” Сайдаҳмади Исмоил ва мудири шуъбаи маънавиёти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор Бобоҷон Қурбонов қобили таъкиданд. Ин ду нафар бо такя ба таҷрибаи сиёсию мафкуравӣ, ихтисосию эҷодӣ ва иқтидори зеҳнӣ дар рушди фарҳангу маънавиёти минтақа саҳми сазовор мегузоранд. Ватан ва миллат бо ин гуна фарзандони банангу номус ифтихор мекунад.
В-ин минтақа ҷавлонгаҳи ҳар пиру ҷавон аст
(Бахши панҷум)
Ноҳияи Ҳамадонӣ.
Дар хоки Ватан меҳри ватандор ниҳон аст
В-ин минтақа ҷавлонгаҳи ҳар пиру ҷавон аст.
Ободӣ дар ин гӯшаи зебою дилоро
Аз файзи талоши зану марди Ҳамадон аст.
Рӯзи 19 май ҳайати сафарӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ қарор гирифта, аввалан бо фазои сиёсӣ-мафкуравӣ ва муҳити маданӣ-фарҳангии ноҳия ошно гардид. Нимаи дуюми рӯзи 19 май ҳайатро роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Тағоймуродзода Санифа ба ҳузур пазируфт. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Санифа Тағоймуродзода мудир-омили хуб аст ва бо такя ба таҷрибаи раҳбарӣ ва собиқаи мудириятие, ки тайи солҳои тулонӣ андӯхтааст, дар хидмати халқ қарор гирифта, бо истифода аз имконоту иқтидори сиёсию мафкуравӣ дар таҳкими сиёсати давлатӣ дар минтақа саҳми муносиб мегузорад. Бо роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Санифа Тағоймуродзода тарҳи мулоқот бо фаъолони минтақа рехта шуд ва то омода гардидани муқаддимоти мулоқоту вохуриҳо ҳайати сафарӣ бо мақсади ошноӣ аз амокину нуқоти мавриди таваҷҷуҳи минтақа бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро тарк кард.
Ба ин тариқ, ҳайати сафарӣ бо ҳамроҳии баъзу масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатӣ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим ва баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дидан намуд. Дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия 564 нигора ё экспонат ҷамъоварӣ шуда, тамоми осор дар се толор ҷобаҷо гардидаанд. Ҳар се толор -- толори таърихӣ-кишваршиносӣ, толори осори устод Одина Ҳошим ва толори иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ, этникӣ, маҳаллӣ ва миллӣ доранд. Ба воситаи тамошои нигораҳо ва аксу тасвирҳои муассир насли наврасу ҷавони минтақа ва умуман, гардишгарону сайёҳон бо намунаҳои баланди санъату ҳунар ва маданияти миллию маҳаллӣ ошно мегарданд ва аз ин тариқ раванди гиромидошти арзишҳои марзбумӣ ва руҳияи миллӣ дар минтақа таҳкиму тақвият меёбад. Ҳамчуниин, аз ин тариқ метавон насли наврасу ҷавонро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбият намуд. Дар зимн, масъалаи таъсиси Хона-музейи устод Одина Ҳошим, ки аз чеҳраҳои маъруфи санъату ҳунари миллӣ маҳсуб меёбад, хеле зарур аст. Дар ин замина, дар ҳамшарикӣ бо сохторҳои марбутаи маҳаллӣ фарзандону пайвандону наберагони устод Одина Ҳошим бояд ибтикороте рӯйи даст бигиранд ва хона-музейи устод Одина Ҳошимро таъсис бидиҳанд, то ин ки насли оянда ва гардишгарону сайёҳоне, ки аз ин минтақа дидан мекунанд, аз ҳунари волои ин хунёгари номӣ огоҳ шаванд.
Ба ин тартиб, 19 майи соли ҷорӣ, соати 16:30 охирин мулоқоти ҳайати Гурӯҳи сафарӣ бо намояндагони ҷомеаи маданӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва имомхатибони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳияи Ҳамадонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 доир гардид. Қабл аз шуруи мулоқот, ҳайати сафарӣ бо персонали раҳбарӣ-омӯзгории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ошно шуд. Директори муассиса Ҷамила Ашурова, ки омӯзгори собиқадор ва раҳбар-омили хубест, ҳайатро гарм истиқбол гирифта, бо тими омӯзгорӣ ва муҳити мактабӣ шинос намуд. Ҳайати сафарӣ ҳамроҳи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Санифа Тағоймуродзода муддат-замоне дар утоқи кории директори муассиса Ҷамила Ашурова қарор гирифт ва суҳбатҳои кутоҳи ҷолибе дар заминаи боло бурдани сатҳи донишу биниши хонандагон, иқтидори фикрӣ-эҷодӣ ва педагогии омӯзгорон, талқини ифтихороти миллӣ аз тариқи дарсҳои тарбиявӣ сурат гирифт. Директори муассиса Ҷамила Ашурова, воқеан, муаллиму раҳбари хуб аст. Суҳбат бо ин тоифаи омӯзгорӣ-раҳбарӣ гуворост, чаро ки хеле самимию отифианд: аз мушкилу камбудӣ намеҳаросанд, дар эҷоди фазои муътадили корию омӯзишӣ саҳм мегузоранд, масъулиятшиносанд, доимо дар талоши такмили ихтисосу эҷоданд, хидмат ба халқу ватанро шараф меҳисобанд, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии миллӣ пофишорӣ мекунанд.
Чун ҷомеаи маданӣ ва фаъолони иҷтимоии минтақа ҷамъ омаданд, 19 май, соати 16:30 мулоқот дар толор-маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 баргузор гардид. Дар мулоқот хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, намояндагони созмони ҷавонони ноҳия, раҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳомиёни ватан”-и ноҳия, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, руҳониёни саршиноси минтақавӣ, масъулини бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳиявӣ ширкат варзиданд. Мулоқотро раҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Санифа Тағоймуродзода кушода, ҳайатро муаррифӣ карда, суханро ба ҳайати Гурӯҳи сафарӣ вогузошт. Аъзои ҳайати сафарӣ Ҷамолиддин Саидзода дар мавзуи “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”, Беҳрӯзи Забеҳулло сари масъалаи “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” ва Нозим Нурзода дар хусуси “Ҷаҳоншиносии илмӣ ва зарурати шинохти ҳассосиятҳои замонӣ” суханронӣ карда, аз ҷумла тазаккур доданд, ки шароити имрӯзаи сиёсию мафкуравӣ тақозо менамояд, ки: насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷик ба мутолеаи мероси адабию таърихии миллию фаромиллӣ фаро гирифта шавад; огоҳу бедор, ҳушёру зирак ва худогоҳу худшинос бошад; аз ватану миллат ифтихор кунад; донишу хирадро меҳвари кору умури рӯзмарра қарор бидиҳад; барои расидан ба аҳдофи миллӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бубарад; ҷиҳати ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва манофеи миллӣ саъю талоши фаровон биварзад; дар таблиғи арзишҳои миллӣ таъхир накунад. Мулоқот зиёда аз ду соат давом кард ва ҳозирин ҳар як суханронӣ ва гуфтугӯро оромона ва бидуни эҳсосот гӯш доданд. Дар зимн, вақте ки суҳбат дар доираи ғуруру ҳамияти миллӣ чарх мезад, аҳли толор ба шавқ меомад ва аз ваҷоҳати онҳо ҳассосияти миллиашон берун метаровид.
Баъди анҷоми мулоқот, бо он ки айёми шом даррасида буд, ҳозирин канор намерафтанд ва аз ҳайати сафарӣ масоил ва мавзуоти мавриди назарашонро пурсон мешуданд, посух меҷустанд, худ дар раду бадалҳо фаъолона ширкат меварзиданд. Бавежа, суҳбат бо яке аз фидоиёни ҷабҳаи миллии ноҳиявӣ – раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳомиёни ватан”-и ноҳияи Ҳамадонӣ лейтенанти калон Муҳаммадкарим Ҳасанов ҷолиб буд. Ин марди таҷрибадори ҳарбӣ-низомӣ ҳамеша дар роҳи ҳифзи Ватан ва арзишҳои миллӣ омода аст. Ростӣ, дар чеҳраи лейтенанти калон Муҳаммадкарим Ҳасанов симои як марди фидоӣ ва ҷоннисори миллатро, бемуҳобо, метавон дид, ки новобаста ба шароити иҷтимоӣ ва вазъи сиҳатӣ хидмат ба миллату давлатро ҳадафу шиори зиндагӣ дониста, дар ҳолатҳои зарурӣ бидуни вақфаю даранг омода аст, дар саргаҳи ҳаводис ва иттифоқоти ноҷур қарор бигирад. Давлату миллат аз ин гуна фарзандон ифтихор мекунад. Ҳайати сафарӣ пас аз суҳбатҳои сарироҳӣ, бо масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва фаъолони иҷтимоии ноҳия хайрухуш карда, бо қаноатмандӣ ба Душанбе баргашт.
Анҷом
(Бахши шашум)
Сафари хидматие, ки ба шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб доштем, аз бисёр ҷиҳат бобарор буд. Дар ин замина чанд бардошти мухтасареро дар қолиби хулоса баён медорем:
-намояндагони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи маданӣ, қишри зиёӣ, мардум ва сокинони маҳаллӣ ба арзишҳои миллӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва марзу буми аҷдодӣ эҳтиром доранд;
-ҷомеаи маданӣ, ки аз муаллимон, шоирон, нависандагон, адибон, фарҳангиён, табибон, рӯзноманигорон, матбуотиён ва зиёиёни музофотӣ таркиб ёфтааст, аз рӯйи тавон ва имконоти фикрию эҷодӣ дар рушди минтақа саҳми муносиб мегузорад;
-намояндагони қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, ки ба мулоқоту вохуриҳо даъват шуда буданд, ба сарнавишти миллату давлат бетафовуту бетараф нестанд, дар ҳоле ки дар бисёре аз маҳаллу минтақаҳо бетарафию бепарвоӣ дар қиболи масоили муҳими миллӣ ва зуҳури буҳронҳои ҳувиятӣ мушоҳида мешавад;
-шарораи умеду боварро ба ояндаи неки Ватану кишвар, ки ангезаи хеле муҳим аст, дар чашмони мусоҳибони худ эҳсос кардем;
-сатҳи таълиму тадрис ва тарбият дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақа хуб аст: муассисаҳо ба талаботи замон ҷавобгӯянд, омӯзгорон пайи тадрису таълим, хонандагон фаъоланд, майли хондану донистан доранд, китобхонаҳои мактабӣ кор мекунанд. Хуллас, механизми маорифи минтақавӣ дар ҳаракат аст;
-албатта, мушкилоти фикрию зеҳнӣ дар ҳама минтақаҳо вуҷуд дорад, вале новобаста ба густариши пружаи мафкурасозии ғайримиллӣ, ки солҳост аз тариқи иддае аз муҷриёни тарҳҳои алоҳидаи таблиғӣ-мафкуравӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадафмандона роҳандозӣ мешавад, руҳияи ватандорӣ, меҳанпарастӣ ва ҳувиятсозӣ дар шаҳру навоҳии хатсайри сафарии мо қавист;
-чигунагии ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии илмӣ дар ҳар минтақае ба кайфияти афкори умумӣ, фазои фикрӣ ва муҳити маданӣ бастагӣ дорад. Аз ҷониби дигар, нақши намояндагони матраҳи интеллиггенсияи музофотию ватанӣ дар тарбияи тафаккури интиқодию миллии ҷомеа калидист. Ҳар қадар зиёиёни саршиноси миллию маҳаллӣ дар пиёдасозии аҳдофи илмию миллӣ кӯшову устувор бошанд, ҳамон қадар сатҳи ташаккули ҷаҳоншиноссии илмӣ ва дидгоҳи миллии ҷомеа боло меравад ва баръакс, ҳар қадар бетарафию саҳлангорӣ ва ба истилоҳ, тамошогарии насли равшанфикрону зиёиёни маҳаллию шаҳрӣ афзун гардад, ҳамон қадар буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ дар ҷомеа тасаллут пайдо карда, осебпазирии иҷтимоӣ, фикрӣ, ақидатӣ, ҳувиятӣ ва фарҳангӣ ба унвони воқеияти зиндагӣ машруият меёбад. Хушбахтона, дар байни табақаҳои иҷтимоии манотиқи мавриди назари мо ҷаҳоншиносии илмӣ ва дидгоҳи миллӣ минҳайси падидаҳои зарурии низоми давлатдории дунявӣ мавқеият ва нуфуз доранд ва дар маҷмуъ, мардум, қатъи назар аз ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ, гирифториҳои фикрию ақидатӣ ва чолишҳои мафкуравӣ, ба ин ду асл (хирад ва миллат) боварманданд;
-ва дар ниҳоят, мутмаинем, ки зиёиён, фарҳангиён, ватандорону меҳанпарастон, мардуми маҳаллӣ ва ҳамватанони азизи мо, бо назардошти ташаннуҷи бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва тезутундии бозиҳои геополитикӣ паёми зерини манзумро ҳамчун воқеияти замонию маконию асрӣ пазируфта, дар роҳи бедории фикрӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тақвияти низоми давлатдории дунявӣ гомҳои устувор бармедоранд:
Ҳамватан, имрӯз айёми ғуруру ҷуръат аст,
Тоҷико, даври талошу иқтидору қудрат аст,
Асри ҳиммат, асри иффат, асри сахти заҳмат аст,
Асри донишу фазилат, даври илму ҳикмат аст,
Асри оғози хирадмандӣ, суъуди миллат аст,
Асри анҷоми хурофоту нузули ваҳшат аст,
Асри пирӯзии нуру варшикасти зулмат аст,
Ай хушо, асри раҳо аз бандубасти зиллат аст,
Асри тарки ғурбат аст,
Асри дарки шавкат аст.
Асри касби давлат аст!
Нозим Нурзода
пажуҳишгар