Пас аз ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва пуштибонии ҳукумати «Толибон» аз Ал-Қоида ва раҳбари он Усома Бин Лодин бо далели дифоъи қонунӣ аз Ал-Қоида Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи «Толибон» «Амалиёти озодии шикастнопазир»-ро рӯзи 7 октябр оғоз кард ва дар натиҷа низоми «Толибон» дар Афғонистон суқут кард. Бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ «Конференсияи Бонн» баргузор шуд ва дар ин конфронс пояи тартиботи пас аз «Толибон» гузошта шуд. Дар чаҳорчӯби қарорҳои конфронси Бонн ҳукумати муваққатӣ (барои шаш моҳ) ташкил шуда, Ҳомид Карзай сардори ҳукумати муваққатӣ таъин гардид. Вазифаи асосии ҳукумати муваққатӣ дар Афғонистон барқарор намудани тартиботи сиёсию хуқуқӣ буд. Бо ин мақсад парлумони Афғонистон Лоя-Ҷирга даъват карда шуд. Лоя-Ҷирга ҳукумати муваққатиро ба ҳукумати интиқолӣ (барои 18 моҳ) иваз кард ва дар ҷаласаи оянда Қонуни асосӣ (Конститутсия)-и Афғонистонро тасдиқ кард. Интихобот тибқи Қонуни асосӣ баргузор шуд ва Ҳомид Карзай дар асоси раъйи мардум раисиҷумҳури ин кишвар интихоб гардид ва порлумони кишвар ба фаъолият шурӯъ кард. Инчунин дар Афғонистон ҳокимияти судӣ, артиш ва пулис ташкил карда шуд, ки дар натиҷа дар ин кишвар як низоми нисбии сиёсӣ- ҳуқуқӣ дар асоси конститутсия ба вуҷуд омад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти раҳбарии Ҷорҷ Буш (хурдӣ) «Толибон»-ро як гурӯҳи террористӣ номид ва иҷоза надод, ки ин гурӯҳ дар конфронси Бонн ширкат кунад. Ба далели террорист хонданаш дари музокира бо «Толибон»-ро баста ва бо асирони онҳо дар чаҳорчӯби қонунҳои ҷанг сару кор нагирифт. Ин намоиши Иёлоти Муттаҳида боиси интиқоди мардум ва созмонҳои ҳуқуқи башар гардид. «Толибон» пас аз суқути низомашон хомӯш наистоданд ва бо истифода аз найрангҳои мухталиф ҷангро идома доданд. Вақте ки Барак Обама дар Амрико ба қудрат расид, стратегияи Амрикоро нисбат ба «Толибон» тағйир дод. Дар ин замина Обама тасмим гирифт, ки то соли 2014 нерӯҳои Амрикоро аз Афғонистон берун кунад. Барак Обама инчунин бо «Толибон» дар бораи табодули асирон гуфтушунид кард ва ба «Толибон» иҷозат дод, ки дар Доха «дафтари сиёсӣ»-и худро кушоянд.
Вақте ки Доналд Трамп дар соли 2016 ба қудрат расид, ӯ роҳи ҳалли хуруҷи нерӯҳои Амрикоро ҷустуҷӯ мекард. Дар ин замина кобинаи Трамп тасмим гирифт, ки бидуни қайду шарт бо «Толибон» вориди музокира шавад. Амрико барои исботи ҷиддӣ будани худ Залмай Халилзодро (паштуи амрикоӣ) сармузокир ва намояндаи вижаи Департаменти давлатии ИМА дар раванди сулҳи Афғонистон таъин кард. Халилзод аз Покистон хост, ки Мулло Абдулғанӣ Бародарро озод кунад, то музокироти сулҳро суръат бахшанд. Пас аз ду соли музокира, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 29 уми феврали соли 2020 дар ғоиби ҳукумати Афғонистон «Созишномаи Доҳа»-ро бо «Толибон» имзо кард. Дар созишномаи Доҳа «Толибон» ваъда доданд, ки равобитро бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Ал-Қоида қатъ мекунанд. Дар посух Амрико ваъда дод, ки дар тӯли 14 моҳ аз Афғонистон хориҷ мешавад ва амалиёти ҳавоӣ алайҳи ин гурӯҳро қатъ мекунад. Дар тули 14 моҳ гуфтушуниди байни афғонҳо оғоз меёбад ва дар натиҷаи гуфтушунид дар Афғонистон «давлати нави исломӣ» ташкил мешавад.
Дар соли 2021 Ҷо Байден раисати ИМА интихоб гардид ва дар суханрониаш рӯзи 1 май (рӯзи хуруҷ дар чаҳорчӯби Созишномаи Доҳа) ӯ ваъда дод, ки ба Созишномаи Доҳа содиқ мемонад ва то 11 сентябри соли 2021 тамоми нерӯҳояшро аз Афғонистон берун хоҳад кард. Баъди ин суханронӣ «Толибон» ба ҷои музокира бо ҳукумати Афғонистон, ҳамлаҳои худро бештар карданд. Дар пайи ин ҳамлаҳо гурӯҳи «Толибон» аксари манотиқи кишварро ба тасарруфи худ дароварданд ва бо фирори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, «Толибон» дар ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистон вориди Кобул шуданд ва боз ҳокимиятро дубора ба даст гирифтанд.
Бо бозгашти «Толибон» ба қудрат саволҳои гуногуне ба матраҳ гузошта мешаванд, аз ҷумла: Чаро ҳукумате, ки аз он ҷомеаи байналмилалӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пуштибонӣ мекард, ба ин гурўҳ муқовимат карда натавонист ва суқут кард? Кадом омилҳо боиси дубора ба қудрат расидани ин гурӯҳ шуд? Ояндаи Афғонистон бо ба қудрат расидани «Толибон» чӣ гуна хоҳад буд? Дар ин тадқиқот кӯшиш карда мешавад, ки ба ин саволҳо ҷавоб гардонида шавад ва омилҳои дубора ба қудрат расидани ин гурӯҳи «Толибон» муайян карда шаванд.
Нокомии тарҳҳои низомии Амрико ва шариконаш дар Афғонистон.
Пас аз суқути низоми «Толибон», бо пуштибонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, пояи артиши нави миллии Афғонистон гузошта шуд. Аз як тараф Амрико бо далели ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, ба ҷои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ «хизмати ҳарбии шартномавӣ»-ро ҷорӣ кард ва аз тарафи дигар, монеи таъсиси артиши пурзӯр дар Афғонистон гардид. Тибқи нақшаи аввали Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, шумораи артиш ва нерӯҳои амниятии Афғонистон набояд аз 70 ҳазор зиёд бошанд ва ба нерӯҳои афғон аслиҳаи замонавӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ надоданд [16]. Бо ин миқдор ва сифати нерӯҳо амнияти як кишвари кӯҳистонро, чун Афғонистон таъмин кардан ғайриимкон буд. Вақте ки Барак Обама раиси ҳукумати Амрико шуд, ваъда дод, ки то соли 2014 тамоми нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мекунад. Обама кӯшиш кард, ки холигии низомиро, ки дар натиҷаи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ба вуҷуд омадааст, бо ду роҳ ҷуброн кунад. Дар қадами аввал ӯ тасмим гирифт, ки шумори нерӯҳои амниятии Афғонистонро афзоиш диҳад. Дар ин бахш тасмим гирифта шуд, ки шумори артиши Афғонистон ба 300 ҳазор нафар афзоиш ёбад. Ба ҷуз аз омодагии ҳарбӣ, ин нерӯҳо бояд ба силоҳҳои қавӣ ва муосир дастрасӣ дошта бошанд.
Нақшаи навбатии Амрико доктринаи Петровис буд. Генерали америкоӣ Дэвид Петреус нақшаи пур кардани холигии ҳарбиро, ки баъд аз рафтани қушунҳои хориҷӣ ба вуҷуд омадааст, таклиф кард, ки мантиқи он чунин буд: «барои таъмини амнияти деҳот, деҳа бояд мусаллаҳ шавад!». Дар доираи ин нақша онҳое, ки бар зидди Артиши Шӯравӣ ва зидди «Толибон» (1994-2001) меҷангиданд ва яроқпартоӣ карда буданд дубора мусаллаҳ гардиданд [11].
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷанги заминии худро алайҳи «Толибон» дар соли 2014 хотима дод ва нақши худро ба тамрин, таҷҳизот ва пуштибонии ҳавоии нерӯҳои афғон коҳиш дод. Дар маркази ин тасмим Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО теъдоди сарбозони худро аз 140 000 то 14 000 кам карданд. Бо ин тасмимҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷанги заминиро комилан ба дӯши нерӯҳои афғон гузошт [18]. Азбаски тамоми ҷанги заминӣ бар дӯши нерӯҳои афғон гузошта шуда буд, ҳукумати Афғонистон тасмим гирифт, ки шумораи нерӯҳои маҳаллӣ зиёд шаванд. Дар чаҳорчӯби «нақшаи таъсиси нерӯҳои маҳаллӣ» ба ин нерӯҳо омӯзиши низомӣ дода шуда буд ва онҳо бояд зери чатри вазорати умури дохилӣ фаъолият намоянд. Аммо ҳукумати Афғонистон фармондеҳони маҳаллиро назорат карда наметавонист. Фармондеҳони маҳаллӣ аз набудани маош ва техникаи ҷангӣ аз мардум пул меситониданд, дар баъзе мавридҳо шаъну шарафи одамонро поймол мекарданд. Рафтори хушунатовари нерӯҳои маҳаллӣ бо мардум боиси фосилаи байни мардум ва ҳукумат гардид ва дар натиҷа мардум дар маҳалҳо ба «Толибон» рӯ оварданд. Албатта, ин нуктаро бояд гуфт, ки дар баъзе минтақаҳо нерӯҳои маҳаллӣ дастовардҳо низ доштанд.
Гузашта аз ин, ин нокомӣ дар суханони Ҷо Байден инъикос ёфтааст: «Мо натавонистем дар Афғонистон миллат бунёд кунем». Ин аз нокомии тарҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш дар Афғонистон шаҳодат медихад. Бо дарназардошти ин ИМА ҳузури худро дар Афғонистон коҳиш ва ҳатто шарикони худро дар Кобул аз созишномаи Доҳа бо «Толибон» огоҳ накард.
Хилофкориҳои Амрико ва ҳукумати Афғонистон дар бунёди артиш.
Тибқи иттилоъи ҳукумати Афғонистон, дар солҳои 2008-2014 ҳудуди 45 000 нерӯҳои афғон дар ҷанги зидди «Толибон» ҷони худро аз даст дода, ҳазорон нафар аз сафи нерӯҳои амниятӣ хориҷ шудаанд [3]. Ҳамчунин, манобеъи мухталиф мақомоти давлатии Афғонистон ва Амрикоро дар дурӯғгӯӣ дар бораи теъдоди нерӯҳои афғон муттаҳам мекунанд. Ҳукумати Афғонистон ва мақомоти амрикоӣ теъдоди нерӯҳои афғонро 350 000 нафар хабар доданд. Ин дар ҳолест, ки ин рақам дар хориҷ вуҷуд надошт ва мақомоти Афғонистон ба далели дарёфти маблағҳо аз Амрико, ин рақамро номбар мекард. Ба гуфтаи бархе аз мақомоти амниятии Афғонистон, шумори нерӯҳои афғон на бештар аз 150 000 сарбозро ташкил медод, ки 20 дарсади онҳо шояд азму иродаи қавии ҷангӣ доштанд. Бархе аз мақомоти Афғонистон, аз ҷумла Холид Поянда, вазири молияи ҳукумати Ашраф Ғанӣ, шумори артиши Афғонистонро беш аз 100 ҳазор нафар намедонад. Холид Поянда мегӯяд, ки мақомоти Афғонистон ба далели гирифтани пул аз Амрико ин рақамро 350 ҳазор нафар нишон дода буданд [16].
Дар баробари теъдоди кам будани нерӯҳои амниятӣ дар ҷанги зидди «Толибон», инчунин онҳо рӯҳияи қавии ҷангӣ надоштанд. Аксари онҳое, ки дар сафи нерӯҳои амниятии Афғонистон буданд, хидмати ҳарбиро ба ҷои содиқ будан ба Ватан кори даромадноке медонистанд. Аммо «Толибон» ҷанги худро «Ҷиҳод» ва ҷангиёни худро муҷоҳид номиданд, яъне ҷангиёни толиб на барои пулу имтиёзҳои моддӣ, балки барои андеша ва идеология меҷангиданд. Аз нигоҳи рӯҳияи ҷангӣ, ҷангҷӯёни «Толибон» дар муқоиса бо нерӯҳои низомии афғон дар мавқеи бартар қарор доштанд [31].
Сиёсати нодурусти давлатиро пеш гирифтани Карзай ва Ғанӣ алайҳи «Толибон», манбаи даромад ва сиёсӣ шудани нерӯҳои амниятии Афғонистон аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мавқеъ пайдо кардани фасоди густурда дар артиш ва қатъи амалиёти ҳавоии нерӯҳои Амрико алайҳи «Толибон» ба руҳияи аскарони афғон таъсири манфӣ расониданд. Фрэнк Ван Ҳиппел, мақомдори собиқи Қасри Сафеди Амрико ва устоди Донишгоҳи Принстон мегӯяд: «Артиши Афғонистон бештар аз ҳукумати худ ба нерӯҳои низомии НАТО эътимод дошт. Нерӯҳои низомии НАТО ҳудуди 100 000 сарбози худро аз Афғонистон ихроҷ карда буданд, аммо тақрибан 20 000 халабон ҳамчунон техникҳои ниҳоии таъмир, нигоҳдорӣ ва амнияти сафоратхонаҳо ва иншооти стратегӣ аз нерӯҳои ҳавоии Афғонистон пуштибонӣ мекарданд. Вақте ки ин сохтори ҳимоятӣ хориҷ шуд, артиши Афғонистон эътимоди худро ба ҷанг аз даст дод» [16].
Афғонистон бинобар табиати куҳсораш барои ҷанги партизанӣ мувофиқ аст. Барои таъмини амнияти чунин кишвар сифати артиш аз миқдори он муҳимтар аст. Ба ибораи дигар, аз доштани нерӯҳои сердаромад дида, нерӯҳои хурди бо аслиҳаи муосир муҷаҳҳаз ва доштани нерӯи ҳавоии қавӣ нисбатан бештар дар таъмини амнияти Афғонистон мусоидат мекард. Дар 20 сол ҳузури Нерӯҳои байналмилалӣ, аз як тараф, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз як артиши пурқуввате, ки бо силоҳҳои пешрафта ва муосир муҷаҳҳаз шудааст, пешгирӣ карда, аз тарафи дигар, бо корбурди низоми ихтиёрии ҳарбӣ (хизмат бар ивази пул) ба таъсиси артиши пурзӯр ва ватандӯст монеъ шудааст. Тибқи далелҳои овардашуда, артиши Афғонистон ба ҳамлаҳои «Толибон» муқовимат карда натавонист ва дар натиҷа ҷангиёни «Толибон» дар Афғонистон бартарӣ пайдо карданд.
Талафоти инсонӣ ва хароҷоти бузурги молии беҳадафона дар ҷанг.
Тибқи таҳқиқоти Пажӯҳишгоҳи Уотсон ва Донишгоҳи Брауни иёлати Род-Айленди Амрико, дар ҷанги Афғонистон пас аз 11 сентябр 2001 6 триллион доллар харҷ гардидааст. Дар ин муддат 800 ҳазор кас ҳалок гардид ва дар таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷанг дар Афғонистон тӯлонитарин ҷанг аст ва Амрико дар ин ҷанг ҳудуди як триллион доллар масраф кардааст [5]. Илова бар хароҷоти бузурги иқтисодӣ, дар ҷанги Афғонистон 2400 сарбози амрикоӣ кушта ва 20589 нафар маҷрӯҳ шуданд. Аз ҷумла аз ҷониби сарбозони амрикоӣ ва НАТО, 62 ҳазору 124 нерӯҳои афғон ва ҳазорон мардуми бегуноҳ кушта шудаанд [2].
Соли 2019 рӯзномаи Washington Post гузориши 2000 саҳифагиро нашр кард, ки дорои асноди маҳрамона дар бораи ҷанг дар Афғонистон аст. Дар асноди зикршуда бештари мақомоти амрикоӣ эътироф кардаанд, ки дар ҷанги Афғонистон шикаст хӯрдаанд ва сабаби бохти ҷангро дар додани маълумоти бардурӯғ ба мардуми Амрико медонанд. Ин дурӯғҳои мансабдорони амрикоӣ дар мавриди хароҷоти иқтисодии ҷанг дар Афғонистон буд [2]. Пас аз муддати тӯлонӣ, мақомоти Амрико ва мардуми Амрико ба саволҳои зерин ҷавоб ҷустуҷӯ карданд: Мо бо харҷи миллиардҳо доллар ва куштани даҳҳо ҳазор сарбоз дар ҷанги Афғонистон ба чӣ ноил шудем? Ин ҷангро чӣ гуна бояд хотима дод?
Вақте ки Доналд Трамп ба унвони раисҷумҳури Амрико интихоб шуд, ӯ ба мардуми Амрико ваъда дод, ки тӯлонитарин ҷанг дар таърихи Амрикоро хотима медиҳад. Аз нигоҳи Трамп, ҷанг дар Афғонистон барои Амрико як ҷанги аблаҳона буд ва ҳеҷ фоидаи иқтисодие надошт. Трамп як соҳибкор буд ва ба масъалаҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва тиҷоратӣ назар мекард. Худи Трамп дар як суханронӣ чунин гуфтааст: «Замоне ҷанги Афғонистон Иттифоқи Шуравиро ба Россия табдил дод, агар мо ба ин ҷанг хотима надиҳем, он Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба Амрико табдил медихад» [25]. Трамп ба хароҷоти иқтисодии ҷанг дар Афғонистон ва чӣ гуна ҷанг дар Афғонистон Артиши Сурхи Шӯравиро ба зону зада, яке аз сабабҳои пош хурдани он гардида буд, ишора намудааст.
Иқтисод яке аз параметрҳои асосии қудрат аст ва дар замоне, ки мо дар он зиндагӣ дорем, қудрат ва иқтисод барои ҳамдигар заруранд. Амрико ба ҷои он, ки аз ҷанги Афғонистон фоидаи иқтисодӣ ба даст орад, дар ҷанг миллиардҳо доллар сарф кард ва ин хароҷот вокуниши андозсупорандагони амрикоиро ба бор овард. Дар ҷанги Афғонистон на танҳо Амрико ва шаҳрвандонаш зарар диданд, балки ҳар кишваре, ки дар ҷанги Афғонистон ширкат дошт, зарар дид. Пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико, раисиҷумҳур Ҷо Байден ошкор кард, ки Амрико ҳар ҳафта дар ҷанги Афғонистон 300 миллион доллар масраф мекардааст [9]. Амрико бо далели истифода аз молиёти ҷанг ва поймол кардани ҳуқуқи башар зери фишори шаҳрвандон ва афкори ҷаҳон қарор гирифт. Ба ин далел ӯ ба ҷои ғарқ шудан дар ботлоқи Афғонистон тасмим гирифт, ки бо «Толибон» паймон бибандад ва ҳатто аз бозгашти «Толибон» ба қудрат розӣ шавад. Ҳадафи Амрико ин буд, ки ба тӯлонитарин ҷанги худ дар Афғонистон бо ҳар роҳе, ки имконпазир аст, хотима диҳад.
Қатъ нагардидани манобеъи молии «Толибон» ва ситезакории сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон.
Амрико дар ҷанги зидди «Толибон» бештар ба куштор ва боздошти ҷангиёни гурӯҳи «Толибон» истодагӣ карда, дар баробари манобеъи молии он тадбирҳои ҷиддӣ нагирифтааст. Дар робита ба мубориза бо манобеъи молии «Толибон», назари Амрико ва ҳукумати Афғонистон гуногун буд. Бар иловаи пуштибонии хориҷӣ, «Толибон» аз қочоқи маводи мухаддир миллионҳо доллар ба даст оварда, бо ин пул муҳаррики мошини ҷангии худро гарм нигоҳ доштанд [23]. Яке аз сабабҳои ҳузури Амрико дар Афғонистон мубориза бо парвариш, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир буд, аммо Афғонистон аз лиҳози кишт ва тавлиду қочоқи маводи мухаддир дар садри кишварҳои ҷаҳон қарор дошт. Аксари манобеъ дар бораи парвариш ва тавлиду қочоқи маводи мухаддир дар манотиқи таҳти нуфузи «Толибон» нақл мекунанд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар суханронии худ дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар соли 2019 оид ба «Толибон» чунин иброз кард: «Пулҳое, ки онҳо аз қочоқи маводи мухаддир ба даст меоранд, тавонмандиҳои ҷангии онҳоро тақвият медиҳад. Барои заъиф кардани ин гурӯҳ кишварҳои минтақаро зарур аст, ки алайҳи тиҷорати маводи мухаддир муштарак амал кунанд [13].
Илова бар тиҷорати маводи мухаддир бархе аз кишварҳои аъзои Нерӯҳои байналмиллалӣ ба ин гурӯҳ барои ҳамла накардан алайҳи сарбозони онҳо ба «Толибон» фидя пардохт кардаанд. Мувофиқи маълумоте, ки WikiLeaks нашр кардааст, ҳукумати Итолиё ба «Толибон» пул додааст, ки ба нерӯҳои он ҳамла накунанд [6]. Инчунин, «Толибон» аз мардуми тобеи худ закот ва ушр ҷамъ мекардаанд ва аз гузариши мошинҳо андоз меситондаанд. Ба ҷуз ин, «Толибон» аз истифодаи минаҳои Афғонистон даромади калон низ доштаанд. Аз замони ҷанги байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Муҷоҳидин дар Афғонистон аслиҳаи зиёде мавҷуд буд ва ҳукумати Афғонистон то ҳол онро назорат намекунад ва он ба тиҷорати ин гурӯҳ табдил гардидааст. Ба ин далел, Афғонистон ба маркази қочоқи силоҳ табдил ёфтааст. Бо мавҷудияти пул дар Афғонистон хариди ҳар навъ силоҳ осон шуд ва «Толибон» даромади худро барои харидани силоҳ ва таҳкими соҳибихтиёрии худ истифода мекарданд.
Дар раванди ҷанг, ИМА ба иштибоҳҳое роҳ додааст, ки аз он «Толибон» ҳамчун ғизои таблиғотии зидди ИМА ва ҳукумати пуштибони он барои ҷалби сарбозон истифода кардаанд. Аз ҷумлаи ин иштибоҳҳо кушта шудани одамони бегуноҳ, дахолат ба ҳаёт ва ҳарами шахсии мардум, беэҳтиромӣ кардани сарбозони амрикоӣ ба муқаддасоти мардуми Афғонистон буданд (ҳарчанд Амрико баъдан дарк кард ва кӯшиш кард, ки иштибоҳоти худро такрор накунад). Масалан, соли 2012 сарбозони амрикоӣ дар пойгоҳи ҳавоии Багром саҳифаҳои Қуръони каримро сӯзонданд. Пас аз ин ҳодиса мардум дар саросари кишвар ба тазоҳуроти зидди Амрико шурӯъ карданд, ки дар натиҷа 35 нафар ҷони худро аз даст доданд. Раиси ҳукумати онвақтаи ИМА Барак Обама аз мардум ва ҳукумати Афғонистон узр хоста буд. Чунин ҳодисаҳо борҳо такрор мешуданд. Ҳамчунин, дар замони ҷанг сарбозони амрикоӣ ба занони афғон таҷовуз карданд, ин амал дар фарҳанги Афғонистон як амали зишт маҳсуб мешавад [10]. Дар стратегияи ҷангии ИМА, куштани 5 ғайринизомӣ дар ҳолатҳои зарурӣ барои куштани як ҷангҷӯи «Толибон» ва Ал-Қоида ҷоиз буд [23]. Амрико борҳо бо баҳонаи нест кардани террористон мардуми осоиштаро зери ҳадаф қарор додааст. Баъзан нерӯҳои амниятии Афғонистон низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Куштори мардуми осоишта дар ҷараёни ҷанг боиси хашми ҳукумат ва мардуми Афғонистон шудааст. «Толибон» аз иштибоҳҳои сарбозони амрикоӣ истифода карда, тафаккури мардуми Афғонистонро тағйир доданд ва дар натиҷа як қисми мардуми Афғонистонро ба қонунӣ будани ҷанги худ алайҳи Амрико ва ҳукумате, ки аз он пуштибонӣ мекунад, қонеъ карданд. Дар натиҷаи таблиғоти худ «Толибон» пуштибонии мардуми деҳоти Афғонистонро пайдо карда, бо ин гуна дастгирӣ мавқеъи худро рӯз аз рӯз мустаҳкамтар менамуданд.
Фассоди густурда ва таассуби этникӣ дар ҳукумат ва идораҳои давлатии Афғонистон.
Ҳукумате, ки бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Амрико ташкил шудааст, дар баробари набуди хадамоти амният, тандурустӣ, маориф ва шуғли аҳолӣ на танҳо бо фасод дар ниҳодҳои давлатӣ мубориза намебурданд, балки худи он манбаи фасод буд. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон боре гуфта буд: «Агар ришва бигиред, пулро ба хориҷ интиқол надиҳед»[30]. Ба қавли Саъдӣ «Агар зи боғи раъият малик хӯрад себе, Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех». Вақте раисҷумҳури кишвар ришвагириро як амали маъмулӣ мегардонад, аз зердастонаш чиро интизор шудан лозим аст? Аз ин сабаб кӯмакҳои башардӯстонае, ки ба мардуми Афғонистон расонида мешаванд, дуруст тақсим ва истеъмол намегардиданд. Масъулини ҳукумат бо ҳамкории донорҳои хориҷӣ пулеро, ки ба мардуми камбизоати Афғонистон бояд дода мешуд, ба хориҷи кишвар интиқол дода, ба суратҳисоби онҳо дар бонкҳои хориҷӣ зам мегардид. Дар феҳристи кишварҳои фасодзадаи ҷаҳон Афғонистон дар ҷои аввал буд.
Фасод дар ниҳодҳои додгоҳии кишвар ба авҷи аъло расида буд. Шаҳрвандони Афғонистон ба далели фасод дар ниҳодҳои додгоҳӣ баҳсҳои худро дар додгоҳҳои шариатии «Толибон» ҳал мекарданд. Масалан, даъвое, ки арзиши моддии як миллион афғонро дошт. Мардум барои гирифтани хуқуқи худ ҳамон қадар ришва медоданд, вале хаққи худро намегирифтанд. Дар баъзе даъвоҳо, агарчи суд ба манфиати шахси ҳақбуда ҳукм бароварда бошад ҳам, масъулини ҳукумат қудрати татбиқ ва барқарор кардани ҳуқуқро надоштанд. «Толибон» ин гуна даъвоҳоро зуд ҳал мекарданд ва қарорҳои додгоҳии худро ҳарчи зудтар иҷро мекарданд.
Дар баробари фасод сатҳи бекорӣ аз 50% боло ва сатҳи саводнокӣ (хондан ва навиштан) аз 40% камтар буд [33]. Ба миллиардҳо доллари кӯмак нигоҳ накарда, нисфи мардуми Афғонистон зери хатти фақр умр ба сар мебурданд ва аксари бекорон ҷавонон буданд. Дар Афғонистон пеш аз таҷҳизонидани хоҷагии қишлоқ дар донишгоҳҳои Афғонистон курсҳои ҳозиразамони хоҷагии қишлоқ таълим дода мешуданд. Аз сабаби набудани асбобҳои ҳозиразамони истеҳсолот ҷавонон бекор мемонданд. Бо вуҷуди ин, қавмпарастӣ дар идораҳои давлатӣ дар он вақт ба авҷи худ расида буд. Ҳар гоҳ шахсе раиси як муассиса мешуд, кӯшиш мекард, ки аз қавми худаш одамонро ба кор гирад. Теъдоди ҷавононе, ки бо вуҷуди гирифтани диплом бо омили ҷойдошта ба кор гирифта нашуданд, аз ҳасад ва қасос ба сафи «Толибон» пайвастаанд.
Вақте ки ҳукумат хидматҳои оддиро ба миллат таъмин намекунад, гурӯҳе бо номи роҳбар ва мансабдорони ҳукумат пулҳои ёриро ба хориҷ интиқол медиҳанд ва ба хушомадгӯёнашон тақсим мекунанд, дар чунин вазъият мардум ба ҳукумати сояафкан, яъне «Толибон» муроҷиат карданд. Яъне, бо далели фасоди ҳокимони Афғонистон кумакҳои хориҷӣ барои рафъи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити таҳсил истифода намешавад, мардум огоҳона ва ё бешуурона ба сӯи «Толибон» рӯ меоранд. Фасод дар ҳукумати Афғонистон омили аслии ба қудрат расидани «Толибон» буд. Фасод мисли термит ҳукумати Афғонистонро заъиф кард ва боиси суқути ин низом гардид.
Ба инобат нагирифтани воқеият ва ташкили ҳукуматҳои ғайриқонунӣ дар Афғонистон.
Назми ҳуқуқӣ ва сиёсие, ки дар конфронси Бонн ва дар асоси сарқонуни Афғонистон ташаккул ёфт, бо воқеияти аслии ҷамъияти Афғонистон мувофиқ набуд. Ба ин маъно, ки ба ҷои ҳалли мушкилоти Афғонистон, боиси бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар шуд. Тибқи сарқонуни Афғонистон, президент ба ҳайси Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ ва роҳбари ҳукумат дар шохаҳои иҷроия, қонунгузорӣ ва судӣ салоҳият дорад, аммо ноиби президент, ки ба мисли президент бо раъйи мардум интихоб мешуд, ҳеҷ гуна салоҳияти дар қонун муайяншударо надошт. Дар баробари ноиби президент низоми Афғонистон монеъи пайдоиши ҳизбҳои қудратманд мегардид. Дар натиҷа, дар сурати набудани ҳизбҳои қудратманд парлумон натавонист як қудрати муқовиматӣ ба ҳокимияти иҷроияро ташкил намояд. Порлумон, ки бояд чашму гӯши низом бошад, ба ҷои ҷилавгирӣ аз фасоди ҳукумати худ, дар фасоди ҳукумат шарик буд.
Афғонистон кишвари сермиллат аст, ки дар он ҳеҷ як гурӯҳи этникӣ аксарияти мутлақро ташкил намедиҳад. Ба ибораи дигар, бар асоси равандҳои демократӣ ҳеҷ як миллат наметавонад ба танҳоӣ қудратро ба даст орад. Аз ҳамин сабаб ба онҳо лозим омад, ки бо пешвоён ва ҳизбҳои намояндагони дигар миллатҳо иттифоқ банданд. Мувофиқи низоме, ки намояндаи онвақта ва сафири Амрико Залмай Халилзод дар меҳвари конститутсияи Афғонистон таъсис дода буд, раиси ҳукумат бояд паштун ва муовинони ў аз миллатҳои дигар бошанд. Аммо хусусияти рамзии нақши муовинони президент ва вогузор нашудани салоҳияти сарвари давлат ба муовинони президент боиси ноустувории сиёсӣ гардид. Зеро ҳар як ноиби президент, ки аз ҷониби мардум интихоб мешуд, аз нигоҳи сиёсӣ як миллатро нишон медод ва ин вазъ боиси бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар гардида буд. Масалан, Ашраф Ғанӣ ба Дӯстум салоҳияти кофӣ дар пешбурди умури давлатдорӣ надодааст ва ин рафтори Ғанӣ боис шудааст, ки ҷонибдорони Дӯстом аз ҳукумат дилсард гарданд. Хулоса, низоми сиёсии пасошӯравӣ ва пас аз «Толибон» дар Афғонистон натавонистааст тамоми гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсиро зери чатри ҳукумат гирдоварӣ кунад ва бархе аз гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ дар ҳоле, ки мавҷудияти худро дар ҳукумат надида буданд, ҳукуматро аз байн бурданд. Ба далели нотавонӣ ва нокомии сиёсӣ дар Афғонистон, ҳатто ин тамоюл низ ба марзи ҳимоят аз «Толибон» оварда мерасонад.
Яке аз ҳолатҳои дигаре, ки қонунияти ҳукумати Афғонистонро заъиф кардааст, баргузории интихоботи тақаллубӣ буд, ки дар натиҷа ҳукуматҳои ғайриқонунӣ таъсис дода шуданд. Интихобот дар соли 2009 баргузор шуд ва Комиссияи мустақили интихобот Ҳомид Карзайро баранда эълон кард. Аммо рақиби аслии Ҳомиди Карзай, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ натиҷаи интихоботро напазируфт ва бо фишори ҷомеъаи ҷаҳонӣ, Комисияи интихобот тақаллуб дар интихоботро пазируфт ва баргузории дубораи интихоботро эълон кард. Доктор Абдуллоҳ ба далели истеъфо надодани раиси комиссия (баъзе манобеъ мегӯянд, ки доктор Абдуллоҳ дар ивази пул ба нафъи Ҳомиди Карзай истеъфо додааст) интихоботро таҳрим кард ва бо пуштибонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ Комиссияи интихобот Карзайро барандаи интихобот эълон кард [21]. Агар номзади пешбаранда дар даври дуюм иштирок накунад, тақдири интихобот чӣ мешавад, конститусия инро пешбинӣ накардааст. Гарчанд Комиссияи интихоботӣ бо дастгирии беруна конститутсияро шарҳ дода ва Карзайро президент эълон кард, аммо хуруҷи Комиссияи интихоботӣ дар асоси фишори беруна қонунияти ҳукумати Карзайро ба чолиш овард.
Дар интихоботи президентии соли 2014 ҳеҷ номзад дар даври аввал натавонист панҷоҳу як овоз ба даст орад. Мувофиқи сарқонун даври дуюми интихобот барпо гардид. Дар даври дуввуми интихоботи ду номзад, рақибони пешин Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдулло Абдулло рақобат намуданд. Комиссияи мустақили интихоботӣ дар натиҷаи муқаддамотии худ Муҳаммад Ашраф Ғаниро барандаи интихобот эълон кард. Абдулло Абдулло ба далели тақаллуби густарда дар интихобот натиҷаи интихоботро напазируфт. Мамлакат дар арафаи ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки тарафдори асосии ҳукумати Афғонистон - ИМА ҳамин тавр рафтор кард. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, бо миёнҷигарии миёни ду номзад ба бӯҳрони сиёсӣ муваққатан хотима гузошт. Ҷон Керрӣ аз раъйи мардум ва муқаррароти Қонуни асосӣ даст кашид ва бо истифода аз қудрат ва нуфузи Амрико «ҳукумат ва хушунати миллӣ»-ро бар сари мардуми Афғонистон таҳмил кард [29].
Тибқи нақшаи Ҷон Керрӣ Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроияи ин кишвар таъйин шуданд. Вазоратҳо бошанд, дар байни ду номзад баробар таксим карда шуданд. Азбаски ҳам Ғанӣ ва ҳам Абдуллоҳ қудрати иҷроия доштанд ва конститутсияи Афғонистон дар таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ ҷудо шуда буд, дар баҳсҳои сиёсӣ Ғанӣ ба Қонуни асосӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба матни созишномаи сиёсӣ ба далели пуштибонии конститутсионии салоҳиятҳои президент такя мекард [29]. Дар интихоботи соли 2019 низ ҳамин сенария такрор шуд ва ҳукумат на бар асоси раъйи мардум, балки бо фишор ва миёнравии Амрико ташкил карда шуд. Бар асоси тавофуқномаи ҳосилшуда, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раиси ҳукумат ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои олии оштии миллӣ интихоб шуданд [21].
Дар асл ҳукумат ва хушунати миллие, ки бар хилофи конститутсия ва иродаи мардум бо фишори Амрико барпо гардида буд, ҳеҷ заминаи ҳуқуқӣ надошт. Аз тарафи дигар, ҳукумати ваҳдати миллӣ ваъдаҳои ба мардум додаашро иҷро накард ва бо сиёсӣ кардани ниҳодҳои амниятӣ (вазоратҳои соҳаҳои амниятӣ аз ду нафар супориш мегирифтанд, зеро як вазир аз тарафи як нафар ва вазири дигар аз тарафи нафари дигар таъин мешуд) ба решаи ҳукумат зарба зад. «Толибон» қонунияти ҳукуматро зери суол бурда, бо ин ҳукумат ба таври ҷиддӣ музокира накарданд, зеро ҳукумат на бо раъйи мардум, балки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида таъсис ёфтааст. Набудани заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии ҳукумат яке аз омилҳои бунёдии бозгашти «Толибон» ба қудрат гардидааст.
Мутобиқгардонии тактикаи ҷангӣ ва сиёсати этникии худро тағйир додани «Толибон» дар Афғонистон.
Ҳарчанд низоми «Толибон» дар соли 2001 суқут кард, ин гурӯҳ бо сухан ва фаъолиятҳои худ ҳузури худро дар Афғонистон зинда нигоҳ дошт. Дар ин мавзеъ ба далели ҷуғрофиёи кӯҳистонии Афғонистон гурӯҳи «Толибон» ба ҷанги партизанӣ рӯ оварда, аз усули «бизан ва фирор кун» истифода кардаанд. «Толибон» дар меҳвари ин тактикаи ҷангӣ аз минагузорӣ дар канори роҳ, қатли мансабдорони давлатӣ ва ҳамлаҳои маргталабона истифода мекарданд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо «Толибон» ба нерӯҳои хориҷӣ ва афғон талафоти зиёде додаанд. «Толибон» дар фасли баҳор, тобистон ва тирамоҳ ҷангҳои худро алайҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон ва хориҷа шадидтар карда, дар фасли зимистон ба ҷалб, омӯзиш ва муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои худ машғул буданд [12].
Пас аз суқути «Толибон» дар соли 2001 бо дастгирӣ ва фишори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Афғонистон дар асоси арзишҳои демократияи либералӣ ташаккул ва рушд ёфт. Интиқоли қудрат дар асоси арзишҳои демократия, яъне мардумсолорӣ, озодии баён ва васоити ахбори омма, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи занон, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ сурат мегирифт ва «Толибон» ин арзишҳоро ҳамчун василае, барои расидан ба ҳадафҳои худ бидуни эътиқод истифода карданд. «Толибон» бо истифода аз озодии матбуот, аз як тараф амалиёти худро ба мардуми Афғонистон ва ҷаҳон ҳамчун як намоиши қудрат нишон медоданд ва аз тарафи дигар, ҷиноятҳое, ки нерӯҳои хориҷӣ алайҳи мардуми бегуноҳ дар ҷараёни амалиёти худ анҷом додаанд, барои чолиш ба қонунияти ҳузури нерӯҳои хориҷӣ истифода мекарданд.
Аз нигоҳи суханронӣ, «Толибон» ҳузури нурӯҳои хориҷиро ғосиб дониста, ҷанги худро алайҳи нерӯҳои хориҷӣ ва ҳукумати таҳти ҳимояти Амрико «ҷиҳод» эълон карданд. Бархе аз мардуми Афғонистон зери таъсири таблиғоти ин гурӯҳ афтода, аз онҳо пуштибонӣ мекарданд. «Толибон» дар ҳар музокира ва платформа хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ ва таъсиси «давлати исломии пок»-ро хати сурхи худ медонистанд. Аз нигоҳи «Толибон» ҳукумати Афғонистон қудрати чунин тасмимро надорад ва ба ин далел ҳеҷ гоҳ бо ҳукумати Афғонистон ҷиддӣ музокира накарданд [19].
Илова ба тактикаи ҷанг, «Толибон» сиёсати этникии худро тағир дода, ҷангро дар саросари кишвар паҳн карданд. Дар аввал «Толибон» дар афкори умум чунин вонамуд мекарданд, ки «Толибон» аз мардуми паштун иборат аст. Зеро тамоми сарварон ва саркардаҳои низомии ин гурӯҳ паштунҳо буданд. Баъдан ба далели дар саросари кишвар густариш ёфтан ва аз Ҷануб ба Шимол гузаштани ҷанг тасмим гирифтанд, ки аз мардуми маҳаллӣ фармондеҳи ҷанг ва дар сатҳи роҳбарӣ аз дигар қавмҳо нафаронро истифода баранд ё ба кор гиранд. Аз ин найранг истифода бурда, узбеку туркману тоҷикро ба сафи худ гирифтанд. Дар натиҷаи ин ҷалб, «Толибон» майдони соҳибихтиёрии худро васеъ ва ҳузури худро мустаҳкам карданд. Масалан, «Толибон» бо ҷалби тоҷикони Бадахшон ин вилоятро борҳо пахш карданд, ҳарчанд аксари сокинони ин вилоят низ тоҷиканд. Пас аз ба сари қудрат расидан «Толибон» Қорӣ Фасиҳуддинро (бадахшонии тоҷик) сардори артиш таъин карданд [24].
«Толибон» бо сухан, амалиёт, тағйири сиёсати қавм ва татбиқи қонунҳо дар ҷойи ҳукмронии худ ҳузури худро дар Афғонистон таъсис дода, ҳар рўз доираҳои ҳукмронии худро васеъ мекарданд. Дар натиҷа, онҳо барои дубора ба даст овардани қудрат дар Афғонистон заминаҳои мусоид фароҳам оварданд.
Дастгирии кишварҳои минтақа аз «Толибон» ва сиёсати духӯраро пешгирифтани онҳо.
Соли 2014 дар Ховари Миёна Давлати Исломии Ироку Шом (ДИИШ) пайдо шуд. Дар асоси идеологияи хилофат ДИИШ сиёсати таҷовузкорона пеш гирифт. Ба ибораи дигар ДИИШ тамоми кишварҳои исломиро сарзамини ислом «Дорул-ислом» ва халифаашро раҳбари кулли мусалмонони ҷаҳон медонист. ДИИШ ҳар кишвари исломиро вилояти худ дониста, волии худро таъйин мекард. Дар ин бахш ДИИШ аз унвони таърихии Хуросон истифода кардааст, яъне Эрон, Афғонистон, Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахше аз Чинро «вилояти Хуросон» номид ва дар соли 2015 бахши Хуросонро фаъол кард. Ҳофиз Саид, раҳбари толибони Покистон, аввалин нафаре буд, ки парчами ДИИШ-ро дар Афғонистон барафрохт ва раиси бахши Хуросон таъйин шуд [26].
Бо таваҷҷуҳ ба қудрати молии ДИИШ, эъломи марги Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари «Толибон» пас аз 2 соли махфӣ нигоҳ доштан сабаб шуд, ки бархе аз раҳбарон ва фармондеҳони «Толибон», аз ҷумла Абдулрауф Ҳодим ба Абубакри Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ байъат кунанд. Аммо раҳбарони «Толибон» ДИИШ-ро таҳдид арзёбӣ карданд ва ба ДИИШ байъат накарданд. Он вақт ҷангҷӯёни «Толибон» ва ДИИШ дар манотиқи дурдасти Афғонистон амал карда, ин ду гурӯҳ якдигарро таҳдид мекарданд [7].
Пас аз ҳодисаи 11-уми сентябр Русия, Чин ва Эрон аз ҷанги ИМА ва НАТО барои саркӯб кардани Ал-Қоида ва «Толибон» пуштибонӣ карданд. Масалан, Русия аз таъсиси пойгоҳҳои низомии Амрико дар Қирғизистону Узбакистон монеъ нашуд. Ҳатто пас аз шикасти Ал-Қоида ва «Толибон», Амрико Афғонистонро тарк накард. Идомаи ҳузури Амрико дар Афғонистон боиси нигаронии Эрон, Русия ва Чин гардид. Амрико вуруди худро ба Афғонистон ҳамчун мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ эълон карда буд. Аммо ин ҳузур на танҳо боиси аз байн нарафтани терроризму ифротгароӣ шуд, балки боиси афзоиши он гардид. Масалан, дар соли 2001 Ал-Қоида танҳо дар Афғонистон фаъол буд, тибқи маълумоти ниҳодҳои амниятии ҳукумати собиқи Афғонистон, дар Афғонистон 21 гурӯҳи террористӣ фаъол буданд [27]. Бо ҳузури нерӯҳои хориҷӣ, фаъолияти ҳамаи ин гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла бахши Хуросони ДИИШ мояи нигаронии аксари кишварҳои минтақа шуда буданд.
Афғонистон барои ДИИШ муҳим буд, зеро ДИИШ бо тасарруф дар Афғонистон метавонад ба осонӣ вориди кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин ва Эрон шавад. Пас аз соли 2014 артиши Афғонистон дар ҷанг бо «Толибон» қарор дошт ва ҳангоме, ки ДИИШ ба фаъолият шурӯъ кард, артиши Афғонистон қодир ба ҷанги дуҷониба набуд. Илова бар ин, Русия, Чин ва Эрон бар ин назаранд, ки кишварҳое, ки дар Афғонистон ҳузури низомӣ доранд, ДИИШ-ро васеъ кардаанд, то кишварҳои минтақаро ноором созанд. Масалан, Эрон ва Русия борҳо кишварҳои хориҷиро, ки дар Афғонистон ҳузури низомӣ доранд, ба ҳимоят аз ДИИШ муттаҳам карда буданд [1].
Фаъолияти бахши Хуросони ДИИШ дар Афғонистон хатари ҷиддӣ ба тамомияти арзӣ ва амнияти миллии кишварҳое чун Эрон, Русия, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Кишварҳои минтақа бо далели вобастагии ҳукумати Афғонистон аз Амрико ва НАТО аз «Толибон» ҳимоят намуда, кӯшиш намудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо онҳо марзу буми худро дифоъ кунанд.
«Толибон» аз дидгоҳи Русия, Чин ва Эрон ҳам аз назари ақида ва ҳам аз лиҳози фаъолият бо ДИИШ даргиранд. «Толибон» ба фарқ аз ДИИШ мехоҳанд дар ҷуғрофиёи Афғонистон ҳукумати дилхоҳи худ, Иморати исломии Афғонистонро таъсис диҳанд ва ба сарзаминҳои ҳамсоя чашм надӯхтаанд. Илова бар ин, бештари ҷангиёни «Толибон» афғон буданд ва аз нигоҳи дин ҳам, агарчи мазҳабро танг шарҳ диҳанд, «ҳанафӣ» ҳастанд [22]. Русия, Чин ва Эрон бо назардошти ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба ҷои дахолати мустақим дар асоси мантиқи «душманат душмани ман аст, дӯстам» ва «душмани душманам дӯсти ман аст» аз «Толибон» бар зидди ДИИШ ва ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳимоят карданд.
Фаъолияти ДИИШ дар манотиқи дурдасти Афғонистон барои «Толибон» як чолиши бузург буд, аммо ба далели таҳдиди фаъолияти ДИИШ алайҳи кишварҳои минтақа, он барои «Толибон» як фурсате шуд. Дар ҷанг алайҳи ДИИШ манфиатҳои кишварҳои минтақа бо «Толибон» вобастагӣ доранд ва ин кишварҳо аз «Толибон» алайҳи ДИИШ ҳимоят кардаанд. Бо дастгирии кишварҳои минтақа «Толибон» дар ҷанг алайҳи ДИИШ комёбиҳо ва дастовардҳо доштанд. Ҳатто Амрико нақши мусбати «Толибон»-ро дар шикасти ДИИШ дар вилоятҳои шарқии Афғонистонро эътироф кардааст [8]. Ба гуфтаи онҳо, он замон «Толибон» гурӯҳи террористӣ набуда, саркӯбкунандаи террорист буд. Муборизаи «Толибон» бо ДИИШ ва пуштибонии кишварҳои минтақа, аз як тараф, «Толибон»-ро дар минтақаи ҷанг нерӯманд ва аз тарафи дигар, ба онҳо ҳуқуқи байналмилалӣ дод.
Тағйири душман дар сиёсати хориҷии ИМА ва пеш гирифтани «сиёсати нарм» алайҳи «Толибон».
Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сиёсати «изоляционизм»-и асосгузори Амрико Ҷорҷ Вашингтон даст кашид ва ҳамчун ғолиби ҷанг роҳбарии Ғарбро аз Британияи Кабир ба даст овард. Иёлоти Муттахидаи Амрико ҳукми худро дар асоси «як душман» қарор дода, бо мурури замон душманро дигар кард. Дар ин шароит вай дар солҳои «ҷанги сард» Иттиҳоди Шӯравиро душман ҳисоб карда, ба сабаби рақобаташ бо Иттиҳоди Шӯравӣ иттифоқчиёни худро ба тарафи худ гузошт. Пас аз анҷоми «ҷанги сард» ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Амрико талош кард, барои худ як душмани дигар пайдо кунад. Дар ин асно ҷомеашинос Ҳантингтон дар китоби «Бархӯрди тамаддунҳо» дар баробари тамаддунҳои дигар исломро ба унвони душмани тамаддуни ғарбӣ муаррифӣ кардааст. Дар меҳвари ин рисолаҳо вожаҳое чун «терроризми динӣ, терроризми исломӣ, терроризми байналмилалӣ» ба адабиёти сиёсии Ғарб ворид шуда, бо ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 терроризмро «душман» эълон карданд. Дар меҳвари доктринаи Буш дар бораи «ҷанги пешгирикунанда» ва мубориза бо терроризм, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон ва Ироқ дахолат кард ва 20 сол нерӯҳои худро дар Афғонистон нигоҳ дошт [28].
Дар ҳоле, ки ИМА дар мубориза бо терроризм ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ банд буд, Чин бо истифода аз «глобализатсияи иқтисод» иқтисоди худро рушд дод. Иқтисод яке аз параметрҳои асосии қудрати миллӣ мебошад. Иқтидори иқтисодӣ асоси қудрати сиёсӣ ва ҳарбӣ мебошад. Иқтидори иқтисодии Чин ба иқтидори ҳарбӣ ва сиёсии он оварда расонд ва ин вазъият Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ташвиши ҷиддӣ овард. Аз замони ҳокимияти Барак Обама, Чин оҳиста-оҳиста рақиби иқтисодии Иёлоти Муттаҳида шуд ва Доналд Трамп бар асоси сиёсатҳои нави тиҷорӣ алайҳи Чин ҷанги иқтисодро оғоз кард [20]. Агар ба гуфтаҳои мансабдорони ҳукумати Ҷо Байден ва қарорҳои Шӯрои олии амнияти ИМА назар андозем, Чин рақиби дараҷаи аввали ИМА маҳсуб мешавад [14].
Ба далели қавитар шудани худ дар муқобили таҳдидҳои Чин ва таваҷҷуҳ ба уқёнус ва Шарқи Дур, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи «Толибон» «сиёсати нарм»-ро интихоб кард ва тасмим гирифт, ки ҷангро дар Афғонистон бо «созиш» бо «Толибон» хотима диҳад. Мақсади сиёсати нарми ИМА нисбат ба «Толибон», бар ивази созиш, оштӣ додани «Толибон» бо ҳукумати Афғонистон ва фароҳам овардани имкони «хуруҷи шоиста» барои нируҳои он аз Афғонистон буд.
Вақте ки Доналд Трамп ба қудрат расид, ба «Толибон» музокироти бидуни шарту шароитро пешниҳод кард. Дар ин замина, Залмай Халилзод намояндаи вижаи вазорати хориҷаи ИМА дар Афғонистон ва раҳбари ҳайати музокиракунандаи ИМА таъйин шуд. Пас аз ду соли музокироти ҳайратангез, байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва «Толибон» 29 феврали соли 2020 «Созишномаи сулҳи Доҳа» ба имзо расид. Дар созишномаи Доҳа, Иёлоти Муттаҳида ваъда додааст, ки дар сурати риояи шартҳои муайян Афғонистонро дар тӯли 14 моҳ тарк мекунад. Дар иваз «Толибон» ваъда додаанд, ки равобитро бо ҳама гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла бо Ал-Қоида қатъ мекунанд ва ба гурӯҳҳои террористӣ иҷоза нахоҳанд дод, ки хоки Афғонистонро бар зидди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шариконаш истифода баранд. Дар чаҳорчӯби созишномаи Доҳа, ба назардошти исбот намудани иродаи нек ва коҳиши фишор болои «Толибон», бояд 5 ҳазор ҷангҷӯи ин гурӯҳ бар ивази 1 ҳазор нерӯҳои афғон аз зиндонҳо раҳо шаванд. Ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалиёти худро алайҳи мавқеъҳои «Толибон» дар чаҳорчӯби тавофуқномаи Доҳа мутаваққиф карда, тасмим гирифтааст то 11 сентябри 2021 бидуни имзои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва «Толибон» аз Афғонистон хориҷ шавад [15].
Созишномаи Доҳа дубора ба «Толибон» қонунияти байналмилалӣ дод ва далели он, ки «Толибон» дигар як гурӯҳи террористӣ нест, балки музокиракунандаи қудратмандтарин ҳукумати ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳида мебошанд. Аз тарафи дигар, ҳукумати Афғонистон дар ин қазия дар раванди музокироти сулҳи Доҳа ба унвони як тарафи дигари музокирот дар канор монд. Ҳатто Халилзод барои хушнудии «Толибон» ҷузъиёти музокиротро бо ҳукумати Афғонистон надод. Нусхаро ба намояндагии мақомоти Афғонистон дод ва пас аз хондани он дубора аз онҳо гирифт [32]. Ин амали Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қонунияти ҳукумати Афғонистонро заиф кард.
Илова бар қонунияти байнулмилалӣ додан, раҳоии 5000 зиндонӣ ва қатъи амалиёти ҳавоӣ алайҳи «Толибон» дар чаҳорчӯби созишномаи Доҳа аз ҷониби Амрико мавқеъи ин гурӯҳро дар муқобили ҳукумат қавӣ кардааст. Қабл аз баста шудани созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва «Толибон», Амрико аз хуруҷи бечунучарои худ хабар дод. «Толибон» аз ин фурсат истифода бурда, аввал ба ноҳияҳо ва баъдтар ба музофотҳо ҳуҷумҳои худро вусъат дода, шаҳрҳоро пай дар пай ба тасарруфи худ гирифтанд. Фирори Ашраф Ғанӣ заминаи вуруди «Толибон» ба Кобул шуд ва дар натиҷа ин гурӯҳ бори дувум дар Афғонистон ба қудрат расид. Суқути ҳукумати таҳти ҳимояти Амрико дар ҳузури нерӯҳои ин кишвар боиси шикасти сиёсати нарми ИМА шуд ва стратегияи хуруҷи шоиста аз ҷониби Амрико ба «хуруҷи таҳқиромез» табдил ёфт [4].
Бо имзои созишномаи Доҳа бо «Толибон», Иёлоти Муттаҳида ба поёнравии ҷумҳурӣ ва ҳукмронии Ғанӣ дар Афғонистон ишора кард. Ин масъаларо шахсони воломақоми низомии Амрико, вазири дифоъ Ллойд Остин, генерал Марк Милли, сардори штаб, генерал Кеннет Маккензи, сардори Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида ошкоро баён карданд ва онҳо ҳатто онро нокомии стратегӣ барои Амрико номиданд. Марк Милли гуфт, «нокомии стратеги»-и Амрико дар Афғонистон натиҷаи тасмимҳои бепарвоёнаи 20 соли ахир аст. Генерал Кеннет Маккензи изҳор доштааст, ки «суқути ҳукумати Афғонистон решаи созишномаи Доҳа буд. Имзои созишномаи Доҳа воқеан ба ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои низомии он таъсири харобиовар расонд.» Вазири мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ллойд Остин дар ин мулоқот изҳор намудааст, ки бо таҳлили Маккензи розӣ аст. Вай илова кардааст, ки тавофуқномаи Доҳа ваъда додааст, ки ҳамлаҳои ҳавоии Амрико алайҳи «Толибон» қатъ хоҳанд шуд. «Ба ин тартиб, «Толибон» қавитар шуданд, амалиёти ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон пурзӯр карданд ва афғонҳо ҳар ҳафта шумори зиёдеро талаф медоданд» [16; 17].
Хулоса, пас аз 20 соли ҷанг бо «Толибон», Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хулосае омад, ки наметавонанд «Толибон»-ро дар Афғонистон пурра мағлуб кунад. Ба ин далел, онҳо хуруҷ аз Афғонистонро манофеи худ арзёбӣ карда, дар чаҳорчӯби сиёсати нарм қарордоди Доҳаро бо «Толибон» имзо карданд. Дар чаҳорчӯби созиши Доҳа, Иёлоти Муттаҳида ваъда дод, ки дар сурати риояи уҳдадориҳои ба худ гирифтаи «Толибон», нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ хоҳад кард. Ҳадафи ИМА дар созиш бо «Толибон» барқарории сулҳ миёни «Толибон»-у ҳукумати Афғонистон ва фароҳам овардани шароит барои хуруҷи шоиста аз Афғонистон буд. Аз як тараф, созишномаи Доҳа ба «Толибон» қонунияти байналмилалӣ дод, то раҳбарони ин гурӯҳ ба осонӣ ба кишварҳои минтақа сафар кунанд, аз тарафи дигар, раҳоии 5000 зиндонӣ ва қатъи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ин гурӯҳ аз сӯи нерӯҳои хориҷӣ дар меҳвари ин тавофуқ «Толибон»-ро дар ин минтақа нерӯманд кардааст. Қабл аз созиши сулҳ миёни ҷонибҳои афғон, ИМА тасмим гирифт, ки то 11 сентябри соли 2021 тамоми нерӯҳояшро аз Афғонистон берун кунад.
«Толибон» ҳукумати Афғонистонро «маъмурияти Кобул» номиданд ва ба далели он ки ҳукуматро лӯхтак хонданд, қабл аз тавофуқи Доҳа бо ин ҳукумат музокира накарданд ва пас аз тавофуқи Доҳа «Толибон» аз музокираи ҷиддӣ бо ҳукумати Афғонистон худдорӣ карданд. Аз нигоҳи «Толибон», музокира маънои таслими қудрат ба ин гурӯҳро бо роҳи осоишта дорад. Вақте ки Амрико тасмим гирифт, ки бидуни қайду шарт хориҷ шавад, «Толибон» ин тасмими Амрикоро як фурсати тиллоӣ арзёбӣ карда, ҳамлаҳои худро шадидтар карданд. Дар натиҷаи ин ҳуҷумҳо онҳо дар қадами аввал ноҳияҳо ва баъдтар музофотҳоро ба дасти худ гирифтанд. Бо истеъфои Амрико ва фирори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, «Толибон» дар ҳузури нерӯҳои хориҷӣ Кобулро ишғол карданд ва худро дар ҷанги 20-сола пирӯз эълон карданд.
«Толибон» бо сабаби пирӯзӣ дар ҷанг бар зидди ИМА, НАТО ва ҳукумати аз ҷониби ИМА дастгиришаванда аз «Толибон»-и солҳои 1990-ум руҳан қавитаранд. Ба ин далел, сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати Афғонистон аз ин ба баъд бар асоси ҳадафҳои «Толибон» муайян хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир дар дохили Афғонистон ба мисли солҳои 1990-ум як нерӯи қавии боздоранда алайҳи «Толибон» вуҷуд надорад, бо ин истилоҳ «Толибон» қудрат ба даст оварда, дар Афғонистон ҳукмрон шуданд.
Барои идомаи қудрати «Толибон» дар Афғонистон чолишҳои зиёде вуҷуд дорад ва ин гурӯҳ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки бо ҳалли ин мушкилот қудрати худро идома диҳад. Яке аз чолишҳои асосӣ ба даст овардани қонунияти байналмилалии қудрати «Толибон» дар ҳокимияти Афғонистон аст, яъне эътирофи давлати «Толибон» ба унвони намояндаи ҳукумати Афғонистон аз ҷониби кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. То ҳол ягон ҳукумат ё созмони байналмилалӣ аморати «Толибон»-ро эътироф накардааст. Ҳукуматҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ барои эътирофи аморати «Толибон» шартҳо пешниҳод кардаанд. Таъсиси ҳукумати фарогир, эҳтироми ҳуқуқи башар ва занон, иҷозаи тарки Афғонистон, қатъи равобит ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ тақозои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа аз «Толибон» аст.
Дуввумин чолиш, ки ҳукумати «Толибон» рӯ ба рӯ аст, мушкилоти иқтисодӣ аст, ки мардуми Афғонистон бо онҳо сару кор доранд. Иқтисодиёти Афғонистон комилан ба кумаки кишварҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ вобаста аст. Баъди ба қудрат расидани «Толибон», Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмилалии Асъор ва аксари кишварҳои аврупоӣ кумакҳои худро ба Афғонистон қатъ кардаанд. Ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пулҳои ҳукумати Афғонистонро бастааст. Аз нигоҳи амалӣ, «Толибон» ҳукумати Афғонистонро ташкил медиҳанд ва барои таъмини ниёзҳои аслии мардум масъуланд. Бо гузашти рӯзҳо мардуми Афғонистон фақиртар шуда, «Толибон» барои ҳалли ин мушкил ҳеҷ коре ҳам карда натавонистанд. Мушкилоти иқтисодии Афғонистон замоне ҳал мешавад, ки «Толибон» аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак бигиранд.
Яке аз мушкилоти фарогири аморати «Толибон», ҳузури фаъоли ДИИШ дар Афғонистон аст. Ҳангоми хуруҷи Амрико аз Афғонистон, ДИИШ дар наздикии фурудгоҳи Кобул, аз ҷумла ба афғонҳо ва ҷангҷӯёни «Толибон» ҳамлаҳои маргталабона анҷом доданд, ки дар натиҷа 13 аскари Амрикоӣ низ кушта ва 17-тои дигарро захмдор карданд. ДИИШ алайҳи ҷангиёни «Толибон» ва шиъа низ ҳамлаҳо анҷом додааст, ки дар натиҷа садҳо нафар кушта шудаанд. Ба далели вазъи бади иқтисодии мардум, ДИИШ аз ноогоҳӣ ва фақри мардум истифода карда, ҳар рӯз сарбозонро ҷалб мекунад ва нерӯҳояшро тақвият медиҳад.
Масъалаи дигар бархӯрди «Толибон» ба дастовардҳои 20 соли ахир аст. Насли нави Афғонистон бо навгониҳои ҷаҳон ошно шуда, аз ҳуқуқҳои нисбии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бархурдоранд. Ҳамчунин, масъалаи ҳуқуқи занон як паҳлӯи дигари масоили доғи имрӯзаи Афғонистонро ташкил медиҳад. «Толибон» дар солҳои навадум бо тафсири маҳдуди дин ҳуқуқи занонро ба таҳсил, кор ва моликият эътироф намекарданд. Дар 20 соли охир дар чаҳорчӯби сиёсати «табъизи мусбӣ - дар ихтиёр гузоштани ҳуқуқи интихоб» занон ҳуқуқи таҳсил, кор ва моликиятро пайдо карданд. Илова бар ин, занон дар вазифаҳои калидӣ, ба ҳайси муовини вазир, муовин, сардори раёсат, адвокат, сафир ва ғайра кор ва фаъолият мекарданд. Яке аз шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эътирофи ҳукумати «Толибон» эҳтироми ҳуқуқи башар ва мақоми зан аст, яъне «Толибон» бояд ҳуқуқи занон ба таҳсил, кор ва моликиятро эътироф кунанд.
«Толибон» баъди тасарруфи Кобул афви умум эълон карданд. Ҳамаи онҳое, ки дар низоми қаблӣ кор мекарданд, авф шуданд. Эълони авфи умум як қадами муҳим буд, аммо ҷанбаи амалиро талаб мекунад. Барои таъмини сулҳи нисбӣ ва назорати иҷрои ин фармон, фароҳам овардани шароити корӣ барои роҳбарону кормандони ҳукумати қаблӣ хеле муҳим аст. «Толибон» бояд ҳама мухолифони худро ба оғӯш гиранд ва ба ҳама фурсати кор дар ҳукумат диҳад. Дар конфронси Бонн «Толибон» даъват шуда, ҳамчун як ҷузъи воқеияти Афғонистон пазируфта шуданд.
Агар ҳукумати «Толибон» барои эътирофи шартҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа ба миён гузоштааст, иқдомоти ҷиддие биандешанд ва кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон идома ёбад, имкони таъмини сулҳу амнияти нисбии Афғонистон имконпазир аст. Дар акси ҳол, дар баробари талафоти калони инсонӣ, ки бар асари фақру гуруснагӣ ба вуқӯъ пайвастааст, эҳтимоли дубора ба лонаи терроризм табдил ёфтани Афғонистон, ишғол шудан ва дучори ҷанги шаҳрвандии дигар гардидани он низ вуҷуд дорад. Ҳоло дар Афғонистон ҳукмрон «Толибон» ҳастанд ва аз назари фаъолони дохилӣ ва хориҷӣ интихоб дар дасти «Толибон» аст ва онҳо Афғонистонро ба кадом самт мекашида бошанд, вақт муайян хоҳад кард.
Қудратзода Комрон Абдунабӣ
н.и.т., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Бознашр: https://osiyoavrupo.tj/tg/post/omil-oi-dubora-ba-udrat-rasidani-tolibon
АДАБИЁТ
- Abraham Mahshie. Talks With Taliban Restart as US Worries About Al-Qaeda Threat in Afghanistan https://www.airandspaceforces.com/talks-with-taliban-restart-as-us-worries-about-al-qaeda-threat-in-afghanistan/
- Afghanistan 20/20: The 20-Year War in 20 Documents // National Security Archive https://nsarchive.gwu.edu/briefing-book/afghanistan/2021-08-19/afghanistan-2020-20-year-war-20-documents
- Afghanistan's Ghani says 45,000 security personnel killed since 2014 // BBC News https://www.bbc.com/news/world-asia-47005558
- Ahmad Khan Dawlatyar. The Effect of the USA’s Failure/Defeat in Afghanistan on its Hegemony https://www.ankasam.org/the-effect-of-the-usas-failure-defeat-in-afghanistan-on-its-hegemony/?lang=en
- Amanda M. America has spent $6.4 trillion on wars in the Middle East and Asia since 2001, a new study says https://www.cnbc.com/2019/11/20/us-spent-6point4-trillion-on-middle-east-wars-since-2001-study.html
- Amin Saikal. The Afghan War: Why the US Lost // RSIS Commentary https://www.rsis.edu.sg/wp-content/uploads/2021/09/CO21140.pdf
- Amy Forsythe Lt. Special Forces Soldiers help Afghan forces defeat ISIS in eastern Afghanistan // THE ARMY'S VISION AND STRATEGY https://www.army.mil/article/209723/special_forces_soldiers_help_afghan_forces_defeat_isis_in_eastern_afghanistan
- Briefing With Special Representative for Afghanistan Reconciliation Zalmay Khalilzad https://2017-2021.state.gov/briefing-with-special-representative-for-afghanistan-reconciliation-zalmay-khalilzad/index.html
- Christopher H., Hank T. The War In Afghanistan Cost America $300 Million Per Day For 20 Years, With Big Bills Yet To Come / https://www.forbes.com/sites/hanktucker/2021/08/16/the-war-in-afghanistan-cost-america-300-million-per-day-for-20-years-with-big-bills-yet-to-come/?sh=756b11957f8d
- Fazl Ahmed Borgit. Afghanistan Awaiting 2014: The Taliban Organization and New Groups Towards a New Political Process // Center for Middle East Studies, Issue Fifty-Two, Volume Five, pp. 103-90
- From Arbaki to local police / Afghanistan Independent Human Rights Commission (AIHRC) https://www.aihrc.org.af/media/files/Reports/Research/English/Report%20on%20Afghan%20Local%20Police%20%28Final%20Draft%2C%20English%29.pdf
- Gilles Dorronsoro. The Taliban’s Winning Strategy in Afghanistan https://carnegieendowment.org/files/taliban_winning_strategy.pdf
- Gretchen Peters. How Opium Profits the Taliban // Peaceworks 62. United States Institute of Peace https://www.usip.org/sites/default/files/resources/taliban_opium_1.pdf
- Hung Tran. Is the US-China strategic competition a cold war? https://www.atlanticcouncil.org/blogs/new-atlanticist/is-the-us-china-strategic-competition-a-cold-war/
- Lindsay Maizland. U.S.-Taliban Peace Deal: What to Know // Council on Foreign Relations https://www.cfr.org/backgrounder/us-taliban-peace-deal-agreement-afghanistan-war
- Mohammad Ikram Andeshmand. Eight political regimes and governments have collapsed in Afghanistan in the last hundred years https://kokchapress.com/author/andishmand/
- Mohammad Ikram Andishmand, America in Afghanistan. Mayvand Publishing House, Kabul, 2003 https://ru.scribd.com/document/519250713/%D8%A7%D9%85%D8%B1%DB%8C%DA%A9%D8%A7-%D8%AF%D8%B1-%D8%A7%D9%81%D8%BA%D8%A7%D9%86%D8%B3%D8%AA%D8%A7%D9%86-%D9%85%D8%AD%D9%85%D8%AF-%D8%A7%DA%A9%D8%B1%D8%A7%D9%85-%D8%A7%D9%86%D8%AF%DB%8C%D8%B4%D9%85%D9%86%D8%AF
- Nozar Shafei. «Interpretation of the factors that affect the approval of the strategy of the Trump administration in Afghanistan» International Relations Research Quarterly, twenty-fourth issue, 2016, p. 109-132
- Peace talks and red lines between the government and the Taliban // The daily afghanistan http://dailyafghanistan.com/opinion_detail.php?post_id
- Pinelopi K. G. America Should Rethink Its Economic War on China // Project Syndicate https://www.project-syndicate.org/commentary/us-should-rethink-china-export-restrictions-economic-war-by-pinelopi-koujianou-goldberg-2022-11
- Presidential Elections in Afghanistan — the First Stage Is Complete // Independent Analytical Center For Geopolitical Studies «BORYSFEN INTEL» https://bintel.org.ua/en/nash_archiv/arxiv-regioni/arxiv-blizkij-sxid/arxiv-inshij-vostok/prezidentskie-vybory-v-afganistane/
- Priyanka Boghani. ISIS is in Afghanistan, But Who Are They Really? https://www.pbs.org/wgbh/frontline/article/isis-is-in-afghanistan-but-who-are-they-really/
- Rangin Dadfar Spanta. Book Launching of «Afghanistan's Politics: A Narrative from Within» Former National Security Advisor / Foreign Minister of Afghanistan // Afghan Institute for Strategic Studies https://www.aissonline.org/index.php/en
- Shafiq Ahmad. Who's who in Taliban interim government? https://www.aa.com.tr/en/asia-pacific/whos-who-in-taliban-interim-government/2360424
- Steve Holland, Doina Chiacu. Trump says U.S. role in Afghanistan has turned into 'ridiculous' police force // WASHINGTON (Reuters) https://www.reuters.com/article/cnews-us-usa-afghanistan-idCAKCN1VA1SK-OCATP
- Taliban Incapacity and the growing threat of Islamic State-Khorasan Province // Mantraya strategy, innovation and alternatives. https://mantraya.org/analysis-taliban-incapacity-and-the-threat-of-islamic-state-khorasan-province-to-south-asian-security/
- Terrorist Groups in Afghanistan // Congressional Research Service (CRS) https://sgp.fas.org/crs/row/IF10604.pdf
- The Bush Doctrine https://carnegieendowment.org/2002/10/07/bush-doctrine-pub-1088
- United States Institute of Peace. Peacebrief // Forging Afghanistan’s National Unity Government https://www.usip.org/sites/default/files/PB183-Forging-Afghanistans-National-Unity-Government.pdf
- U.S.: Afghan officials derail corruption cases // Washington Post. By Greg Miller and Ernesto Londoтo https://www.nbcnews.com/id/wbna37966029
- Why Do People in Afghanistan Object to Taliban Rule? https://www.institute.global/insights/geopolitics-and-security/why-do-people-afghanistan-object-taliban-rule
- William Maley, Ahmad Shuja Jamal. Diplomacy of Disaster: The Afghanistan ‘Peace Process’ and the Taliban Occupation of Kabul https://brill.com/view/journals/hjd/17/1/article-p32_2.xml?language=en
- Zabihullah J. Afghanistan Has Highest Unemployed Work Force: ILO https://tolonews.com/business/afghanistan-has-highest-unemployed-work-force-ilo