Маълумоти умумӣ
Фаҷри қутбӣ ё тобиши қутбӣ чи гуна пайдо мешавад? Зарраҳои зарядноки магнитосфера, ки онҳо аз Шамоли офтобӣ ба воситаи майдони магнитии Замин дошта шуда, ба атмосфераи Замин ворид мешаванд. Дар натиҷаи ворид шудани зарраҳои заряднок аз атмосфера онҳо ба атому молекулаҳои атмосфера бархӯрда, онҳоро ба ангезиш медароранд. Дар натиҷаи ин ангезиш атому молекулаҳо дар дарозиҳои мавҷҳои гуногун нур (нури сабз, сурх ва ғ.) афканда, фаҷри қутбиро ҳосил мекунанд. Фаҷрҳои қутбӣ асосан дар минтақаҳое пайдо мешаванд, ки ин митақаҳо аз қутбҳои магнитии Замин 10-20 дараҷаи кунҷӣ дуранд. Дар вақти бӯҳронҳои геомагнитӣ фаҷрҳои қутбӣ васеъ доман паҳн карда, то арзҳои поёнӣ омада мерасанд. Масалан ин ҳодисаро баъзан аз ш. Москва низ дидан мумкин аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромаду вохӯриҳояшон оид ба устувории ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва беҳтар гардонидани некӯаҳволии шаҳрвандони мамлакат, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва инноватсионӣ бо дарназардошти фароҳам овардани шароити созанда барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои замонавӣ ба кишварамон суханронӣ намуда, ҷиҳати татбиқи вазифаҳои гузошташуда дастуру супоришҳо медиҳанд. Чунин иқдомҳои Сарвари давлат бояд аз тарафи сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо бевосита аз шакли моликияташон дастгирӣ пайдо намуда, бо мақсади амалӣ гардонидани онҳо пайваста тадбирҳои самаранок андешида шаванд.
Тоҷикистон дар соли 2020 ду маъракаи тақдирсози сиёсӣ-интихобот ба Маҷлиси Олӣ ва интихоби Президенти кишварро бомуваффақ ва дар сатҳи баланд гузаронид. Ширкати кулли шаҳрвандони кишвар дар ин маъракаҳои сиёсӣ таҷассуми сатҳи олии маданияти сиёсии насли имрӯзаи ҳамватанони мо мебошад. Яке аз хусусиятҳои муҳими интихоби Президенти кишвар дар соли 2020 аз он иборат буд, ки шаҳрвандон дар раванди он,чи дар давраи пешазинтихоботӣ ва чи дар рузи интихобот хеле фаъолона иштирок намуданд. Хусусан иштироки фаъолонаи насли наврас, ки дастпарвари даврони Истиқлол мебошанд, дар равандҳои пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ инъикоси меҳру муҳаббат ва садоқати онҳо нисбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пирӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти кишвар як падидаи табиӣ буда, эътирофи хизматҳои шабонарузии Пешвои миллат дар роҳи таъмини рӯзгори хуш барои ҳаммиллатон мебошад. Бо итминони комил метавон навишт, ки ғалабаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии президентӣ самара ва нишонаи барҷасти иттиҳоду сарҷамъии миллат дар атрофи Пешвои миллат мебошад.