JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 24 Майи 2023 12:45

Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ва зарурати бозшиносии симоҳои миллӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

 (гузоре иҷмолӣ дар ҳошияи конфронси илмӣ-назариявии Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ: аз айёрӣ то подшоҳӣ”)    

  Омӯзиш, таҳқиқ ва бозшиносии чеҳраҳои бонуфузи миллӣ дар шароити муосири бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва тезутунд шудани бозиҳои геополитикӣ аз ҷумлаи роҳкорҳои муҳими илмӣ, ихтисосӣ, маданӣ ва умумимиллӣ ба ҳисоб меравад. Муҳимтар аз ҳама, аз тариқи бозшиносии илмию ихтисосии таърихи миллӣ ва ташхиси ҳаводиси муҳими сиёсию иҷтимоӣ сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва ҳувияту ифтихороти миллӣ боло рафта, роҳ барои рушду тавсеаи фикрӣ ва истиқлоли сиёсӣ ҳамвор мегардад. Гузашта аз ин, дар заминаи шинохту муаррифии симоҳои таъсиргузору номдори миллӣ доир намудани нишасту конфронсҳо ва маҳфилу семинарҳои илмӣ-омӯзишӣ ва эҷодӣ талаби давру замон аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 23-юми майи соли ҷорӣ дар ростои шинохту муаррифии симои матраҳи сиёсию мафкуравии қаламрави Хуросони таърихӣ амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ конфронси илмӣ-назариявиеро таҳти унвони “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ: аз айёрӣ то подшоҳӣ” баргузор намуд, ки дар кори он доираҳои илмию пажӯҳишӣ ва ҳавзаҳои маданӣ-маърифатии дохилию хориҷӣ фаъолона ширкат варзиданд.

   Конфронси илмӣ-назариявиро саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, професор  Қосимшоҳ Искандаров ифтитоҳ намуда, дар мавзуи “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ: аз айёрии Хуросон то подшоҳии Афғонистон” суҳбати ҷолиби илмӣ-ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф, аз ҷумла тазаккур дод, ки Ҳабибуллоҳи Калаконӣ аз ҷумлаи чеҳарҳои маъруфи миллӣ-мардумии Хуросон аст, ки ҳанӯз айёми ҷавонӣ миёни муҳитҳои рустоӣ ва мардуми маҳаллӣ бо мушаххасоти ахлоқию ҳувиятие назири росткорӣ, ростқавлӣ, ватандӯстӣ, меҳрубонӣ, ҷасурӣ, озодагӣ, силаҳшӯрӣ, ҷавонмардӣ, адолатпешагӣ, додварӣ, мардумсолорӣ, ҳимматбаландӣ ва масъулиятписандӣ соҳибэҳтиром гардида буд. Ба назари профессор Қосимшоҳ Искандаров, дар заминаи шинохти дурусти ин симои матраҳи сиёсиву иҷтимоии Афғонистон асару рисолаҳои зиёде таълиф гардида, ғолибан шахсияти Ҳабибуллоҳи Калаконӣ яктарафа ва бо назардошги манофеи қавмӣ-қабилавӣ таҳқиқ шудааст. Дар ин миён, муаллифони баъзе сарчашма ва таълифоти илмӣ-таҳқиқӣ дар ростои шинохти воқеии шахсияти Калаконӣ ҳадди инсофро нигоҳ доштаанд. Ин аст, ки бозбинии кору пайкору саргузашту сарнавишти Ҳабибуллоҳи Калаконӣ зарурат дорад.

   Гузориши дигари илмӣ дар мавзуи “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ – эҳёгари анъанаи давлатдории тоҷикони Хуросон” аз ҷониби шарқшиноси муосири тоҷик Умед Назар ироа гардид. Номбурда бо такя ба манобеи таърихӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқӣ аз суннати омӯзандаи давлатдории тоҷикон дар қаламрави Хуросони бузург ёдовар шуда, нақши тоҷиконро дар ташаккули шуури сиёсӣ ва руҳияи давлатсозии минтақа бузург арзёбӣ намуд. Аз сӯйи дигар, бархурди нодуруст ва ғайримунсифона ба шахсияти Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки аз ҷумлаи нухбагони сиёсию иҷтимоии тоҷик дар ибтидои садаи бист маҳсуб мешавад, ҷомеаи илмӣ ва мадании тоҷикро нигарон месозад. Ин аст, ки бозшиносию бозбинии сафаҳоти алоҳидаи таърихи Афғонистон ва ҳаводиси сиёсию иҷтимоие, ки бо шахсияти ин марди шуҷоъи миллӣ гиреҳ мехуранд, зарурати имрӯзист. Пажӯҳишгари варзида Умед Назар бо таваҷҷуҳ ба далоили мувассақи илмӣ собит намуд, ки саргузашти пурмоҷарои Ҳабибуллоҳи Калакониро метавон, бемуҳобо, бо корномаҳои қаҳрамонони дигари миллӣ Спитамен, Муқаннаъ, Деваштич ва Восеъ баробару ҳамрадиф донист. Воқеан, Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ба лиҳози мавқеъгирӣ, адолатпарастӣ, ҷуръатмандӣ ва пуштибонии манофеи мардумӣ бо шахсиятҳои пешини мо Спитамен, Муқаннаъ, Деваштич ва Восеъ мутаносиб аст.

   Баъдан, дар конфронс иддае аз меҳмонони афғонистонӣ ва иштирокдорони ватанӣ бо шумули  Зуҳурулло Зуҳурӣ (яке аз раҳбарон-муҷриёни Ҷунбиши озодагон), Аҳмадвалӣ Масъуд (раиси Бунёди байналмилалии шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд), Наҷмиддини Шоҳинбод (шоир, нависанда ва рӯзноманигори варзидаи тоҷик), Саид Ҳомид (доктори илмҳои сиёсӣ, афғонистоншиноси ватанӣ) ва тариқи онлайнӣ Ҳоруни Муътариф (раиси Ҷунбиши гузор) дар атрофи шахсият ва фаъолияти сиёсӣ-идорӣ ва давлатии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ гузоришҳои ҷолиб ироа карданд. Ба ин тартиб, конфронси илмӣ-назариявӣ дар робита ба шахсияти Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бо ҳузури меҳмонони афғонистонӣ ва шарқшиносони ватанӣ дар сатҳи баланди илмӣ ва маданӣ ҷараён гирифт.

     Мо, ки дар конфронс ба сифати шунаванда ва шоҳиди бевоситаи суҳбату гузоришҳои ҷолиб будем, бардоштҳои мухтасари хешро дар заминаи конфронси илмӣ-назариявӣ ва шахсияти Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ироа мекунем.

    Якум. Дар воқеъ, ҷомеаи илмӣ-академӣ ва мадании мо ба навбинию бозшиносии таърихи миллӣ, аз ҷумла симои Ҳабибуллоҳи Калаконӣ (1890-1929) ниёз дорад, чаро ки доираҳои муайяни манфиатхоҳу фурсатталаб, чи дар гузашта ва чи имрӯз бар мабнои манофеи қавмӣ-қабилаӣ ба таҳрифи таърих ва дигаргун ҷилва додани ҳаводиси сиёсӣ даст зада, дар бозтоби ғайримунсифонаи равандҳои сиёсию мафкуравӣ ва иҷтимоию мадании Афғонистон саҳм гирифтаанд. Мутаассифона, ин раванд ҳамчунон идома дорад.  Ба ин маъно, агар имрӯз ҷомеаи илмӣ ва қишри таҳқиқию мадании мо сари мушкилоти фикрӣ, муаррифии чеҳраҳои таъсиргузори таърихӣ, мероси шоистаи аҷдодӣ ва бозшиносии ҳувияти миллӣ ҳадафмандона тамаркуз накунад ва бо назардошти ҳассосиятҳои замонӣ ва чолишҳои асрӣ иқдомоти зарурии илмӣ, фаннӣ, ихтисосӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ рӯйи даст нагирад, фардо дер хоҳад шуд.

    Дувум. Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бо айёрӣ (далерӣ, чобукӣ, ҷавонмардӣ, силаҳшурӣ) миёни доираҳои маҳаллӣ маъруфу машҳур гардидааст. Мавсуф бо ибтикороти шахсӣ ва айёрии фардӣ алайҳи истибдоди дохилӣ қиём карда, 17 январи соли 1929 Амонуллохон (1892-1960)-ро аз тахти шоҳӣ барканор карда, ҳукуматро ба даст даровард ва бар мабнои адлу дод салтанат намуд. Бо он ки умри ҳукумати Ҳабибуллоҳи Калаконӣ хеле кам будааст (17 январи соли 1929 – 13 октябри соли 1929), низоми давлатдорие, ки бар асоси адлу додварӣ, нармиши иҷтимоӣ ва мусовоту баробарии қавмӣ-этникӣ машруият доштааст, дар сафаҳоти таърихи Афғонистон абадан сатб гардидааст. Махсусан, дар сарчашмаҳои таърихӣ ва маводи таҳқиқӣ-публитсистӣ аз додварӣ, хештандорӣ, меҳрубонӣ, ҷавонмардӣ. отифат, самимият ва масъулияти фардии шахси Калаконӣ зиёд ёд шудааст. Калаконӣ то вопасин нафасҳо аз мардум ва табақаҳои мазлуми мардумӣ ҳимоят карда, бар асоси раъйи халқӣ ва манофеи мардумӣ низоми давлатӣ ҷур намудааст. Дар сарчашмаҳо аз вежагиҳои мунҳасир ба фарди Ҳабибуллоҳи Калаконӣ низ ёд шудааст. Ба дараҷае иззати нафси баланд доштааст, ки ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ, аз занону фарзандон ва хешу ақрабои душманонаш қасду қасос намегирифт ва ба худ иҷоза намедод, ки аз ҳадди инсоф убур намояд. Ин аст, ки айёми таҷлили ҷашни Истиқлоли Афғонистон ба душмани ҷонии худ Амонуллохон (ки дар Рим фирорӣ буд) паёми шодбошӣ мефиристад ва ба истилоҳ, душман-оппоненти сиёсиашро табрик мекунад. Ин навъ ҷавонмардӣ реша дар ҳувияти хонаводагӣ ва ҷасорати фавқулодаи фардии Калаконӣ дорад. 

    Севум. Тавре ки ишора шуд, Ҳабибуллоҳи Калаконӣ аз айёрӣ ва силаҳшурӣ то ба мартабаи шоҳӣ расидааст. Айёр нафарест, ки бо ҷасорати фавқулода, талошу заҳмат, ғайрату ҷуръат, ғуруру ҳамият ва ҷавонмардию силаҳшӯрии инфиродӣ миёни доираву ҳавзаҳои иҷтимоии замон маҳбубият пайдо менамояд. Ба ин маъно, фаъолияти силаҳшӯрии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки бо ибтикороту ташаббусоти фардӣ то ба мақоми шоҳӣ расидааст, бо корномаи яке аз чеҳраҳои маъруфи маслаки айёрии хуросонӣ -- Яъқуб бини Лайси Саффорӣ (840-879) ҳамхонӣ дорад. Мусаллам аст, ки дар таърихи миллӣ табақаи айёрон (табақа ё гурӯҳи мардум дар Хуросону Мовароуннаҳру Сиистон, ки ҷасуру силаҳшур ва ҷавонмард буда, аз бенавоён ва мазлумон ҳимоят мекарданд) мақому ҷойгоҳи вежа доштааст. Ба ин манзур, дар таърихи асримиёнагии миллӣ бо исми айёри хуросонӣ Яъқуб бини Лайси Саффорӣ дучор меоем, ки бо заҳмату талошҳои фардӣ ва айёрӣ (силаҳшурӣ) ба мансаби амирии Хуросон расида буд. Яъқуби Лайс ҳам мисли Ҳабибуллоҳи Калаконӣ марди ҷасур ва дар айни замон хеле хоксор будааст. Тибқи тазаккури муаррихон, ба ғайр аз рӯзҳои пазириш ва ташрифоти дарборӣ, дигар ҳама вақт либоси одӣ мепӯшид, палосу қолинро хуш надошт, ҳангоми хоб ба ҷойи болишт таги сар сипар мегузошту мехобид (ниг.: Неъматов Нӯъмон. Давлати Сомониён: тоҷикон дар асрҳои 1Х – Х. Душанбе: Ирфон, 1989. С.23-24). Ҷуръат ва талошмандии Яъқуби Лайс ба дараҷае будааст, ки вақте дувумбора азми ҳаракат ба Бағдодро мекунад, халифа дар ҳарос меафтад ва расуле  мефиристад, то ин ки Яъқубро ба мадорову созиш биоварад ва як дараҷа оромаш бикунад. Расул номаи халифаро ба ин мазмун ба Яъқуб мерасонад, ки мо (манзур халифа ва лашкари хилофат аст) ба ҳукми худованд бар ту пирӯз гардидем ва аз гуноҳат гузаштем. Ва туро ба аморати Хуросону Форс мегуморем. Яъқуб  амр медиҳад, то қадре нони хушк, моҳӣ, тара (сабзиҳои хурданӣ мисли каду ва амсоли инҳо) ва пиёз бар табақи чӯбин ниҳода пеш оварданд. Расули халифаро гуфт: “Ба махдуми худ бигӯ: Ман руйгарзодаам (мисгарам) ва аз падарам руйгарӣ омӯхта, хуроки ман нони ҷавин ва пиёзу моҳиву тара буда ва ин давлату шавкат, ки мебинӣ, аз роҳи диловарӣ ва шермардӣ ба даст овардаам, на аз мероси падар ва неъмати ту. То хонадонат барнаяндозам, аз пой нашинам. Агар мурдам, аз ҷониби ман хоҳӣ осуд, агар мондам, сару корат бо ин шамшер аст ва агар мағлуб шудам, ба Систон бозмегардам ва ба ин нони хушку пиёз бақияи умрро ба анҷом мерасонам “ (ниг.: Оштиёнӣ, Иқбол, Оқилӣ, Боқир. Таърихи Ирон пас аз ислом: аз садри ислом то инқирози Қоҷория ва давраи паҳлавӣ. Теҳрон: Нашри Номак, 1378. С.179). Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ҳам рустозода, боғбон ва деҳқоне будааст, ки бо зӯри дасту бозу нон ёфта, зиндагӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки ин ду айёри хуросонӣ (Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Ҳабибуллоҳи Калаконӣ) бо ҷасорати фардӣ ва ҳувияти қавмӣ собит карданд, ки аз касе ба касе вобаста набуда, бидуни подоше зери шонаҳои худ бори гарони мардуми мазлуми буҳуқуқро даркашидаанд. Бинобар ин, шинохт ва муаррифии шоистаю боистаи чеҳраҳои матраҳу таъсиргузори таърихӣ, сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ ва мадании миллие назири Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Ҳабибуллоҳи Калаконӣ амру зарурати имрӯзист.

   Чорум. Албатта, дар шинохту бозшиносии уқдаҳои фикрӣ, муаммоҳои ҳувиятӣ ва бозсозии зеҳнӣ мушкил дорем. Ҳанӯз ҳам ба силсилаи мушкилоту муаммоҳои зиндагию замон бо содагӣ, зудбоварӣ, худкамбинӣ ва бегонапарастӣ менигарем ва баъзан дар партави ҳавою ҳаваси беҳувиятию худбохтагӣ таърихи пуршукӯҳи худро зери суол мебарем. Дар зимн, баъзан бо баҳонаи инсофи илмӣ ҳаводиси таърихиро нодуруст бозтоб медиҳем ва бо таваҷҷуҳ ба тангии ҷаҳонбинӣ ва шинохти ноқису иштибоҳӣ роҳро барои буҳронҳои ҳувиятӣ ҳамвор месозем. Ин навъ нигариш ва бознигарӣ, ки реша дар костиҳои фикрию фарҳангии мо дорад, на танҳо ба дарди имрӯз намехурад, балки равону руҳияи миллиро хадшадор месозад.

   Панҷум. Фазои мағшуши имрӯзӣ ва шароити бозиҳои геополитикии минтақавию ҷаҳонӣ аз зиёиёну фарҳангиёну сиёсиён ва махсусан, ниҳодҳои илмӣ-пажӯҳишӣ тақозо менамояд, ки дар ростои ташхиси уқдаҳои равонӣ, тармими фикрӣ, бозсозии ҳувияти қавмӣ ва шиносоии манофеи миллӣ тасмимоти ҷиддӣ бигиранд ва бо истифода аз фурсату имконоти зеҳнию мафкуравӣ роҳи вуруди таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва буҳронҳои ҳувиятиро барои муддатзамони тиулонӣ барбанданд.

        

                                    Нозим Нурзода

                                   пажӯҳишгар

Хондан 1909 маротиба