Аслан, ҷашну ойинҳои миллию мардумӣ таҷассумкунандаи кайфияти зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва маданӣ буда, рӯҳияи миллию мардумиро дар тӯли зиндагии башарӣ ифода менамоянд. Ба василаи иҷрои маросимоти ҷашнию ойинӣ ҷомеа ва мардум зиндагии худро як навъ сару сомон мебахшанд ва аз ҳузури фаъоли худ дар арсаи вуҷуд дарак медиҳанд. Арсаи вуҷуд барои инсон ҷавлогаҳи андеша, тафаккур ва куниши ӯ буда, дар як чунин майдони фарохе (ҷаҳону ҳастӣ дар назар аст) ба набард мепардозад ва дар бомдоди зуҳури ҳушмандӣ, дар қолаби афсонаю устура ва бовару эътиқодот масири муборизаро таъйин намуда, бад-он минвол то ба имрӯз бардамона гом мебардорад. Аз ин ҷост, ки бар мабнои устураматнҳои бостонӣ аносири фарҳангии як ҷомеа дар тӯли таърих идома меёбанд ва ин аносирро бо густариши худ аз насле ба насле дигар ва асре ба асре дигар мунтақил мекунанд (ниг.: Устураматни ҳувиятсоз. Ҳузури «Шоҳнома» дар адаб ва фарҳанги иронӣ. Ба кӯшиши Баҳман Номвари Мутлақ. –Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1387. -С.7).
Қобили қайд аст, ки дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозиро шахсиятҳое бозидаанд, ки дар лаҳзаҳои вазнину сарнавиштсзи давлатдорӣ тақдири давлату миллати хешро бар души худ гирифта ононро ба масири ободиву созандагӣ баргардонидаанд. Воқеан ҳамин гуна хидматро барои миллати мо дар даврони Истиқлоли сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд. Ин гуна шахсиятҳои давлатсозу сиёсатмадор иддае аз қобилиятҳо ва сифотеро дороанд, ки дар муваффақ будани онҳо ҳамин гуна сифатҳо метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд. Шояд дар шахсияти Сарвари давлат қобилияту сифатҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо ба назари инҷониб умдатарин ва бунёдитарини онҳо сифатҳои фаросат,ҷасорат, устуворӣ ва мардумият ба ҳисоб мераванд, ки дар тамоми даврони фаъолияти ин бузургмарди миллӣ ифода гардидаанд.
Солҳост, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми сентябр ба унвони Рӯзи Мавлоно шинохта шуда, дар ин рӯз доираҳои илмию маданӣ ва адабию фарҳангии кишвар чорабиниҳо ва нишасту маҳфилҳо баргузор карда, аз ин тариқ хотираи неки ин мутафаккир, ориф ва шоири бузурги миллиро гиромӣ медоранд. Махсусан, дар радиои Тоҷикистон бо ҳузури шахсиятҳои матраҳи илму адабу ҳунари ватанӣ тариқи барномаҳои ҷаззобу ҷолиби мустақим солрӯзи устод Рӯдакию Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукӯҳу шаҳомати вежа таҷлил мегардад ва ин гуна иқдом ба суннату анъанаи нек дар фазои радиоии миллӣ табдил ёфтааст, ки хеле умедворкунанда мебошад.